ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:46

Хатару хавфи хуруҷи бемориҳои сироятӣ айни замон ба проблемаи №1 мубаддал гашта, моро водор месозад, ки ба тозагиву поккорӣ бештар таваҷҷӯҳ кунему талаботҳои санитариву эпидемиологиро ҷиддитар риоя намоем. Мардуми харидор ҳоло хеле ба тозагии худ мерасидагӣ шудааст, вале сатҳу сифати савдо, алалхусус савдои кӯчагӣ, ки гӯйё аз ин талаботу меъёрҳои беҳдоштӣ фарсахҳо дур мондааст, новобаста аз хатари коронавирус боз ҳам дар ҳамон ҳолати мавҷуда, бе риояи қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолият кардаву ҳамарӯза рушд мекунад. Ҳафтаи равон бо супориши редаксия аз бозорчаҳои сарироҳӣ ва нуқтаҳои савдою фурӯши кӯчагӣ дар чанде аз маҳаллаҳои серодами пойтахт рейди мушоҳидавӣ гузаронидем, то худ шахсан бубинем, ки вазъи тозагӣ дар кадом сатҳ аст.

Савдои кӯчагии бетартиб дар авҷ!

18.04.2020. Соат бо вақти Душанбе 12:10 дақиқа. Аз нуқтаҳои савдои сарироҳӣ ва бозорчаи назди Роҳи Оҳан дидан кардем. Аз болои пули роҳи оҳан гузаштем ва ниҳоят дар як манзарае афтодем, ки “на сар дораду на нӯг”. Ончунон бетартибу ифлос, ки сару калобаатро гум мекунӣ! Дар 1 тараф оҳанпораю майда-чуйдаи истифода бурдагӣ, дар тарафи дигар сабзавот, ҷойи дигар якчанд нафар чукрӣ, сиёҳ-алаф ва чанд намуди дигар сабзавотро дар замин байни роҳ гузошта, савдо мекарданд. Дар он ҷо низ картошка 8 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ арзиш дошт. 

Дар ин ба ном бозорча тартиби алоҳида несту ҳама ҳарчӣ хоҳад оварда мефурӯшад. Маълум нест, ки маҳсулоти эшон аз муоинаи духтури санитарӣ ва байторӣ гузаштааст ё не. Сарулибоси ягона нест, амсоли пешбандаку хилъат. Шарми кас меояд аз дидани ҳамчунин 1 бозорча дар маркази пойтахт ва боз ҳам дар замоне, ки барои обод кардани ин ё он гӯшаи диёр тамоми имконот ҳаст. 

Дар назди мағозаҳои 2 тарафи роҳ аз маркази савдои «Садбарг» то вокзали Роҳи Оҳан бошад фурӯшандагон берун аз мағоза сабзавот, қанд, пичен, вафлӣ ва чандин намуди шириниро зери офтоб гузошта буданду касе парвои шиштани чангу хоки раҳгузаронро рӯи онҳо надошт. Дар бораи мурғу маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ аслан ҳарфе намегӯем, маълум аст, ки байторону санитарҳо ба ин мағозаҳо моҳе 1 бор меоянд. Дар баъзе қисматҳо бошад ҳатто ҷойи роҳгардӣ қариб намондааст-2 тарафро савдои кӯчагӣ гирифта! 

Коронавирус ва бозор

Баъди воҳимае, ки дар кишвар оид ба пешгирии коронавирус сурат гирифт, мардум якбора ба хариди хурокворӣ шуруъ карданд. Аз ин фурсат истифода бурда, савдогарони кӯчагӣ низ нархро якбора 30-40 % боло бурданд. Дар бозорҳо орду равған ва дигар маводҳои ғизоӣ зиёд бошанд ҳам, вале нархҳо ҳамон тавр боқӣ монда, баландтар шуда истодаанду паст на.  

Масалан ба ҳисоби миёна нархи 1 халта орд аз 160 ба 250 сомонӣ, картошка аз 4 то 9 сомонӣ, макарон аз 7 ба 11 сомонӣ, биринҷ аз 10 ба 15 сомонӣ расидааст. Масъулин аз зиёд шудани маҳсулот дар бозорҳо  ҳисобот медиҳанд, лекин нарх дар бозор ба нишондоди ҳисобот дуруст намегирад. Тоҷирон бар назаранд, ки баландшавии нарх дар бозорҳо ба қурби доллар вобастагӣ дорад. Вале болоравии қурби доллар ба гароншавии нархи гӯшту картошка,  сабзиву пиёз ва нахуду лубиёи истеҳсоли ватанӣ чӣ рабте дорад? Ё инҳоро низ мисли банану мандарин аз хориҷа меоранд?

Ҷомеаи моро имрӯз аз 1 тараф беморӣ аз ҷониби дигар болоравии нархи маҳсулолти ғизоӣ ба ташвиш овардааст. Гарчанде, ки ин бемории даҳшатовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, лекин аз сабаби  бофтаҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ  нарх болотар рафтаву халқ ба таҳлука афтодааст. Сари роҳи дурӯғгӯёнро гирифта наметавонем, ақаллан садди роҳи қиматфурӯшон шавед! 

Фаррух Ҳаитмуродзода, Фирӯзи Маҳмадалӣ, коромӯзони СССР

 

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:41

23.04.1918. Дар РСФСР қарори ШКХ "Бобати милликунонии савдои берунӣ" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор тамоми савдои бурунмарзӣ монополияи (инҳисорӣ) истисноии давлат қарор гирифт ва танҳо давлат бо хориҷа савдо мекард.

23.04.1929. Дар СССР конфронси XVI ВКП(б) баргузор гардид ва дар он нақшаи панҷсолаи 1-ум қабул карда шуд. Аз ин ба баъд, иқтисоди шӯравӣ тибқи нақшаҳои панҷсола рушд мекард.

23.04.1932. Дар СССР тибқи қарори КМ ВКП(б) "Бобати бозсозии ташкилотҳои адабӣ-ҳунарӣ" тамоми ташкилотҳои нависандагӣ пароканда карда шуданд ва дар ҷои онҳо Иттиҳоди ягонаи нависандагони шӯравӣ таъсис дода шуд.

23.04.1948. Дар рафти ҷанги аввали арабу-исроилӣ, нерӯҳои исроилӣ бандари баҳрии Хайфо-ро, ки бештари аҳолиаш фаластиниҳо буданд, ишғол карданд ва дигар низоми исроилӣ тариқи ин бандар, аз берун мояҳтоҷи худро таъмин мекард. 

23.04.1951. Дар СССР Кумитаи Олимпӣ таъсис дода шуд.

23.04.1985. Дар Маскав Пленуми апрелии КМ ҲКИШ  доир гардид ва маҳз дар ин пленуми таърихи қарори баргузории бозсозӣ дар кишвар қабул карда шуд.

24.04.1953. Маликаи Англия Елизаветаи II-юм, Уинстон Черчилро бо рутбаи ритсарӣ қадрдонӣ кард. Черчил дар ҳассостарин давраи таърихи Англия сарвазирии ин кишварро ба ӯҳда дошт ва баъди хизматҳои зиёдаш танҳо дар авохири умр "ритсари"  Англия шуд.

24.04.1980. ИМА дар Эрон амалиёти низомиро бо номи "Чанголи уқоб" барои озодкардани гаравгонҳояш пиёда кард. Аммо "Чанголи уқоб" ба нокомӣ дучор шуд ва амрикоиҳо 8 сарбоз ва чанд чархболу тайёраро аз дода, аз ҷои ҳодиса фирор карданд. 

25.04.1983. Роҳбари вақти СССР, Юрий Андропов, духтарчаи амрикоӣ Саманта Смитро ба Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард. Ин аввалин боздидӣ як кӯдаки амрикоӣ аз СССР ба шумор меравад.

25.04.1993. Дар Русия референдуми мардумӣ доир гардид. Дар он бештари аҳолии кишвар сиёсати пешгирифтаи Елтсинро ҷонибдорӣ намуда, аммо пешниҳоди Елтсин бобати пароканда кардани Шӯрои Олиро рад карданд. 

26.04.1945. Дар рафти амалиёти Берлинии ҶБВ, танкҳои Артиши шӯравӣ ба маркази Берлин расиданд.

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:38

 

 Ба самъи шумо мерасонем, ки муроҷиати Шарифхон Почоев таҳти сарлавҳаи «Чӯпонҳоро  ғорат мекунанд», ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 13 феврали соли 2020, №6 (595) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар муроҷиаташ  Почоев Ш. аз ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар хоҷагиашон  дарҷ намуда, аз зарари молиявӣ расидан ба ӯ шикоят дорад. Мутобиқи талаботи моддаҳои 20 ва 26 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ намебошад. Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд дар доираи салоҳияти худ  барои муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят ва шахси онро содиркарда чораҳои пешбининамудаи қонунро андешида, дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш намуда, ба баррасии суд пешниҳод намоянд. Суд барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии тарафҳо шароит муҳайё карда, аз натиҷаи баррасӣ қарори ниҳоӣ қабул менамояд.

Бо дарназардошти қонунҳои номбурда зарур  аст, ки оиди ҷой доштан ва ё надоштани ҳолатҳои дар муроҷиат дарҷгардида мақомоти таъқиби ҷиноятӣ тафтиши пурра ва ҳаматарафа гузаронида, хулосаи асоснок пешниҳод намояд.

А. Исҳоқӣ, муовини 

раиси Суди Олӣ     

 

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:36

 Яке аз хонандагони газета аз н.Қубодиён Афзалшо Ҳалимзода занг зада (тел: 918 96 77 94) қайд намуд, ки андоз барои симкортҳоро боз ҳам гаронтар мекунанд.

   - Тавре, ки ҳама медонад мардум барои истифодаи симкортҳои мобилӣ ҳаққи андоз, яъне 80 дирам аввали ҳар моҳ месупориданд. Намедонам аз кадом сабаб бошад худи ҳозир дар телефони ман, ки аз симкорти ширкати “Вавилон-М” истифода мекунам, паёмак омад, ки аз 1.05.2020 нархи 80 дирам ба 2 сомонӣ афзоиш меёбад. Дар ҳоле, ки 80 дирам ин худ маблағи калон аст! Ман намефаҳмам, ки ин ҳама ҷабр сари мардум барои чист ва дар пушти ин кор кӣ меистад: Хадамоти алоқа ё Бек Сабур?, - таъкид кард мавсуф.

 

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:33

 Яке аз муаллифони доимии  газета Сафват Бурҳонов, аз шаҳри Одесса тариқи почтаи электронии редаксия ҷавобе ба матлаби газетаи СССР фиристод:

   “- Чанд шумора пеш Давлатбии Маликзод аз н.Ҳамадонӣ навишт, ки «мехостам роҷеъи эмгузаронии кӯдакони навзод ва 7-сола маълумоти бештар бигирам. Аслан ин чист? Дар таркибаш чӣ дорад? Ба саломатии кӯдак чигуна нафъу зиён мерасонад?  Техникаи кориаш дар организм чигунааст? Дар куҷо истеҳсол мешавад ва чаро ройгон гузаронида мешавад?». 

Сафват Бурҳонов ки дипломи институти тиббии ш.Маскав-ро низ доранд, аз Одесса чунин мегӯяд:      

   - Дуруд! Ин вактсина барои нозоям кардани ҷаҳони муфтхӯри сербачаи сеюм аст. Хоҳанд, ки дигар аз фарзандҳошон насл намонад, гузарондан гиранд. Барои коронавирус бошад, то имрӯз ягон вактсина нест. Гумонам Тоҷикистон наомадааст. Лекин воҳимаи коронавирус барои бо баҳонаи вактсинатсия кам кардани зойиши ҷаҳони сеюм аст, ки ҳатман мекунанд: Ҳадафи аслияшон кам ва дар оянда гум кардани аҳолии ҷаҳони сеюм, яъне мо-мусалмонон асту бас!

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:30

 Ман Фархунда Раҳматуллоева савдогари бозори “Корвон” ҳастам. Ин саҳар кор мерафтам дар нақлиёти хатсайри 52 (ки дар акс мебинед), ки ба як ҳолате бад рӯ ба рӯ шудам. Микроавтобус хатсайри №52 бояд моро то дарвозаи 3-бозор мебурд. Дар назди дарвозаи 10-ум аз тарафи дигари роҳ одамони бисёрро дида ба мо гуфт: “Фароед! Мо аз ҳаминҷо мегардем.” Ба ронанда гуфтам, ки “ако моро то дарвозаи 3-юм бояд баред, ман ҳар саҳар бо ҳамин хатсайр ба кор меравам ва медонам, ки  истгоҳи охири Шумо куҷост. Чаро дар инҷо моро мефароред?” Ин ронандаи бадахлоқ дашномҳои қабеҳ дода, наздик буд, ки маро занад. Аз тарс дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонистам. Оё ин аз адолат, аз инсоф аст? Наход, ки марди калонсол ба ҳамсоли духтараш чунин рафтор кунад? Аз вазири нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки агар зарае қадри инсонятро бидонед, ба ин хел номардҳо иҷозат надиҳед, ки дар сари чамбараки нақлиёти ҷамъиятӣ шинанд. 

Фархунда Раҳматуллоева, ш. Душанбе

 

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:27

 Дар ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод ба ифтихори «Наврӯзи хуҷастапай» намоиши идона доир гардид. Дар он аҳли заҳмат, ҳунармандон собиқадорон иштирок дошта, ҳунармандону кадбонуҳо дастовардҳои худро ба маркази тамошо гузошта, ба омад-омади Наврӯз хурсандӣ ва рақсу бозӣ мекарданд. Вале нохост 4 намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия пайдо шуда, ба чорабинии идона монеа эҷод карда, дар толори ҷамоат, падарону модаронеро, ки фарзандонашон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ҷамъ намуда, онҳоро маҷбур карданд, ки баёнот нависанд. 

Ба  намояндаи комиссариат суол додам, пеш аз даъвати баҳории наваскарон бо аҳли заҳмат, падару модарон чанд бор дар бораи даъват суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронидед? Намоямояндаи комиссариат иброз намуд, ки даҳҳо маротиба дар бораи даъвати баҳорӣ ба падару модарон суҳбат гузарондем, аммо гуфтаҳои намояндаи комиссариат дурӯғи маҳз буда, ба ҳақиқат рост намеомад. Зеро боре мушоҳида накардаам, ки кормандони комиссариат дар бораи даъвати наваскарон маҷлисе судманд гузаронида бошанд.

Вале ҳамин ки даъвати баҳорию тирамоҳӣ сар мешавад, кормандони комиссариати ҳарбӣ мисли гурге, ки ба рама ҳуҷум мекунад, ба манзилҳои истиқоматӣ даромада, «облава» мекунанд, ки ин хилофи қонун аст. Умуман комиссариат ҳуқуқ надорад бо роҳи фишор падару модаронро аз ҷашну маросимҳо дилсард кардаву аз онҳо баёнот гирад…

Ҳокими Сафар, н.Файзобод

Чоршанбе, 29 Апрел 2020 08:24

Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад!

Ба назар мерасад, ки миёни  расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва Давлати Тоҷикон 1 навъ сабқат рафта истодааст: 

-Аввалиҳо бояд коронавирус ёбанд;

-Ахириҳо бояд онро радд созанд! 

Вазъ ҳамингуна давом ёбад, дур нест соате, ки бо амри Прага ягон корманди Радиои Озодӣ худро ё мубтало созад ва ё эълон намояд, ки гирифтори ин вируси марговар гардидааст. Зеро дигар роҳе барои ҳалли ин баҳс нест…

Эй, мардум! Коронавирус пандемия шудаасту ҳатман, хоҳем-нахоҳем, рӯзе не рӯзе, моҳе не моҳе, соле на соле дар мо ҳам пайдо мегардад. Вале шахсан маро дар ин моҷаро, кӯшишу талоши ҳамтоҳоям ҳайрон кардааст, ки коре дигар ҷуз ин надоранд, то мурдагонро кофтаву далелу ҳадс зада, мардумро ба таҳлука оваранд. Ҳоло инҳо роҳи дигари ваҳмонидан ифшо намудаанд: ҳар нафаре мурд, коронавирусаш хондан кам буд, ки дурӯғ менависанд, ки хешу табори онҳо низ фавтидааст. Табиист, ки мардуми ом ҳадаҳа бовар мекунад, ки раз инашу мурду сипас он хешаш, пас ин чист? Оре, аккурат, коронавирус... 

Оё ин лже-журналистон намедонанд, ки ҳар гузоришашон паника мезояду бар нархи бозорҳо меафзояд?

Ва ана акнун баргардем, сари нарху наво дар бозор. Арзиши нони №2, яъне картошка дар мо то 8 сомонӣ хест. Айб аст, шарм аст, ки насрониён дар баробари пандемия шудани коронавирус нархҳоро бар замин зананд, миллионер-футболистонашон куллан аз маоши 4-моҳа бар нафъи маризони хеш даст кашанд, туҷҷори амрикоиву аврупоӣ ва ҳатто бутпарастони хитоӣ маҳсулоташонро арзон кунанду дар мо, баракс, онро, яъне нархи маводи ғизоро хезонанд…

1 кг мандарине, ки қаблан 3-4 сомонӣ буд, дирӯз дар Бозорчаи Яккачанор, маъруфтар бар «Сагбозор» 20 сомонӣ шуд! Воқеан ҳам ба ин бозор номи аслашро бубояд баргардонид ва «САГбозор»-аш боистӣ хонд! Агар ин нисбият таҳқир бар сагони реалӣ набошад. Зеро саг низ бар ҳамҷинси худ ин қадар ситам намекунад, ки дар ин бозорча мекунанд. Ва на танҳо дар ин шабу рӯз. Ин сагбозор умре ситам сари харидор мекунаду нархҳояш аз бозорҳои Питеру Маскав фарқ надоранд, вале касе нест, ки ба онҳо ҷояшонро нишон диҳад. Ё Душанбе шаҳри бедарвоза аст, ки касе чӣ нархе хост мегузорад? Шояд соате расида, ки ин бозорчаро чун бозорчаҳои дигар бандем? Бигзор мардум роҳи тӯлонӣ гирифта, ба Саховату Деҳқон равад. Бар ивази роҳкиро маҳсулоти хубсифат ва арзонтар меёбад-ку!

 Ғаробати моҷаро ин аст, ки мандарини 20-сомона дар беруни бозорча, гӯшае, ки мутааллиқ бар КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш. Душанбе» асту раисии ин ниҳодро мӯҳтарам Хушвахтов Фаррух бар дӯш дорад, фурӯхта мешуд. Пурсида мешавад, агар ин КВД нархи мандаринро то 20 ва помидорро 18 ва картошкаро 8 сомонӣ карда бошад, яъне гаронтар ҳатто аз дохили бозор, пас ба чӣ кор ояд? Оё соате нарасидааст, ки ин ниҳод низ баста шаваду ҷони мардум аз ситамаш халос? Суоли матраҳ аст, бар мақомоти ҳукумати ш. Душанбе…

Ин дар ҳолест, ки ягона бозоре, ки нархро дар ҳолати адл ва эътидол нигоҳ доштааст, Бозори Саховат боқӣ мемонад, ки 1001 раҳмату сипос бар директораш, мӯҳтарам Сайвалӣ Сабзаев.  Бо ташаббуси ин ҷавонмарди наҷиб, нархи картошка дар марзи 3,5 сомонӣ ҳифз аст ва 5 кг сари 1 харидор фурӯхта мешавад.

Хуб, гирем, ки мандарину афлесуну банан аз хориҷа меоянд. Картошка низ «хориҷӣ» буду масъулин умед ба ҳосили навъи ин полезӣ доштанд. Коршиносон мегуфтанд, картошкаи нави тоҷикӣ мушкилро рафъ месозад. Вале, аммо, лекин…ин коршиносон бо виждони туҷҷори тоҷик ошноӣ надоштаанд. Картошкаи нав рӯзи душанбеи 20.04.2020 ба фурӯш баромад. Табиист, ки нахуст дар бозори Хуҷанд ва нархаш …15 сомонӣ!!! Ба акс нигар хонанда ва бо бозориён худ… «сипос» фирист. 

Туҷҷори Бохтару Душанбе низ дар ин маъракаи эмонфурӯшӣ канор намонданду нархи картошкаи навро 12 сомонӣ карданд. Э, қандата зан, деҳқони Тоҷик! Чаро деҳқон гуфтем, на савдогар? Зеро ин нархро маҳз худи деҳқонон мондаву худашон мефурӯшанд!!! Ҳоло замона дигар шудагӣ, дилхоҳ деҳқон, гуфти Бобои Ғулом «мобилашро кулучит карда» нархро аз дилхоҳ бозор мефаҳмаду сипас нарх мегузорад.

 Бо ин ҳама мушкили соатафзун, мардум, Худоро шукр, эҳсоси завқ ва танзу хандаро гум накардааст. Ҳоло дар Аврупо коронавирус ва дар Тоҷикистон картошка мавриди лутфу танз қарор гирифтаанд. Баъзеҳо ҳатто таклиф доранд, ки ҷои гулдаста ба маъшуқаҳо «Картошка-даста» (Букет картошки) диҳем. Воқеан ҳам бисёр таклифи баҷост. Ҳам гарон ва ҳам дефитсит ва низ хӯрдааш мешавад. Рӯиҳамрафта, СССР пешниҳод дорад, ки гулчамбарҳои сари гӯрро низ аз картошка созему мурдаро ҳатман тавассути расонаҳои хориҷӣ каронавирус барорем: мардум ба дуову фотиҳа намеояд ва ин «картошкачамбар» ғизои 1 ҳафтаинаи пайвандони фавтидагон мегардад…

Мо Метавонем!

 

 

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter