ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:59

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:56

Субҳи рӯзи 7.09.2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва Бонкии Тоҷикистон  ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷамъомади тантанавӣ бо риояҳои беҳдошти саломатӣ, бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Истиқлолият дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда буд, хаст ва хоҳад монд.

Ҳамзамон  қайд карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд ва Истиқлолияти давлатиро бо ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Дар идомаи ҷаласа намояндагон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-Ҳикматуллозода Неъматулло, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва Бонкии Тоҷикистон-Назарзода Наргис Ҷурахон, муовини сардори Идораи кормандони Раёсат - Ситора Раҳмонова, Раиси Шӯрои занони Раёсат Раҳимзода Шаҳло ва Раиси Шӯрои ҷавонони Раёсат Фаррухзода Сарбоз иштирокчиёнро табрик намуда аз гулгулшукуфоии Тоҷикистон, таъриху дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба иштирокчиёни ҷамъомад сухан гуфта, садоқат ба халқу миллатро қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Инчунин ба ду нафар кормандони Бонк аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти давлатӣ  медали “ Хизмати шоиста “ ба муовини Директори департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои Бонкии Раёсат - Одиназода Абдуқаҳҳор ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори идораи танзим ва назорати фаъолияти марказҳои  хизматрасонии бонкии Раёсат - Нидозода Додарбек тақдим карда шуд.

Дар фарҷом, аз ҷониби Роҳбарият ба як қатор кормандон барои хизматҳои шоёну пурсамар ва ширкати фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятии Бонк бо Ифтихорнома ва Раҳматнома мукофотонида шуда, ба ғолибони бозии футболи хурд низ мукофот, диплом  ва “ Ҷоми Истиқлол “ супорида шуд.

 

Мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон

Санаи 1.09.2020 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал мулоқоти фосилавии (онлайн) баргузор намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисоди дар ҷаҳон масъалаҳои рушд додани ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳри пешгирӣ намудани таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти Амонатбонкро матраҳ намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот аз ҷониби намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор саволҳо оид ба таъсири манфии COVID-19 ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақша чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти “Корти Миллӣ” дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ, истифодаи Бюрои қарзӣ ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд.   

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. ба саволҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷавобҳои мушаххас дода, иброз намуданд, ки Амонатбонк ҳамеша омодааст, ки бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.

 

Саводнокии молиявии рақамӣ

Ҷиҳати татбиқи Барномаи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳамбастагӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) тренинг-вебинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ» баргузор гардид.

Барномаи «Саводнокии рақамии молиявии аҳолӣ», барои тайёр намудани тренерон равона карда шудааст, ки дар тренинг-вебинари навбати 12 нафар кормандон аз Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолона иштирок намуданд.

Дар вебинари мазкур иштирокчиён, малака ва маҳорати расонидани иттилоот, тарғиби дурусти хизматрасониҳои муосири бонкиро ба калонсолон, суханварӣ ва дигар нозукиҳои треннериро аз худ намуданд. Интернет бонкинг, кортҳо, интиқоли босуръати маблағ, хусусиятҳои ҳамёни электронӣ ва қарз мавзӯҳои асосии вебанари мазкур буданд. Бояд қайд намуд, ки ин вебинар - тренинги дуввумин дар ҳамбастагӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) буда, вебинару тренингҳо дар ин самт идома дорад.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» 

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:48

Танзими миллӣ-5

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард!!!

 (Ҳофизи Шерозӣ)

11.09.2001... Расо 19 сол пеш бо баҳонаи сарнагунии терроризм дар ҷаҳон, «ҷанги дуввуми салибӣ» (аз баромади Буши хурдӣ-президенти вақти Амрико, ки баъдан аз ин густохияш узр пурсид (вале гуфт-ку?!)) дар қораи мусалмоннишини олам шуруъ шуда, даҳҳо миллион зан, тифли навзод, кӯдаки дар батн, пиру барно, ҷавону миёнамур...хуллас мусалмонро кушт... Бен Ладени афсонавӣ, зодаи тахаййули худи НАТО ва муҷрими асливу усулии Террори Манҳеттен шумурда шуду касе ӯро надида, аз сӯи спецнази Амрико "кушта ва ҷасадаш дар уқёнус ғарқ гардид". Аҷиб нест, ки шоҳиди №1 дар бузургтарин террорро Амрико мекушад, ҳатто пурсупос намекунад, суолу ҷавоб намесозад??? Шахсан ман фикр намекунам, бо қатли бепурсупоси Бен Ладен арвоҳи 2977 амрикоии ҳини террор кушташуда ва асабҳои хешу таборашон ором гирифт. Зеро ин куштор суолҳо бештар дорад, ки мавзуъи баҳси дигар аст. 

 Вале бо қатли Бен Ладен-Иблиси аср, ки замоне таҳти сарпарастии НАТО бо СССР дар Афғонистон меҷангид, хунрезӣ тамом нашуд! Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ҳанӯзам ширкатҳои «Бен Ладен» дар Арабистони Саудӣ, ки ӯ зодаи ин кишвар асту Амрико бо ин давлат муносиботи танготанги дипломатӣ дорад, фаоланд. Ҳатто номи ширкатро иваз накардаанд!!! Номеро, ки дар дигар кишварҳо ба забон биорӣ, ҳатман болои сарат чанд бомба меафтад!

Аз ҳар кишвари «террористие», ки НАТО рафт, ҳатман Проектҳои нави мусалмонкушӣ, вале ҳамакнун, дохилиисломӣ ва дахлулмазҳабӣ таваллуд шуданд, ки аз бомбаҳои салибӣ бештар мусалмон мекушанд…

Воқеан ҳам Буши хурдӣ 3-умин католик буд, ки аккурат, 900 сол пас аз аввалӣ, ҷанги салибӣ ба муқобили олами ислом эълон дошт. Аввалинаш Падар ё худ Попи Рум  Урбани II  дар таърихи 26.11.1095, дар куништи шаҳраки Клермон-Ферран, ки баъдан дар таърих номи ин калисо сабт шуд, бар зидди мусалмонони «форсии туркӣ» (ҳамин хел гуфт!) ҷанги салибӣ эълон карда, ҳар нафари дар ин ҷанг мефавтидаро шаҳид хонд ва суханронияш бо шиорпартоиҳои  "This is what God wants!"-«Худо инро мехоҳад!» (дидед, ки вожаи «шаҳид» ва такбири ҷангии «Аллоҳу Акбар!» низ моли кист?), дастгирӣ меёфт. 

«Крестовый поход»-и дуввумӣ (1147-1150), ки онро Попи дигари Рум-Евгений-3 эълон кард, ҷанги шоҳона ном гирифт, зеро Людовики 7 ва Конради 3-шоҳони Фаронсаву Германия худашон дар он ширкат кардаву дар нахустин набард аз салҷуқиён шикасти сахт хӯрданд!

Дар ҷамъ «Крестовый поход»-ҳо, ки дар саргаҳаш мулло Урбани 2 меистод, 208 сол давом кард ва миллионҳо кушта бар ҷо гузошта, ба фиаскои сахт дучор шуд. Вале бо ин ҳама Урбан бомбаву самолёту пушкаву танка надошту ҷанги ритсарҳо бо паҳлавонони шарқӣ ҷавонмардонатар будӣ…

Ҷанги салибии Буш миллионҳо кушта, гуреза, маъюбу маслуқ, беваву ятим бар ҷой гузоштаасту ҳамагӣ 19 сол давом дорад. Тасаввур мекунӣ, хонанда, агар Худо бо пайдоиши «коронавирус» садди ин ҷанг намешуд, дар олам чӣ қадар мусалмон мемурд? Ин дар ҳолест, ки гуфти бародарони рус «Ещё не вечер!» ва ба таъбири Бобои Ғуломи мо «Оқибати кор турб аст!».

Ва ин ҳама қатлу куштор, митингу тазоҳурот, пирӯзиҳои Ивхон ал Муслимин, таваллуди ДИИШ-ИГИЛ паси пардаи "демократия ба Осиё!" рӯпуш аст. Шумо-тарафдорони «деРмократияи хунолуда», ки дар Точикистон низ сафатон кам нест, 1 мисол оред,  ки дар ин 19 соли қатлу куштори даҳҳо миллион нафар, ҷангу ҷадалу муҳоҷирати 100-ҳо млн. мусалмон, валангории даҳҳо давлати пешрафтаву сарватманди арабу афғон, дар кадом кишваре демократия, озодӣ ва ё ҳатто тинҷиву оромӣ истиқрор ёфт??? Натарсед, мисол оред, бо факт гуфтаатонро таъйид кунед ва ман, Сайёфи Мизроб ба сафи шумо мепайвандам! Мо Метавонем!

11.09.2020. Боз афроде шарманда ва Худонторас ёфт шуда, ки имрӯз Тоҷикро зери шиори демократияи проАврупоӣ ба ҷанги нави гражданӣ тела медиҳанд...Ростӣ, ҳарчанд фикр кардам, ҷуз ин сухани С. Ятимов-раиси КДАМ, ки чанд сол пеш дар ҳузури сафирони бархе давлатҳо бар ишон барои пиёдасозии тарҳҳои сиёҳашон, зада буд, ҳарфе наёфтам:

-Ай-яй-яй… как вам не стыдно! (тахминан чунин гуфт).

Вале онҳо-ку суфарои хориҷӣ ва намояндагони давлатҳое мебошанд, ки бо олами ислом ҷанг эълон кардаанд, аммо ба шумо чӣ дард расидааст? Тоҷикед-ку?! 

Ва ин ҳама шайтанатро паси пардаи Исломи азиз ва ноб, ки қатли 1 инсонро ба қатли аҳли башар баробар медонад, пинҳон месозед. Шарматон намеояд аз чунин мусалмоние, ки пуштибонатон католикҳои Аврупо бошанд, фарзандони онҳое, ки 3 бор бар зидди Ислом ҷанги салибӣ эълон кардаанд. 

Воқеан ҳам дар он асрҳои қаблӣ ҳатто 1 мусалмон бо крестонос-салиббарон напайваст. Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ҳатто 1 нафар!!! Вале имрӯз крестовый походҳои муосирро нео-мулло ва нео-демократҳои мусалмон саф-саф тарафгиранд…

Зимнан, байти болое, ки рӯи ин сафҳа ҳаккокӣ шуд, ба ун ватану мазҳабу динфурӯшон дахл надорад. Ба ту дахл дорад, хонандаи ин сутур, оре, маҳз ба туе, ки ҳамин ҳоло ба худ суол додӣ, наход Сайёф маро дар назар дошта бошад? 

-Аз паси инҳо нарав, зеро 2 дунёятро оташ мезанӣ: Ватан ва мазҳаб, дунё ва қиёмататро…

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:43

Муллонарзулло Шарипов, мухлис ва хонандаи гиромии ҳафтаномаи СССР аз н.Мастчоҳ табрикномае фиристод:

    - Салому дуруди худро ба ҳамаи хонандагон  ва аҳли қалами газетаи мардумии “СССР” мерасонам. Сараввал ҳамаи шумо дӯстони азизро бо 12-умин рӯзи солгардии газетаи дустдоштании “СССР” табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки умри ин ҳафтаномаи ҷавону боғайрат боз ҳам афзун гардад. Гарчанде мунтазам набошад ҳам, бисёр вақт шумораҳои газетаро гирифта, мутолиа менамояму ҳаловат мебарам. Сабаби қалам ба даст гирифтани банда ин шумораи идонаи 624-умини рӯзнома аст. Чун ба аксҳои 135-нафар мухбирони газетаи мардумии “СССР” нигаристам, чашмам ба расми ҳамкурсам Худодод Каримов афтод, ки нисбаташ бисёр меҳри беандоза дорам. Аз расми Худодод бениҳоят шод шудаму аз хондани мақолаи ӯ “Қиёмиддин Абдуллозода-дӯсти СССР даргузашт” аз марги писархолаи Худодод воқиф гашта, ниҳоят ғамгин. Зеро тавассути Худодод бо акаи Қиёмиддин дар солҳои донишҷӯӣ аз наздик ошно будам. Ман аз номи ҳамаи ҳамкурсон Худододи азизро бо рӯзи ҷашни мавлудашон-70 солагӣ, ки 20-уми сентябр аст, самимона табрик гуфта, барояш боз ҳам умри бардавомро орзумандам. 

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:41

 Нуриддин Достиев аз номи як гурӯҳ падару модарон аз ш.Кулоб занг зада (тел: 985 02 80 38) гуфт, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ барои талабагон волидайнро нигарон кардааст.

   - Ростӣ, мо 1 гурӯҳ волидайн бо ҳам ҷамъ омада, хостем мушкиламонро ба  вазири маориф ва илми ҶТ, академик Маҳмадисуф Имомзода тариқи ҳафтаномаи дардошно “СССР” расонем. Чаро то ҳол дар мактабҳои миёнаи мо иҷораи китобҳои дарсӣ барои хонандагон пулакӣ аст? То ҷое, ки мо маълумот дорем истифодаи китобҳои дарсӣ бояд ройгон бошад. Бахусус дар саҳифаи аввали китобҳо омадааст, ки 1 китоб барои 4-5 сол мебошад, лекин дар аксарияти китобҳои таълимӣ номи 7-8 нафар навишта шуда, вале боз ҳам ройгон нест. Мо хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Зеро дар Кӯлобҷон, ки ҷои кор нест, пардохти иҷорапулии кутуб барои волидайн дарди сари навбатӣ шудааст.

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:37

Раҷабалӣ Бозоров, мухлиси сарсупурда ва ветерани Равшани Кӯлоб (тел: 989000048) занг зада, гуфт, ҳамин ҳоло, «Равшан»-ҷон дар майдони худаш, барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, бар «Истиқлол»-и бузург набард карда, бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Ин дар ҳолест, ки 2 голи дигари моро ҳисоб накарданду «Истиқлол» пеналтӣ зада натавонист. Бозӣ кам не-ғам не, 132 дақиқа давом кард! «Истиқлол» воқеан ҳам дастаи пурқувваттарини кишвар аст, вале «Равшан» ба гуфти Никола Кавазович-собиқ тренери Истиқлол, «Дар майдони худаш, дар Кӯлоб-арена, ҳатто Барселонаро шикаст медиҳад!». 

Хотиррас мешавем, ки баъди 2 маъракаи чемпионии паиҳамӣ, ФК «Равшан» ба бӯҳрон дучор шуда, ба Лигаи 1 ғалтид. Ҳоло «Равшан» дар ин лига пешсаф аст ва ҳамин бозияш бошад, ҳатман соли 2021 ба Лигаи Олӣ бармегардад. Триумф муборак, «Равшан»-ҷон!!! Сипос ба акои Ғайрат Мирахмедов-мураббии дастаи «Равшан», ки бачаҳоро хуб омода кардааст. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:34

Дуруду салом нисоратон хонандаи азизи СССР! Солҳои зиёдест, ки ман мизоҷи доимии ширкатҳои мобилии "Тселл"-у "Мегафон"-ам. Дар муддати 10-15 сол боре эҳсос накарда будам, ки онҳо ҳаққи мизоҷонро рӯирост медузданд. Барои мисол ман аввали моҳи август ба ширкати мобилии "Тселл" 60 сомонӣ гузаронида, ба интернет пайваст шудам. Ба  ивази ин маблағ ба ман 3000 мб, 150 СМС ва 50 дақиқа бо дигар ширкатҳо доданд. Дар давоми моҳ ман қисмеро сарф намуда, хостам, ки боқимондаро ба моҳи дигар гузаронам. Аммо духтараки дар маркази хизматрасонӣ буда гуфт, ки шумо дер кардед, бояд 1 рӯз пеш  меомадед, акнун бақияи мегабайту СМС-ҳо ва дақиқаҳоятон сӯхт. Қоида ҳамин будааст. Аҷоиб!!! 

Агар ширкат ҳар охири моҳ аз ман барин "танбалҳо"-и интернетӣ 298 МВ, 297 СМС ва 18 дақиқаи истифода нашударо аз худ кунад, фарзи мисол аз 10 000 соҳиби интернет чӣ кадар маблағ мешуда бошад? Ин дарди бахайр. Ширкат вақти бо дигар ширкатҳо дар тамос шудан аз ҳар дақиқа сонияҳоро аз худ мекунад. Масалан, агар шумо бо дигар ширкати мобилӣ ба алоқа бароеду 1 дақиқаю 1 сония гап занед , “Тселл” онро 2 дақиқа ҳисоб мекунаду 59 сонияи боқимондаро аз худ мекунад, ки ин мардумфиребии рӯирост аст. Сонияҳо дақиқа, дақиқаҳо соат, соатҳо шабонарӯз, шабонарӯзҳо моҳҳо, моҳҳо солҳо... Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  бояд ба ин ҳолати коррупсионӣ хотима диҳад.

Ҳикматуллоҳи Бурихон, н. Ёвон, тел: 934405088

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 08:26

Салом! Қаблан дар газетаи «СССР» пешниҳод карда будам, ки агар номзадии Президентамонро ба мансаби президентӣ пешниҳод кунанд, ягон хел интихобот гузаронида нашавад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаллу фасл намоянд. 

Дар боби I, Моддаи 6, банди 6-и Конститутсия омадааст: «Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан  доранд».

Пас, бигзор  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор бароварда, боз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Президент интихоб кунад. Миллионҳо сомонии барои интихобот сарфмешударо бошад барои ободии кишварамон сарф кунем.

Ғайр аз ин, наход шахсе ёфт шавад, ки эҳтироми Пешвои миллатро накарда, номзадиашро ба мансаби президентӣ гузорад? Ҳоло ҳам сари вақт аст, масъулин ба гуфтаҳои ман сарфаҳм рафта, амал кунанд, манфиати бисёр ба даст меорем.

Мо метавонем!

Ҳаким Ғуломов, 

н.Дӯстӣ

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter