ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Июн 2020 09:18

МИҲД дар ш.Леваканд оид ба мақолаи «Хатлон: фаъолияти 10 вагон-мактаб нигаронкунанда аст», ки дар ҳафтаномаи «СССР» №5 аз 06.02.2020 нашр шуда буд, чунин посух медиҳад:

Муаллифи хабар Баҳодур Уроқов аз ҷараёни баргузории нишастҳои матбуотии роҳбарони сохторҳои давлатӣ гузориш пешниҳод намудааст, ки дар он аз зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ва ҳанӯз ҳам бо сабаби набудани шароити фароҳам дар вагонҳо таълим гирифтани мактаббачаҳо, сухан меравад. Ин мавзӯъ дар маҷлиси назоратии назди бахши маорифи шаҳр баррасӣ гардида, барои пешгирӣ аз зиёд шудани ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон бо иштироки кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки хонандагон ва падару модари онҳо суҳбату вохӯриҳо доир шуда истодаанд, ки албатта дар ин самт таъсири нек хоҳанд гузошт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Левакант барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Дар шаҳр ягон синфхонаи дар вагонҳо фаъолиятдошта мавҷуд нест.

Ҷ. Воҳидзода, роҳбари дастгоҳи раиси ш. Левакант

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 09:16

Сафаралӣ Бекмонов, хонанда ва мухлисии доимии газетаи мардумии СССР аз ҷамоати деҳоти Обшорони н.Ёвон тавассути телефони редаксия-238 55 56 занг зада гуфт, ки сардори БДА-и н.Ёвон бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз ронандагон пул меситонад.  

   -. Сардори БДА-и н.Ёвон имрӯзҳо худсарона дар дохили ноҳия ҳар кореро, ки хоҳад, бо мувофиқи табъи худаш ташкил мекунад. Масалан, кормандони БДА-ро дар ҳар нуқтаи роҳҳои автомобилгардӣ ноҳия партофта «дидбонгоҳ» ташкил карда, бо роҳҳои сохтакорона маблағи ҷаримаро худ мемонанд. Кормандони БДА дар шафатии роҳҳо худро нишон надода, пинҳонӣ суръати автомобилҳоро назорат мекунанд ва худсарона «ҷаримабандӣ» мекунанд. Дар маркази шаҳрак бошад, роҳро тақсим карда ба «истгоҳ» табдил доданд. Дар ҷое, ки аломати роҳ бояд бошад, дар он ҷо ин аломатро намебинӣ, дар чунин ҷойҳо ҷарима  кардан оё аз рӯйи қонун аст? Дар ҷойе, ки аломати роҳ буданаш зарур нест, аломати роҳ монда шудааст. Мушкилии мазкур дар н.Ёвон кай ислоҳ мешуда бошад?

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 09:12

 Амина Носирова, сокини деҳаи Арзановаи н.Файзобод ба идораи редаксия занг зада (тел: 238 55 56), гуфт, ки ба кумаки ҳамватанон ниёз дорад.

   - Зиёда аз 40 сол мешавад, ки дар як кунҷи замини наздиҳавлигии бародарам ду дар хона сохта зиндагӣ дорам. Як писару як духтар дорам. Шавҳарам дар қайди ҳаёт нест. Соли 2007 писарамро хонадор кардам. Айни замон соҳиби 3 фарзанд ҳастанд. Писарам 3-4 сол шуд, ки ба Россия меравад, аммо саломатиаш хуб нест. Соли 2006 ба мо аз ҳисоби заминҳои болои деҳа 4 сотих замини наздиҳавлигӣ доданд. Аммо аз сабаби он, ки сатҳи зиндагиамон паст аст, сохтмони хонаамонро ба охир расонида наметавонем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз саховатмандону соҳибкорон даъват ба амал меоварад, ки ба халқи камбағалу камбизоат, бечораву нодор дасти ёрӣ дароз намоянд. Ростӣ, ҳама медонанд, ки ҳоло сохтмони хона чӣ қадар мушкил аст. Бинобар он ман аз тоҷирону соҳибкорон, аз ширкатҳои  хориҷӣ ва аз нафароне, ки ҳамеша ба камбағалону камбизоатон дасти ёрӣ дароз мекунанд, хоҳиш менамоям, ки каме ҳам бошад барои ба охир расонидани сохтмони хонам ёрӣ расонанд.

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 09:04

 

 Салом СССР!  Намедонам аз чи бошад вақтҳои охир аҳли эҷоди СССР камтар пайи мушкилиҳои халқанд ва камтар аз проблемаҳо менависанд. Ман шахсан сардабир ва аҳли эҷоди СССР-ро эҳтиром мекунам ва дар ҳамаҷо онҳоро ҳимоя месозам (манзур нишастҳое, ки аз онҳо бадгӯйи мекунанд), вале бояд бигӯям, ки дин муҳимтарин паҳлуи зиндагии инсонҳост. Аз ин хотир лутфан аз нашри матлабҳои таҳқиромезу сафсатаҳои Комрони Далер ва Ҳаким Ғуломов-баринҳо дида мисли пештара рейдҳо гузаронед беҳтар аст. Бисёр хуб мешуд, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон низ ба чунин мақолаҳои таҳқиромез ҷавобҳои дандоншикан медод.

С. Сафарзода, нафақахӯр, ш. Ваҳдат 

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 08:59

 

   

Дар арафаи 75-солагии Ғалаба аз номи падарам-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобои Ғулом Шарипови СССР ба номи вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода ариза супоридам. Аризаро корманди шуъбаи умумӣ Ғ.Ширинов қабул карда, онро таҳти №65-80 ба қайд гирифт. Аризаро супорида, бо хотири ҷамъ аз вазорат баромадам. Аммо хотирҷамъиям хом баромад-аризаи супоридаи ман на рӯзи 15 ва на рӯзи 16 апрел, балки рӯзи 1 май ба дасти вазир расидааст! Ҳоло он, ки почтаи ҳаррӯзаро вазирону раисон бояд ҳар бегоҳ дида, ба шахсони масъул ирсол намоянд. 

    Пеш аз супоридани ариза ман ба Ғ.Шарипов борҳо таъкид намудам, ки онро ба папкаи вазир гузорад. Зеро фурсат кам асту бояд натиҷае ба даст ояд, лек у худро ба карӣ заду инак аризаи иштирокчии ҶБВ ва маъюби гуруҳи 1-ум пас аз 2 ҳафта ба рӯи мизи Худоёр Худоёрзода расид! Онро ҳам худам бо ҷангу ҷанҷол аз шуъбаи умумӣ гирифта, ба қабулгоҳи вазир бурдаму мавсуф аризаро нахонда, ба зертобеони худ дар минтақаи Кӯлоб ирсол кард. Агар Худоёр Худоёрзода аризаро мехонд, чунин бархурд намекард, боз ҳам ба собиқадори соҳаи роҳу нақлиёти кишвар!

     1.05.2020 Бобои Ғулом-падари ман ба синни мубораки 95-солагӣ расид, вале тавре ба назар мерасад, ки ин иштирокчии ҶБВ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Аз Федеретсияи Россия аз номи Президент ФР В.В.Путин ба ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ медали ҷашнии 75-солагии Ғалаба тақдим гардид, лек чаро он ба Бобои Ғулом нарасид, намефаҳмам? Агар падари Худоёр Худоёрзода-вазири нақлиёти ҶТ иштирокчии ҶБВ мебуду вазире бо ӯ чунин бархурд мекард, чӣ мешуд!? 

   Шукр аз он, ки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ёди иштирокчиёни ҷанг асту кумаки Сарварамонро пеш аз ҳама оварда ба Бобои Ғулом супориданд! 1 ҷаҳон сипос!

Алӣ Шарипов, мухбири минтақавии СССР, ш.Кӯлоб

 

Чоршанбе, 17 Июн 2020 08:57

Аз бузурге пурсидаанд, ки тарбияти фарзандро аз чандсолагӣ шуруъ бояд кард? Посухро медонем. Бузург гуфта, ки «3 рӯз дер кардед»… Вале шахсан ман, роқими ин сутури ҳақир, дар ин маврид дигар назар дорам:

-Тарбияти фарзандро аз интихоби модари ӯ бояд сар кард!!!

 Дар урфи табордории Тоҷикон 1 вожа буд, ки мутаассуф, ба доми фаромӯшӣ меравад:

-КУНДА…

Кунда ин танаи дарахт аст. Дарахт дар асотири аксарияти қавму миллатҳо ба маънои авлод аст. Дар Фаронсаи қадим барои шинохти аристократия «Дарахти насл» доштанд ва шоху барги дарахтро то решаи ашрофзодагон мушаххасан маълум мекарданд. Дар Тоҷикон маҳз кунда мегуфтанд. Кунда низ ба маънии дарахти насл аст. Дуруст аст, ки ислом ба мо танҳо 1 «Дарахти насл» дар шакли «Шаҷара» боқӣ гузошт (муллосабабҳо оҷилан наранҷед, ман худам чунин Шаҷара дорам-баҳс сари дигар чист!). Шаҷараро усулан авлоди паямбари ислом (с.) доштанду бас. Ба забони имрӯза Шаҷара паспорт аст. Вале на шиносномаҳои имрӯзин, ки 1-2 ҷаддат бештар дар он сабт нест. Балки насабномаи аждодист, ки дар аксари вақт то Муҳаммад (с.) мебарад. Воқеан ҳам, амирони муғулу манғит, ки ҳама муҳру васиқа дар дасташон будӣ, аз «момент» истифода карда, хеле турку муғулу манғитро «авлоди паямбар» карданд, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ онҳоро масхараи 2 олам намудаасту он мавзуъи тамоман дигар аст.

Барградем сари мақсад. Вожаи арабии «шаҷара» ба тоҷикӣ ҳамоно «дарахт» аст, яъне ба забони дигар кундаи тоҷикӣ ҳамон шаҷара, дарахт ва ё худ дарахти насл мебошад. Зимнан дар ҳини издивоҷ, Тоҷикони кӯҳистон мегуфтанд, ки «кунда партофтем» ё худ «кундагардонӣ» кардем, духтар ё писар аз кундаи бақувват, яъне насли соҳибобрӯст. Чаро гуфтем, ки интихоби ҳамсар ин шуруъи тарбияти фарзанд аст? Зеро аз «кундаи бақувват» насли бесамар, шохаи заъиф, барги зард намерӯяду ин бех гули атрогин меофараду меваи ширин. Фахриддини Гургонист, ки мегӯяд:

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,

На ҳар БЕХ мева орад, ҳар найе қанд!!!

 Рӯиҳамрафта,  1 мард агар босавод бошад 1 нафар босавод аст, вале 1 зан агар донишманд бошад, 4-7 фарзандро донишманд мекунад. Ин низ гунае аз масалҳои халқии мост, ки ба таоруфи нажодӣ ва фарҳанги табордорӣ мекашад.

Ва акнун баргардем сари масалу фасонаҳоямон. Фикр намекунӣ, хонанда, оре маҳз туе, ки ҳамин ҳоло андеша кардӣ, «СМ маро дар назар дорад?», ки қиссаву афсонаҳои таоруфии мо низ метавонанд, бар зарар ё нафъи тарбият буда бошанд? Фарзи мисол, афсонаи дӯстдоштаи ҷопониҳо, ки модарону бибиҳошон ҳатман ба ҷопонбачча сари гоҳвораи ҷопонӣ мехонад, дар бораи мӯрчаякест, ки хонда, донишманд шуда, заҳмат кашида, бою бадавлат мешавад. Аҳамият деҳ, шоҳу шаҳзода ва домоди подшоҳ не, ки маҳз донишманду бою бадавлат.

А, дар мо афсонаи маъруфтарин кадом аст? Оре, аккурат, Кали Зирак! Кале, ки кӯдакро маҳкам болои сиба баста, баъди 2-3 суруди ғарибӣ, бемодарӣ, бепадарӣ, ки аз ашк аз дидаи тимсоҳ мерабоянд, ҳатман тавсифу таблиғаш мекунем: 

-Кали Зирак-қаҳрамони аввалини атфоли Тоҷик на мехонад, на дониш дорад, на фаросат ва на фарҳанг, 1 хар дораду 1 модари пир ва 1 табақ ош, вале бо роҳи фиреб…домоди подшоҳ мешаваду то охири умр аз ҳисоби хусур хӯрда хоб аст… Акнун дидӣ, хонанда, ки чаро ҷавонони мо сӯи сарвати муфт равонаанду ҷопонбаччаҳо сӯи самти дигар? Дар охири ин реалити-шоуи зиндагонӣ, ҳатман «калҳои зирак»-и мо, ки домоди ину он сарватманданд, охири кор варшикаставу вомондаи ҷопониҳо мешаванд! Ё не мӣ?

Зеро ҷопониҳо фарзандро дар руҳияи фаолият ва дониш тарбият мекунанду мо калҳои зиракамонро дар руҳияи мошенникӣ, муфтхӯрӣ, сарвати осмонӣ. Афсонаҳои мо, ки баъдан  воқеият мегарданд, ҳатто фарҳанги табордориро, ки бузургтарин дастоварди Ориёност, варшикаста кардаанд. Дигар ин баччаҳо ба хотири насл не, ки барои чизу мол издивоҷ мекунанд. Ҳоло вожаи ишқ, маъзарат, вале ҷуз секс дигар маъние надорад. Издивоҷ бошад ба маънии тӯйи дакаданг ва ҳамсари сарватманд асту бас. Нафаре нест, ё хеле кам аст, ки дар андешаи фарзанди донишманд бошад. Аксарият дар фикри фарзанди сарватмандем. Фаромӯш кардаем, бузургтарин сарват, ки ҳаргиз аз фарзандони мо касеву чизе кашида гирифта наметавонад, ДОНИШ аст. Ман дигар чӣ гӯям, ки Рӯдакӣ ин матлабамро, 1079 сол пеш, ҷамъбаст кардааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад (баъд не, бадӣ-СМ) бар тани ту ҷавшан аст!

Мо Метавонем!!!

 

 

 

 

Ҷумъа, 12 Июн 2020 09:55

    Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Қизилқалъа»-и н.Хуросон, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба кӯмаки зарардидагони офати табиӣ омада, дар сохтмони хонаҳои нави зист ба онҳо ҳамроҳ шудаанд. 

    Чуноне ки Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии н.Хуросон мегуяд, шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Ба қавли ӯ, дар умум беш аз 1000 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба кумаки зарардидагон аз сел омаданд. 

 

Ҷумъа, 12 Июн 2020 09:51

 

 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «F» аст, бозиҳои худро бо дастаҳои Муғулистон, Япония ва Мянма моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 баргузор хоҳад кард.

   Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон санаи 8 октябр бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ намуда, боз 2 рақобати дигарро шогирдони Усмон Тошев бо дастаҳои мунтахаби Япония-12 ноябр дар меҳмонӣ ва бо Мянма-17 ноябр дар хона баргузор мекунанд.     Бояд гуфт, ки ин вохӯриҳо бояд моҳи март ва июн гузаронида мешуданд, аммо бо сабаби хуруҷи бемори коронавирус ба таъхир гузошта шуданд. 

 

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter