ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:30

 28 июни соли 1988 дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, конфронси XIX-уми ҲКИШ ба кори худ шурӯ кард. Конфроси  XIX-уми ҳизби коммунист, то 1 июл идома дошта, бе мубоҳот як конфроси таърихӣ ба шумор мерафт. Бозсозие, ки Горбачев бо омаданаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ карда буд аллакай чанд сол идома дошт, аммо танҳо ҷанбаҳои иқтисодии ҳаёти кишварро дар бар мегирифт. Аммо дар ин конфронс, бори аввал дар таърихи СССР бозсозӣ ҷанбаи сиёсӣ гирифта, системи ҳукуматдории шӯравиро низ кордор шуд. Конфронсро худи Горбачёв ифтитоҳ бахшида, бо маърӯзаи дуру дароз дар назди ҳозирин баромад кард. 

Ислоҳоти Горбачев

  11 марти соли 1985 Михаил Горбачёв котиби аввали КМ ҲКИШ интихоб гардид. Баъди омадан ба сари қудрат Горбачёв ислоҳоти тозаеро оғоз намуд, ки асоситарин шиорҳояш бозсозӣ, ошкорбаёнӣ ва суръатбахшӣ буданд.                     23 апрели соли 1985 дар Пленуми навбатии КМ ҲКИШ Михаил Горбачёв аз нақшаи ислоҳоти худ аъзоёни дигари ҳизбро огоҳ намуда, маҳз дар ин Пленум Горбачёв бори аввал истилоҳи “бозсозӣ”-ро ба забон овард.                                             Дар Анҷумани ХХVII-уми ҲК, ки моҳи феврали соли 1986 доир гардид Михаил Сергеевич истилоҳи дигари маъруфи худ “ошкорбаёнӣ”-ро эълон кард. Моҳи январи соли 1987 Горбачёв дар пленуми дигари ҳизбӣ 5 самти асосии ислоҳотро дар соҳаи сиёсии давлат матраҳ намуд. Горбачев мехост бо ислоҳоти сиёсии худ ҲКИШ аз сохтори давлатӣ ба ҳизби сиёсии воқеъӣ табдил диҳад ва озодиҳои демократиро дар дохили ҳизб бештар кунад. Инчунин тибқи ислоҳоти Горбачев, бори аввал номзадҳои ғайри ҳизбӣ низ мебоист дар интихобот ширкат меварзиданд ва Шӯроҳо ба ниҳодҳои аслии ҳукуматӣ мубаддал мегаштанд.Ва барои ҷанбаи қонуни бахшидан ба ин ислоҳот Горбачев қарор дод Конфронси умумиттифоқии ҳизбиро давъат намояд.                                                             Масъалаи даъвати чунин конфронс ҳанӯз дар оғози соли 1987 миёни доираҳои ҳизбии шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, аммо расман қарор дар бобати даъвати як Конфронс моҳи июни соли 1987 дар пленуми навбатии ҳизбӣ қабул карда шуд. Тайёрии бевосита барои баргузории Конфронс бошад, танҳо моҳи феврали соли 1988 оғоз гардид.

 Таҷрибаи конфронсдорӣ

   Таҷрибаи баргузории конфронсҳои ҳизбӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби октябрӣ миёни болшевикон роиҷ гардида буд. Конфронсҳо вақте зарурати тағйир додани роҳи сиёсии ҳизб пеш меомад, дар давраи миёни Анҷуманҳо доир мегардиданд. То миёнаҳои солҳои 30-юм ин суннат миёни болшевикон роиҷ буд ва кофронсҳо мисли Анҷумаҳои ҳизбӣ тез-тез даъват мешуданд. Аммо баъд аз соли 1934 дар аввалин кишвари Шӯроҳо танҳо як конфронс-Конфронси ХVIII-уми ҳизбӣ моҳи марти соли 1941 баргузор гардида буд.                           

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:27

 

25.06.1916. Подшоҳи Русия Николайи II-юм, эъломияи даъвати мардуми бумии Осиёи Миёнаро ба хизмати ҳарбӣ содир кард. Мардуми бумии Осиёи Миёна аз хизмат дар Артиши подшоҳӣ озод буданд ва ин эъломияи Николай норозигии васеъи мардумро дар ин минтақа ба миён овард. Хусусан, дар ҳудуди Қирғизистон, ҷануби Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистони шимолӣ (Хуҷанд) шӯришҳои мардумӣ алайҳи ин эъломия ба вуқӯъ пайвастанд.

25.06.1941. Баъди ҳуҷуми Олмони гитлерӣ ба СССР Финляндия низ ба аввалин кишвари Шӯроҳо эълони ҷанг кард. 

25.06.1946. СССР ба Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) ҳамроҳ гардид.

25.06.1950. Оғози ҷанги Корея. Ин ҷанг яке аз хуносотарин даргириҳо баъди Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор меравад, ки дар он нерӯҳои ҳарбии СССР, ЧИН, ИМА ва як қатор кишварҳои дигар ширкат варзиданд. Ҷанги мазкур моҳи июли соли 1953 ба поён расида, Кореяро ба ду қисмат-ҷанубӣ ва шимолӣ тақсимбандӣ кард.

25.06.1953. Дар Маскав, ҳангоми нишасти Бюрои сиёсӣ Лаврентий Берия, роҳбари НКВД ба ҳабс гирифта шуд. 

26.06.1930. Дар Маскав Анҷумани XVI ВКП(б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман шиори маъруфи "Панҷсоларо дар чор сол" ба тасвиб расонид.

26.06.1940. Дар СССР бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар рӯзи кории 8 соата, ҳафтаи кории 7 рӯза ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои дер мондан ба кор беш аз 21 дақиқа ҷорӣ карда шуд.

 26.06.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Николай Гастелло аввалин шуда, дар рафти ҶБВ тайёраи худро болои анбӯҳи танк ва мошинҳои душман равона кард. Барои ин корнамоӣ Гастелло бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:25

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, мақолаи дар рӯзномаи «СССР» таҳти №18 аз 14 майи соли 2020 «Ҳуқуқамонро кӣ ҳимоя мекунад?» - нашр шудааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дод.

Қайд менамоем, ки воқеан шаҳрванд Довудов Тоҳир Абдуҷабборович (Тоҳири Абдуҷаббор) сокини ш.Душанбе, маҳаллаи Ховарон, минтақаи 4, 7 майи соли 2020 нисфирӯзӣ ба прокуратураи ноҳия шифоҳӣ муроҷиат карда, дар хусуси бо ҳамсояаш Қодиров Мирзо Сафарович, барои корношоям кардани қубури обгузари хонааш, баҳсу муноқиша  кардааст.

Шаҳрванд Довудов Т.А. аз ҷониби роҳбарияти прокуратура қабул карда шуда, талаботҳои қонун баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва тартиби муроҷиат кардан фаҳмонида шуд. Худи ҳамон рӯз  муроҷиати хаттии ӯ қабул карда шуда, санаи 08 майи соли 2020 аз рӯи тобеияти санҷиши ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе, ирсол карда шудааст. Дар санаи 09 майи соли 2020 баҳси ба миёномадаи  Довудов Т.А. бо ҳамсояаш Қодиров М.С. ҳалли худро ёфтааст.

Дар хусуси он, ки дар мақола шаҳрванд Довудов Т.А. иброз доштааст, ки гӯё дар қабули шахсони аввал  будаасту  ӯро гуфта бошанд, ки «туро касе назадааст-ку» ё мо наметавонем ба мушкилии ту расидагӣ кунем, ва ё ин, ки «моҳи июн биё» ягон асоси воқеъӣ надорад.

Ф. Зуҳуров, Прокурори 

н.Шоҳмансури ш.Душанбе  

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:24

 Мамлакат Валиева, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумии СССР аз ш.Душанбе занг зада (тел: 918 76 55 13) гуфт, ки нахуст саломи худро ба бобои Ҳоҷӣ Мирзо ва дустдорони газетаи мардумии СССР мерасонам. 

   - Чанд шумора қабл нафароне пайдо шуда, нисбати ин шахсияти бузург суханҳои таҳқиромез гуфтанд. Ман намехоҳам, ки номи он ду нафарро бигирам, аммо дар бораи хизматҳои ин шахси бузург мегуям, ки аксарияти ҷавонони моро маҳз ҳамон минбари Ҳоҷӣ Мирзо ба роҳи дуруст ҳидоят намуд. Аз даҳонатон як калимаи созанда намебарояд, пас сухтанро бас кунед! Ман шахсан худам чанд маротиба шоҳид будам, ки чӣ гуна Ҳоҷӣ Мирзо ба талабагони якчанд мактаби минтақаи ш.Кӯлоб ашёҳои лозимаи дарсӣ туҳфа мекард. Ӯ дасти хайру сахо дорад!

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:21

 

1 гурӯҳ сокинони ҷамоати Гулшан ва Зафари н.Фархор тариқи суроғаи электронӣ номаеро фиристоданд, ки дар он сокинон аз набудани об барои ҷӯйҳои пахта шикоят мекунанд.

   - Дар якчанд шумораи қаблии ҳафтанома оиди мушкилии набудани об барои ҷуйҳои пахта дар ҷамоатҳои Гулшану Зафар мавод нашр намуда будем. Аммо муттаасифона садои мо-мардуми деҳқонро гӯшҳои касе нашунид. Мо мардуми деҳот кӯшиш мекунем, ки бо ҳамин заҳмати деҳқонӣ бори зиндагиро пеш барем. Лекин ба монанди об боз чандин мушкилиҳои дигаре ҳаст, ки мо деҳқононро сади роҳ мешавад. Бори дигар аз масъулони ҳукуматии н.Фархор хоҳиш мекунем, ки мардумро бо об таъмин кунанд, зеро фаровонии ҳосили замини деҳқон боигарии давлат аст. 

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:18

Салом! Имрӯз ҳам ба чашм мерасанд онҳое, ки ба назари торик ҷомеаи ободу осудаи моро менигаранд. Барои расидан ба қудрату мансаб миёни мардум ташвиқоту таблиғоти инқилобу хунрезӣ намуда, онҳоро ба ғайри қонунӣ сарнагун намудани ҳокимият даъват менамоянд. 

   Ман ба ин таблиғгарони сӯзанда муроҷиат карда мегӯям. Мо ҷавонони солҳои 90-уми қарни гузашта нестем ва ба фитнаву найранги шумову хоҷагони хориҷиятон бовар надорем. Бидонед, ки мо аз Шумову ҳаммаслаконатон аз инҷо то қиёмат безорем! Ва намегузорем, ки шумо қадамҳои нопокатонро ба инҷо гузоред ва миллати беинҳам азияткашидаи тоҷикро ба хоку хун кашед. Ба баҳонаи озодиву адолат мардуми бегуноҳро ба ҷанг даъват намудан хоину душман буданатонро бори дигар ошкор сохт. Агар дӯстдорони ҳақиқии миллат мебудед бар зарари мо намегуфтед. 

Исмоилҷони Сайнуриддин, ш.Душанбе, тел: 911099049

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:15

 

Салом СССР-и азиз! Рузи 21.06.2020 аз сафар ба вилояти Суғд бармегаштем. Соати 15:00 автомашинаи моро дар нуқтаи гузаргоҳи БДА дар чорраҳаи ноҳияҳои Айнӣ-Панҷакент, минтақаи Арслонобод манъ карданд. Корманди БДА, ки жетони рамзии касбӣ дар бари сина надошт, байни роҳ истода, асбоби дастии кории хеш-жезлро бозӣ доронда, аз дур фармон медод, ки «бароед, ба онҷо рафта, худро регистратсия кунед!». Онҷояш 1 бинои хурдакаки берангубори шуъбачаи БДА будааст, ки сардоре дар дохилаш нишаста, ронандаҳои автомашинаҳоро «ба қайд» мегирифтааст. Чӣ коре дар дохили он хонача мегузарад, маълум нест. 

   Дар ин ҳолат ва бо чунин муносибат ман аз сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Акбар Насимзода пурсиданиам, ки магар корманди БДА набояд назди мошину ронанда омада нахуст худро муаррифӣ кунад? Аз рӯи Оиннома магар чунин нест? Ва чи кори навест бақайдгирии мошину ронандаҳо вақте вазъияти фавқуллода эълон нашудааст? Ва чаро кормадони БДА-и н.Айнӣ бо мардум бархурди бад доранду кормандони БДА-и н.Варзоб баръакс хубу нек? Чи фарқе байни инҳо ҳаст?

М. Аминова, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:11

(Памфлет)

Ростӣ, ман, Сайёфи Мизроб, нафаре, ки собиқаи 2-асраи рӯзноманигорӣ дораму нонамро бо килк, қалам, лавҳ, сухан мехӯрам (Худои таъоло бо қалам ва лавҳ савганд хӯрдааст ва инро сар-сарӣ нагиред!!!), расман изҳор медорам, ки… БЕСАВОД-ам!

Ну, просто, бесаводам, и всё!

Зеро маро олимони сарфу наҳви имрӯза, грамматика ва забон бесавод кардаанд. Маро? На танҳо маро, ки Айниро! Турсунзодаро!! Бобоҷон Ғафуровро!!! Рӯдакиро ҳатто.

Зеро ман дигар намедонам, ки вожаи кумак бо у-и дароз аст ё кутоҳ-кӮтоҳ нагуфтам, зеро метарсам, ки муттаҳам ба бесаводии навбатиам накунанд…

1 қиссача меорам, то хонанда дарк кунад, ки чаро ман, СМ-сардабири газетае, ки дар кишвар маъруф аст, бесавод аст. Пештоз мегӯям, Хуршеди Атовулло ҳам бесавод асту Раҷаби Мирзо низ ва ҳатто…Айниву Турсунзода…ҳам!

Ва он қисса: Чанде пеш мо дар бораи мушкили духтурони Леваканти Хатлон матлаб нашр кардем. Ва посухе гирифтем, ки дар он гурӯҳи табибон мураттаб (аккурат) аз 6 имзо менавиштанд:

Бетамизиҳои инсон аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!

Хонанда, аллакай дарк кард, ки пистаи «бемағз кист». Мо! Журналистон. 

Вале эроди ишон моро шокӣ сохт. Биёед оригинал, сухани аслро бишнавем:

1.«Заррина»-нодуруст бо ду ҳарфи «р» ғалати ба такрор навишташуда-шакли дурусташ Зарина;

2.«ш. Леваканд»-нодуруст, шакли дурусташ. Левакант(ттт)… (Ман дигар баҳс ҳам намекунам, ки канД аз канТ чӣ фарқе дорад…. Вале аз ҳама ироди аслӣ, ки сабаби навишти ин памфлет гардиду маро маҷбур кард, ба устод Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо,  муроҷеъ шавам, то бигӯянд, ки аз ТАҶОВУЗи забон аз сӯи  олимон СТОПППП диҳад ин шуд)…

3.«Кӯмакҳо» ғалати ба такрор навишташуда-шакли дурусташ кумак, бе «ӯ» дароз навишта мешавад…

Имрӯз, чанд ҷавонеро ба кор гирифтаем. Яке сӮҳбат менависаду дигарӣ Суҳбат ва ғ. ва ҳ. Дигар шахсан метарсам, чун сардабир нафареро ислоҳ кунам. Ба Худо метарсам! Зеро қонуни сарфу наҳв, (он же граммматика)-ро дар дастам меқаппонад, ки уртоқ сардабир номаъқул кардӣ, ӯ-ин ҷо дароз асту ун ҷо кӯтоҳ. 

Хонандаи гиромӣ, фикр накунед, ки ман аз минтақаи Ӯ ҳастам. Ҷое ман зода шудаам, ин ҳарфро ба дурустӣ касе намедонад, ки ОН, ҳамоно Ӯ-и дароз, дар куҷо меояду куҷо на. Вале ман забон ва талаффузи Айниро арҷ мегузорам!!! Ман дастпарвардаи ин қаҳрамони миллатам. Нафаре, ки ба дасти ман, ба халқи ман Шаҳодатномаи Миллат додааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

Халқи моро «Дафтари Айнӣ» Шаҳодатнома шуд!!!

Ҳамчун намояндаи ҷануб, мавзеъи бидуни ӯ-и дароз мегӯям, ҳар касе, зидди ин ҳарф аст, душмани ин миллат аст. Ҳар касе фикр дорад, ки Алифбои сириликро қабул кардаву аз ҳуруфе, ки Айниву Турсунзода корбаст мекарданд, бояд  ҷудо шуд, мисли Ц,Ы,Ж,Ь,Й ва Ӯ, Ӣ, Қ… ва ғ. ва ҳ. хеле малеҳтар карда гӯям, душмани ин забон аст. 

Медонед, мо чанд «С» , «З», «Т» доштем тӯли 1400 соли алифбои араб? Ҳамагӣ 1-тоӣ, вале агар Алифбои арабиро, ки имрӯз аз он чун алифбои ниёгон ном мебаранд (ниёи мо хатти паҳлавӣ дошт, на арабӣ), хулласи калом, агар аз чанд «З» «Т» ё «С»-и арабӣ 1 ҳарфашро кӯр мекардем, арабҳо чӯб зада хушкамон мекарданд…

…Ӯ-и дароз аз Тоҷикон аст ва бояд бошад! Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter