ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Июл 2020 09:13

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 09:09

 

6 июли соли 1918 эссерони чап сафири Олмон дар Русия, граф Вилгелм фон Мирбахтро ба қатл расонида, алайҳи болшевикон шӯриш бардоштанд. Эссерони чап ягона ҳизби сиёсии чапгаро ба шумор мерафт, ки бо болшевикон созиш карда, аъзоёнаш вориди ҳукумати болшевикӣ гардиданд. Аммо баъди чанде, ҳизби эссерони чап муқобили сиёсати болшевикон баромада, бо роҳи зӯрӣ қудратро аз болшевикон гирифтанӣ шуд.  

Тафовут ва наздикӣ

Тирамоҳи соли 1917 дар арафаи инқилоби худ болшевикон ҳанӯз наметавонистанд дар танҳои қудрати сиёсиро дар дасти худ нигаҳ доранд. Пайравони Маркс ниёзи шадид ба иттифоқчӣ доштанд ва ҳизби эссерони чап он қудрате гардид, ки ба ҳайси иттифоқчии болшевикон баромад намуд. Намояндагони зиёди ин ҳизб баъди инқилоби октябрӣ вориди ҳукумати болшевикӣ (ШКХ) гардиданд. Аммо дар оянда, бо беҳтар гардидани вазъият, болшевикон сиёсати яккаҳукмрониро пеша гирифтанду эссерони чап барояшон дигар нодаркор буданд. 

Ҳизби эссерони чап (инқилобиёни-сотсиалист) чун як қаноти мухолиф дар дохили ҳизби эссерон дар солҳои ҷанги ҷаҳонии аввал пайдо шуда, моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 чун ҳизби мустақили сиёсӣ созмон ёфт. Пешвоёни эссерони чап Мария Спиридонова, Борис Камков (Катс), Марк Натансон, Андрей Колегаев ва як қатор дигарон буданд. Моҳи октябри соли 1917 эссерони чап ба Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии Шӯрои Петроград ворид гашта, дар сарнагунии Ҳукумати муввақат фаъолона ширкат варзиданд. Дар Анҷумани II-умумируссиягии Шӯроҳо эссерони чап инчунин ба ҳайати Кумитаи Марказии Иҷроя (КМИ) ворид гардиданд. Аммо дар оғоз, аз воридшудан ба ҳайати Ҳукумати шӯравӣ (Шӯрои Комиссарони Халқ)  сар боз заданд ва аз болшевикон хостанд, то онҳо як ҳукумати муштарак аз намояндагони ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ таъсис диҳанд. Бо вуҷуди ин, баъдтар назари онҳо иваз шуд ва дар охири соли 1917 намояндагони эссерони чап ба ШКХ низ ворид гардиданд.                                                                           

Намояндагони ин ҳизб,  дар таъсиси Артиши Сурх низ фаъолона ширкат доштанд ва теъдоди зиёди онҳо дар Коммисияи Фавқулоддаи Умумируссиягии (ВЧК) Феликси оҳанин фаъолият мекарданд. Аммо дар баробари ин, назари эссерони чап дар як қатор масоили калидӣ аз назари болшевикон ба кулли фарқ мекард. Аз ҳама ихтилофи сахт миёни ин ду ҳаракати сотсиалист бархурд дар масоили деҳқонон ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин эссерони чап дар саркуб кардани мухолифон барои болшевикон кумаки сахт карданд. Маҳз бо ёрии онҳо Ленин ва ҳаммаслаконаш бар кадетҳо, анархистон ва меншивикон пирӯз гардиданд. 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:53

3.07.1936 Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Бозрасии Автомобилии Давлатӣ (ГАИ) таъсис дода шуд.

3.07.1940. Баъди шикасти Полша СССР манотиқи Бесарабия ва Буковинаро ба тассаруфи худ даровард. Дар ин минтақа Ҷумҳурии Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.

3.07.1956. Президенти вақти ИМА Дуайт Эйзенхаузер ба парвози тайёраҳои нави ҷосусии "У-2" аз болои ҳарими ҳавоии СССР иҷозат дод. Ин тайёраҳо чанд сол бе мамониат аз болои СССР парвоз намуда, заминро аккосӣ мекарданд. Дар аввали солҳои 60-ум яке аз тайёраҳои "У-2" дар наздикиҳои Сведловск ҳадаф қарор гирифт ва ба замин суқут кард. Танҳо баъди ин, парвозҳо мутаввақиф шуданд.

4.07.1921. Дар СССР Шӯрои давлатии илмӣ таъсис дода шуд. Сарварии Шӯроро академик М.Н.Покровский ба ӯҳда дошт.

4.07.1957. Дар СССР озмоиши тайёраи мусофиркаши "Ил-18" бо муваффақият анҷом ёфт. "Ил-18" солҳои тӯлонӣ яке аз тайёраҳои асосии мусофиркашӣ дар ширкати “Аэрофлот” ба шумор мерафт.

5.07.1918. Болшевикони украинӣ Ҳизби коммунистии болшевикии Украинаро таъсис доданд. 

5.07.1943. Оғози муҳорибаи Курск дар рафти ҶБВ. Муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои калидии ҷанг ба шумор меравад ва дар он Артиши Сурх нерӯи зарбазани артиши олмониро шикаст дод.

5.07.1978. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, КБД (КГБ) аз итоати Шӯрои Вазирон бароварда шуд ва ба итоати "Бюрои сиёсӣ" даромад. 

 5.07.1986. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, аввалин Бозиҳои иродаи озод баргузор гардиданд.

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:39

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба самъи шумо мерасонад, ки масъалаи кашидани хати интиқоли нерӯи барқ ба деҳаи Кучими деҳоти Ғаллаобод дар маҷлиси назди раиси ноҳия баррасӣ гардида, масъулини соҳаҳои дахлдор тасмим гирифтанд, ки иншооти болозикрро то ҷашни «Ваҳдати миллӣ» сохта мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҷиҳати таъмин намудани аҳолии деҳаи Кучими деҳоти Ғаллаободи ноҳия бо нерӯи барқ дар муҳлатҳои кутоҳтарин аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад                                                            

Раҳматулло Сафарзода, раиси н. Хуросон

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:36

 

Муҳаммадзиё Зиёзода, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н. Мастчоҳ занг зада (тел: 917 54 82 52) аз ободкориҳои раиси нави ноҳия нақл кард. 

   - Салом ба аҳли эҷодии газетаи СССР! Бо омадани раиси нав, ки ҷавону пурғайрат аст, н.Мастчоҳ аллакай симои худро дигаргун мекунад. Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти миллӣ ҷидду ҷаҳди худро равонаи он сохтааст, ки ҳар чи зудтар биноҳое, ки сохтмонашон дар арафаи анҷомёбист, ба итмом расанд. Аз он ҷумла, сохтмони бинои Қасри фарҳанг, ки барои 1000 нафар пешбинӣ шуда, бо маблағи зиёда аз 35 миллион сомонӣ бунёд меёбад, дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад. 

   Ногуфта намонад, ки Қасри фарҳанги Мастчоҳ бузургтарин қаср дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин варзишгоҳи марказии ноҳия барои 15 000 ҷой бо маблағи 15 миллион сомонӣ, мактаб барои 500 хонанда дар шаҳраки Меҳробод, боғчаи бачагона барои 200 ҷой дар шаҳраки Бӯстон, бинои шуъбаи адлия, Кумитаи ҲХДТ ва шуъбаи маорифи ноҳия бо боғи фарҳангӣ дар шаҳраки Бӯстон то рузи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҶТ пурра ба истифода дода мешаванд.

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:33

 

Сунатулло Давлатзода, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз ш.Душанбе паёме фиристод, ки дар он чунин омадааст:

    “- Ман истилоҳи ВАҲДАТРО ба ин маънӣ мефаҳмам, ки МУҲОҶИР дар Ватани хеш машғули кори доимӣ ва зиндагии осудаҳолона мебошад...

   Аммо саду ҳазор афсӯс, ки имрӯз аз кӯдак то пирони оқили миллат дар ҳоли МУҲОҶИР шудан аст...

    Меарзад, ки барои меҳнатҳои шабонарӯзии МУҲОҶИРОНИ АЗИЗ соатҳо каф кӯфт ва онҳоро мисли ҶОН БОЯД ДӮСТ ДОШТ!!!

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:30

Саломи самимӣ ба кормандони ҳафтаномаи мардумии СССР! Дар шумораҳои гузаштаи СССР матлабҳоеро мутолиа намудем, ки дар онҳо хизматҳои шоёни Хӯҷа Камандирро барои сохти Конститутсионӣ дар кишвар ба назар нагирифта, ӯро сиёҳ намуда, туҳматҳои зиёдро ба ӯ бор кардаанд. Дар ин маврид бо номи “Бадгӯйӣ накунед!” бо дастгирии журналисти ҷасуру муваффақ Сайёфи Мизроб матлаберо дар ҳафтаномаи СССР нашр шуда буд.  Сипоси хос ба ҷаноби сардабир барои таъсиси ҳафтаномаи дар ҳақиқат мардумӣ! Инҷо мехоҳам баён кунам, ки Хуҷа Каримов барои ободонии Ватан кӯшишҳои зиёд намуда, қариб дар ҳама деҳаҳои ноҳияи Хуросон мактаб, беморхона ва майдонҳои варзишӣ бунёд кардааст. Ҳатто барои фарзандон ва оилаҳоии нафароне, ки ҷони худро барои сохти Конститутсионӣ бахшидаанд, хона бо тамоми ҷиҳозаш сохта супоридааст. Дар ҳақиқат ӯ марди ободкору хайрхоҳ, шуҷоъ ва ходими халқ буд. Агар ҳоло дар озодӣ мебуд, боварии комил дорам, ки дар ин вазъият (офатҳои табиъии пайиҳами моҳҳои охир дар ноҳияи Хуросонро дар назар дорам) ёру ёвари мардуми ин ноҳия мегардид. Мо ҳама ба адолати судӣ дар кишвар боварии комил дорем ва мутмаинем, ки хидматҳои шоёни қумандони шердил Хӯҷа Каримов нисбати халқу миллатро ба назар гирифта ӯро раҳо мекунанд. 

Бахтиёр Ҷабборзода, н.Хуросон, тел: 929141481

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:25

 

 Рости гап имрӯзҳо ба он духтуроне, ки муддати чанд моҳ боз ба ин касалии ногаҳонӣ даст ба гиребонанду ҷони худашонро дар хатар мемонанд, сари таъзим ниҳодан кам аст, онҳо ба ҳама қаҳрамонӣ ҳақ доранд. Баъзе духтурони мо гузаштанд, ки руҳашон шоду манзили охираташон обод бод.

Пойҳоям дард мекарду 1 духтури шиносам ба ман коғаз дод, ки ба беморхонаи шаҳраки тиббӣ ба назди фалон духтур равам. Аммо он шиносро наёфтаму ба шуъбаи ташхиси табобатӣ рафтам. Ҳамин, ки даромадам, хостам ба назди ягон духтур равам, аммо намонданд, гуфтанд аввал чек гиред-45 сомонӣ, баъд дароед. 

Хулас, даромадаму ба як утоқ. Утоқи А.Сайфиддинов ном 1 ҷавони паҳлавон-сардори шуъба будааст. Вай гуфт, ки духтури шиноси шумо ба ҷаноза рафтааст, мо қабул намекунем. Илтимоси зиёд кардам, лек бе натиҷа. Ба қабулгоҳи сардухтур рафтам. Дар қабулгоҳ духтараке нишаста буд, пурсу пос карду гӯширо гирифту як ҷавонро ҷеғ зад  гуфт, ин амакро фалон ҷо баред. Ӯ маро боз ба назди А. Сайфиддинов бурд…

Доктор Сайфиддинов худ шоҳу таъбаш вазир будааст. Баъд духтараке ба фамилияи А.Сафарова маро муоина кард. А.Сайфиддинов норозиёна ба ман нигоҳ мекард. Магар назди чунин духтурҳо сари таъзим фуруд овардан меарзад ё не? Барои чунин шахсон салом ҳайф аст! Дилам ба он месӯзад, ки чандин беморон назди вай мераванду ночор мемонанд, баъд фаҳмидам, ки шахсони чекдорро қабул намекардааст…

Наҷмиддин Худоиев  

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter