ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 29 Май 2020 15:33

(сӯҳбати ихтисосии газетаи СССР бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии ҶТ)

Панҷшанбе, 28 Май 2020 10:44

   Вазорати маориф ва илми ҶТ бо нашри 1 Муроҷиатнома ба унвони устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли маориф ва илми кишвар нахуст тасаллияти худро ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон-кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор намуда, пасон хостааст, ки талаботҳои гигиениву эпидемиологиро ҷиддан риоя намоянд.

   Дар Муроҷиатномаи мазкур инчунин омадааст:

   « - Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои мазмуни тарбиявию ахлоқидошта ва барномаҳои телевизионии таълимӣ гузаронанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон боиси ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад. 

   Ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир-КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.

Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошед ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешед. Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид».

 

 

Панҷшанбе, 28 Май 2020 09:58

   То шоми рӯзи 27.05.2020 дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то ба ҳол дар ҷумҳурӣ 1575 нафар шифо ёфтаанд. Шабонарӯзи гузашта ягон нафар аз ин беморӣ вафот накардааст.

   Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Шумораи фавтидагон дар кишвар то ба имрӯз 47 нафарро ташкил медиҳад. 

 

Панҷшанбе, 28 Май 2020 09:55

    Ҳукумати ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 2 миллион доллари ИМА-ро барои ҳифзи муҳоҷирон дар Осиёи Миёна дар ҳолати пандемияи COVID-19 чудо менамояд. 

    Гуфта мешавад, ки ин дастгирӣ дар доираи лоиҳаи амалкунандаи “Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Миёна”, ки аз ҷониби “USAID” маблағгузорӣ карда шуда, аз ҷониби  Winrock International амалӣ мегардад, расонида мешавад. Пандемияи CОVID-19 боиси оғози бӯҳрони гуманитарӣ ва молиявӣ барои миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Осиёи Миёна, ки бисере аз онҳо дар транзит ва кишварҳои таъинот дар саросари кишварҳои Осиёи Миёна азият мекашанд оварда расонидааст.

 

Панҷшанбе, 28 Май 2020 09:54

 

Панҷшанбе, 28 Май 2020 09:49

Чоршанбе, 27 Май 2020 17:22

Дар замони шӯравӣ вакилони халқӣ-депутатҳо ҳамеша бо сокинони маҳал дар алоқа буда, барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам саҳм мегузоштанд. Ҳеҷ набошад лоақал моҳе 1 бор пайдо шуда, аз ҳоли мардум мепурсиданд. Афсӯс, ки вакилони на танҳо имрӯза, балки 28-соли охири мо, танҳо ҳангоми маъракаи интихобот назди халқ меоянду халос, пас аз интихоб шуданашон дигар 5 соли оянда мо онҳоро ҳатто дар кӯча намебинем.

Тариқи матбуот мешунавам, ки бархе аз вакилони халқии ш.Душанбе дар ин рӯзҳои вазнин барои мардум ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки хайр мерасонанду байни мардум маводи безараргардонӣ тақсим мекунанд. Вакилони ёвонӣ лоақал ҳамин корро ҳам намекунанд-парво надоранд! Гуфтаҳои пайвастаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ба мардум наздик шудану бо халқ буданро ҳам бархе аз вакилон шояд нашунида бошанд, ҳол он, ки онҳо дар хизмати халқ бояд бошанд, на мардум бо мушкиле паси дари хонаи онҳо равад!

 

Сафаралӣ  Бекмонов, 

н.Ёвон 

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 17:14

 

Ба насли солҳои 50-и асри гузашта, исми С.Вализода хуб ошно мебошад. Ӯ чун шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва ҳофизи халқӣ, аз миёни шоирони маъруф, ба мухлисонаш хело наздик буд. Мухлисони бешумораш, ҳавасу орзӯ мекарданд, ки  боре ҳам бошад, дар сӯҳбати ин марди наҷиб, ҳузур дошта, аз хушгӯйиҳои ӯ лаззат баранд. С.Вализода шахсияте буд, бисёр хоксор, сӯҳбаторо, ки бо сабки дилнишин ва забони ноби тоҷикӣ ва фаҳмо, дар ҷамъомаду маъракаҳо, сӯҳбат меорост. Дутор дар даст, ба мухлисонаш, бо 1 лаҳни хоси мардуми  кӯҳистони Ховалинг, ҳофизӣ мекард. Ин буд, ки ӯро кулли мардуми тоҷик дӯст медошт. Аз эҷодиёти ӯ ва хондани дубайтиҳою рӯбоиҳо, аз ҷониби ин марди шӯхи базморо лаззат мебурданд. Ҳамин наздикӣ ба мардум буд, ки кулли эҷодиёти ӯ мардумӣ шуд.

Бадарға ва фирори Вализода

Вале тақдир, дар ҳаёти ин марди наҷиб, бозиҳои худро дареғ надошт. Ҳарчанд ӯ инқилоби болшевикиро ба хурсандӣ пешвоз гирифт, вале тирамоҳи соли 1933 дар асоси тӯҳмату кори саросемавори муфатишони болшевикӣ, ки дар асоси дастуру нишондодҳои кремлнишинон “результат” тайёр мекарданд, ӯро бо аҳли оилааш  ва хешовандонаш ба лагери ислоҳотии меҳнатӣ, ба вилояти Акмалинскии Ҷумҳурии Қазоқистон равон мекунанд. “Ҷурм”-и С.Вализода он будааст, ки ӯро ҳамдеҳагони Чуқуракиаш “Саидалибой” мегуфтаанд. Ӯ дар лагер, бо азобу машаққат ва пастзаниҳои кормандони лагер тоб наоварда, баъди 2 соли азобу машаққатҳо қарор медиҳад, ки фирор кунад. 

Тирамоҳи соли 1935, ин ҷавонмарди далеру шуҷои тоҷики кӯҳистонӣ, бебокона, аз лагер фирор мекунад. Ӯ ба воситаи даштҳои нопайдоканори Қазоқистон, бо азобу машаққатҳои зиёде худро ба ш.Тошканд мерасонад. Аз он ҷо бошад, ба ш.Хуҷанд ва баъд ба Ӯротеппа меояд, баътар худро ба Мастчоҳ мерасонад. Душвориҳои зиёде дар роҳ кашид, вале ба ин душвориҳо сар нафароварда, ба сӯи қуллаи умед равона буд. 

Кӯлобие, ки мастчоҳӣ шуд

Зимистони соли 1935 вақти дар Мастчоҳ буданаш, бо суханони пур аз лутфу ҳазломезаш, дар дили ҳамсӯҳбатони мастчоҳиаш роҳ ёфт. Мардуми Мастчоҳ, ки худ табиати шӯх дошта, сӯҳбатороянд, дарёфтанд, ки меҳмони онҳо дарди ниҳоние дар худ дорад. Мастчоҳиҳои меҳмондӯст, аз нақли С.Вализода фаҳмиданд, ки ӯ гирифтори тӯҳмат шудаасту бегуноҳ мебошад. Онҳо бо 1 меҳри бепоён, қарор доданд, ки ба шоир ёрӣ расонанд. Пас аз таку дави зиёде, мастчоҳиҳо ба он мувафақ шиданд, ки моҳи марти соли 1936 шоирро ба Душанбе даъват карда, тафтишотро аз нав сар карданд. Пас аз пурсу поси беохиру тафтишоти зиёде маълум шуд, ки бое ба номи Саидвалӣ, аз деҳаи Чуқураки Ховалинг, ба Афғонистон гурехта будааст ва Саидалиро, муфатишу прокурору судияи “высокопрофессионал”-и болшевикӣ аз Саидвалӣ фарқ накарда, ҳамчун “душмани халқ”, ҳукми ба лагер равон кардани ӯ, аҳли оила ва хешовандони наздикашро мебароранд. Якуним соли такудави шоири халқӣ, бо ёрию дастгирии мастчоҳиҳои инсондӯст, натиҷаи мусбати худро дод ва С.Вализода тавонист соли 1937 бо ҳамроҳии аҳли оилааш ба зодгоҳаш баргардад. 

Лекин хешу табори шоир, бо “лутф”-у “меҳрубон”-ии шогирдони “Ленин бародар раҳнамо”-и С.Вализода, дар лагер 15 соли умри худро паси сар карданд, чи хеле, ки русҳо мегӯянд “Отсидели от звонка до звонка”.

Аброр Соқиев, 

ш.Ваҳдат, 

тел: 907-07-84-00.                   

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 8

Китобҳо

Flag Counter