ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:49

26.03.1928. Шӯрои Комиссарони Халқӣ СССР қарор дод, теъдоди муассисаҳои ислоҳотӣ-меҳнатиро дар қаламрави кишвар афзоиш диҳад.

26.03.1940. Роҳбари СССР Иосиф Сталин аз дидори мустақим бо Адолф Гитлер барои ширкат дар гуфтушунид бобати сарҳадоти Полша сарфи назар намуд.

26.03.1941. Дар СССР мукофотҳои сталинӣ роҳандозӣ гардиданд. Баъдан ин мукофотҳо ба Давлатӣ тағйири ном карданд.

26. 03.1953. Роҳбари ВКД-и СССР Лаврентий Берия ба Раёсати КМ лоиҳаи авфи зиндониёнро пешниҳод намуд. Тибқи ин лоиҳа, нисфи афроди дар зиндон буда бояд фавран озод мегаштанд. Раёсати КМ рӯзи дигар лоиҳаи Берияро ба тасвиб расонид. 

26.03.1956. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рухсатии меҳнатии занони ҳомиладор аз 77 рӯз то 112 рӯз зиёд карда шуд.

27.03.1918. Дар Русияи Шӯравӣ хадамоти муҳофизати сарҳадот таъсис дода шуд. Ин рӯз баъдан дар СССР чун Рӯзи нерӯҳои марзбон ҷашн гирифта мешуд.

28.03.1956. Дар рӯзномаи Правда мақолаи "Чаро шахспарастӣ ба рӯҳияи марксизм-ленинизм бегона аст" рӯи чоп омад. Ин мақола дар асл аввалин танқиди ошкорӣ Иосиф Сталин дар матбуоти шӯравӣ ба шумор меравад.

28.03.1971. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли автомобилҳои сабукравӣ "Жигулӣ" оғоз гардид.

28.03.1991. Зиёда аз 100 ҳазор тарафдорони президенти РСФСР Борис Елтсин дар Маскав даст ба тазоҳурот заданд. Он шабу рӯз роҳбарияти СССР баргузории ҳар навъ тазоҳуротро дар Маскав манъ карда буд ва бинобар ин, бо фармони М.Горбачев нерӯҳои низомӣ вориди пойтахти СССР гардиданд.

29.03.1940. Дар СССР бо фармони Комиссариати халқии мудофиа, Академияи ҳарбии ҳайтӣ фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоӣ таъсис дода шуд. Ин Академия аз соли 1968 номи Юрий Гагаринро гирифт.

30.03.1917. Ҳукумати муваққати Русия ҳуқуқи Полшаро барои барпо кардани як давлати соҳиистиқлол расман эътироф намуд. 

30.03.1981. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои бори аввал, вақти тобистона роҳандозӣ карда шуд.

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:45

 

Шоир Маҳмуд Аҳмад Император-маъруфтарин ва ворастатарин адиби кишвари Афғонистон бо редаксия тамос гирифта гуфт:

-Эй кош ман зиндонии зиндони кишвари Эмомалӣ Раҳмон будаме. Зеро зиндонии 1 марди асил будан беҳтар аст аз ин ки дар озодӣ дар кишвари 1 номард зиндагонӣ дошта бошӣ! Ин шеъри баҳориямро ба Тоҷикони ҳамхунам мебахшам:

Накҳати навбаҳор меояд, 

Шарфаи пойи ёр меояд. 

Аз ҳамон ҷаннате, ки мегӯянд, 

Атри Парвардигор меояд. 

Ғунчаҳо пур зи бодаи хушранг, 

Булбуле дар шикор меояд. 

Милаи ҳафтсину сабзаву гул, 

Расми куҳнадиёр меояд.

Бо насими саҳаргаҳи умед, 

Нағмаи ҷӯйбор меояд. 

Қумрии шавқ бо парандаи ишқ,

 Бар сари шохсор меояд. 

Домани сабзи кӯҳи сарбафалак, 

Найу оҳанги тор меояд. 

Ба канори ту сарви бепарво, 

Маҳмуди ашкбор меояд.

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:42

Яке аз хонандагони доимии газета Темури Латифӣ Кӯлоби занг зада (тел: 987 05 06 87) чунин гуфт: Ба мо хӯроки нисфирӯзи надоданд!

Пас аз адои намози Ҷумъа барои хӯрок хурдан ба яке аз ошхонаҳои наздикии масҷиди Қаламишкор бо номи “ Тоҷимурод” даромадем. Сипас рафта дар яке аз хоначаҳо нишаста дар интизори пешхизмат 10 дақиқа нишастем. Мутаасифона, касе парвои моро надошт. Тоқатамон тоқ шуду назди ошпазҳои назди дег рафта, хоҳиши ошро намудем, вале мутаасифона, онҳо низ бо муштариён бо забони ӯзбекӣ сӯҳбат мекарданду ба мо аҳамият намедоданд. 

Сипас каме асабонӣ шуда, гурусна аз ошхона баромада, ба ошхонаи рӯ ба рӯяш даромадем. Дар инҷо бошад бо иштиҳои соф ва хизматрасонии хело хуб шикамро сер кардем. Ман аз маъмурияти ошхонаи “Тоҷимурод”  хоҳиш мекунам, ки новобаста аз оне, ки ба ошхона муштариёни тоҷикзабон  ё ӯзбекзабон меоянд, ба ҳамаашон як рафтор кунанд. Медонам дар рӯзи намози Ҷумъа муштариён зиёд аст, лекин ба ҳар ҳол назоратро аз болои кормандони худ бештар кунанд. 

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:38

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Панҷ маълум менамояд, ки мақолаи: «Панҷ: дар 1 ноҳия 1 чароғаки вайрон?»- ро ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 12 декабри соли 2019, №50 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, бобати ислоҳи нуқсону камбудиҳо дар он дарҷгардида як зумра корҳо анҷом дода шудаанд. Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон 18 иншоот бо маблағи 5 миллиону 694 ҳазор сомонӣ сохта ва мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор гирифтанд. То имрӯз бошад дар  маҷмуъ 33 адад иншоот бо маблағи 20,5 миллион сомонӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. 

Дар кӯчаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ бошад аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 65 ҳазор сомонӣ 1 майдончаи варзишӣ ва аз тарафи 1 нафар соҳибкори дигар бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ мағозаи тиҷоратӣ, аз тарафи соҳибкори дигари маҳаллӣ бо маблағи 156 ҳазор сомонӣ маркази ташхису табобатӣ дар кӯчаи мазкур сохта ва мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор дода шуданд.

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳи кӯчаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ дар масофаи 5 км бо маблағи 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар масофаи 2,5 км мумфаршкунии роҳ ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон ба мақсади ба кор даровардани чароғаки маркази ноҳия, ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардидааст, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истода, ин камбудӣ низ дар оянда бартараф карда хоҳад шуд.

З. Шоҳиён 

и.в.раиси н.Панҷ

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:33

Салом ба кормандони газетаи мардумии СССР! Мо омӯзгорони шаҳри Кӯлоб се моҳ аст, ки маош нагирифтем. Рости ин бори аввал нест, чандин бор аст, ки маошҳоро дер медиҳанд. Вақте барои пурсон шудани мушкили ба шуъбаи маориф меравем, мегуянд “Имрӯз нагирифтед, рӯзи дигар мегиред!” Мо хуб медонем, ки аз буҷҷаи давлат пул саривақт ҷудо гардидаас, вале он моҳҳо дар кисаи ким кадом “гурги тағодор” мечархаду барояш нафъ оварда, баъд ба мо меояд. Охир омӯзгор ҳам зиндагӣ дорад, чаро инро дарк намесозанд!? Бовар кунед ана моҳ апрел шуду мо то ҳол маоши моҳи февралро нагирифтаем. Мехоҳам масъулин тавассути ҳамин ҳафтанома посух диҳанд.

Саидҷаъфари А, омӯзгор, ш. Кӯлоб

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:09

Дар 3-4 соли охир дар мамлакатамон корхонаҳои барқистеҳсолкунанда хеле зиёд шуданд ба мисли НБО «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», 2 агрегати НБО «Роғун». Мо умед ва гумон доштем, ки мушкилиҳо дар кори таъмини рӯшноӣ бартараф мегарданд. Вале, чи  мегӯед, ки дар ҳудуди ш.Бохтар камбудиҳои солҳои гузашта боз такрор шуда истодаанд. Ҳодисаҳои саҳаргоҳон, рӯзона ва бегоҳирӯзӣ хомӯш сохтани қувваҳои барқ аз байн нарафтааст. Бахусус, дар фасли зимистон дар кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Ш. Зубайдов, Айнӣ, Сино, Кошевой ва ғайраҳо. Дар 1 худи моҳи декабри соли 2019 қувваи барқамон 7-8 маротиба моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ қувваи барқ 5-6 борӣ хомӯш гардиданд. Давомнокии ин чорабиниҳои мансабдорони идораи барқ аз 30 дақиқа то 5-6 соатро дар бар мегирифтанд. Ҳар гоҳе занг зада, сабаби инро пурсон шавед, ҷавобҳо ҳам мисли порсола садама дар хатти барқдиҳӣ.

Ман-ку мутахассиси соҳаи барқ нестам, вале наход калоншавандаҳои идораи барқи шаҳр кори худро ба нақша надарорад, ки  кадом зеристгоҳ чи қадар  қувва дораду ба чи қадар аҳолӣ хизмат расонда метавонад, тору пуди онҳо чанд сол боз кор карда, кай онҳоро иваз намудан лозим аст, сӯзишвории он басанда аст ё не, агар зарур бошад, сари вақт сӯзишвориро дигар кунанд. Мавриде, ки трансформатори зеристгоҳ барои хизмат ба 2 ё 3 ҳазор оила пешбинӣ шуда бошад, болои ин садҳо корхонаҳои барқистифодабаранда бошанд, оё он зеристгоҳ ва трансформатор қудрате дорад, ки аз уҳдаи ин барояд. Ин кори 1-2 сола нест, 50-60 сол боз чунин аст. 

Комрони Далер, ш.Бохтар

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 11:04

Агар аҳамият дода бошӣ хонанда, маҳз Тоҷикон аз короновирус наҳаросиданд ва ин аст, ки шукри Худо дар мо ин вабои аср то ҳанӯз нест! Аврупову Амрико, ки аз тарс ҳатто даҳону гӯшу бинии сагони худро бастаанд, саросар мубтало ба ин бало гардиданд. Яъне чӣ? Яъне ин вирус-вируси тарс аст. Ваҳмак аст. Ҳамин, ки тарсидӣ, туро мепечад…

Шахсан маро бисёр хуш омад, ки дар ҳоле ҷаҳон ба карантин рафтааст, абарқудратҳо мисли муш таки замин медаванд, дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон Наврӯз бо тамомии шукӯҳу шаҳомати хеш ҳукм меронд. Миллат мерақсид! Халқ тантана дошт!! Тоҷикистон Ватани Наврӯз буд!!!

Ҳам аз сӯе, вақте Трампу Макрон, Путину Маркел комилан худро дар ҳолати инзивоъ-изолятсия қарор доданд, Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз бо мардуми Суғд буд, бо кӯдакон мерақсид, бо пирон машварат мекард, бо бонувон механдид, бо ҷавонон дастӣ салом менамуд. Вақте 1 кӯдак ӯро бобоҷон гуфтаву ба поҳояш овезон шуд, хам шуда, аз пешона ва рухсорааш бӯсид! Дигар ягон президенти олам дар ин шабу рӯз кӯдаки кӯча як сӯ, маъзарат, вале зану кӯдаки худро намебӯсид. Аз тарси коронавирус ва протокол-қаровулҳошон иҷозат намедоданд. Вале Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки барои ӯ бӯса ва шодии 1 кӯдак бештар аз саломатии фардии ӯст. Брависсимо, президенти мо!!!

Маҳз дар ана ҳамин ҳолатҳо лидер будан, пешво будан, ҷавонмард будан, падари миллат буданҳо собит мегардад. 100% бовар дорам, онҳое, ки имрӯз худро оппозитсияи Раҳмон мехонанд, дар кӯчаҳои Аврупо бо «намордник» мегарданд! Ва ҳатто ҳамин барномаҳои наврӯзиро низ бо манаҳбанд-намордник тамошо мекарданд. Барои ба сатҳи Раҳмон расидан, кӯшишу талош кам аст. Бояд марди Худодод ва нотарс бошӣ... Мо метавонем!

Вале тантанаву рақсу таронаву суруду базми Наврӯзӣ ба ин маънӣ нест, ки масъулин дар самти пешгирии коронавирус коре намекарданд. Мекарданд ва ещё как! Тоҷикистон аз нахустинҳо шуда, бо дастури президенти кишвар шаҳрвандони худро аз маркази вабо-Хубэйи Чин овард. Тоҷикистон охирон кишваре гардид, ки масири хатҳои парвозҳояшро бо дигар кишварҳо баст. Ва аз ҳама муҳимаш, Тоҷикистон ягона давлате гардид, ки тамомии мусофирони худиву бегонаро, ки ба кишвар ворид мешуданд, куллан дар карантин қарор дод! Дар ин самт кори Насим Олимзода-вазири танудурустии кишварро наметавон нодида гирифт. Чандин доктору профессорҳоеро медонам, ки баъдан исмашон фош низ мегардад, аз тарс худро канора гирифтанд, вале Насим худаш тамомии мусофиронро назорат мекарду мекунад ва дар карантинбудаҳоро шахсан назора дорад. Писари худи вазир низ дар карантин аст, вале Олимзода миёни фарзанди худу боқӣ сокинон тафриқа намегузорад ва ҳама дар 1 ҳолат қарор доранд:

Ка-ран-тин!!!

Брависсимо, вазир!

Ҳоло сӯҳбат сари ин аст, ки бархе аз сарватмардон, ки онҳоро маҳз ин давлату ин миллат пулдор кардааст, бӯстонсаройҳои боҳашамати хешро барои карантини боқӣ мусофирин додан нахостаанд. Давлат бояд сари ин «бетутуруқҳо» чораҳои фаврӣ андешад. Пешниҳод дорам, бӯстонсароҳояшон давлатӣ гашта, ҳамаашон аз вазифа сабукдӯш шаванд. Зеро давлатмарде, ки дар ин шабу рӯзи бӯҳронӣ бо давлату миллаташ нест, магар фардо бо ин давлату ин миллат мемонад? Душвортарин марҳила маҳз ана ҳамин марҳала аст. Инҳо аллакай ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Зимнан дигар бо мо нестанд. Мо Метавонем!

Ҳукумат ҳамзамон бояд дар баробари ширкатҳои озуқаворидкунанда, доруворидкунанда, нафтворидкунанда низ чораҳои қатъӣ андешад. Ин шабу рӯзест, ки хатараш на камтар аз шуруъи Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-ум аст. Ширкатҳое молашонро пинҳон мекунанд ва ё дар мағозаҳои бузурги хеш гарон месозанд, бояд фавран баста ва молу ҳолашон давлатӣ гардад! Бигзор ҳоло муваққатӣ, баъдан суд ин моҷароро бозбинӣ хоҳад кард. Зеро ҳолат-ҳолати қарибиҷангист.

Ҳукумат бояд тоҷиронеро, ки дар бозорҳо молашонро гарон кардаанд, дар ҷояш ҷазо диҳад. Дар даврони Сталин онҳоро мепарронданд! Ҳоло низ бояд қонуну қоидаи истисноӣ ҷорӣ гардад. Нархи 1 кг сирпиёз, ки ҳамагӣ 5-7 сомонӣ буд, баробари овозаи таъсиргузорияш ба вируси вабо то 80-100 сомонӣ хест! Қимати испанду аҷик дар осмони 7-ум. Ин ба куҷои одамгарӣ рост меояд? Ислом ҳоло 1 тарафи кор…

Ҳукумат ҳамаи аптекаҳоро, ки доруворро гарон кардаанд, фавран баста молашонро давлатӣ эълон намуда, бо нархи қаблӣ ва бо фурӯшандагони ихтиёрӣ ба савдо гузорад. Боварнокарданист, ки нархи 1 маска-«манаҳбанд» аз 50 дирам то 5-7 сомонӣ боло равад! 1 мисоли дигар. 3 рӯз пеш 1 қуттӣ дорувори Alprazolam 0,5 ҳамагӣ 5 сомонӣ буду шахсан худам харидам. Имрӯз рафтам, нархаш 25 сомонӣ!!! Сабаб пурсам, фурӯшанда гуфт, роҳҳо маҳкам шудагӣ, дефитсит гаштааст. О, дефитсит ҳам гардад, ту ин молатро пеш аз карантин оварда будӣ-ку?! Дефитсит виждони доруфурӯшон шудааст!

Мо ба таври истисноӣ 1 таҷруба гузаронидем. Тавассути сайтҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардем, тоҷирони беимонро, ки дар ин шабу рӯзи бӯҳрони ҷаҳонӣ нархҳоро вардоштаанд, дар дӯконҳошон парронанд. Фикр доштем, ҳоло ба муқовимат дучор мегардем. Вале чӣ мегӯед, ки 97% корбарон ба ин пешниҳод розӣ шуда, танҳо 3% гуфтаанд, напарронанд, вале сахтакак ҷазо диҳанд. Яъне чӣ? Яъне мардум ба дод омадааст.

Вале то он замон бояд ҳатман тамомии раёсати КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш. Душанбе,» Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар оҷилан сабукдӯш шаванд. Зеро агар инҳо дар ҳамин шабу рӯз паҳлӯи ҳукумат ва миллат набошанд, барои чӣ лозиманд?

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

 

Ҷумъа, 03 Апрел 2020 18:54

Редаксияи газетаи мардумии СССР бо директори КТН Шарқи Озод, Файзуллозода Қурбон нисбат ба марги бармаҳалли бародарбузургашон 

Файзуллоев Содиқ  Бобоҷонович (с.т.1965)

умқан шарикғам буда, тасаллият мекунанд. Худо тариқаи раҳмату шоистаи мағифрат кунад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

 

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter