ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Август 2020 08:55

6.08.1893. Дар шаҳри Тсюрихи Шветсария, Кунгураи дуввуми Интернатсионал баргузор гардид. Дар ин Кунгура масоили зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла баргузории иди 1 Май ва ихроҷи анархистон аз суфуфи Интернатсионал.

7.08.1932. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои дуздии моликияти давлатӣ ва колхозӣ дар ҳаҷми калон ҳукми қатл ҷорӣ гардид. Ин қонун дар СССР бо "қонуни се хӯшача" ё "фармони ҳаттоду ҳашт" маъруф аст.

7.08.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Виктор Талалихин бори аввал дар рафти ҶБВ ҳуҷуми ҳавоӣ ба тайёраи душманро амалӣ намуд. Талалихин дар набарди ҳавоии шабона дар осмони Маскав бо ин васила тайёраи бомбаафкани немисро зада афтонд.

7.08.1983. Дар СССР қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирон "Бобати мустаҳкамкунии интизоми меҳнатӣ ва сотсиалистӣ" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор барои наомадан ба кор, дер омадан ё маст ҳозир шудан дар ҷои корӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ҷазо пешбинӣ гардида буд. Татбиқи ин қонун дар ҳаёт низ пайомадҳои зиёдеро дар ҷомеъаи шӯравӣ ба бор овард. Аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ  рӯзона ба мағозаҳо, кинотеатрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии дигар ворид гардида, мардумро боздошт ва пурсуҷӯ мекарданд.

8.08.1917. Дар Петроград Анҷумани VI-и Ҳизби болшевикӣ баргузор гардида, дар он болшевикон қарор доданд бо роҳи шӯриши мусаллаҳона зимоми ҳукуматро дар Русия ба даст гиранд.

8.08.1932. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба занон иҷозат дода шуд, дар конҳои ангишт ва дигар маъодин дар қатори мардон кор кунанд.

8.08.1945. СССР тибқи ваъдаи додааш дар конфронси Потсдам ба Япония ҷанг эълон карда, Артиши Шӯравӣ вориди Манҷурия гардид.

8.08.1966. Роҳбари Чин Мао Дзедун эълон кард, ки дар кишвараш инқилоби маданӣ оғоз гардид.

9.08.1945. Нерӯҳои ҳавоии ИМА бомбаи атомии дуввумро болои шаҳри Нагасакии Япония партоб карданд. Ин бомба "Фарбеҳ" ном гирифта, зиёда аз 74 000 нафарро ба ҳалокат расонид.

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:53

 

Комилҷон Муъминов, мухлис ва хонандаи газетаи мардумии СССР аз ҷамоати Обурдонӣ н.Мастчоҳ занг зада (тел: 92 833 05 39) гуфт, ки чаро дӯконҳои рузномафурӯши дигар фаъолият намекунанд?

   - Аввалҳо аз дӯконҳои назди бозори “Панҷшанбе” омада газета мехаридам, ҳозир бошад дар тирезаи он дӯкончаи хурде, ки дар наздикии бозор қарор дорад навишта шудааст, ки “Мусор напартоед”, аммо худи дӯкон кор намекунад. Ба ин монанд боз якчанд ҷойҳои дигарро пурсуҷӯ кардам, мутаассифона газетаҳоро пайдо карда натавонистам. Мавриди заикр аст, ки айнан чунин мушкилӣ дар н.Мастчоҳ низ баръало дида мешавад. Дар ҳоле, ки аз 1 шаҳри калони Хуҷанд рузномае пайдо кардан мушкил шудааст, хубаш дигар дар бораи ноҳияҳо ҳарф назанем. Наход раиси Хуҷанду муовинонаш газета нахонанд? Ё мехонанду аз ҳоли мардуми газитхон парво надоранд?

 

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:46

 

Бобоодина Гадоев, яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз ҷамоати Рарзи н.Айнӣ занг зада (тел: 92 766 90 07) гуфт, ки 1 сол мешаванд ба оилаи онҳо касе кӯмак намекунад.

   - Ростӣ, ман дар оила 3 нафар кӯдаки маъюб ва худам ҳам бошам аз ҷиҳати забонӣ нуқсон дорам. Дар умум дар хонавода чанд нафар маъюбони кару ношунаво ҳастем. Маҳз ба ин хотир аз тарафи ҷамоати ноҳия ва дигар сохторҳо ба мо ҳамчун оилаи камбизоат ва дардманд ҳамасола кӯмакҳои гуногун мерасониданду мо низ аз ин хело минатдор будем. Вале мутаассифона 1 соли охир касе аз ҳоламон хабар намегирад ва ҳатто барои пардохти маблағи истифодаи барқ маро ба ба гурӯҳи камбизоатон ворид накардаанд. Аз ночорӣ маҷбур шудам додамро ба газетаи дустдоштании СССР расонам, зеро боварӣ дорам, ки баъди нашри арзам ҳатман аз ҳоли мо хабар хоҳанд гирифт.

 

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:41

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи дар рӯзномаи СССР чопшудаи Нигора Пӯлодоваро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд гуфт, ки танҳо дар як соли охир дар ш.Истравшан 142 иншооти хурду бузурги хусусияти иҷтимоиву  иҷтимоиву иқтисодидошта ба истифода дода шуда, 127,8 км роҳҳои протоколӣ, деҳаҳо ва маҳаллаҳо таъмир гашта, аз ин 55,5 км таъмири ҷорӣ, 16,6 км мумфарш ва 55,7 км роҳҳо шағалпӯш гардидаанд. 

Аз ҷумла, дар беморхонаи марказии шаҳр Маркази ташхисию табобатӣ сохта шуда, шуъбаи қабули беморхона аз нав ба тарзи замонавӣ ба истифода дода шуд. Инчунин хонаи кӯдакони шаҳр, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бо ташаббуси олими намоёни тоҷик, академик Ӯлмас Мирсаидов ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бинои нави ду ошёна бо шароити замонавӣ барои кӯдакони ятим сохта шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳр аввалин бинои истиқоматии бисёрошёна  (9 ошёна) дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз тарафи соҳибкор Комилов Эҳром дар муҳлати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуда, хонаи истиқоматии 8 ошёна бо маркази савдо ва бинои 4 ошёна бо маркази савдои бо ном «САҲАД» аз тарафи соҳибкорон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нофароҷ Маркази саломатии замонавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорон  мавриди истифода қарор гирифт. 

Новобаста аз ин, тибқи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ояндаи наздик як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида, мешаванд, ки корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Шаҳри бостонии Истаравшан дар ҳоли ҳозир симои худро дигар намудааст ва рӯ ба ободӣ бо қадамҳои устувор ниҳода, дар оянда ба як шаҳри азими кишвар мубаддал мегардад.

Амирхон Қурбонзода, 

раиси шаҳр

 

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:40

 Молфурӯшон ҳам нишон доданд, ки дар моварои мусулмонӣ афтодаанд! Агар ба инҳо монӣ, 1 гӯсфанде, ки 17-18 кг гӯшт мекунад, 1400 сомонӣ мегӯянд. Акнун тақсим мекунем: 1400 : 17= 82 сомонӣ 1 кг гӯшт меафтад! Ҳоло ҳам лофи ислому қурбонӣ, яъне қариб шудан ба Худо мезанед?!

С. Маҳдӣ

Душанбе

 

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:33

 (Мулоҳизаҳо  доир ба мақолаи сардабири газетаи СССР-«Стоп!»)

Дар ҳақиқат, ба забони имрӯзаи мо калимасозию ҷумлабандиҳои зиёди пурғалат ворид шудааст. Сабабаш дар он аст, ки дар баробари донишмандони соҳаи забон шахсони тасодуфӣ низ ба сари қудрат омадаанд.    

   Аввало, ҷавоб ба калимаҳои «кент», «кант», «қанд». Шакли дурусти ин калима «канд» аст, ки шаҳр, макони зистро мефаҳмонад. Самарканд (шаҳри босамар) Панҷканд (панҷшаҳр) Бухорканд (шаҳри бухордор (газдор), Чочканд, Ботканд… шакли дурусти навиштан аст. Баъди ишғоли бегонагон ба ин калимаҳо тағйирот ворид карданд: Самарқанд (ҳол он ки дар забони форсӣ харфи «қ» вуҷуд надорад) Чочканд-Тошкент шуд. Левакант аслан Ливоканд асту туркзабонҳо онро Қурғонтеппа номгузорӣ карданд. Ливоканд, яъне шаҳр ё қалъаи байрақдор.

   Доир ба садоноки «ӯ» қайд карданиям, ки ин садонок дар забони тоҷикӣ вуҷуд дорад ва онро садоноки «устувор» ҳам мегӯянд. Дар шеършиносӣ онро садоноки «дароз» (-) мегӯянд. Агар ин садонок  набошад, маънои бисёр калимаҳо фаҳмида намешавад. Мисол: мур-мӯр, куш-кӯш, сум-сӯм, гур-гӯр… 

   Дар кадом калимаҳо «ӯ» навиштан даркор? Пешниҳод мекунам, ки дар калимаҳое, ки «у» талаффуз карда мешавад (дар шеваи ҷануб) «ӯ» навиштан лозим. Масалан дар ҷануб  калимаҳои  буз-бз, гул-гл, гург-грг… садоноки ӯ қариб талаффуз карда намешавад. Пас ӯ нанависем! Вале дар калимаи суҳбат «у» устувор аст, «ӯ» навиштан лозим. 

   Дар назм вазни шеърро ба назар гирифта, пайвандаки тобеъкунандаи «ки» бисёр ба кор бурда шудааст. Пеш аз ҳамаи  онҳо аломати вергул гузоштан шарт нест. Умуман, олимони забоншиносу донишмандони соҳаи забонро лозим аст, ки тадқиқотҳои  зиёдеро ба анҷом расонанд, то забони равону ширини мо боз ҳам дилкаштар шавад. Мо метавонем !

Ҳаким Ғуломов, н.Дӯстӣ

 

Чоршанбе, 12 Август 2020 08:30

Шояд луғатдонону забоншиносон бо ман баҳс кунанд, вале ба пиндори ман, вожаи Хусур (хисър) қаробате бар калимаи Хусрав (хисрав) дорад! Хусури хонадон, яъне Хусрав ё худ Шоҳи хонадон!!! Дар фарҳанги табордории мо воқеан ҳам роли Хусур вежа аст. Аз эҳтиромоти хос бархурдор аст, подшоҳи хонадон аст ва агар таваҷҷӯҳ кардаед, хеле кам домоди тоҷик ҳини ҷангу ҷанҷол бо занаш, хусурро дашному сақат мегӯяд (Хайр, биёед, дурӯғ нагӯем(д), ки дар хонадони мо ҳаргиз ҷанҷолу дашному сақат нест!!!)…

Зимнан мехоҳам дар бораи Хусурам, Хусрави хонаводагиям, худобиомурз Эшони Мизроб нависам, ки дар арафаи Иди Қурбон, дар синни таки 80-солагӣ,  ба раҳмати Ҳақ бупайваст (23.07.2020). Дуруст аст, ки матлабро бояд дар зиндагонияш менавиштам, хосатан дар ҳоле, ки мухлиси ашаддии газетаи мардумӣ буду узви Ихвон ал СССР ва  ҳар шумораи моро ҳиҷҷа карда мехонд. Ёдам ҳаст, ки чанд сол қабл омаду гуфт, «эшон (маро доиман чунин ном мегирифт) чашмонам хира шудаанду бе газетаи СССР наметавонам, ба додам бирас!». Ин нахустин бор буд, ки Эшони Мизроб хоҳише аз ман мекард! Ва боз на ҳамчун домод, ки чун сардабири газетаи дӯстдораш, то СССР бихонад. Мо низ ҳамроҳи фарзандонаш талош кардем, то нури чашмонашро баргардонем ва то дами марг СССР хонд…

Инсони Бузург бо ҳарфи калон буд! Ҳама медонаду намегӯяд, вале ман чун узви ин табор хоҳам гуфту навишт, ки эшонзодаҳо андаке кибру ғурур доранд: 

-Ифтихори, дар бархе маврид, аз ҳадди марзи пиндор берунатарак аз табордории хеш! 

Мушаххасан муайян аст, ки бо пушти падарӣ, эшонзодаҳои Балҷувону Данғара то ҳазрати Сарвари Коинот ва Кулли мавҷудот (с.) мерасанд. Ин факти собитшудаасту пирони кӯҳистони ин сарзамин ин моҷароро нек медонанд ва ман сари мавзуъ баҳс карданӣ нестам. Вале бобои Эшони Мизроб аз ин ғурур тамоман орӣ буд! 1 марди Худотарсу Худододу Яздонпараст буду медонист, ки «гӯсфандро аз пои худашу бузро аз пайи худаш меовезанд!». Тамомии умри пурбаракот аз обилаи кафи даст нон мехӯрд ва чӣ нони ҳалоле!

Дар Данғара, ки ба сар мебурд, ҳама ӯро мешинохт ва иззат мегузорид, барои ҳалолкорӣ, ҳалолрафторӣ, ҳалолгуфторӣ ва ҳалолхӯрӣ. То Президенти ҶТ ӯро мешинохт ва ҳурмат мекард. Худобиомурз Акои Нуриддини Раҳмон то лаҳзаи фавт намози идайнро бо ҷамиъи бузургзодагони ноҳия дар ҳавлии хусури Хусури ман мегузориданд! Ва ин ҷои пинҳон кардан нест. Вале Эшони Мизроб ҳаргиз бо табораш кибру ғурур накарда буд. 

Заминӣ, ки буд, бо ҳама як буд. Бар илм арҷ мегузошт ва дар намозу дуову дурудҳо пешдаро намешуд. Бо халқ баробар буду хеле хоксор ва ин аст, ки ҳама дӯсташ медошт! Метавонам бигӯям, ягон душман дар ин ноҳия надошт ва агар хатоеву дағое дар ҳаққаш мегуфтанд, эшонзодаҳое мегуфтанд, ки аз ин хоксорияш рашкашон меомад…

Замонбин буд! Вақте ҷанги гражданӣ сар шуд, ба ҷанг рафт. Ва ин амалаш сабаб дошт. Ҳар нафаре фикр мекунад, ки тарафи муқобили оппозитсия сирф сулҳхоҳ буду бе каму кост, сахт иштибоҳ менамояд. Ҷанг дар фронти халқӣ низ сабаби таваллуди каллабуру дузду авбошу беспределҳо шуда буд. Онҳо, кам ҳам бошанд, вале мардуми бегуноҳро қатлу ғорат мекарданд ва демократу дигарандешу намозхонҳоро бо тамғаи «вовчик» азият медоданд. Бобои Эшони Мизроб ин моҷароро дида, ба даст силоҳ гирифт ва аз Норак то Ғарм ҷони садҳо, ҳазорон норакиву ваҳдативу файзободиву ғармиву тоҷикободиро харид. Дар штаби Сангак ва Ҷӯрахон Орифов шомил шуд ва ба оҳистагӣ, бо мулоиматӣ, ба саркардагони фронти халқӣ фаҳмонид, ки ҷанг тамом мешаваду тоҷикиятамон, миллатамон, ҳувиятамон, мазҳабамон бояд боқӣ монад. Шахсан шоҳид будам, ки баъди ҷанг мардуми зиёде зиёраташ меомаданду мегуфтанд, ки сабаби зинда монданашон Эшони Мизроб будааст.

Баъди ҷанг, зиндагонияш хеле сангин шуд ва ба Русия ба мардикорӣ рафт. Дар синни 60-65-солагӣ!!! Зеро аз ҷанг ғанимати ноҳаққ наситонид, аз мақомаш дар фронти халқӣ суистифода накард, аз рутбаи Эшонияш корбаст нанамуд. Нони ҳалол, ки мехӯрд, чанд соле дар Русия мардикорӣ, муздурӣ, гастербайтерӣ кард ва зану фарзандашро аз азияти гуруснагиву дастнигарӣ раҳонид.

Кафшергар- «сварщик»-и №1 буд, ки ба масали ғулуе, чашми мӯрро дар сари малах васл менамуд. Имрӯз низ маҳсули заҳматаш Данғараро оро медиҳанд. Чанд раисе ҳаққи хизматашро надод, анде дод, зумрае ваъдаи хомаш карданду тӯдае фиреб…Ҳамаро бахшид, зеро мегуфт «Худо бахшанда аст!».

Ҳар гоҳе меҳмонам мешуд, фикр мекардам, Падарам-эшони Мизроби писари Эшон-бала ба хонаам ташриф овардааст. Бар ман 2 ҳақ дошт:

1.Падарӣ ва;

2.Хусурӣ

Вале ҳич гоҳ аз ин ҳуқуқҳояш истифода намебурд. Фарзандвор ва ҳатто бештар аз фарзандонаш дӯстам медошт ва падарвор, хусурвор, хусраввор дӯсташ медоштам ва то ҳастам ин ҷурм, гуноҳ, хатоямро нахоҳам бар худ бахшид, ки…

-Дар зиндагонияш ин ҳарфҳоро дар борааш нанавиштам…

Рӯҳат шоду хонаи ахиратат обод бод, Бобои Эшони Мизроби Мунискулӣ. Омин ё Раб-ул-ъоламин…

 

Ҷумъа, 07 Август 2020 09:31

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter