ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:59

4.06.1917. Дар Петроград Анҷумани III-уми Ҳизби эссерон ба кораш хотима дод. Дар ин Анҷуман Ҳизби эссерон ба ду қанот-чап ва рост тақсимбандӣ гардид.

4.06.1918. Сарвари ҳукумати болшевикон Владимир Ленин, ултиматуми немисҳоро бобати баргардонидани Флоти Баҳрисиёии Руссия ба шаҳри Севастополро пазируфт ва киштиҳо ба дасти немисҳо афтоданд.

4.06.1922. Дар Маскав мурофиаи ҷиноии 34 роҳбари Ҳизби эссерӣ оғоз гардид. Мурофиаи эссерон аввалин мурофиаи сиёсӣ дар Русияи Шӯравӣ ба шумор меравад.

4.06.1956. Департаменти Давлатии ИМА, маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро, ки "Бобати шахсиятпарастӣ ва авомили он" ном дошт ва дар Анҷумани ХХ-уми Ҳизб қироат гардида буд, рӯи чоп овард. Матни пурраи ин маърӯза худи ҳамон рӯз аз минбари радиои "Аврупои Озод" қироат карда шуд.

4.06.1989. Дар СССР миёни истгоҳҳои роҳи оҳанӣ Аша ва Улу-Теляк, ҳангоми гузаштани ду қатораи мусофирбар, таркиши газ ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи таркиш 575 нафар ба ҳалокат расида, 623 нафар захмӣ шуданд. Садамаи Аша ва Улук-Теляк бузургтарин садамаи роҳиоҳанӣ дар таърихи СССР ва ҳатто Русия ба шумор меравад.

 5.06.1918. Файласуф ва нависандаи маъруфи рус Иван Бунин ҳамроҳи завҷааш ҳудуди Русияи Шӯравиро барои ҳамеша тарк кард.

5.06.1945. Фармондеҳони низомии се кишвари иттифоқчӣ Жуков, Эйзенхауер, Монтгомерӣ ва Латр де Тассинии дар Берлин Эъломияи шикасти Олмонро дар ҷанг ва ба зимаи се кишвар СССР, ИМА, Инглис ва Фаронса гузаштани ҳокимият дар Олмонро ба имзо расониданд. Бо имзои ин Эъломия, тақсими Берлин оғоз гардид. 

5.06.1947. Котиби Давлатии ИМА Ҷорҷ Маршалл дар Донишгоҳи Гарвард суханронӣ кард ва нақшаи кумак ба Аврупои баъдиҷангиро бо ҳозирин дар миён гузошт. Ин нақша "нақшаи Маршалл" ном гирифт ва президенти ИМА Трумэн баъди чанде 3,121 миллиард долларро барои ин кор сафарбар намуд.

6.06.1919. Англисҳо дар наздикии Кронштадт ду киштии шӯравиро ғарқ карданд ва Финляндия ба Русияи Шӯравӣ ҷанг эълон намуд.

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:54

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Ҷ.Балхӣ ба иттилои шумо мерасонад, ки мақолаи «10 вагон мактаб нигаронкунанда аст», ки дар ҳафтаномаи СССР нашр гардидааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019 тибқи нақшаи тасдиқгардида мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 30 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузаронидааст. Санҷишу таҳлилҳо муайян намуд, ки дар соли 2019 аз 220 ҳодисаи ҷиноятие, ки дар вилоят ба қайд гирифта шудааст, 5 ҳолати ҷиноят аз тарафи 4 нафар ноболиғон дар н.Ҷ.Балхӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи нақшаи кори Комиссияи назди МИҲД-и ноҳия барои соли 2019 (мониторинги) таҳлили ҳолати ба ҷиноят даст задани ноболиғон бо усули хона ба хона бо мақсади пешгирӣ, муайян намудани шароити зисти ноболиғон, баргузор намудани сӯҳбат бо волидайн ва роҳбарони синфҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот конференсияи назариявии «Масъулият» баргузор карда шуд. Комиссияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кушиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва тақвияти корбарӣ миёни ноболиғон дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон чораандешӣ намуда, тадбирҳои мушаххас андешад.

Убайдуллои Файзулло, раиси 

н.Ҷ.Балхӣ

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:50

 Талбак Холов, нафақахӯр ва яке аз хонандагони доимии газетаи мардуми аз н.Рӯдакӣ занг зада (тел: 988 15 03 49) гуфт, ки ба қадри мо мардуми нафақахӯр касе намерасад. 

- Кормандони сохторҳои н.Рӯдакӣ боре масъулият эҳсос накарда, барои мардум коре намекунанд. Мо мардуми нафақахӯр ҳар сари моҳ барои гирифтани нафақаи ночизи худ хело мушкилӣ мекашем-нафақа дер ба дастамон мерасад. Сари ин масъала чанд маротиба шикоят кардем, аммо бенатиҷа. Ҳоло дар бораи проблемаи барқ умуман чизе намегӯям, зеро ҳалношуданист. Мушкили дигаре, ки ин шабу рӯз моро нигарон мекунад ин сагҳои дайдӯянд. Хайрият, кӯдаконро карантин гуфта, аз хона баромаданӣ намемонем, вагарна сагҳо хело хатар доранд. Хело хуб мешуд, ки масъулони ноҳия, алалхусус ДЭУ омада, нисбати сагҳои беҳуҷҷати маҳалла чорандешӣ мекарданд. Дар охир 1 чизи дигаре маро нигарон месозад, ки ин ҳам он аст, ки дар 63 солагӣ ба нафақа мебароем, аммо танҳо дар 75 солагӣ ҳуқуқи саворшавии ройгонро дар автобусҳо пайдо мекунем. 12 сол мо магар одам нестем???

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:46

 Абдуҷалол Маҳмадалиев, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Темурмалик занг зада (тел: 918 81 54 84) гуфт, ки ширкатҳои мобилӣ пули моро медузданд.

- Ширкати “Вавилон” хабар медиҳад, ки аз 01.05.2020 дар тарофаи “Дастрас” тағийрот ворид месозад ва ба ҳамаи муштариёнаш аввали моҳ 50 мегабайт туҳфа мекардааст. Аммо бар ҷои 80 дирам 2 сомонӣ мегиранд. Мисли ман ҳазорон нафар муштариёни ин ширкат телефони оддӣ дошта, танҳо барои сӯҳбат истифода мекунанд. Зеро онҳо аз интернет хеле дур ва саломатиро аз хатари телефонҳои интернетдор эмин медоранд. Аз ин рӯ ба мо интернет чӣ лозим, лоақал дақиқаҳои ройгон бо дигар ширкатҳо мешуд гапи дигар мебуд... 

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:42

 Салом СССР-и азиз! 

   - Шумо беш аз 90 фисади мардуми Тоҷикистон, ки дар дини исломанду худро мусулмон медонанд, таҳқир намуда, худову паёмбарашро инкору таҳқир мекунед, ба будпарастӣ ҳидоят мекунед, ба таълимоти исломӣ гирифтанашон монеъ шудан мехоҳед... ва боз чандин гуфторҳои зидиисломӣ. Шумо кистед? Ягон ғараз доред, ягон супориши Хоҷаи яҳудиро амалӣ кардан доред? Ё Шайтон шуморо аз роҳ зада гумроҳ кардааст,ки суханони ғайри савоб мегӯед.

Бо фазлу камол бошад инсоне, агар

Дунёро ба каф оварду динро нафурӯхт.

Сину сол ҳам ба ҷое расидааст. Бояд фикри ояндаро низ дар сар дошта бошем.

Абдурашиди Ҳамидзод, н.Ёвон, тел: 934692526

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:26

 

Дар тамоми 70 соли даврони шӯравӣ инқадар "Олим,академик, профессор, номзадҳои илми кишоварзӣ, иқтисоддонҳои бешумор, соҳиби рисолаҳои бузурги илмӣ"- дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ арзи вуҷуд надошт, ки дар ин 30-соли Озодӣ (Истиқлолият) пайдо шудаву ҳама соҳаҳоро ба сатҳи "пешравиҳои боварнашуданӣ" расониданд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳоло кӯҳу дамани ташналаби даштҳои Адрасмонро 1 сӯ гузошта, 6 миллион км дур аз кӯраи замин ситораи "Академияи илмҳои тоҷик"-ро кашф намуд. Барои кӣ ва бо чӣ мақсад?

Яъне шумо ба мардум исбот менамоед, ки саргарони кашфиётҳои бузург ҳастед?

Давомашро акнун рӯси менависам: И каков результат? Обонкротившиеся банки, экономика ниже плинтуса, и бедный народ, который не может определить цену муки. Пора спуститься с небес, господа академики, на землю, и подумать о НАРОДЕ!

Ҷаъфари Ҷалол

Ҳунарманд ва хонандаи СССР

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 08:21

Дастгоҳи идеологӣ бояд 1 чиро донад:

-Вақте патриотҳо зери фишор мераванд, ватанпарастон аз ҳукумат дилсард мегарданд. 

Ва маҳз ҳамин аст, ки ҳоло сафи ватанпарастон, патриотҳо, миллатхоҳон хеле кам шудааст. Фикр накунед, бо Фабрикаи ҷавоб, Авангард ва ё 5-6 фейки расмӣ аз Давлат метавон пуштигирӣ кард. Агар аҳамият додаед, манофеи ватану миллатро ҳоло ҳатто марказҳои матбуотии ин ё он вазоратхона, ки кори ҷонияшон аст, ҳифз намекунанд. Вале агар хабаре пахш ҳам созанд бо имзои «хадамоти матбуотӣ»... Имзои мубораки хешро корманди ягон вазоратхона на-ме-гу-зо-рад! Зеро аз «рӯзи мабодо» метарсанд. А, Ватанро бояд бо имзои хеш ҳифз намуд. Мисли Саъдии Маҳдӣ, Далер Мерганов, Нуралӣ Хоркашев, Сафват Бурҳонов, Додоҷон Атовуллоев, Саломиддин Мирзораҳматов. Аҳамият додӣ, хонанда, аксарият вазифа, сарват, мақоми расмӣ надоранд ва ҳатто дар ватан нестанд. Фарзи мисол, вақте Нуралӣ Хоркашев аз манофеи ватан пуштибонӣ мекунаду вазиру раиси шикамғафсе хап аст, душманони идеологӣ ҳатто намедонанд, ки Нуралӣ то ҳанӯз хона надораду дар хобгоҳе бо аҳли оилаи бузургаш иҷора мешинад ва истеъфои ӯро талаб мекунанд! Ватанхоҳӣ ана ҳамин аст, ки Нуралӣ, Сафват, Додоҷон, Саломиддинҳо доранд. Вале биёед сари ягона нафари ба фикри мунтақидонаш «вазифадор», яъне Саъдии Маҳдӣ андаке таваққуф кунем:

Ҳар баҳсе, ки устод Маҳдӣ дар гурӯҳи худ-Ормонҳо миллӣ меангорад, боиси вокуниши шадид мегарданд. Пештоз мегӯям, на ҳар чизе устод дар сафҳаашон мекоранд, писанди ин ҷониб аст. Ба вежа, ки Маҳдӣ лаҳни тунд доранд. Зеро дарк карда, ки:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!!!

Вале иззати ман аз Саъдии Маҳдӣ чун аз 1 Шахсият аст, ки позитсияи худро дорад ва аз мавӯқеаш бо имзои хеш ҳифз мекунад, на чун дигарон тариқи мустаор, маъмултар бар фейк. Ин дар ҳолест, ки аксарияти Армияи устодону журналистони факулта хомӯшанд ва агар устод Маҳдӣ «диктатор» мебуд, ин армияро ба ҷумбиш меовард, зидди 3-4 шартакигӯйи авру-муллоӣ (ба д-ин масал, ки наход ишон аз чанд фейкак тарсанду аз декан на?)!

  Ҳафтаи пор баҳс сари журналистика ва профессионализм гарм шуд, зеро Саъдии Маҳдӣ дар «Ормонҳо…» луқма партофту нафаре аз «фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ» (касби наве, ки бекорон барои худ дарёфтаанд, амсоли журналисти озод, хабарнигори мутсақил) бо усули ба худаш хос онро ба баҳс кашид ва каминаи камтарин (ибораи дӯстддоштаи Соҳиб Табаров)-ро ёд кард. Гуфтаам ва боз мегӯям:

-Шумо метавонед беҳтарин қаламро дошта бошеду беҳтарин матлабҳоро нависед, вале чун дипломи журналистика надоред, шахсан барои ман журналист нестед! Истеъдод ҳастед, нобиға ҳастед, бузург ҳастед, вале журналист неъ! Ин кредои ман аст. Зеро дар сурати акс, дар Аврупову Амрико ва Тоҷикистони азиз низ факултети журналистикаро бояд банданд!!! Ё не мӣ? Агар журанлистика профессионалӣ набошад, чаро АлифБеТеи онро бояд 5 сол омӯхт?

Рӯиҳамрафта, медонам, ки бархе зӯр менависанд. Вале агар онҳо боз такмили ихтисос кардаву дар факултаи журналистика мехонданд, фикр намекунед, ки боз ҳам журналисти беҳтаре мешуданд? Ё кӣ гуфта метавонад, ки Отахон Латифӣ, Додоҷони Атовулло, Шарифи Ҳамдампур, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Адолати Мирзо, Раҳматкарими Давлат, Соҷидаи Мирзо, Саидқосими Қиёмпур ва ба гуфтаи Бобои  Ғуломи таърихӣ “конса до консов” Сайёфи Мизроб… журналистони раддаи аввал нестанд? Ва ё шумо фикр доред, чанд ба ном «блогер», ки 1 ҷумлаи саҳеҳ надоранд, анд «пранк-масхарабоз» ва энд мӯл камазисту тракторист, ки аз кабиинаи мошинашон бо «элитаи сиёсӣ» дар Аврупо сӯҳбати «созанда» мекунанд, журналистанд??? Назари профессионалҳо дар зимн бароям муҳим аст, зеро матлабамро барои «Лайк» нанавиштаам. Журнализми касбиро аз хатари фавт эман доштаниям!!!

Пештоз мегӯям, ҳастанд дар ин миён нафароне, ки доди сухан додаву диплом надоранд. Вале онҳо солҳои тӯлонӣ дар ин соҳа кор кардаву даҳу садҳо курси касбият гузаштаву мактбаҳои журналистони бузурги миллиро «ғоибона» хатм кардаанд. Вале дар ҳар сурат, агар дар қиёс гирем, афроде, ки ман барчидам, бақуваттар аз онҳоеанд, ки ҷонибдорони назарияи «гражданская журналистика» мепиндоранд, ки шояд журналист маҳз инҳоянд!

Мутаассифона, дар долонҳои бузургтарини ҳукумат низ то ҳанӯз бо ин хомхаёлони журналистикаи миллӣ ҳамфикранду профессионализми журналистикаро ба дираме намегиранд. Ин аст, сари кор афроде меоянд, ки актёранд, артистанд, муаллиманд, шоиранд, нависандаанд, сиёсатшиносанд, одами хубанд, вале ЖУРНАЛИСТ нестанд! Зеро журналист одами хуб буда на-ме-та-во-наддд!!!

Ин хатои фоҳиштарин ва бузургтарини ҳукумати имрӯза аст, ки фарқ миёни минбару дору расан ва мадҳияву журналистикаи касбӣ надидааст. Фирдавсист, ки мегӯяд:

Чу минбар ба тахт баробар шавад,

Ҳама ном Бӯбакру Умар шавад

...Ва акнун баргардем сари шахсияти Саъдии Маҳдӣ. Афроде ба махдуми Саъдӣ мерасанд, ки роҷеъ ба ӯ иттилоъе надоранд. Онҳо бояд донанд, ки Саъдии Маҳдӣ ҳарчанд дипломи аввалинаш аз ин соҳа нест, ки эродаш кардаанд, вале чандсад мақола навиштааст дар жанрҳои мухталиф. Ҳамзамон курсҳои вежаи касбиро низ тай намудааст. 33 мақолааш дар СССР нашр шудаву ба ҳайси китоби электронӣ низ дастарас аст (ниг. www.cccp.tj). Муҳимтар аз ин, гарав мебандам, ки дар дилхоҳ мавзуъ Саъдии Маҳдӣ аз ҳамаи муддаиёнаш беҳтару хубтару хуштар матлаб, дар дилхоҳ жанр (медонед, ки жанр чист???) менависад. Бовар надоред, мавзуъро шумо интихоб кунед, жанрро мо ва ба майдон бароед. 100% бовар дорам, метарсед ва бо устод панҷа нарм намекунед.

Ва баъдаҳу роҷеъ ба декани факултаи журналистика...Кадоме аз деканҳои собиқ, бидуни устод Иброҳим Усмонов-асосгузори ин факулта, ки боз шумогунаҳо ба ӯ  санги маломат ҳам меандозед, дипломи журналистика дошт? Тадрис дигар аст-кор дигар. Дар донишгоҳ педагогика боло меистад, ҳарчанд муаллимони факултаи журналистӣ 7-8 соли собиқаи кор дар ВАО дошта бошанд хуб аст (талаботи Донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо). Саъдии Маҳдӣ аз хубтарин деканҳои ин факулта аст, бовар надоред бо студентон сӯҳбат кунед, ки мардумитар аз ӯ декане доштаанд???

 Ва аз хама охир: 1 муаллим ё олимаке буд дар Аврупо, ки танҳо ба хотири дӯсти дӯстони ман-Додоҷону Сафвату Бахтиёр Аминӣ буданаш, иззат мегузоштам-ш. Вале ин нафар низ истеъфоталаб шудаасту Саъдии Маҳдиро «душмани халқ» мехонад. О, буродарони евро-муллоям! Хайр, биоед, ҳар нафареро, ки бо кабириҳо нестанд ё ҳамфикри шумо наяд, ба истеъфо равон кунем ва Нео-фашизми нео-муллоӣ ва нео-аврупоиро дар ҶТ ҷорӣ созем. 

Дар асл, истеъфоталабии шумо ниқорхоҳие беш нест, ки мисатонро баровардааст. Мо метавонем!

 

Ҷумъа, 05 Июн 2020 15:04

Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:

— барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;

— нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;

— то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;

— то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;

— аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

— аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

— фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;

— бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;

— нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;

— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;

— то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;

— барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;

— барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;

— ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;

— то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон:

— ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;

— якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;

— мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;

— ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;

— дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;

— якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.

 

3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 5 июни соли 2020

№1544

 

 

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter