ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Июн 2020 09:26

Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён гуруҳ ба гуруҳ гашта, маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд ё сокини муқимианд, “афзалият” дода мешавад. Бале, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана баъд, барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯёнанд. 1 моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд. 

Қатъиян мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ”-и донишу хизматгурез майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо. Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ... Як чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузории «кадр» - ҳо мегузарад. 1 рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс. Ана ҳамин аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққоса” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси 1 нафари муҳтарам) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд. Ин ҳолат натанҳо дар дили кишвар, балки дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. 

Мирсаид Сатториён, журналист   

 

Чоршанбе, 03 Июн 2020 09:15

Мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, ки дар ҳамин шабу рӯзи хуруҷи бемории сироятии COVID-19 шаҳрвандон аз истеъмоли ғизои ранги сурхдор ва ба бар кардани сарулибоси сурх худдорӣ намоянд. 

Алихон Нуралиев, собиқ сардухтури беморхонаи марказии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов дар сӯҳбати махсус ба мухбири СССР дар вилояти Хатлон гуфт, ки сокинон аз хӯрдани меваю сабзавот ва маводи ғизоии сурхранг ва пӯшидану ба бар кардани сарулибоси сурх, хосса ниқобҳои сурх худдорӣ намоянд. 

- Гарчанде, ки корона худ микроби сироятии ранги сурх дошта аст, ӯ бештар ба рангҳои сурх, яъне маводи ғизоӣ ва сару либоси ҳамрангаш таваҷҷӯҳ мекунад. Барои пешгирии ин вабои аср ба ҳама сокинон тавсия медиҳам, ки ниқоб ва сару либоси сурхро ба бар накунанд ва аз меваю сабзавоти сурх, яъне олуча, олу, помидор, қулфинай-клубника ва он чизе ба сурх монанд аст, то аз байн рафтани ин беморӣ умуман нахӯранд ва истифода набаранд. 

-Аксарияти сокинон, ки ба ин бемори сироят меёбанд, бештар дар ҷойи серодам мегарданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ шоми рӯзи 24.05.2020 хабар дод, ки шумораи беморони гирифтори коронавирус ба 3000 расидааст, ки аксарият сокини шаҳрҳоянд. Эҳтимолан 2-3 % онҳо аз деҳотанду сину соли онҳо аз 60 боло ва бемориҳои гуногун ба мисли қанд, қалб ва асаб доранд. Бигзор дар деҳот кӯдакон ва наврасон дар ҳавои гарми сояи дарахтон тӯли 30-40 дақиқа ба бозӣ машғул шаванд, чунки ин микроби сироятӣ ба ҳавои гарм ва нурҳои офтоб мутобиқ нест. Бо боварии калон метавон гуфт, ки 50% аз ин ваборо ҳавои гарми Тоҷикистон мағлуб хоҳад кард, - таъкид медорад доктор Алихон Нуралиев.

Баҳодури Абдусалом, СССР

 

Чоршанбе, 03 Июн 2020 09:07

(Human Story)

Дар мавриде, ки занони шаҳрӣ аз бекорӣ кадукорӣ гуфта, интернет даромадаву аз воҳимаву тарс девона мешаванд, бонувони деҳотӣ худу моро кор карда мехӯронанд…

25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 14:28 дақиқа. Барои хочхӯрӣ ба Ғаллаободи Фахробод рафтем. Муҳити деҳа ба куллӣ аз шаҳр фарқият мекард. Хоначаҳои хурд-хурд, катчаҳо барои дам гирифтани меҳмонон, кӯҳу дара, баоси гову гӯсфанд, бӯйи гулу гиёҳ, ғингоси орӯи асал... ба кас рӯҳи болида мебахшид. Дар роҳ духтаракону занони ширфурӯш диққати моро ба худ ҷалб намуданд. Вақте ки аз дохили нақлиёт берун шудем, моро дида зуд ба сӯямон шитофтанд:  “шир харед, норозӣ намешавед, чакаю шири хонагӣ аст”. Мо чакаю ширу ҷурғот харида, бо онҳо ҳамсӯҳбат шудему аз ҳаёти маъмулияшон пурсидем. 

Яке аз онҳо дар посух ба мо гуфт: “Мо танҳо ба воситаи ҳамин ширфурӯшӣ рӯзгорамонро ба пеш бурда истодаем”. Суол додем, ки оё шумо аз ҷони худ сер шудаед магар, ки дар ин вақти ҷонбароӣ-карантин ба кӯча мебароед? Дар баробари суол додан суолборонамон карданд. “Чи ин қадар суол дода истодаед? миллисаед магар?” Гуфтем мо рӯзноманигорем, ҷавоб доданӣ набошед, пас бо иҷозати шумо ба хочхӯрӣ равем. Зани хушсалиқае ба мо нигаристу гуфт: “Эй, вое сарам дар гӯре, акс гирифтӣ чӣ? Бо накунад, ки суратомона дар иннетенете партоӣ”. Духтараки кӯчак ӯро ислоҳ кард “Иннетенете не, интернет, хушру талафуз кун хола, қишлоқа шарманда накун”...

Устод сиёсатмадор бошад!

25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 14:48 дақиқа. Зани дигаре бо номи Алифамо дар рафти суҳбат қайд кард, ки ҷавондухтар ҳастед, аммо кор мекунед, чӣ хуб, кош, ин гуна шароит барои гулдухтарони деҳот низ мебуд. Духтарчае садо бароварда гуфт “оча, роҳбари синфи гандаамро ёд кардам.” Ҳайрон шуда пурсидем муаллимаҳои Ғаллаобод баданд, чӣ? Модараш ҷавоб дод: “Не муаллимаи ин кас хело устоди сиёсатмадор аст. Муаллима Маҳрамой дар ҳақиқат барои дониши шогирдони худ талош мекарду агар дар вақти занг дар коридор шогирдонаш ӯро медиданд, зуд дохили синфхона шуда, омодаи дарс мегардиданд. Вақти дарс мабодо ягон шогирдаш мавзуи дарсро дуруст дарк карда натавонад, такроран мавзуъро ба шогидони худ мефаҳмонид! Барои ҳамин ганда мегӯянд, дар мо ганда ба маънии сахтгир аст!!!”. Дар ин ҳолат пеши рӯям симои устоди бузурги худам Камолиддин Баҳриддин омаду дилам гум зад. Марди хоксору фурӯтан, сухандону маҳфилоро, сахтгир ва дар умум устоди камназир буданд (Равонашон шод бод!).  

Аз онҳо пурсидем, ки оё мо метавонем ин муалимаи сиёсатмадорро бубинем? Ана  он катакчаро дидед дар он ҷоянд-гуфтанд онҳо.

Устоди сахтгир

25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:08 дақиқа. Ба назди муаллима Маҳрамой Салимова рафтем, эшон моро хуб пазируфт. Ӯ гуфт, ки қариб 39 сол мешавад, дар мактаби 8- и деҳаи Ғаллаобод ҳамачун омӯзгор кор кардам. Чанд соли охир бемори асаб шуда, аз кор баромадаму бисёр вақт раиси маҳала ба наздам омада мегӯяд дар хона шишта зиқ мешавӣ. Биё, хубаш дар ноҳия раиси кумитаи занон шуда, кор кун! Доимо ҷавоби рад медиҳам. Ҳамин, ки шогирдонам аз ман ёд карда, гоҳ-гоҳе хабарам мегиранд, кофист. Ҳоло бошад давраи пирии худро дар назди наберагонам гузаронда истодаам. 

Дар шаҳр барои мардуми деҳот кор нест....

25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:33 дақиқа.Малика, зани ҷурғотфурӯш зимни сӯҳбат қайд кард, ки чандин маротиба писаронам ба шаҳр барои коркунӣ рафтанду кор наёфта баргаштанд. Аз қадимуллайём гуфтаанд, ки гаҳе айшу нӯшу гаҳе ганҷу ранҷ, оилаи мо калон асту аз соли 1998 инҷониб шавҳарам бемори сактаи дил шуда, дар хона хоб. Мо занон кор накунем, кӣ оилаи моро мехуронад? Субҳгоҳон бо занони деҳа ба фурӯши ширу қаймоқ, ҷурғот рафта, 1 пора нони ҳалол меёбем. Аз ҳисоби пули шир, ҷурғоту чакка рӯзгорамонро пеш мебарем. Ӯ лабханд зада гуфт, ки мо занони деҳа бо ин кори худ ифтихор ҳам мекунем, чунки меҳнати ҳалоли дастамон аст. 

Ҳама воҳима дар шаҳр аст!

25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:58 дақиқа. Ҳамсӯҳбати дигари мо Салимабону иброз кард, ки мо занони деҳа субҳи барвақт аз хоб хеста, ба рӯбучини хона машғул мешавем, гов меҷӯшем, хамир мекунем, наҳор омода менамоем ва соатҳои 8:30-9:00 ба фурӯши чаккаю маска ва ширу қаймоқ ба сари роҳ мебароем. Дар бобати коронавирус бо боварии комил гуфта метавонам, ки тарсугарие, ки дар мардону занони шаҳр ҳаст-дар мо занони қишлоқ эҳсос карда намешавад. Мо мардуми тоҷик рӯзҳои сангинтар аз инро паси сар кардаем. Худо хоҳад ин вабои асрро низ паси сар мекунем. Имрӯза имрӯз мебинем, фардоро фардо, аз тақдири яздонӣ касе огаҳ нест. Мо шабу рӯзи худро дар кишту кори картошка, нигоҳубини гову мол мегузаронем, аз куҷо вақти фикри коронавируса дорем? Шумо-шаҳриҳо аз бекорӣ тарсончак шудаед!!! 

Ҳалолатон бод, занҳои деҳа!

Дар вақти гапзанӣ 1 мошини ба гуфти худашон бой омаду зану духтаракон дар даст чаккаю шир тозон ба сӯйи харидори нав рафтанду омада, боз сӯҳбаташонро идома доданд. Хуллас, тӯли чанд соате бо занони деҳа ширу чакка фурӯхтаву ҳафр задем, онҳо ҳамеша бо кори хеш банд буданд. Дар вақти сӯҳбат кадом мошине, ки суръати худро паст мекард, мегуфтанд ризқамонро Худо оварду бо шодӣ ба сӯяшон шитоб мекарданд. Хурсандияшон ҳаду канор надошт, агар нафаре чизе мехарид. Эътироф бояд кард бонувони азизи шаҳр, ки мо бояд зиндагониро аз бонувони деҳот омӯзем, натарсем ва аз сафсаттаҳои баъзе нафарон ба таҳлука наафтем. 

Вақти бозгашт ба хона бо худ  ҷурғоту шир харидорӣ намудем; дар ҳақиқат болаззат будааст. Ҳалолатон бод занони деҳа!

 

Омиронаи Сайёф, 

СССР

 

Чоршанбе, 03 Июн 2020 08:59

Ба гуфти бобои Ғулом «арақхӯрон ҳам одаманд!». Онҳо аз норасоӣ ва дар зимн гароншавии нархи арақ дар моҳи апрел-май нигарон буданд. Ин матлаб барои оромииш қалби ишон бахшида шуд. Мо Метавонем!

Чанд нафар аз хонандагони газета тӯли ҳафтаи равон занг зада, аз кам шудани маҳсулоти спиртӣ ва машрубот, хосса арақ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Нодирҷон Наимов, хонандаи доимии газета аз ш.Душанбе бар он ақидааст, ки 2 моҳи ахир тамоми ширкату корхонаҳои машруботбарорӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептикҳо гузашта, истеҳсоли арақро кам кардаанд. Ҳоло он, ки арақ низ антисептики хуб буда, барои профилактика ва пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ ва зуком доруст. Мо ин мавзӯро, ки дар ҳақиқат муҳим аст, пайгирӣ намуда, ба масъулони ширкати «Сиёма», ки дар ин рӯзҳои карантин ва худинзивоъ наздиктарин корхонаи истеҳсоли машрубот ва нӯшикиҳо дар пойтахт аст, муроҷиат намудем.

Арақ ҳам мавсим дорад!

Тавре дар сӯҳбат бо мухбири мо Толибҷон Маҷидов, муовини раис оид ба корҳои тиҷоратии ширкати «Сиёма» иброз дошт, истеҳсоли машруботи спиртӣ, алалхусус арақ низ мавсими худро дошта, дар аксарияти ширкатҳое, ки бо истеҳсоли машрубот сарукор доранд, одатан моҳҳои апрел-май корҳои техникиву санҷишӣ гузаронида мешавад:

- Мо корҳои профилактикӣ, санҷишиву техникӣ гузаронида, тамоми иқтидори корхонаро барои мавсими нав, ки аз моҳи август оғоз мешавад, омода кардаем. Истеҳсоли машрубот низ хусусиятҳои хос ва мавсими худро дорад, ки ба хотири ба даст овардани маҳсулоти хушсифат онро бояд риоя кард. Бояд гуфт, ки дар ҳавои гарму тафсон сифати маҳсулот ба стандартҳо ҷавобгӯ ва баробар намешавад. Барои ҳамин мо истеҳсолотро аз моҳи август то моҳи апрел ба роҳ мемонем.

Арақ кам нест!

Дар идомаи сӯҳбат эшон афзуд, ки мардум бояд аз кам шудани маҳсулоти спиртии ватанӣ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои мамлакат нигарон набошанд, зеро маҳсулоти спиртӣ ба теъдоди кофӣ ҳаст:

- Мо, ки аз 27 августи соли 2019 ба фаъолият шурӯъ кардаем, ният дорем ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти спиртиро дар 1 сол то ба 30-40 тонна расонем. Айни замон 6 намуд арақ истеҳсол менамоем, ки онҳо дар зарфҳои 500 ва 750 мл бароварда шуда истодаанд. Дар анборҳо низ машрубот зиёд буда, он бозорро пурра таъмин хоҳад кард, - таъкид дошт Толибҷон Маҷидов.

Антисептик ба арақ халал намерасонад!

Ба гуфтаи Толибҷон Маҷидов сехи истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептик аз сехи истеҳсоли арақ ҷудо буда, он технологияи худро дорад.

- Шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ мо ба истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ оғоз кардем, то ба имрӯз алакай 20 тонна антисептикро барори фурӯш омода намуда, 7 намуди ин маҳлул истеҳсол карда мешавад. Мизоҷони мо асосан корхонаву идораҳои давлатӣ буда, антисептикҳо дар ҳаҷмҳои аз 250 мл то 6 литр ба фурӯш бароварда шудаанд. Мизоҷон бояд нигарон набошанд, истеҳсоли антисептик ба арақбарорӣ халал намерасонад,-таъкид дошт номбурда.

Мину Аминзода,

Хос барои арақхӯрони СССР

 

 

Чоршанбе, 03 Июн 2020 08:47

Чоршанбе, 03 Июн 2020 08:41

Коммунаи Париж, ки расо 150 сол муқаддам маҳв гардид, то ҳанӯз дар олам инқилоб мекунад. Револютсияи ленинӣ, инқилобҳои Кубаву Аргентинаву Чилӣ, Испанияву Германия, Либияву Ирону Афғонистону Чину Ветнаму Камбоҷаву Мочин паёмади ҳамон коммунаанд, ки мардум дарк кард, бе шоҳу феодалу ғуломдорон низ метавон ҳукм ронд. Ин матлаби мо муруре бар ҳамон фоҷеаи 150 сола пеш аст. Мо Метавонем!

 28 майи соли 1871 дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж охирин сангаи Коммунаи Париж-аввалин кӯшиши синфи коргар барои барқарорсозии ҳукумати худ торумор карда шуд. Замони СССР дар аввалин кишвари Шӯроҳо дар тақвимҳои рӯдеворӣ як рӯз (18 март) ба рӯзи Коммунаи Париж ихтисос дода шуда буд. Аммо бештари мардум дар бобати ин Коммуна огоҳии зиёд надоранд.Танҳо огоҳтаринҳо медонистанд, ки он 72 рӯз арзи вуҷуд намудааст ва коммунарҳо дар қабристони Пер-Лашези Париж парронда шудаанд. Аммо ин коммуна аз куҷо пайдо шуд ва чаро ҳама чиз бо хунрезиву қатли омм ба итмом расид, барои бисёриҳо муаммост.

Асорати император

Оғози Коммунаро бисёриҳо ба ҷанги Фаронсаву Олмон дар соли 1870 рабт медиҳанд. Императори фаронсавиҳо Наполеони III ба гумони ин, ки немисҳоро зуд танбеҳ медиҳад, бо Олмон вориди ҷанг шуд, аммо кор комилан ранги дигар гирифт. Немисҳо фаронсавиҳоро торумор карда, худи императорро ба асорат гирифтанд.                                                                                                                   

  Асорати император дар пойтахти Фаронса шурӯ ғавғое барпо кард ва мардуми Париж моҳи сентябри соли 1870 даст ба инқилоби навбатӣ заданду дар натиҷаи он инқилоб Фаронса ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Аммо немисҳо, ки бо кишвари Фаронса меҷангиданд ва барояшон ҳеҷ фарқе надошт, ки сохти давлатдории ин кишвар императорист ё ҷумҳурӣ ба ҳуҷуми худ идома доданд ва баъди чанде Париж ба муҳосира гирифта шуд. Дар шаҳр гуруснагӣ оғоз гардид. Барои рафъи  гуруснагӣ ҳукуматдорони Париж горди миллиро таъсис доданд, Ба ин горд хоҳишмандонро ба ивази озуқаи ҳаррӯза қабул мекарданд ва баъди чанде теъдоди нерӯҳои горди нав ба 300 ҳазор нафар расид.                                              

Моҳи январи соли 1871 тарафҳо билохира барои имзои муоиддаи сулҳ розӣ шуданд. Немисҳо талаб карданд, ки тамоми нерӯҳои мусаллаҳ дар дохили Париж халъи силоҳ гарданд, аммо Горди миллӣ ин талаби немисҳоро қотеъона рад кард.

Чоршанбе, 03 Июн 2020 08:35

28.05.1871. Баъд аз як ҳафтаи ҷангҳои шадид аз ҷониби ҳукуматдорони Фаронса, Коммунаи Париж-аввалин кӯшиши синфи коргар барои барқарор кардани ҳокимият торумор карда шуд.

28.05.1918. Арманистон ва Озарбойҷон истиқлолияти худро эълон намуданд. Дар Боку Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон арзи вуҷуд пайдо кард.

28.05.1928. Дар СССР рақиби сарсахти Сталин, Лев Тротский аз пойтахт ба шаҳри Алма-Ато бадарға карда шуд.

28.05.1935. Дар Олмон аввалин парвози тайёраи қиркунандаи "Миссершмитт Bf.109" ба вуқуъ пайваст. "Миссершмитт Bf.109" яке аз муваффақтарин ва оммавитарин қиркунандаҳои Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор меравад.

28.05.1958. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав, бо қарори Шӯрои Вазирони СССР Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР (ВДНХ) таъсис дода шуд. Дар ин намоишгоҳ ҳар кадом аз 15 ҷумҳурӣ гӯшаи худро дошт.

28.05.1987. Дар Рӯзи марзбонон, шаҳрванди Олмони Ғарбӣ Матиас Руст бо тайёраи "Сессна-173П" сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро убур карда, дар Майдони сурхи Маскав фуруд омад.

29.05.1918. КМИ-и РСФСР Декрети боҷҳои гумрукӣ ва муассисоти гумрукиро ба тасвиб расонда, дар кишвар хадамоти гумрукӣ роҳандозӣ гардид.

29.05.1960. Дар СССР аввалин шумораи ҳафтаномаи "Футбол" рӯи чоп омад. Ин нашрия, аввалин нашрияи тахассусии футбол дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор рафта, аз соли 1967 хоккей ҳам ба он ҳамроҳ гардид ва нашрия номи "Футбол-Хоккей"-ро гирифт.

29.05.1975. Дар корхонаи мошинсозии Беларусия, истеҳсоли бузургтарин мошини боркаши СССР "БелАЗ-7520" оғоз гардид.

29.05.1988. Оғози сафари расмии президенти ИМА Роналд Рейган ба СССР. Рейган, баъд аз Никсон дуввумин раиси ҷумҳури ИМА буд, ки бо сафари расмӣ аз СССР дидан кард. 

30.05.1918. Георгий Чичерин Комиссари халқии корҳои хориҷии Русияи шӯравӣ таъин карда шуд. Чичерин дар ин маснад Лев Тротскийро иваз намуд.

31.05.1918. Баъди парокандашавии импературии Австро-Венгрия, дар шаҳри Питсбурги ИМА намояндагони миллати чех ва словак миёни ҳам иттиҳод баста,  эълон карданд, ки кишвари наверо бо номи Чехословакия таъсис медиҳанд.

Чоршанбе, 03 Июн 2020 08:27

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба мақолаи дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти №3 (592) аз 23 январи соли 2020 зери унвони «Дар кишвар ободиву дар Рӯдакӣ торикист» чоп шуда, чунин маълумотро манзур менамояд. Масъалаи мазкур дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба роҳбари шабакаҳои барқи ноҳия оид ба чораандешиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз таҳлили вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ бармеояд, ки ҳолатҳои хомӯш кардани нерӯи барқ танҳо ҳангоми садама ва корҳои таъмирии нақшавию профилактикӣ амалӣ карда мешавад. Минбаъд корҳои таъмирии нақшавию профилактикӣ як рӯз пеш бо огоҳонидани раиони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амалӣ шуда, масъалаи мазкур зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор мегирад.

Рустам Акрамзода, раиси н.Рӯдакӣ 

 

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter