ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:29

 Салом СССР-и дӯстдоштанӣ! Ба зиндагии имрӯзаи ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳошим Гадо менигараму аз масъулин дилсард мешавам. Ин қадар ҳунарпешаи номдорро хор намудан барои масъулини вазорати фарҳангу ниҳодҳои дигар айбест нобахшиданӣ. Намесазад, ки ҳунарпешае бо чунин истеъдод дар кӯчаҳои шаҳр китобфурӯшӣ кунаду аз китобфурӯшӣ нон ба даст орад. Лутф намоеду ҳунарпешаи халқиро соҳибӣ кунед, то ҳамсоя-кишварҳо ба ҳоли санъаткорону ҳунармандони мо наханданд.

Одил Ҳомидов 75- сола, ш.Гулистон, тел: 929055172 

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:27

 

 Хуб мешавад, агар маошу нафақаро минбаъд баланд набардоранд. Чунки соле, ки маошу нафақаро боло мебардоранд, тоҷирону савдогарон низ нарху наворо гарон мекунанд. Дар баробари баланд шудани нархи бозор арзиши истифодаи обу барқу хизмати коммуналӣ ва нақлиёти истиогдаи умум, хусусан байнишаҳрӣ низ қимат мешавад.

   Тибқи муқаррароти Ҳукумати ҶТ касе ба нафақа баромадаасту боз кор мекунад, маошаш зиёд мешаваду нафақааш не. Хуб мешавад, агар аз маош дида нафақаро зиёд кунанд, зеро вақте ки ҷоро ба ҷавонон холӣ мекунанд, ягона даромади зиндагиашон нафақа мешавад.

Табаралӣ Авсақолов, н.Фархор

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:24

Ё худ ёди давроне, ки ҳама президентшав буд…

19.07.2020. Соат ба вақти Зарафшон 12:47 дақиқа. Моро шарафи бузурге иттифоқ уфтод, ки аз Саразми Бостонӣ-СарЗамини Ориёнои аҳди қадим, ки таърихи 5500 сола дорад, дидан кунем. Тасаввур мекунӣ, хонанда, вақте ҷадди мо шаҳрнишин буд, ки бархе ақвом ҳанӯз ба таъбири Чарлз Дарвин протсеси  одамшавиро пурра паси сар накарда буданд! Соате бобои Тоҷик дар хонааш нишаставу сар ба болини пари қӯ мегузошт, ки аврупоиён дар дарахтон мезистанду степнишинҳо аз таппак хайма сохтанро кашф накарда буданду амрикоиҳо гӯшти одам мехӯрданд. Замоне бобову бибиҳои мо гирди оташдони муқаддас намоз мегузорид, ки қавми араб ғайри шутурмакӣ чизеро намедонисту урупоиву қафқозӣ аз сардӣ чун хирс ба таки замин сар мекашиданд. Ва ин таҳқири ягон халқу миллат нест, хонанда, ин ҳақиқати таърих аст: 

-Таърихи пурифтихори мо!!!

Вале маро чизи дигар ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Аз Фарҳод ном масъули Осорхонаи зиндаи Саразм пурсидам, ки ин ҳама ҳафриёт, ки рӯяшро дар тӯли чандсад метр пӯшонидаанд, оё нишоне аз даврони шӯравист? Гуфт:

-Аслан на! Тӯли 5484 сол Саразм таки боду борон буду дар даврони советӣ русҳо шифере ҳам болош нагузоштанд. Вале вақте Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори нахуст  Саразм омад, аввалин супорише, ки дод инбуд:

-Саразмро пӯшонед ва нагузоред, ки сарвати Тоҷикон барбод равад. Яъне ӯ зи борону аз тобиши офтоб Саразмро эмин дошт!!!

…Воқеан ҳам онгуна, ки сарвари давлати мо мухлиси таърих, фарҳанг, ҳунари бостонист, шояд кам нафаре дар кишвар буда бошад, ҳатто мутахассисони соҳа. Ин аст, ки бо амри Президенти ҶТ ин сол аз 5500 солагии Саразм ҷашн мегиранд. Ёд дорӣ, хонанда, чигуна душманони миллати мо, морҳои дар остин гармкардаи мо, аз маъракаи ҷашни 2700 соалгии Кӯлоб механдиданд? Таърихшиносони майдамаҳалчиамон чигуна 3000-солагии Ҳисорро танз мезаданд? Чигуна мавҷудияти Каронро дар Дарвоз дурӯғ мебароварданд? Ҳоло ҳам ҳаст матлабҳояшон. Русҳо гуфтаанд, на мани дастпарвари мактаби журналистикаи Петербург, ки;

-Что написано пером-не вырубишь топором!

Ёд дорам, боре Президент, агар хато накунам, дар ҷашнвораи Ибни Сино буд, муроҷеъ ба таърихшинос Раҳим Масов гуфта буданд, ки чаро таърихи кӯҳани Кӯлобу Ҳисору Саразмро танз мезанӣ? Худат бояд исбот кунӣ, ки чунин таърихро мо дорем, вагарна чигуна миёни дигар қавму қабоил даъвои маданияти қадима ва миллати ориёӣ кунем?...

Ин хеле барвақт буд. Дар давроне, ки ҳоло автоматҳо силсилакушоӣ доштанду бархе аз нависандаву сарояндаву журналисту таърихшиносонамон бо таппонча гашта, баъзе ҳатто мисли авом «буққагӣ» ҳам мекард.

Чун дар бораи буққагиҳои авом ва насли ҷанг сухан рафт, ин далелро низ ронандаи мо маҳз дар Саразм гуфт, ки;

-Он солҳо аксарияти қумандонҳои силоҳшӯр ҳатто даъвои президентӣ низ доштанд. Ғаффор, Ёқуб, Аминҷон, Ибод, Насрулло, Чолов, Ҷага, Нурӣ, Давлат Исмон, Искандарову Гитлерҳо…оё даъвои қудрат надоштанд? Маҳмуд Худойбердиев-ку савори тонк вориди пойтахт шуданӣ буду Абдумалик Абдуллоҷонов болои апси сафеди ғалабааш баъди террори Хуҷанд, дар марзи ҳамсоякишвар ширеш шуда монд. Ҳамин чанд сол пеш Ҳоҷӣ Ҳалим оё даъвои курсии ҳукумат накард, ки ошӯб бардошт? Шукри Худо, ки ба мақсад нарасиданд!».

Воқеан ҳам хонандаи гиромӣ, ронандаи мо дуруст нагуфт оё? Ва оё он ҳамаро фаромӯш кардаем? Тасаввурнокарданист, агар ҷанг хатм намеёфту нафаре ҷангхоҳ сари қудрат меомад. 

Ва ана акнун дар бораи антиҷанг. Яъне Сулҳ…

Шумо боре дидаед, ки миллате бо сарвараш аз Сулҳ чун аз Ғалаба ҷашн бигирад? Оре, надидаед ва дигар нахоҳед дид. Зеро дар таърихи башарият ин танҳо Тоҷик аст, ки Рӯзи Сулҳ-27 июнро чун Рӯзи Ғалабаи 9-май таҷлил мекунаду бас. Фарқиятро дидӣ, хонанда? Мо аз Сулҳ истиқбол мегирему дигарон аз Ғалаба ва Ҷанг. Вале ин маънои онро надорад, ки мо аз ҷанг бо душманони хориҷӣ метарсем. Ҳаргиз на. Наметарсем! Вале Сулҳу Ваҳдати миллиро пос медорем ва аз он бо ҷон ҳифз мекунем. Ин аллакай ҳушдор шуд. Ба онҳое, ки аз хориҷа истода орзуи ҷанг доранд. Эҳтиёт шавед, ки Мо Метавонем!!!

 

Душанбе, 27 Июл 2020 09:13

 

Ҷумъа, 24 Июл 2020 16:03

Ғам махӯр ҳеҷ гаҳ аз нодорӣ,

К-осмон аз ману туст.

Субҳи нуронию хуршеду рӯз,

Рӯшаниҳои ҷаҳон аз ману туст.

 

Гармию обу дарахту соя,

Боғ бо хилъати тобистонӣ,

Саҳни намхӯрдаи хокаш хушбӯ,

Шому маҳтобу шабу бедорӣ,

Хирмани моҳу тамошои баланд,

Каҳкашон аз ману туст.

 

Тирамоҳе, ки тилоист раҳу рафтораш,

Ғайраташ сурхии рӯи себ аст.

Дар кафаш хандаи ширини анор

Ҳадяе ҳаст ғаму ғуссабарор.

Шодию хуррамии бебаркаш,

Хотири ҷамъ зи серии замон аз ману туст.

 

Фасли пойизи худододаи мо

Токро пойфишон гар бинад,

Бе ягон фахру виқор

Даст гирад, кунадаш пуштора

То сари шохи сафедору чинор.

Меҳрубонии шаробии хазон аз ману туст.

 

Барфу покии вуҷудаш яксар,

Яху армони чу ойина шудан,

Кӯшиши сабзтарини алафистон дар дашт

Дарси ибрат бошад,

Маҳаки бахту саодат бошад.

Дар таҳи барф ҳавасҳои гули решадавон аз ману туст.

 

Гар кунӣ сарфи назар сардиро,

Чи қадар фасли зимистон зебост!

Лашкари бодғараш* гар бивазад,

Аз ҳуҷумаш наҳаросем, ки чун истеъдод

Ҳисси гармӣ ҷустан

Дар дилу дар ду лаби бӯсаситон аз ману туст,

Дар рагу пайкару бо зӯру тавон аз ману туст.

 

Рангҳо-ҷавҳари парвози хиёл,

Шохаҳо-нусхаи дастони кушоди хоҳиш,

Баргҳо-каффи пур аз файзи дуои нусрат,

Чашмаҳо-мактаби фанни қудрат,

Соҳили рӯди ҳама умр ҷавон аз ману туст.

Дар баҳоре, ки набошад ҳаргиз

Дӯшбори бодаш

Ба ҷуз аз халтаи хушбӯиҳо,

Лаҳзаи ҳамнафасӣ бо чамани мушкфишон аз ману туст.

 

Абру борони гуҳар дар кокул,

Барқ чун ҳамдами чашми ду ҳавас,

Раъд чун ёри тапишҳои дили шайдоён,

Пушти он теппа, ки бо пушти ману туст шинос,

Азми поҳои равон аз ману туст.

 

Ҳамчунон сақфи баланди қасре,

Ки пур аз кафтари ошиқ бошад,

Рӯи кошонаи васли ману ту

Ҳафт маъмур зи ташрифи малоик рангин-

Гунбази тирукамон аз ману туст.

 

Ҳеҷ донӣ, ки чи сон мегузарад

Тӯйи ду гунҷишкак?

Кай, сари сабзи кадомин шоха

Ошиқи ҳам шудаанд,

Беҳтаринҳои ду олам шудаанд?!

 

Маззаи тарс чашидааст магар

Духтар аз хашми падар?

Тахташон аз гулу барг аст ва ё бӯйи гиёҳ,

Ё ки аз меваи тар?

Вақти базме, ки надорад ғалате,

Майнаву сор ғазалҳои киро мехонанд,

К-ин қадар байт фузун медонанд?

 

Дар куҷо? Кай? Кӣ дуо хоҳад дод

Ба ду навроҳи ҷавон, бепарво?

Ман ҳам аз ин тарафи масъалаи беолим

Чун ту, эй ёр, набошам огоҳ.

Фақат инро донам,

Ки ду гунҷишкаки навболаки навхона шуда

Чашм накшода ҳанӯз,

Аз қафас метарсанд.

Пас, бикӯш, он ки қафас дораду мурғе дар он

Аз сари раҳм раҳояш созад,

Ки тамошои дилошӯби ҳама болзанон аз ману туст.

 

Кӯҳҳо-мӯйсафедони хирадманду баҳӯшу камгап,

Ҷои дастор хати сайри уқобон бар сар.

Теппаҳо-шонаи гурдони далер,

Даштҳо-домани пурганҷи замин-

Модари аҳли башар.

Баҳрҳо-фалсафаи қатраву дарё дар лаб,

Шаҳрҳо-мадрасаи пурғавғо,

Оқибат ин гузари серодам

Бо ҳама одамҳо-ш

Ройгон аз ману туст.

Ки ману ту ду худотарси заминӣ бошем,

Ҳама дам ҷӯёи 

Нозанинӣ бошем!

------------------ 

*Бодғар-шамоли дутарафа (русӣ:-сквозняк)

Ҷумъа, 24 Июл 2020 10:34

Ба иттилои  Ҷабборзода Гулрӯ - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи Covid-19 аз кишварҳои Русия, Украина ва Туркия 778 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба кишвар баргардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 23.07.2020 баргузор гардида буд. Дар ин нишаст ба суоли хабарнигори СССР дар мавриди тақдири созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бораи сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвари арабӣ масъулини вазорати мазкур чунин посух гуфтанд: 

“Созишномаи мазкур аввали соли ҷорӣ ба имзо расида, ратификатсия шуд. Мо гурӯҳи корӣ ташкил дода, муколамаро бо ҷониби Қатар оғоз намуда будем, ки пандемия оғоз гардид. Баъди рафъи ҳолати пандемия ин масъала дубора бозбинӣ мешавад. Дар созишнома теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ онҳо ба ин кишвар сафарбар мегарданд”.

Исмоилҷон Маликов СССР

 

Ҷумъа, 24 Июл 2020 10:28

Мавлуда Қаландарзода - раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ оиди фаъолияти нимсолаи аввали соли 2020 аз баррасии 1851 парванда дар судҳои иқтисодӣ хабар дод. Зимнан ӯ қайд кард, ки “Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 339.836,011 сомонӣ даъво қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи 1.645,107 сомонӣ боҷи давлатӣ руёнида шудааст ”.

Ба иттилои масъулини Суди олии  иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ ба маблағи 39.150.800 сомонӣ (зарару қарзҳои кредитӣ ва боҷи давлатӣ) таъмин карда шудааст

Исмоилҷон Маликов СССР

 

Ҷумъа, 24 Июл 2020 10:25

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон - Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ, ки 23.07.2020 баргузор гардид, аз овозаҳо дар мавриди он ки гӯё филмҳои аз корнамоиҳои Президенти кишвар ба интихоботи дар пешистода рабт дошта бошад, интиқод кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин филм ба интихоботи президентии имсола ҳеҷ рабте надорад. Дар ин бобат масъулини ин ниҳод илова намуданд, ки филмномаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пахш мегардад. Ёдрас мешавем, ки ҷаноби Нуриддин Саид дар ин нишаст аз кушодашавии 2 шабакаи нави телевизионӣ дар ояндаи наздик хабар дод.

Исмоилҷон Маликов СССР

 

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter