ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 19 Август 2020 12:18

Салом СССР! Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба пайроҳаи баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ қадамҳои устувор гузошта аст, роҳҳои автомобилгарди зиёдеро мумфарш намуда, барои мусофирон ва ронандагон шароити мусоиде фароҳам овард. Вале боиси таассуф аст, ки баъзан ба автомобилҳои мусофиркашон менишинаму шоҳиди муомилоти ногувор аз ҷониби ронандагон ё мусофирон мешавам. Нуқтаи муҳим ин аст, ки баъзе аз ронандагони «ТАКСӢ» худсарона нархи роҳкирои муқарраршударо боло бурда, ба низомномаи корӣ риоя намекунанд, ҳамзамон ба ҷойи 6- нафар дар нақлиёти мусофирбари ОРЕL ZAFIRA 8 мусофирро бо «роҳу воситае» ҷой намуда, вазифаи худро адо менамояд, ҳол он ки онҳо чун хизматчии давлатӣ ба халқ хизмат расонида музди кори хешро мегиранд. 

Умедҷони Амонӣ, ш.Душанбе, 

тел: 915775818 

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 12:14

 Харидории озмоишгоҳи сайёр, ки дар мамлакат назир надорад, идомаи мантиқии ибтикороти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳама беҳбуд бахшидани сатҳу сифати фаъолият маҳсуб мешавад. Автомобил - озмоишгоҳи мавриди назар  баҳри ташхиси масолеҳи сохтмонии ба бахши роҳ дахлдошта истифода хоҳад шуд. 

   Бегуфтугӯ, дар фаъолият ширкатҳое амсоли «IRS» пойгоҳи техникӣ нақши арзанда дошта, мунтазам пурқувват кардани он меҳвари фаъолият аст . Ҳамрадиф бо ин, мутахассисони филиали Ширкат, ки ҳар яке самти вежаи фаъолият доранду мутахассисони соҳибмалака маҳсуб мешаванд, баҳри беш аз пеш беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои фаъолият саҳми бориз доранд.  

    Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки автомобил – озмоишгоҳи  мазкур намунаи навтарину беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисон дастрас шуд. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат тамоми шароит фароҳам гардида, саҳми он дар беҳтар ва осонтар шудани ташхиси масолеҳи зикршуда аллакай баръалост. 

   Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки имрӯз бо  шарофати  фаъолияти пурмаҳсул ва шабонарӯзии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд. 

   Лозим ба ёдоварист, ки механизми институтсионалию инноватсионии лоиҳаи мазкур дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан дар Осиёи Миёна иқдоми нав ба ҳисоб рафта, барои дуруст дарк намудани афзалиятҳои он аз тарафи ҷомеа вақти муайян лозим буд. Хушбахтона, дар заминаи хизматрасонии босифат аз тарафи филиали Ширкат ин мушкилот, ки ба фаҳмиши аҳолӣ бобати моҳияти фаъолият рабт дошт, рафъ гардид.

    Агар гӯем, ки 11 соли фаъолият марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати Буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд.  Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат рисолати дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд.  

   Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумлаи Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва ғайра низ мавриди истифода аст.

   Дар робита ба ин, ки филиали Ширкат аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ эътироф гардида, ҳамкориро бо Ассосиатсияи байналмиллалии пулҳо, туннелҳо ва роҳҳои пулакии автомобилгард, Агентии ҷопонии кооператсияи байналмилалӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва ғайра густурда ба роҳ мондааст.

   Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаи хуб ба бор овардааст. Афкори аҳли ҷомеа ва матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамватанони азизи мо ба воқеияти ин гуфта дар мисоли натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ҳосил намудаанд. 

Бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чанок хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз  минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт аз тариқи он таъмин аст.  Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.  

    Аслан роҳҳо баъд аз чанд соли ба истифода додан, новобаста аз нигоҳубин, вайрону валангор мешаванд. Ба назари инҷониб дар чунин вазъият, бо истифода аз таҷрибаи роҳи  «Душанбе - Чанок», ки Давлат барои истифодаи он умуман маблағ харҷ намекунад, ба манфиати кор аст. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 12:08

Сайёд Ғаффор, шоири шинохта, мухлис ва дӯсти газетаи мардумии СССР меҳмони идора шуда, нахуст гуфт, ки 100 рӯз дар хона бемор хоб буду табибон на дардашро ёфтанду на давояшро.

- Дигар ин, ки дилам ба забони ноби тоҷикӣ имрӯз месӯзад, ки хеле масхарааш карданду боз ҳам мекунанд. Агар гӯям, ки забони тоҷикӣ ва имлои он аз замони шӯравӣ низ пайваста таҳриру дигар мешуд, хато намекунам. Аммо олимони имрӯза дар ин ҷода умуман гузарониданд! Ҳар 1 олиму ҳар 1 раисе, ки садри Кумитаи забон ва истилоҳот мешавад, ҳатман мехоҳад имлои забони тоҷикиро бо тарзи диди худ иваз кунад, то барои “реформа”-аш 4 танга ҷудо кунанду ӯ аз он истифода намояд. Ин аст, ки ҳоло намедонем ҳарфи “ӯ”-ро дар куҷо истифода кунему дар куҷо не, номи Зарринаро бо 1 ҳарфи “р” нависем ё ду ҳарфи “р”. Имлои нав ба нави забони тоҷикӣ, ки зуд-зуд тағийр меёбад, шеъру шеърнависиро вайрону адибонро ҳайрон кардааст! Ягон шоир, журналист, нависанда намедонад, вергулро куҷо гузораду ӯ чисту ӣ дар куҷо меояд ва ғ. ва ҳ. Нафаре ҳамкурси ман буду давраи донишҷӯияш бо хондани шеърҳои Гулрухсор дар маҳфилҳо ном бароварда, дигар хоки думушта саводе надошт, вале вақте ӯро дар садри яке аз кумитаҳои калидии забонии кишвар дидам,  талхаам кафид! Ӯ куҷову забондонӣ куҷо! Бас кунед, масхара ва таҳқири забонро. Забони мо ҳамонест, ки Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода менавишту бо он забон Ғафуров паспорти миллат-Тоҷиконашро нигошта буд!

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 12:00

Ӯ рафт! Ҳаргиз намеояд дигар!!! Мутаассуф, рафт, ҳарфҳои ногуфтае дар дил дошт, ки бо худ бурд. Меҳмони гиромӣ, узви Ихвон ал СССР, дӯст ва хонандаву мухлиси ҳамешагии газетаи мардумӣ буд. Ҳар шумора занг мезаду мегуфт:

-Фарзанди падар! Мақолаатро хондам, кайф кардам, зӯр гуфтӣ, вале ба кӣ мегӯй…

Боби 1. Фарзанди падар…

Ин ибораи дӯстдоштатарини Ҷамшед Исмоилов буд. Иборае, ки аз сидқ садо медод ва дигар бар касе талаффузаш зебанда нест. Зеро ба ҳақиқат ӯ фарзанди падари ҳар тоҷикистонӣ буду ҳар тоҷик фарзанди падари ӯ: Тоҷики асил ва асилзодаи Тоҷик буд!

Боби 2. Мактаби Ҷӯрабек

Ҷӯрабек Назриев то ин ки тани танҳо дар биҳишт насарояд, беҳтарин, бузургтарин, зеботарин шогирдашро бо худ ба Боғи Ҷаннат бурд:

Он нозгулӯро надарад боз гулӯ,

Гулчини аҷал бичидат осон он сӯ…

Боби 3. Аз Кӯрбазм то Шаҳбазм

Қадами нахустинашро дар соҳаи санъат аз тӯйҳои мардумӣ дар кӯчаи Первомайи ш. Кӯлоб гузошт. Кӯчае, ки ҳатто дар Кӯлоб, шаҳре, ки ҳофизу хунёгар будан, амали маъмулист, чун кӯчаи ҳунармандони асил номовар аст. Кӯрбазм мекард, бо 1 аккордеон ва бо ҳамин аккордеон РСС Тоҷикистон ва СССР-ро тасхир карда, то базмҳои Шоҳона роҳ ёфт ва онгуна, ки консертҳои давлатӣ бе ӯ бемаънӣ метофтанд. Мисле, ки дар консерти бузурги Кӯлобшаҳраш «дӯстони фарҳангдураш» роҳаш надоданду кӯлобиҳо то охир ба умеди шунидани суруди маъруфи «Ӯ ҷони миллат аст!» беҳуда нишастанд…

Боби 4. Асосгузори сабки пойтахт

Ҳар шогирде то ҳадди устодӣ нарасад, мард нест. Ҷамшеди мо аз ин марз ҳатто убур кард, зеро ҷавонмардонатар буд! Ӯ натанҳо то дараҷаи устодӣ расид, ки сабки вежаи худро асос гузошт. На беҳуда, Сафват Бурҳонови борикбин Исмоиловро «Асосгузори Сабки Пойтахт» ном мебурд. Ба таҳқиқ дар солҳои 80-уми асри ХХ Ҷамшед Исмоилов ба сабки вежаи душанбегӣ поя гузошт ва сарояндагони пиру барно, хоҳу нохоҳ шогирдони ин Мактаби Бузурги Сабки Пойтахтии Ҷамшед Исмоилованд.

Боби 4. Патриоти советӣ

Суруди «Помир! Помир!! Помир!!!» гимни нонавиштаи на танҳо дастаи футболи маъруфи миллӣ дар Лигаи 1 ва олии СССР гардид, ки суруди миллии алтернативии миллати Тоҷик дар баробари «Чу дасти рус мадад намуд» шуд.

Боби 5. Артисти халқӣ

Медонам унвон дигар ном дорад, вале ӯ воқеан ҳам Артист буд ва ҳам аз они Халқ. Зеро ингуна, ки халқ ӯрову ӯ халқро дӯст медошт, шояд кам муяссари дигарон гардадо…

Боби 6. Патриот ва якрӯй

1 рӯ, 1 мавқеъ, 1 ҷиҳата ва гуфти кӯлобиҳои худаш «1-фоқа» буд. Президентро дӯст медошт. Бисёр мансабдорон, бо рафтанашон аз сари кор «пӯсташонро дигар» мекунанд, вале Ҷамшед Исмоилов, ки қурбонии фитнаи дарборӣ шудаву аз вазифаи муовини вазири фарҳанг рафта буд, ҳаргиз ба муҳаббаташ нисбат ба Президенти ҶТ хиёнат накард ва рӯирост мегуфт, солдати Пешвои Миллат аст.

Боби 7. Зебо ва хушрӯ

Хеле марди зебо ва покизакор буд. Замоне нисфи бонувони олам ошиқаш буданд. Ҳатто Президенти ҶТ дар 1 дидор гуфта буд, «вақте дар меҳмонхонаи Душанбе меҳмон будам, чандин духтарони зебо омада, ба ман мактуб медоданд, ки бурда ба Ҷамшед расон!». Ин суханро дар ҳузури мардум ва худи Ҷамшед мегуфт…Воқеан ҳам Ҷамшед Исмоилов на танҳо мунодии фарҳангу санъат, балки символи чеҳраи зебои Тоҷик дар ақсои олам буд ва ингуна Чеҳраи Хуб ҳатман символи Биҳишти Худо хоҳад шуд. Бовар дорем. Мо Метавонем!

Рӯҳат шод ва хотири нозукат абадӣ бод, дӯст, ҳамшаҳрӣ, ҳамдиёр, ҳаммилат, ҳамфикр ва ҳамзабони асилам.

С. Мизроб

Барои аъзои Ихвон ал СССР

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 11:42

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 11:11

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 10:57

Барои роҳ надодан ба таъсиси давлати нав (СНГ) ва наҷоти давлати кӯҳна (СССР) қисмате аз нухбагони Ҳизби коммунист, 19 августи соли 1991 Кумитаи Давлатии Вазъияти Фавқуллоддаро (ГКЧП) таъсис дода, роҳбари вақти кишвар Михаил Горбачевро, ки дар Фороси Қрим истироҳат мекард, ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Бобати ин Кумита дар таърихнигории шӯравӣ назарҳо мутафовиданд. Баъзе ин амалкарди ҳизбиёни собиқадорро табаддулоти давлатӣ медонанд. Аммо худи иштирокчиёни ин Кумита, амалкарди худро охирин кӯшиши наҷоти СССР муаррифӣ мекунанд.

Деги ҷӯшон

Он шабу рӯз СССР воқеъан 1 деги ҷӯшонро мемонд, ки ҳар лаҳза қодир буд битаркад. Мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва миллӣ сар то сари кишварро фаро гирифта, ҳокимияти марказӣ тавони ҳалли ин мушкилотро ба куллӣ аз даст дода буд. Михаил Горбачев бошад, танҳо ваъда медоду коре намекард. Ин амалкарди Горбачев аз ҳама бештар ба обрӯи ҲК зарба мезад ва зарурати мавҷудияти кишваре ба номи СССР-ро зери суол мебурд. Ҳизбиёни собиқадорро ба гуфти худашон, маҳз ин ҳолат водор кард, ки даст ба кор шаванд ва Кумитаи Давлатии Ҳолатҳои Фавқулоддаро (ГКЧП) созмон диҳанд.                                                             

 Ба Кумитаи навтаъсис раиси КГБ В. Крючков, вазири дифои СССР Д. Язов, сарвазири СССР В. Павлов, муовини раиси Шӯрои мудофиаи СССР О. Бакланов, роҳбари дастгоҳи президенти СССР В. Болдин, котиби КМ ҲКИШ О. Шенин дохил гардиданд. Баъдан ба Кумита инчунин раиси ШО СССР А. Лукянов, ноиб-президенти СССР  Г. Янаев, вазири корҳои дохилаи СССР Б. Пуго, президенти ассотсиатсияи корхонаҳои давлатӣ ва Иттиҳодияҳои истеҳсолот, нақлиёт ва алоқаи СССР (АГПО) А. Тизяков, раиси Иттиҳоди деҳқонии СССР В. Стародубтсев, муовинони аввали раиси КГБ СССР В. Грушко, сардори хадамоти муҳофизати КГБ  Ю. Плеханов, муовинони вазирони дифоъи СССР В.Веренников ва В. Ачалов пайвастанд. 

Кумитаи тозатаъсис, дар Маскав ҳолати фавқулодда эълон кард ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавиро, ки барои ба эътидол овардани вазъият халал мерасониданд мамнӯъ намуд. Баргузории гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва коршиканиву тазоҳурот низ манъ гардиданд. Инчунин Кумита мебоист фаъолияти ВАО-ро зери назорат мегирифт.                                                                                                                               

Ба гуфтаи аъзои ГКЧП Г. Янаев 16 августи соли 1991 дар яке аз қароргоҳҳои махсуси КГБ дар Маскав вохӯрии Вазири Муодофиаи СССР Язов ва Раиси КГБ Крючков доир гардид. Дар ин вохурӣ тарафҳо вазъияти дар кишвар ба амал омадаро мавриди муҳокима қарор доданд. Рузи 17 август дар ҳамон қароргоҳ дидори дуввуми тарафҳо сурат гирифт ва ба ин дидор Раиси ҳукумати СССР Валентин Павлов низ даъват гардид.

Чоршанбе, 19 Август 2020 09:49

 

13.08.1928. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав аввалин Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

13.08.1941. Дар рафти ҶБВ артиши руминҳо дар ҳамбастагӣ бо артиши олмонӣ, ба соҳили Баҳри сиёҳ баромада, Одессаро ба пуррагӣ аз хушкӣ муҳосира кард.

13.08.1961. Ҷумҳурии Демократии Олмон, сарҳадро миёни Берлини Ғарбӣ ва Шарқӣ баст ва ба сохтмони девори Берлин оғоз намуд.

14.08.1919. Оғози амалиёти Актюбински Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия. Дар ин амалиёт нерӯҳои фронти Туркистони Артиши Сурх бо сарварии М. Фрунзе, артиши ҷанубии Колчакро торумор намуда, роҳро ба сӯи Осиёи Миёна боз карданд.

14.08.1943. Бо Фармони ҳукумати Шӯравӣ, дар шаҳри Қазон дар ҳайати АИ СССР  озмоишгоҳи №2 таъсис дода шуд. Ба ин озмоишгоҳ академик Игор Курчатов сарварӣ мекард ва кормандони он ба омӯзиши сохти ураниюм машғул буданд. Ин озмоишгоҳ баъдан ба Донишкадаи энержии атомии ба номи Курчатов табдил дода шуд.

14.08.1992. Артиши Гурҷистон вориди ҳудуди Абхазия гардид. Оғози ҷанги гурҷиву абхоз.

15.08.1918. ИМА бо Русияи Шӯравӣ муносибатҳои дипломатиашро қатъ кард. Худи ҳамин рӯз артиши амрикоӣ ба Владивосток ворид гардида, ба мудохилаи ҳарбии кишварҳои Антанта ба Русия оғоз бахшид.

15.08.1991. Дар матбуоти Шӯравӣ лоиҳаи нави Созишномаи Иттиҳодӣ рӯи чоп омад.

16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн қарор дод, Ҳизби коммунисти Полшаро бо сабаби роҳ ёфтани ҷосусони фашистӣ ба ҳайати он пароканда кунад.

16.08.1941. Дар СССР фармони № 270 ба тасвиб расид, ки дар он возеҳу равшан ташреҳ дода мешуд, кадом як аз хизматчиёни Артиши Сурхро ватанфурӯш донистан мумкин аст.

17.08.1934. Дар Маскав аввалин Анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ доир гардид. Дар миёни иштирокчиёни ин Анҷуман, нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ низ буд.

17.08.1965. Оғози амалиёти "Starlite"-и артиши ИМА дар рафти ҷанги Ветнам. Ин амалиёт дар нимҷазираи Вантионг баргузор гардида, аввалин амалиёти бузурги заминии артиши амрикоӣ дар рафти ҷанги Ветнам ба шумор меравад.

саҳ 3 аз 9

Китобҳо

Flag Counter