ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Июл 2020 10:10

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 10:01

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:57

 

Адолф Гитлер яке аз шахсиятҳои таърихист, ки ба ҷонаш чандин бор суиқасд анҷом дода шудааст. Аммо Фюрери олмонӣ ҳамеша бо як тарзи муъҷизаофар аз ин суиқасдҳо ҷон ба саломат мебурд. Бори аввал моҳи ноябри соли 1939 коммунистон ба ҷони Гитлер суиқасд карданд. Фюрер ҳар сол 9 ноябр, ба хотири солгарди “балвои пивоӣ”, ки соли 1923 ба нокоми дучор гардида буд, дар яке аз пивохонаҳои маъруфӣ Мюнхен баромад мекард. Бомбаи махсуси пешакӣ омодашуда, мебоист дар вақти зарурӣ инфиҷор мешуд, аммо Гитлер бо сабабҳои номаълум баромади худро пеш аз мӯҳлат ба охир расонида пивохонаро тарк кард.                                     

20 июли соли 1944 бошад, дар қароргоҳи Адолф Гитлер, “Хонаи гург”, ки дар Прусияи Шарқӣ воқеъ гардида буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони Адолф Гитлер ба вуқӯ пайваст. Ин суиқасдро полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен тарроҳӣ ва амалӣ намуданд. 

Иттиҳоди ҳарбиён

   Аз ҳама бештар нисбати фюрери олмонӣ ҳарбиёни немис зиддият доштанд. Ин ҳарбиён, ки бештарашон ашрофзода буданд, ақидаи сотсиализми-миллигароро хуш надошта, аз пурзӯр гардидани нерӯҳои СС норозӣ буданд. Онҳо ақида доштанд, ки Олмон ба ҷанги бузург тайёр нест ва Гитлер кишварро ба сӯи нобудӣ мебарад. Аввалин иттиҳоди ҳарбиёни немис алайҳи фюрер ҳанӯз соли 1938, ҳангоми ташшануҷ ёфтани масъалаи Чехословакия ба вуқӯ пайваст. Ҳарбиёни немис бар ин гумон буданд, ки низоъ бо Чехословакия ба ҷанг бо кишварҳои бузурги ғарбӣ-Фаронса ва Англия мунҷар мегардад ва артиши тозатаъсиси олмонӣ дар ин ҷанг ногузир шикаст мехурад. Аз ин хотир ҳарбиён қарор доданд Гитлерро баъд аз он, ки ӯ фармони ҳуҷум ба Чехословакияро содир кунад аз вазифа сабукдӯш кунанд ва ҳукумати муввақатро созмон дода, интихоботи нави демократиро баргузор намоянд.                                                                                           

  Яке аз аъзоёни ин иттиҳод сардори ситоди нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник Людвиг Бек ба шумор мерафт. Бек бар ин ақида буд, ки Гитлер Олмонро мувоҷеҳи хатари аз ҳад зиёд мекунад. Моҳи июли соли 1938 генерал меморандуме ба номи сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник фон Браухич равона карда, дар он ба роҳбарияти олии ҳарбии Олмон пешниҳод дод, ҳамагӣ ба истеъфо раванд ва ҷанги дар пеш истодаро пешгирӣ кунанд. Дар меморандуми Бек аз ҷумла омада буд: “Мавҷудияти миллат дар хатар аст. Таърих роҳбарияти нерӯҳои муссалаҳро намебахшад, агар онҳо ба вазифаи ҳирфаӣ, сиёси-давлатӣ ва виҷдонии худ амал накунанд”.

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:52

17.07.1917. Дар Петроград Шӯриши июлии коргарон алайҳи Ҳукумати муваққат оғоз гардид. Ба ҳукумати муваққат муяссар гардид, ин шӯришро саркуб гардонад, аммо бо пахши он Ҳукумати муваққат охирин машрӯъияти худро ҳам аз даст дод.

17.07.1917. Дар рӯзномаи "Ваҳдат" (“Единство”), ки ба меншевикони плехановӣ таалуқ дошт, мақолаи рӯзноманигори рус Г. Алексинский нашр гардид, ки дар он гуфта мешуд, Ленин ва ҳизби болшевикӣ аз ҷонибюи немисҳо маблағгузорӣ мегарданд.

17.07.1917. Фармондеҳи Балтфлот, алмирал Д. Вердеревский, фармони Ҳукумати муваққатро бобати фиристодани киштиҳои ҳарбӣ алайҳи баҳрнавардони (матросҳои) Кронштадт иҷро накард. Баъди чанде ҳамин баҳрнавардон ба нерӯи асосии болшевикон табдил ёфтанду Ҳукумати муваққатро сарнагун намуданд.

17.07.1918. Дар таҳхонаи хонаи Ипатев дар Екатеринбург, аз ҷониби болшевикон охирин императори Русия Николаи 2-юм бо ҳамроҳии ҳамаи аъзои хонаводааш ба қатл расонида шуд

17.07.1942. Оғози давраи аввали (мудофиавии) набарди Сталинград.

18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин бозии Ҷоми СССР оид ба футбол доир гардид.

18.07.1955. КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР қарор доданд, ба Ветнами Шимолӣ кумаки ройгон ба маблағи 400 млн рубл ирсол намоянд.

19.07.1920. Дар Русияи шӯравӣ, Комиссияи фавқулоддаи рафъи бесаводӣ созмон дода шуд.

19.07.1924. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи “Варзиши сурх” (“Красный спорт”) рӯи чоп омад. Ин рӯзнома баъди чанде ба Варзиши шӯравӣ (“Советский спорт”) тағйири ном карду яке аз рӯзномаҳои серхонанда дар қаламрави собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:47

Вақте мо дар бораи Сангаку Тоҷи ғармӣ, Исматчаву Ёқубу Седой, Нуралии «кишка»-ву Сафари «дудила» менависем, хонандагон бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Ва медонед барои чӣ? Зеро аксарияти инҳо зиндониҳои даврони советӣ-«тюремшик» буданду дар маҳбасхонаҳо, ки ҷои шикасти ғуруру нангу номуси аксарият аст, Шарафи Тоҷикияти хешро ҳифз карда баромадаанд! Муҳаббат ба зиндониён дар ягон қавму қабилаву халқияту миллате нест. Зиндонӣ-ҷинояткор аст. Вале зиндоние, ки Шарафи худро ҳифз карда бадар гардидааст, дар ҳама халқу миллатҳо эҳтироми вежа дорад. Шумо киноҳои голливудиро мебинед, ки чигуна Сталлоне, Никола Стейҷ, Шварснеггер, Брэд Питт, Том Круз ва ғ. ва ҳ аз зиндонҳо бо сари баланд мебароянду маҳбуби қулуб мегарданд? Пурсида мешавад, чаро зиндонбонҳо неву зиндониён қаҳрамони филмҳоянд? Зеро халқи оддӣ ба зиндонии ҷавонмард бештар муҳаббат дорад, ки ба 1 зиндонбони гизала ва ё 1 чиновники ришватхӯр дошта бошад. Халқи мард ҳамеша мард меҷӯяд. Мисле, ки гуфтаанд:

Одамон ҷӯянд об андар ҷаҳон,

Об ҳам ҷӯяд ба олам ташнагон!!!

Афроде, ки дар боло номашонро барчидем, барои Шарафи миллӣ зиндонӣ шуда буданд. Ҳар касе бо ҳар ҷурме, вале дар асл, барои ҷавонмардӣ. Зеро дар ун даврон, таври маълум, барои ҳифзи шарафи хеш, Тоҷикон байни 15 республикаи бародарӣ, ки шомили беш аз 100 халқияту миллат буд, ягона роҳро дар муштзӯрӣ медиданд. Ҳатто дар хизмат низ чунин буд. 1 тоҷик дар Армияи советӣ (АС) «стукач»-хабаркаш набуд. Усулан шиква аз лату кӯб дар АС палидтарин амал маҳсуб мерафт, ки солдидагон хуб медонанд. Ин ҳолост, ки «бачаи кампири Сайрамбӣ» аз артиш шиква мекунаду ситораи фейсбук мегардад. Ӯ «стукач» аст ва ҳич гоҳ ватанро ҳифз карда наметавонад. Инро ҳамчун аскар ва сипас афсари Армияи советӣ мегӯям: 

-Аз хабаркашу буздил қаҳрамон намерӯяд! 

Халқиятҳои кӯчӣ, ки бо теъдод бештар буданд, дар АС аз Тоҷик чун аҷина аз калимоти қуръонӣ метарсиданд. Раҳими Ашрофи раҳматӣ, зодаи Конибодоми бостон ва хабарнигори мо дар вилояти Суғд, маҳз барои муштзӯрӣ аз Армия рост ба зиндон рафт. Рафт, вале аз урусе, ки лату кӯб карда буд, бахшиш напурсид. Ба таваллои адвокаташ гуфт:

-Мы таджики никогда у подлецов извинения не просим! Я ему и после дисбата морду набью!!!

Ва ана ҳамин Раҳимҳо буданд, ки обрӯи тоҷик дар давлати бепаҳнои СССР дар осмони 7-ум буд!

Имрӯз чӣ? Имрӯз 2-3 «подлец» дар Русия пайдо шудаву худро ҳомии тоҷикони гастарбайтер эълон кардаву пушти номи онҳо нон мехӯранду 5-6 бечораи чмо (ҳар миллат чумо дорад!)-ро ёфта, худро ҳомии миллат муаррифӣ кардаву ба ҳаволии миллату давлати Тоҷикон санг меандозанд. Инҳо нифоқкоранду бас. Агар мазраи шарафи ишонро кобӣ, ниҳоле аз дарахти ҷавонмардӣ нахоҳӣ ёфт. Инҳо танҳо ба он хотире, ки аксу тоблуҳои нафараконеро пахш кардаву аз ҳамёни дигарон барои ишон пулу барои хеш обрӯ меғундоранд, худро ҳомии миллат мехонанд. Пасттар аз Сангаку Тоҷи ғармиянд. Сангакҳо, Тоҷҳо, Исматчаҳо…хуни худро барои ҳифзи шарафи ҳаммилат мерехтанд, дар зиндонҳо ошӯб мевардоштанд, даҳсолаҳо умри ҷавонашонро қурбони нангу номус мекарданд, вале ҷое аз худ намеболиданд. Зеро бо лисони худашон ин кор «за подло» буд. «Подлец»-ҳои имрӯза бошанд, кореро, ки дигарон мекунанд, дар номаи аъмоли хеш ангоштаву аз худ рустамҳои замона метарошанд. Зеро майдони ҷилва-фейсбуку ютюб ёфтаанд.

Ин «подлец»-ҳо амсоли фейкҳои дастгирашон умри тӯлонӣ надоранд. Бисёр дидаву хонда будем чунин қаҳрамонакҳо, рустамчаҳоро. Куҷоянд ҳоло? Инҳоро боди зиндагонӣ не, шарфаи пойи вақт несту маҳв месозад. Умрашон чандлаҳзаина асту «қаҳрамонияшон» аз он низ кӯчактар. Вале қаҳрамонҳои асливу усулии Тоҷик ҳамешазиндаанд:

- Сангаку Тоҷу Исматчаҳоро ҳаргиз ин миллат фаромӯш намекунад.

Чаро ин матлабро навиштам? Ҳамин ҳоло Шокир Наим-хабарнигори мардумиамон аз Ғарми мардхез занг задаву гуфт, «Устод, баъди нашри матлабам дар бораи Тоҷи ғармӣ (авторитети зиндонҳои советӣ ва ҳамнишини Сангак Сафарови маъруф), 6 моҳ ҳам гузашта бошад, ҳамарӯза даҳҳо мӯсафед омада, дар бораи ҷавонмардии ӯ қиссаҳо мекунанду талаб доранд, то ёдномаашон дар бораи ин ҷавонмарди асил дар газетаи мардумӣ нашр шавад!». 

Аҳамият деҳ, хонанда, мардум дар бораи ягон «боевик»-и наҳзативу ифротӣ не, ки маҳз роҷеъ ба «авторитети ғармӣ» қисса карданиянд. Яъне чӣ? Яъне халқ зулму ситами ин афрод, исломи дурӯғину мазҳабтарошии барҳадари ун мардумро дидаву дасту дилашон аз онҳо сард гардидааст. Ҳарчанд ин лже-қаҳрамонҳо ҳамин дирӯз шерони ғуррону рустамҳои замона буданд. Тоҷи ғармӣ бошад, чандин сол пеш фавтидааст. Вале халқи оддӣ ҳувияту ҷавонмардии 1 зиндониро, ки шарафи Тоҷику Тоҷикистонро дар маҳбасҳои Сибир ҳифз мекард, аз сад лже-муҷоҳиду лже-пешво ва лже-ҳомии гастарбайтерҳо боло мегузорад. Ва медонед чаро? Зеро мо-Тоҷикон, халқи мардпарварем ва ҷавонмардони асилро, ҳатто дар зиндону зери дору расан ҳич гоҳ фаромӯш намекунем. 

Мо Метавонем!

 

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:45

 

Адҳам Зоир, яке аз хонандагони доимии ҳафтанома аз н.Тоҷикобод занг зада (тел: 000080532) аз  бепарвоии волидайн изҳори назар кард. 

   - Дар вақти кӯдакии мо бозиҳои саргармкунанда хеле зиёд буданд-“баҷошавакон”, “афсонагӯяк”, “чистонгӯяк”, шашкаву шоҳмотбозӣ, ки аз ҷиҳати зеҳнӣ ва варзишӣ фоиданоканд. Мутаассифона, волидайн имрӯз дар дасти кӯдак 1 телефони мобилиро дода, худ машғули кор мегарданд. Ман шоҳиди он будам, ки чашмони 1 кӯдак аз сабаби зиёд истифода намудани телефон алакай каҷ шудааст. Аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорам, ки нисбати фарзандони худ бепарво набошанду пайваста назорат кунанд. Зеро истифодаи зиёди интернет ва телефонҳои мобилӣ ояндаи хуб надорад.

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:43

 

Фарҳод Абдурашидов, мухлис ва хонандаи доимии Газетаи мардумии СССР аз ш.Душанбе занг зада (тел: 988 33 22 12) аз кам будани автобусҳо шикоят кард.

   - То давраи ин беморӣ шаҳрвандон метавонистанд, ки то 3-5 дақиқа ба автобуси навбатӣ савор шаванду дар истгоҳҳо мардум зиёд ҷамъ намешуданд. Айни замон бошад нақлиёт бояд аз пештара дида зиёд бошад, лекин кор баръакс буда, қариб 50% автобусҳо ин шабу рӯз дар хатсайр нестанд. Ҳамарӯза таъкид мекунанд, ки барои пешгирии беморӣ фосиларо нигоҳ доред. Аммо бо набудани автобус мардум дар истгоҳ зиёд ҷамъ мешаванду дохили микроавтобусҳо бошад пури мусофир. Чунин ҳолат бахусус дар хатсайри №3 зиёдтар дида мешавад. Ана, худ қазоват кунед, ки дар чунин ҳолат аз куҷо дигар фосиларо нигоҳ дошта метавонем? 

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:40

Суди Олӣ ҶТ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07 феврали соли 2009, №622 шикояти Нуралӣ Курбонов, ки дар рӯзномаи «СССР» аз 14 майи соли 2020, №18 (607) зери сарлавҳаи «Чарогоҳ: Дузд соҳиби говро баст?» ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод, ҳамдаъвогарон Бобиев Баҳодур, Азизов Мирзоалӣ, Зайнидинов Абубакр, Қаюмов Фирдавсӣ, Мусоев Гулмурод, Набиев Миралӣ нисбати Қурбонов Нуралӣ дар бораи баратараф намудани монеагӣ ва дар навбати худ Қурбонов Нуралӣ нисбати Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод дар бораи бекор кардани фармоиш аз 24.07.2018, таҳти №36 оид ба қатъ намудани шартномаи №10 аз 28.10.2014 ва нисбати Азизов Мирзоалӣ, Қаюмов Фирдавсӣ, Қаюмов Шамсулло, Шамсов Одина, Бобиев Баҳодур, Тағоев Ҳабиб, Зайниддинов Абубакр дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ба андозаи 2570 сомонӣ бо аризаи даъвогии муқобили даъво ба суди н.Файзобод муроҷиат кардаанд.

Бо ҳалномаи суди н.Файзобод аз 02.11.2018 аризаи даъвогии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод, ҳамдаъвогарон Бобиев Б.Т., Азизов М.Ҳ., Зайниддинов А.М., Қаюмов Ф.Г., Мусоев Г.С., Набиев М.Қ. нисбати Қурбонов Н.Х. дар бораи бартараф намудани монеагӣ қонеъ, аризаи даъвогии муқобили даъвои Қурбонов Н.Х. нисбати Муассисаи давлатии  хоҷагии ҷангали н.Файзобод дар бораи бекор кардани фармоиш аз 24.07.2018, таҳти № 36 оид ба қатъ намудани шартномаи №10 аз 28.10.2018 ва аризаи иловагии Қурбонов Н.Х. нисбати Азизов  М.Ҳ., Қаюмов Ф.Г., Қаюмов Ш.Г., Шамсов О.Р., Бобиев Б.Т., Тағоев Ҳ.М.  ва Зайниддинов А.М. дар хусуси рӯёнидани зарари моддӣ рад карда шудааст.

Парванда бо шикояти кассатсионии Қурбонов Н. дар суди марҳилаи кассатсионӣ баррасгардида, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ  аз 13.03.2019 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир мононда шудааст.

Ҳамчунин шикояти назоратии Қурбонов Н.Х. аз ҷониби Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, бо таъиноти судяи Суди Олӣ аз 02.07.2019 ирсоли парвандаи гражданӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда, нусхаи таъинот  бо овардани асосҳои радкунӣ ба Қурбонов Н.Х. дастрас гардидааст. Ҳангоми омӯзиши такрорӣ муайян гардид, ки санадҳои судии бо парвандаи мазкур қабулгардида асоснок ва қонунӣ буда, барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардани онҳо асос мавҷуд намебошанд.

А. Исҳоқӣ, муовини 

раиси Суди олии ҶТ                           

 

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter