ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Июл 2020 10:15

1.Акашариф Ҷӯраев

 Моҳи августи соли 1966 ману Алиназари рушонӣ, ҳамхизматам ва Ишрати роғӣ аз назди чойхонаи “Роҳат” мегузаштем. Ногоҳ Ишрат бо ишора нишон дод ва гуфт: -Зиёрат ана ҳамон марде, ки бо риши калтаву тоқиву костюми тобистона бо ду шахси дигар суҳбат дорад, Ака-Шариф Ҷӯраев аст. Ман аз шунидани ин сухан чанд лаҳзае карахт монда, тарафашон дуздона менигаристам. Он вақт телевизор набуд, ки шахсони маъруфро одамон бинанд. Овози ғулғуладори Ака-Шарифро фақат аз қартаи патефони Иматбеки Акрам мешунидем. 

 Ин марди ҳунар ҳайронии моро ҳис карда...-Оҳ! Чӣ тур аскарҳои бардаму зебо! Ишора карданд, ки наздашон равем. Мо худро на чандон роҳат ҳис мекардем. Баъди дудаста салом кардан аз мо пурсон шуданд, ки аз куҷоему дар куҷо хизмат кардаем. Ишрат ба ҷойи мо ҷавоб дод, ки дар Украина хизматро тамом карда, сафари Ванҷу Рушон дорем. Ниятҳои моро пурсиданд, ки акнун ба чи кор машғул мешавем. Ман гуфтам, ки Алиназар дар Омӯзишгоҳи рассомӣ таҳсилашро давом медиҳаду банда бошад дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ. 

-Пас ману ту ҳаммаслак будаем. Шумо маро мешиносед?-гуфт Ака-Шариф. Ишрат шиносоиро давом дода, Шумо Ака-Шарифи машҳурро кӣ намешиносад-гуфт. 

-Балаҳом, ман имконияти таҳсилро надоштам. Замона ноором буд. Аз Дарвоз рост ба Ғарм омада, дар хонаи маданияти ноҳия машқи мусиқӣ карда, дар байни мардум ҳамроҳи даста консертҳо медодем. Бори аввал ба Сталинобод пойи пиёда омада, дар олимпиадаи республика иштирок карда, ба мардуму калонҳо маъқул омадам. Аз ҳамон вақт дар филармония то ба имрӯз кор карда истодаам. Саломатиам хуб нест. 

Суҳбати моро ду шахси дигари навомада халалдор карданд. “Балаҳом ба шумо маваффақият орзу мекунам. Ба Ватан, ки хизмат кардед, акнун хизмати падару модарро ба ҷо биёред”. 

Моҳи октябри соли 1966 аз радиёву газетаҳо хабардор шудам, ки Ака-Шариф аз олам гузаштааст..

 2 Боқӣ ва Турсунзода

 Соли 1982 дар давраи дар Хонаи эҷодиёти халқӣ кор карданам, ният кардам, ки дар бораи ин устоди ҳунари мусиқӣ китобе чоп кунам. Ҳамон сол аз қафои мавод шудам. Ба Қалъаи хумб ба зодгоҳи Ака-Шариф рафтам. Баъди ҷустуҷӯи кутоҳ ба ман муяссар шуд, ки бо хоҳараш, ки он замон зиёда аз 70 сол дошт ҳамсуҳбат шавам. Аз Душанбе як харбуза дастовез бурда будам. Он давраҳо чопи китоб бисёр мушкил буд...

  Мо кормандони шуъбаи фарҳанги ш. Душанбе аз руи масъулиятамон дар байни мардум корҳои тарғиботиву фарҳангӣ мебурдем. Ман, ки мутахассиси шуъба будам, вазифаам сохтани нақшаи чорабиниҳо буд. Ҳайати дастаи мо аз лектору шоиру нависандагон ва дастаи бадеӣ-худфаъолиятӣ иборат буд. Шуъбаи фарҳанг бо Иттифоқи нависандагон ҳамкорӣ дошт. Мудири шуъбаамон Абдураҳмон Қурбон ба ман гуфт, ки рафта аз хонаи нависандагон як ё ду шоирро ҳамроҳи дастаатон бигиред. Мактуб тайёр карда бо Хонаи нависандагон рафтам. Ба котиба мақсадамро гуфтам. Ҳоло раис банд аст. Каме интизор шавам. Азбаски дар нимроғ буд аз дарун овоз  баромад: Кист? Бигзор дарояд (Хонаи нависандагон он вақт дар пушти Шӯрои Вазирон хонаи якқабатаи чор-панҷҳуҷрадор ҷойгир буд). Даромада бинам раис-Мирзо Турсунзода бо Боқӣ Раҳимзода дар сари миз бо чой ва ба фикрам конфети ирис кадом назм ё насрро таҳлил мекарданд. Боадабона даст ба сари сина бурда нимқад шуда, салом додам. –Биёед писар. Он вақт 24-25 сола будам. Мактубро суяшон дароз кардам. Баъди аз назар гузаронидан ба Боқӣ назар карда мазмуни мактубро гуфтанд. Дар заводи “Тоҷиктекстилмаш” аксарияти коргаронашон русзабонанд. Фикратон чист, Боқиҷон? Агар Бозор ва Гулчеҳраро фиристем. Боқӣ Раҳимзода гуфтанд:-Гулчеҳра Сулаймонова шоираи маҳбуби кудакон аст. Он ҷо бошад коллективи коргарон. Ба фикрам агар Гулрухсору Бозорро фиристед, хуб мешавад. Инҳо бо забони русӣ гуфтугӯ ва қироати шеър кунанд. Маслиҳатамон пухт. Акнун як пиёла чой ва ана ин конфетро нуш карда, бо даҳони ширин равед...

2. Ӯлҷабоев

Соли 1975 ҳам дар курси 5-ум мехондаму ҳам дар шуъбаи фарҳанги шаҳр кор мекардам. Кормандони моро ҳамроҳи шоирону нависандагон ба пахтачинии даҳрӯза ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло н. Абдураҳмони Ҷомӣ) бурданд. Духтари зебое низ аз Вазорати хоҷагии об бо мо пахта мечид. Ман бо мусиқӣ ва Қутбӣ Киром бо шеър ба дилаш роҳ мекофтем. Қутбӣ китоби шеърҳояшро тақдим карда, қироати шеър мекард. Хулоса вай ғолиб баромад. Чи хеле ки қайд кардам барои ба пахтачинӣ рафтанам метавонистанд маро аз донишкада хориҷ кунанд. Бо саркори гурӯҳамон маслиҳат кардем, ки нормаи пахтамро пеш аз муҳлат иҷро кунаму равам. Розӣ шуданд.  Ҷойи хобам дар пушт ба суи роҳи марказӣ ҳаракат мекардам. Ногоҳ аз байни чанг мошинаи ГАЗ-69 истода ронандааш маро таклифи саворшавӣ кард. Пурсиданд, ки аз куҷо ба куҷо равонаам. Мақсадамро фаҳмондам. Гуфт, ки то истгоҳ маро мебаранд, зеро худашон ноҳия мерафтанд. Дар истгоҳ фаромада, чандин интизорони автобус бо тааҷҷуб ба ман менигаристанд. Дар вақти ҳамсуҳбат шудан гуфтанд, ки ин шахс Турсун Улҷабоев-котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Ҳоло директори совхоз мебошанд. Симои ин марди сабзинаи миёнақади пурра бо либоси коргарӣ, мӯзаҳои латтагӣ, шляпаи коҳи сафед ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Худ ба худ гуфтам: ба ин хел марди хоксор ва инсондӯст он туҳматҳое, ки аз Маскав карда буданд арзанда нестанд. Ин корро ташкил карда буданд...

 

Зиёратуллои Назрулло, Аълочии фарҳанг ва маорифи ҶТ 

  

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 09:01

 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2020 дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд. 

     Имрӯзҳо Амонатбонк ба наздики 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 743 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,6 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2800 ҳазор нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  менамояд.   

    Ба санаи 30 июни соли 2020 дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дод. Пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 6,6% афзоиш ёфта, ба 444,6 млн. сомонӣ баробар шуд. Даромади софи Бонк  дар ин давра 23,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 17,5%  зиёд  мебошад. Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 44,3 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 13,2 млн. сомонӣ ва ё  42,5% зиёд мебошад.   

    Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ,  дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз 300 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, ки пайвастшавии 65 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 559 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 156 адад зиёд аст. Пайвастшавии 86 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба барномаи  мазкур, ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.   

     Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 633 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  28 адад зиёд мебошад.

    Шумораи дорандагони кортҳои  пардохтии  бонкӣ  ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст. Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 537 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст. 

    Бояд қайд намуд, ки   аз соли 2019 инҷониб Бонк иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз  188  адад  ё 34,4%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 20 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд,  ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд. Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кӯлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. 

   Бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он  бемамоният истифода баранд. Маркази тамос низ, дар дастгоҳи марказии Бонк таъсис дода шудааст, ки  муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд. 

    Дар ин раванд, Амонатбонк дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ  намудан, ба мактаб-интернати №1-и (ятимон) шаҳри Душанбе вобаста карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи  18,7 ҳазор сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ, хӯрока ва дигар лавозимотҳои зарурӣ  дастрас карда шуданд. Дар маҷмӯъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар давраи ҳисоботӣ маблағи 250,2 ҳазор  сомониро ташкил медиҳанд.

   Тавре маълум аст, соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ, корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем. Аз ҷумла, Бонк бинои асосӣ ва филиали Амонатбонк дар н.К.Мастчоҳро ба истифода дода, сохтмони бинои филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшонро пурра ба итмом расонид. Сохтмони бинои филиали Амонатбонки ш.Хоруғ ва Ишкошим бошад, дар рӯзҳои наздик ба итмом мерасад. Боқимонда сохтмони 2 филиали Бонк (Данғара ва Балҷувон) босуръат идома доранд.

Дар раванди тарғиби тарзи ҳаёти солим,  дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозони Бонк дар чорабиниҳои варзишие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ва бахшида ба “Рӯзи пойтахт” байни вазорату идораҳо баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:51

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:43

Муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Ин муҳориба 24 июли соли 1942 оғоз гардида, 442 шабонарӯз идома дошт ва 9 октябри соли 1943 бо рондашудани немисҳо аз Қафқоз ва соҳили Баҳри cиёҳ ба поён расид.

Шерчангол (Эделвейс)

Дар нақшаи стратегии роҳбарияти олмонӣ, забти Қафқоз нақши бисёр муҳим дошт. Дар ин минтақа 95%-и нафти СССР истеҳсол мегардид ва агар немисҳо Қафқозро ишғол мекарданд, мошини ҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ комилан аз кор мемонд. Моҳи июни соли 1942, ҳангоми машварат бо генералҳои худ дар шаҳри Полтава, Гитлер иброз намуд: "Агар мо нафти Майкоп ва Грознийро ба даст наорем, маҷбурем ҷангро хотима диҳем". Маҳз ба ҳамин хотир, тобистони соли 1942 зарбаи асосии немисҳо ба самти Қафқоз равона гардида, зарбаи дуюмдараҷа ба самти Сталинград нигаронида шуда буд.                                                             

 Амалиёти немисҳо Шерчангол (Эделвейс) номгузорӣ гардид. Тибқи нақшаи ин амалиёт, артиши олмонӣ мебоист нерӯҳои Артиши Сурхро дар ҷануб ва ҷанубу-шарқи Ростов ба муҳосира гирифта, Қафқози Шимолиро ба даст меовард. Баъд аз ин, як гурӯҳи нерӯҳои олмонӣ мебоист қаторкӯҳи Асосии Қафқозро аз ғарб давр зада, Новоросийск ва Туапсеро ишғол мекарданд. Гурӯҳи дуввуми нерӯҳо бошанд, аз шарқ ҷониби Грозний ва Боку ҳуҷум мекарданд. Ҳамзамон бо ин амалиёт, як қисми нерӯҳо мебоист дар маркази қаторкӯҳи Қафқоз убур карда, Тифлис, Кутаиси ва Сухумиро ишғол мекарданд. Немисҳо дар инҷо ният доштанд бо артиши туркӣ муттаҳид гардида, барои ҳуҷум ба Шарқи Наздик ва Миёна омодагӣ гиранд.   

Нақшаи кабуд (Fall Blau)

Дар аввали моҳи июни соли 1942, фронти шӯравӣ дар қисмати ҷанубиаш бисёр носубот гардида буд. Сабаби ин носуботӣ, ҳуҷуми баҳории Артиши Сурх ба самти Харков буд, ки дар он Артиши Сурх шикаст хурд. Немисҳо ҳам аз ин номусоиди истифода карданд ва 28 июн армияи 4-уми тонкии Вермахт, ки ба он Герман Гот сарварӣ мекард, фронти шӯравиро миёни Харков ва Курск рахна карда, бо суръат ҷониби Дон ҳаракат карданд. Ин амалиёт дар манобеи олмонӣ, "Нақшаи кабуд" (Fall Blau) номгузорӣ гардид. Немисҳо 3 июл Воронежро ишғол намуда, нерӯҳои маршал Тимошенкоро, ки самти Ростовро мудофиа мекарданд, аз шимол ба муҳосира гирифтанд. 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:39

24.07.1942. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ, шаҳри Ростови лаби Донро ишғол кард. Бо ишғоли Ростов немисҳо роҳро ба сӯи Қафқоз боз карданд ва муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳои ҶБВ оғоз гардид.

24.07.1945. Дар конфронси Потсдам, президенти ИМА Гарри Трумэн, роҳбари СССР Иосиф Сталинро аз сохтани силоҳи нави пурзӯр, бомбаи атомӣ огоҳ кард. 

24.07.1990. Дар СССР тамоми маҳдудиятҳо дар фурӯши маҳсулоти алкоголӣ, ки 5 сол қабл ҷорӣ гардида буданд, бекор карда шуданд.

25.07.1918. Ҳукумати Шӯравӣ (ШКХ) бо имзои Ленин қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он, яҳудситезӣ (антисемитизм) "марг барои инқилоби коргарӣ ва деҳқонӣ" унвон гардид.

25.07.1930. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори КМ ВКП(б) маълумоти ибтидоии умумӣ ҷорӣ карда шуд.

25.07.1937. Дар СССР Кумитаи Марказии комсомоли РСС Украина, ташкилоти зиддинқилобӣ эълон гардида, пурра пароканда карда шуд.

26.07.1917. Дар Петроград Анҷумани VI- и РСДРП (б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман дар шароити махфӣ баргузор гардида, ба кори он Сталин ва Свердлов роҳбарӣ мекарданд.

26.07.1938. Роҳбари НКВД Николай Ежов барои Сталин рӯихати 138 фармондеҳи Артиши Сурхро равона кард, ки душмани халқ эълон шуда, бояд ба қатл мерасиданд. Сталин ва Молотов ба қатли фармондеҳон ризоят доданд ва баъди чанде, ин фармондеҳон ҳама ба қатл расиданд.

26.07.1945. Дар конфронси Потсдам, роҳбарони ИМА, Бритониё ва Чин Эъломияеро ба тасвиб расониданд, ки таслими бе чуну чарои Японияро тақозо мекард. Баъди радди талабҳои Эъломия аз ҷониби Япония, 8 август СССР низ ба он ҳамроҳ шуд ва бо Япония вориди ҷанг гардид.

26.07.1975. Роҳбари КГБ-и СССР Юрий Андропов ба аъзоёни КМ ҲКИШ тавсия дод, хонаи Ипатевро дар Свердловск, ки дар он соли 1918 Николайи дуввум бо аҳли оилааш ба қатл расид, тахриб намоянд

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:36

Мақолаи бо ном «Корманди БДА бояд худро муаррифӣ кунад», ки дар ҳафтаномаи «СССР» рӯи нашр оварда шудааст, мавриди омӯзиш  ва баррасӣ қарор дода шуд. Иттилоъ медиҳем, ки санаи 26 июни соли 2020 мақолаи мазкур дар ҳузури шахсони масъули Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ШВКД дар н.Айнии вилояти Суғд ва ҳайати шахсии шуъбачаи БДА ШВКД дар ҳамин ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифта, далелҳои дар ҳафтаномаи «СССР» нашргардида, ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд.

Ҳамчунин маълум менамоем, ки санаи 25 июни соли 2020 тибқи нақшаи ҷобаҷогузории ШВКД дар н.Айнӣ дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи БДА «Фурудгоҳ» кормандони БДА ва дигар хизматҳои милитсия дар ҳамин ноҳия бо мақсади гузаронидани амалиёти шартӣ  бо номи «Боздошт» ба хизмат сафарбар гардида, бинобар ин номбурдагон ба манъ кардани ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва бақайдгирии онҳо машғул шудаанд. Мувофиқи талаботи банди 5 Дастури амалии муоширати корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ бо ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, корманди БДА бояд баъд аз манъ кардани воситаи нақлиёт уҳдадор аст ба назди ронанда омада саломи низомӣ диҳад. Ба ронанда ному насаб, рутба, вазифаи худро муаррифинамуда, меҳрубонона ва фаҳмо сабаб ва мақсади манъ кардани воситаи нақлиётро баён намояд, аммо бинобар он, ки санаи болозикр автомашинае, ки дар он муаллифи мақола ҳамчун мусофир менишаст аз ҷониби дигар корманди ШВКД дар н.Айнӣ манъ карда шуда, аз ҷониби ӯ талаботҳои болозикр мадди назар гардидааст.

Новобаста аз ин, нашри мақолаҳои танқидӣ дар матбуоти даврӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷой доштани ҳолатҳои содиршавии амалҳои ношоиста аз ҷониби кормандони ШВКД дар н.Айнӣ, аз эҳтимол дур нест. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва масъулини ШВКД дар н.Айнӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти ҳайати шахсии БДА ва дигар қувваҳои иловагӣ зимни хизматбарӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА «Фурудгоҳ»-и  ҳудуди  ҳамин ноҳия, зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

А. Насимзода, Сардор, генерал-майори милитсия 

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:34

 Шикояти 1 гурӯҳ сокинони ҷамоати Х.Холматови н.Шаҳритуз тариқи телефон ва сипас суроғаи электронӣ ба редаксияи газетаи мардумии СССР расид,  ки дар он аз фурӯхта шудани заминҳои ғайриқонунӣ иншо шудааст. Мардуми ин маҳалла аз ғасби хирмане, ки ба сокинон таълуқ доштааст чанд ҳафта қабл шикоят намуда буданд. Нафаре бо номи Сайфулло Одинаев хирмани мардумро ба ному насаби худ ва пайвандонаш сабт кардаасту хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад. Ногуфта намонад, ки баъди нашри ин матлаб дар ҳафтаномаи мазкур аз ҷониби масъулини ноҳия хабаре нашуд. Сайфулло Одинаев боз 1 боғчаи кудаконаро ғасб намудаву гирифтааст. Талаби мо мардум ҳамин аст, ки қазияи мазкур зери таҳлилу тафтиш қарор гирифта, манфиатҳои мардумро нодида нагиранд-омадааст дар нома. 

 

Чоршанбе, 29 Июл 2020 08:31

 Хуршед Кабиров, яке аз хонандагони ҳафтаномаи СССР аз ш.Кӯлоб занг зада (тел: 918 94 71 61) гуфт, ки ҳамсарам таҳсил кардааст, аммо шаҳодатномаашро надодаанд. 

   - Маълумотномае, ки оилаи ман дар дасташ дорад, тасдиқкунандаи он аст, ки ӯ соли 1994 МТУ№22-и н.Восеъро хатм кардааст. Мутаассифона, бо сабабҳои ноором будани вазъи ҳамонвақтаи кишвар натавонист шаҳодатномаи таҳсили худро соҳиб гардад. Мо ростӣ ба якчанд ҷойҳои лозима муроҷиат намудем, лекин мушкиламон анҷом наёфт. Ман ва оилаам кӯшиш дорем, ки ин ҳуҷҷатро ба даст биёрем. Намедонам барои ин кор ба ман кӣ кӯмак карда метавонад, чунки қисмате мегӯянд, ки кори шумо ҳалнашаванда аст, дигаре бошад мегӯяд хазина то 70 сол нигоҳ дошта мешавад. Маҳз ба ин хотир кӯшиш намуда истодаем, ки дар чорчӯбаи қонун имконаш бошад ба оилаам шаҳодатнома-аттестат диҳанд. 

 

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter