ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Август 2020 09:07

 

Толиб Ёров, омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии №112-и н.Рӯдакӣ ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР занг зада гуфт, ки шаҳрвандон бояд аз ниқоб ҷиддӣ истифода кунанд.

   - Моҳи апрел дар ҷумҳуриамон бемории сироятии COVID -19 ба қайд гирифта шуда, то охири моҳи июн шумораи сироятёфтагон ба маротиб кам шуд. Ин албатта, дастоварди табибонамон аст! Аммо ҳоло дар кӯча ва бозорҳо одамони зиёд бениқоб гаштугузор мекунанд, ки албатта сабаби сироят ёфтани бештари шаҳрвандон мегардад. Тозагӣ ва гигиенаи шахсиро бояд ҷиддӣ риоя кунем ва дар ҷойҳои серодам аз ниқоб истифода намоем, то ин бемории сироятӣ аз байн зудтар равад. Мавриди зикр аст, ки сокинони кишварамон аз дорухонаҳо барои худ маводи зиддивирусӣ харидорӣ кардаанд. Вобаста ба ин хело хуб ва муфид мешуд, ки аз растаниҳои шифобахши кишварамон низ бештар истифода барем. 

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 09:04

Умед Ваҳҳобов аз ҷамоати Чоркӯҳи ш.Исфара занг зада (тел: 918 22 35 98) гуфт, ки нуқтаҳои гузаргоҳии зиди бемории COVID-19  ба монанди киноҳои ҳиндӣ шудааст.

-Аз маркази ш.Исфара то маркази деҳаи Чоркӯҳ 1 шоҳроҳ аст. Дар 2 ҷойи ҳамин роҳ дидбонгоҳи муввақатӣ барои пешгирии бемории COVID-19   гузошта шудааст. Ростӣ шароити ин дидбонгоҳҳо ба монанди киноҳои ҳиндӣ аён аст. 4 санги чоркунҷаи сементӣ ва 2 гилеми даридагӣ дар роҳ гузошта шудаасту тамом ва гуё аз инҷо касал намегузарад. Аз даруни ҷуйбор обро гирифта, ба гилемҳо мепошанд, ана хлор! Посбонҳо бошад 1 намуд ниқобро истифода мекунанд, ба назарат 1 сол истифода шуда, дарида ва чиркин аст. Шояд барои ташкили ин гуна дидбонгоҳҳо маблағи хуб ҷудо шудааст аз ҳисоби буҷаи давлат, лек натиҷа 0.

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 09:02

Замоне кафанпулӣ-чунин ном дошт кӯмаки шуъбаҳои ичтимоии шаҳру ноҳияҳо барои оилаҳои камбизоат пайваста дода мешуд. Ин маблағ барои гуру чӯби майит сарф шуда каме ҳам бошад кӯмак ҳам буд. Ҳоло бошад пардохти кафанпулиро аз байн бардоштаанд, ки ин фиреби маҳзи мардум аст. 

Шунидам, ки вакилони Парлумон барои аз байн бардошта шудани ин намуди имтиёзи пулӣ ташаббус кардаанд, вале ин кор хатост. Бе ин ҳам 13% маоши мо ҳамчун андоз ба давлат рафта вакилонро мехӯронаду мепӯшонад. Вакили сер чӣ парвои мардуми гуруснаи камбизоат ва маргу мири он дорад? 

Алихон Шарипов, хабарнигори 

мардумии СССР, минтақаи Кӯлоб

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:53

Дуруд СССР-чиёни азиз!  Хеле маҳзун мегардам вақте духтари тоҷикро дар либоси бегонаи ғарбӣ мебинам. Баъзеи ин либосҳо, ки дар тарҳи нав омода шудааст  (50% -и бадани духтари тоҷикро намоён сохта) ҳоло муд гардидааст. Мо дар бозори “Корвон” кор мекунем, хамарӯза  ҳазорҳо харидорону тамошобинон аз пешамон мегузаранд. Гоҳе мешавад, ки духтарони бегонапарасти мо бо либосҳои гӯё АВРУПОӢ (бовар дорам, ки аврупоиҳо танҳо чунин либосҳоро дар дискоклуб мепушанду бас)  ҷилвакунон  мегузаранд. Ин ҳангом ҷавонони беақлеро низ мушоҳида мекунем, ки бо вожаҳои ба монанди «Бги дега», «Чашма ов те»-ву амсоли он гаппартоӣ мекунанд. Вақти он расидааст, ки бо либоси бегонаи аврупоӣ низ мубориза барему насли навро тарбия кунем. Боқӣ, таҳлил аз шумо хонандаи гиромии СССР! Боварӣ дорам, ки бетаваҷҷуҳ намемонед ва дар ин маврид менависед.

Муҳаммадҷон Қувватзода, ш.Душанбе, тел: 918570256

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:44

Дар вилояти Суғд баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда чораҷӯӣ карда шуда, силсилаи корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 

40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ

Бояд гуфт, ки танҳо дар 5 моҳи соли 2020 дар вилоят 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Ҳарчанд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 теъдоди корхонаҳои нав баробар аст, вале шумораи ҷойҳои нави корӣ зиёдтар аст. Корхонаҳои нав асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ  таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи расмии корхонаҳои коркард ва банду басти асали филиали ширкати “Хантана Канада инк”, истеҳсоли профилҳои пластикии “Афранг пластик”, коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд агро”, истеҳсоли қубурҳои пластикии “Сифат пласт”, шифер ва қубурҳои азбестии “Воситзода” Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардаанд.

Содироти асосӣ: Семент, маъдан ва консентрат

Тавре шуъбаи иттилоотию-таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 769,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 116,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 432,3 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида, содироти бонизоми сементи ватанӣ ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, давоми моҳҳои январ-май дар маҷмӯъ 219,9 ҳазор тонна семент содирот карда шуд.

Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфтааст. Дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи умумии 83,1 млн доллари ИМА ин маҳсулот содирот шудааст, ки ба 54,6 фоизи тамоми содироти вилоят баробар аст.

Дар “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 783,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн сомонӣ зиёд буда, ба 99,9 фоиз баробар аст. Дар КМ “Зарафшон”-и ш.Панҷакент давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 1,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,8 млн сомонӣ зиёд буда, ба 109,9 фоиз баробар аст. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда бошад ба 158,2% расидааст. Дар КМ “Апрелевка” -и ш.Гулистон давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 80,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ба 100,0 фоиз баробар буда, бо нархҳои амалкунанда бошад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6,8 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиши он ба 109,1% баробар шудааст. Дар ин давра дар конҳои ангишти вилоят 525,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид.

3,9 миллион ниқобу 8534 либоси махсус истеҳсол шуд

Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, дар ин давра дар вилоят истеҳсоли 1 қатор маводи муҳофизатӣ ба роҳ монда шуд. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июн 3,9 млн адад ниқоби тиббӣ, 8534 адад либоси махсуси тиббӣ ва 277,6 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши нишондиҳандаҳо дар корхонаҳои дӯзандагии «Ҷавонӣ» ва «Сатн» аз ҷумла аз ҳисоби истеҳсол ва содироти ниқобҳои муҳофизатӣ таъмин карда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ба маблағи 82,7 млн сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 108,1 фоиз баробар аст.

Хуҷанд: Истеҳсоли 95 намуди маҳсулоти саноатӣ

Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, саноатчиёни шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои худро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар натиҷа, мувофиқи нишондиҳандаҳои 5-моҳаи оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 471,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоизро ташкил дод. Дар ин бора Маъмур Юсуфзода, котиби матбуотии раиси ш.Хуҷанд ба мухбири СССР иттилоъ дод.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки қисми таркибии ин нишондиҳанда аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 212,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, он нисбатан 34,4 фоиз зиёд, корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 93,8 млн. сомонӣ, ё 26,8 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 91,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 19,5 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 169,6 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд 95 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 28 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Бӯстон: 32 корхонаи саноатӣ фаъоланд!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми Ватанӣ ва таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.  

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси ш.Бӯстон, дар шаҳри Бӯстон дар давоми 5 моҳи соли 2020-3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии ҶДММ «Сифатпласт», корхонаи истеҳсоли қубур ва шиферҳои азбестии ҶДММ «Восидзода» ва корхонаи истеҳсоли хӯроки парандаи ҶДММ «Агроҳамкор» мавриди истифода қарор дода шудааст. 

Бояд қайд намуд, ки дар 5 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии барқу об ва бахши хусусӣ 226 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157 фоизро дарбар мегирад. Дар 32 адад корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба монанди орд, сабус, обҳои ташнашикан, машрубот, шарбатҳои мевагӣ, равғани растанӣ, сангҳои ороишӣ, мех ва мехҳои печон, қубурҳои гуногун, маҳсулоти қоғазӣ, халтаҳои полипропеленӣ ва полиэтиленӣ, зарфҳои пластикӣ, арматура, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

СССР

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:40

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Нафақа-баробари 1 халта орд…»-и Мубораки Қосимро, ки дар нашри №26 (615) аз 9 июли соли 2020 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Масъалаи марбут ба таъмини нафақаи шаҳрвандон, тибқи Фармони Президенти ҶТ аз 19.11.2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ваколати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ иртибот дорад. Вале дар мақолаи мазкур масъалаи нафақаи шаҳрвандон таҳлил шуда, дар он акси Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода оварда шудааст.

Бинобар ин ҳафтаномаи СССР-ро зарур аст, ки дар шумораи навбатӣ дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 7.02.2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбои омма» иштибоҳи мазкурро ислоҳ ва дар ин хусус хонандагонро огоҳ намояд.

Муовини вазир: 

Н.Маҳмадуллозода

Аз редаксия: Муҳтарам Маҳмадуллозода! Нахуст сипос аз он, он ки вокуниши оҷилӣ нишон дода, ба мо ин мактуби эътирозии хешро ирсол кардаед. Кош, ба матлабҳои қаблан нашршуда дар мавриди мушкилоти кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки борҳо дар саҳифаҳои Газетаи мардумии СССР бо акси вазир Гулрӯ Ҷабборзода нашр шудаанд, ҳамин тавр вокуниш нишон дода, посухҳои мушаххас мефиристодед. Боз ҳам дар интизори ҷавобҳои шумоем!

Дигар ин ки ин эътирози шуморо ба назар гирифта, ҳатман минбаъд проблемаҳои ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобастаро бо акси Гулрӯ Ҷабборзода нашр хоҳем кард. Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:30

Ба пешвози 700 –солагии Шайх Камоли хуҷандӣ

 Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,

Байти эҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад!

Cуғд маконест, ки таърихи зиндаи ниёгони мост! Саразми қадима, яъне сари замин (таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад), ин ҷост,  Суғд зодгоҳ ва парвардаи Одам - уш – Шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар нобиғагоне чун Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо дигарон мебошад. Суғд диёри қаҳрамонону ватандороне, чун Спитамену Деваштич ва Темурмалики шарафманд аст!  

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон  фарҳанги  худшиносии миллиро  омили  асосии  ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд. Шоистаи  таъкид  аст,  ки  бо  тадбирҳои  хирадмандонаи Пешвои  миллат  дар  даврони  Истиқлолият  ҷашнҳои  бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди  1100 - солагии  Сомониён, 1000 - солагии «Шоҳнома», 1150 -солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 - солагии Мавлоно  Ҷалолиддини  Балхӣ, 700 -солагии Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кӯшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд. Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ,  “Девон”-и  Фарзона,  “Девон”-и  Шайдои  Хуҷандӣ, “Тазкират-уш--шуаро”-и  Давлатшоҳи  Самарқандӣ,  “Тазкираи  шуарои  Хуҷанд”-и  Абдулманнони  Насриддин,  “Мунтахаби  девон”-и  Шӯхии  Хуҷандӣ,  “Девон”-и  Хаёлии  Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардидаанд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба  дастархони  маънавии  ҷомеа  гузошта  шуданд,  баёнгари  ин ҳақиқат мебошад. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Мо Метавонем!

Ҳофизи Шерозӣ: Машрабаш бузург ва суханаш софист!!!

 Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест!

Вақте ки Хоҷа  Ҳофизи  Шерозӣ  шеъри  ӯро  шунид,  гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ». Орифону  шоирони  номвари  он  рӯзгор, ба  мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ,  Наҷмуддини  Торумӣ,  Исмоили Сисӣ, Абдураҳими Хилватӣ, Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шайх Ҳусайни Сарипулӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва сӯҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони давр ба ӯ иродат доштанд. 

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз 200 нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ӯ дарак медиҳанд.

700-солагии Камол дар Хуҷанд

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!!!

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози эшон қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳила ба марҳила анҷом ёфта истодаанд. Равшан  аст,  ки  бо  амри  тақдир  Камоли  Хуҷандӣ  дар Табрез  аз  олам  гузашт  ва  он  ҷо  ба  хок  супорида  шуд.  Зиёрати оромгоҳи ӯ барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб, муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба ватани хеш мебошад. Барои ин хок, оромгоҳи намодин ба сурати хеле мӯҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврӯзи байналмилали соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гузошта шуд. 

Дар паҳлӯи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт. Имрӯз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи «Беҳтарин Боғи фарҳангӣ» сазовор гардид.

Эҳёи хонаи падарии Камол

Пеши нодоён чӣ ҳоҷат зикри пурдонӣ, Камол,

Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.

 Ба  ҳама  маълум  аст,  ки  солҳо  инҷониб  ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва тадрисгоҳи Хоҷа Камол ҷой дода шуд, ки имрӯз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст. 

«Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», афзун бар таҳияи бештар аз 30 китоби нодир ва тасҳеҳу нашри 20 китоби арзишманди илмиву адабӣ, ки имрӯз дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон истиқболи гарм ёфтааст, дар ин самт китобҳои «Муқаддимаи Камолшиносӣ», «Иксири саодат»   «Армуғони аҳли дил»  ва «Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ»-ро ба нашр расонид.

700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки онро дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти кишварамон ҷашн мегирем, муборакамон бод!!!

 

Мухбори Абдулло

журналист

 

Дарди ту беҳ аз давост, эй дӯст!

Андӯҳи ту ҷонфизост, эй дуст!

Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,

Ҷуз дарду бало нахост, эй дӯст!

Ман он ки зи муфлисӣ надорам —

Чизе ки туро сазост, эй дӯст!

Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,

Гӯям назари сафост, эй дӯст!

Гуфтӣ:— Кушамат, вале раво нест; —

Гар дӯст кушад равост, эй дӯст!

Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,

Овард худош рост, эй дӯст!

Кардам ба қади ту ин ғазал рост,

Бинвис, Камол, рост, эй дӯст!

 

 Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,

Беҳ ки дар савмиа биншинаму обид бошам.

Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,

То ба кай мӯътакифи гӯшаи масҷид бошам?

Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст,

Мани саргашта чаро толиби муршид бошам?

Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он,

Ки аз ин гӯшанишинони муқаллид бошам.

Зӯҳд дар савмиа меварзаму ин риндӣ нест,

Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам.

Ёр агар з-оҳи мани хаста накӯ андешад,

Фориғ аз қасди бадандешии ҳосид бошам,

Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол,

Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам.

***

Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар». Гуфтам: «Ба чашм».

«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,

Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,

Ташнагонро муждае аз мо бибар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони мо,

Боз месозаш чу шамъ аз дида тар». Гуфтам ба чашм»,

Гуфт: «Агар бар остона об хоҳӣ зад зи ашк,

Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳаш ҷудо,

То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо Камол,

Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар». Гуфтам: «Ба чашм».

 

 

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:25

Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад ва дар асрҳои VII -VI қабл аз милод аз ҷониби шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Куруши Кабир бунёнгузорӣ шуда, бори аввал чун Кирополис дар маъхазҳои таърихӣ ёдоварӣ гардидааст.

Дар асри V қабл аз милод Хуҷанд ба ҳайати давлати Суғдиён шомил мешуд. 

Дар қарнҳои VI-IV и пеш аз милод Хуҷанд ба ҳайати императории Ҳахоманишӣ шомил гардида, дар замони Ардашери II-юм ин шаҳри қадимии тоҷикон дар қатори Хоразм, Парфия ва Ориёно ба сотропии 11-уми императории Ҳахоманишӣ дохил мегардид.

Солҳои 329-327 қабл аз милод Хуҷанд аз ҷониби лашкари юнону-мақдунӣ истило шуда, тибқи баъзе маъхазҳо Искандари Мақдуни Хуҷандро ба Искандарияи Эсхата тағйири ном дод ва бо ҳамроҳии Бохтар дар як сотропии нав муттаҳид кард.

Дар қарни аввали милодӣ Хуҷанд ба ҳайати давлати Кушониён шомил гардид.

Дар қарнҳои IV-V Хуҷандро ҳафтолиён тасарруф намуданд.                                          

Дар қарнҳои IV-VIII ҳудуди Суғди имрӯза ба кишварҳои хурди мустақил тақсимбандӣ гардид. Дар ин давра нақши суғдиён дар тиҷорати Шарқ баръало намоён буда, савдогарони суғдӣ тиҷорати абрешимро пурра дар дасти худ нигаҳ медоштанд ва аз Муғулистон то Чину Марв марказҳои савдоии худро доштанд.

 Дар қарни VIII-уми милодӣ Хуҷанд дар қатори дигар шаҳрҳои Суғди бостонӣ аз ҷониби арабҳо истило гардид.

Солҳои 1219-1220 Хуҷанд, ки ба ҳайати давлати Хоразмшоҳ шомил буд, аз ҷониби муғулон истило карда шуд. Ин шаҳри қадимии тоҷикон бо сарварии Темурмалик, мардона бо лашкари Чингизхон ҷангид ва муғулон муддати тӯлонӣ натавонистанд онро фатҳ кунанд.

Соли 1866 шаҳри Хуҷанд аз ҷониби русҳо ишғол ва ба ҳайати императории Русия шомил карда шуд.

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter