ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 10:34

Тахмина Мирзоева, сокини н.Рӯдакӣ меҳмони СССР шуда, аз вазъи бозорчаи «Яккачинор» шикоят кард.

   - Бо ҳамкурсам ба бозори «Яккачинор» рафтем. Бозор хело серодам буду ҳавои  дохили бозор ҳам гарм. Сару либоси савдогарон ба талаботи имруза ҷавобгӯ набуда, нархи маҳсулоти хӯрока, сабзавот, меваҷот нисбати бозорҳои дигар хеле гарон ба чашм мерасид. Руйи ҳама намуди маҳсулоти хӯрока ва сабзавот кушода,  мардум парвои тозагиву паҳншавии бемории сироятиро надоштанд. 

Чаро бозорҳои пойтахт, алалхусус вазъи санитариву эпидемиологии он, тарзи фурӯши маҳсулоти хӯрока ҷиддӣ назорат намешавад? Оё ниҳоде барои риоя накардани талаботҳои санитарӣ фурӯшандаеро ҷарима кардааст? Аз рӯи хунукназарии тоҷирону фурӯшандагон ба куҷо бояд шикоят кард?

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 10:27

 

Онҳое, ки бо баҳонаи "канда нашудан аз осори гаронмояи гузаштагон" моро метарсонанд, ба хубӣ медонанд, ки мардум аз он "осор" ҳич баҳраи неке набурда аст. Ва агар ба хатти арабӣ гузарем ҳам, баҳра нахоҳанд гирифт. Инро ба хубӣ медонанд. Ман каму беш бузургонро мехонам. Ба ростӣ чӣ бояд бигирӣ, аз ончи ба дардат намехурад? Ҳамаи "осори" гузаштагони пурифтихори моро мешавад бо 2 вожа гирду ғун кард: 

-ё тафсири Қуръонро бо шеър навистаанд;

- ё афсонаи 2 бадгашти биёбонӣ, монанди Лайлию Маҷнунро. 

Ончи аз донишварию дардхурди зиндагии мардум бошад, ҳамагӣ ба забони арабӣ навистаанд, ки ҳаргиз бо донистани хатт, навиштор, намешавад онҳоро омӯхт. 

Қуръон ва Маснавӣ

Қуръони Пок ва тафсирашро бе ёрии "Маснавии маънавӣ" ҳам мешавад омӯхт. Аз ҳамаи навиштаҳои Иқбол "Чоркитоб" ва "Маслак"- и Сӯфии турк болотаранд, ки Шариъатро фаҳмотар бозгӯ кардаанд. Чӣ метавонам аз ҳамаи осори бузургони барҷастаамон бигирам, ки беҳтар аз худи Қуръон бошад ё Тафсир ё Ақида? 

Афсонаи 2 бадгашти биёбониро, бузургони мо, чунон нигоштаанд, ки дар 1000 сол адабиёти рус ин шумора осори навишторӣ надорад. Гирд оваред "Лайлию Маҷнун"-ҳои навиштаи тоҷиконрою бо ҳамаи адабиёти рус баробар монед, мӯйи саратон рост мешавад. 

Кӣ Шоҳномаро хондааст?

"Шоҳнома" мегӯед? Савганд ба Худо, ки дар ҳамаи Тоҷикистон 1000 кас нест, ки "Шоҳнома"- ро хонда бошад! Ва ба кадом навишторе набошад, намехонад! Гумонатон то ба навиштори русӣ гузаштан 1001 кас хонда буд? 

Пури Синою Абӯбакри Розӣ, ки ба порсӣ нанавистаанд, ончи аз эшон бояд биомӯзем. Забони навиштори арзишманди онҳо арабӣ буд-ку?

Бигирем ба навиштори порсӣ (ки чунин навиштор ҳаргиз нест, хатти арабӣ ном дорад ин навиштор) бигзарем, чӣ бурд хоҳем кард? Омӯзгорони мо то "кутанҷенс" гӯйии котангенсро меомӯзанд, ки ками кам 100 сол мебозем. 

Донишварию парвариши мо (ҳо, ҳо, дорем чунин чизҳо ҳам!) ба ҳамин навиштору забоне, ки имрӯз ҳаст, омӯхта шудааст ва нумӯ мекунад. Аз оне, ки шумо бештар аз ҷамоли ҷаҳоноройи Лайло чизеро дидан намехоҳед, Тоҷик физикаи ҳастайӣ (ядройӣ), физикаи фаросардӣ, генетика, астрофизика, химияю биохимияю биофизикаю информатикаю ... гуфтагӣ донишҳою донишварону донишҷӯён дорад, ки бо дигар кардани навиштор ҳамагӣ лайлипараст мешаванд, дигар ҳич. 

Руки проч!!!

Барои омӯхтани зиндагиномаи Маҷнун бояд аз ин донишҳое, ки дорем, даст кашем?

Зиндагии тоҷик, бо забону навишторе, ки имрӯз дорад, пеш рафта истодааст. Дастрасӣ ба ҳар технологияи нав дорад, тоҷик. Забони куриёйӣ (Кореяи ҷанубӣ) аз забони 30 сол пешаш дигар аст, ҳич боке не. Ба тундӣ дигар кардани навиштору забону дину фарҳанг, мардумонро ба нестӣ мекашад. 1000 сол пеш навиштори арабӣ барои мо бегона буд, имрӯз аз худ медонем. Навиштори русӣ 100 сол пеш бегона буд, инаш ҳам худӣ мешавад. Ҳич боке не.

Мо Метавонем!

 

Сафват Бурҳонов

Одесса, барои СССР

 

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 10:07

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:35

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:28

9 сентябри соли 1991 дар Душанбе, иҷлосияи ғайринавбатии вакилони мардумии ШО доир қардид. Ин иҷлосия қароре қабул кард, ки барои Тоҷикистон таърихӣ ба шумор мерафт. Қарор "Бобати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошт ва дар рафти иҷлосия, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандони ШО Нурулло Ҳувайдуллоев фишурдаи онро ба вакилон қироат кард. Дар қонун аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад". 

Октябри пурҳаводис

Соли 1924 дар Осиёи Миёна се ҷумҳурии шӯравӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон таъсис дода шуданд. Тоҷикистон дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон шомил мегашт. Аммо баъди дахолати инқилобиёни тоҷик, монанди Нусратуллои Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва ғ. Маскав ба тоҷикон иҷоза дод  дар қисмати шарқии Бухоро, Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. Ҳамин тариқ 14 октябри соли 1924 сессияи дуввуми КМИ СССР қарори пешинаашро лағв кард ва дар Осиёи Миёна РСС Туркманистон, РСС Ӯзбекистон ва Республикаи Автономии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дод. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайати Тоҷикистони автономӣ, вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротеғин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ),  Кӯлоб, Қурғон-Теппа, Панҷакент, Ӯро-Теппа ва Сари-Осиё дохил гаштанд.                                                   Моҳи январи соли 1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуд ва он низ ба мухторияти тоҷик шомил гардид. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нусратулло Махсум раиси ин Кумита интихоб гардид. Ба Кумитаи Инқилобии Тоҷикистони автономӣ инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Шириншо Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон ва дигарон шомил гардиданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб карда шуд ва инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ гардиданд                                                                                                                                             

Соли 1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир гардид. Дар ин интихобот ҳайати КМИ нав интихоб карда шуда, ба КМИ супориш дода шуд, то Анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР, Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Моҳи декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Нусратулло Махсум раиси КМИ ва Абдулқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб гардиданд.   

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:25

3.09.1914. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии аввал, киштии зериобии олмонии U-21, бо истифода аз торпеда, крейсири сабуки англисӣ "Радёб"-ро зада, ғарқ кард.              Ин ҳодиса баёнгари он шуд, ки бори аввал дар таърихи ҷангҳои муосир, киштии зериобӣ киштии ҳарбии рӯиобиро ғарқ кард. 

3.09.1918. Кӯҳнавари шӯравӣ Евгений Абалаков ба баландтарин нуқтаи кӯҳии СССР баромад. Қуллаи баландтарини СССР-дар оғоз қуллаи Сталин номгузорӣ гардид ва баъдан ба "Коммунизм" тағйири ном кард. Ин қулла 7495 метр баландӣ дошта, дар қатторкӯҳҳои Помиру-Олой дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷойгир гардидааст. Қуллаи мазкур баъди ба Истиқлолият расидани кишвар боз тағйири ном карда, акнун қуллаи Исмоили Сомонӣ ном дорад.

3.09.1939. Баъди ҳуҷуми Олмон ба Полша, кишварҳои ҳампаймони ахирӣ, Англия, Фаронса, Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи Нав ба Олмон ҷанг эълон намуданд.

3.09.1945. Рӯзи ғалабаи СССР бар Японияи милитаристӣ. Ин рӯз дар собиқ Иттиҳод солҳои тӯлонӣ чун ҷашни давлатӣ истиқбол меёфт ва баъдан аз ҷашни он даст кашиданд.

3.09.1953. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, Никита Хрушёв ба вазифаи котиби аввали КМ ҲКИШ интихоб гардид.

3.09.1971. СССР, Англия, ИМА ва Фаронса қарордоди чаҳоргонаро ба имзо расониданд, ки вазъи (статуси) Берлини Ғарбиро муайян мекард. Дар ин қарордод қайд гардид буд, ки Берлини Ғарбӣ ҷузъи Олмони Федеративӣ (ФРГ) маҳсуб намеёбад. 

4.09.1937. Дар Лозаннаи Шветсария, ҷосусони НКВД яке аз роҳбарони Коминтерн И. Рейсро ба қатл расониданд. Рейс дар Коминтерн нақши боризеро ифо мекард ва чанде қабл ба тарафи Тротский гузашта буд. 

4.09.1945. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Кумитаи Давлатии Мудофиа ба фаъолияти худ хотима дод. Ин Кумита дар ҳолати ҷангӣ фаъолият мекард ва СССР дигар дар ҳолати ҷанг набуд.

5.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ РСФСР Эъломияи оғози террори сурхро содир намуд.

5.09.1929. КМ ВКП(б) Қарор "Бобати чорабиниҳо барои танзими идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани идоракунии воҳид дар он"-ро ба тасвиб расонид.

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:22

Прокуратураи н.Шаҳритуз мақолаи ба номи «Шаҳритуз: Бозорро ки сӯзонд?», ки дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти №20 (609) аз 28.05.2020 сол ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақола сухан дар бораи ҳодисаи сӯхтори бозори марказии н.Шаҳритуз, ки санаи 24.05.2020 сол, тахминан соати 17:05 дақиқа рух додааст, қайд карда шудааст.  

Бояд қайд намуд, ки оиди ҳодисаи сӯхтори зикршуда аз ҷониби мақомоти тафтишот ва таҳқиқ саривақт маводҳои зарурӣ омода гардида, дар асоси хулосаи Комиссияи махсус ва Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян гардид, ки дар натиҷа бинобар таъмин нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ дар бозори номбурда аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва симчубҳои дохилии он сӯхтор ба амал омада, бинобар таъмин нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ аз ҷониби маъмурияти бозор оташ дар муддати кӯтоҳ ҳудуди 1.49 гектар замини бозорро фаро гирифта, дар натиҷа 498 адад нуқтаҳои савдо, 97 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ, 35 адад нуқтаҳои иҷоравӣ ва ғайра дар маҷмӯъ  651 ҷойи савдои субъектони фаъолияти соҳибкорӣ сӯхта несту нобуд гардидаанд.

Тибқи хулосаи Комиссияи МИҲД н.Шаҳритуз таҳти №06 аз 26.05.2020 сол маблағи зарари дар натиҷаи сӯхтор ба субъектони соҳибкорӣ ва Раёсати ҷамъияти матлуботи н.Шаҳритуз расидашуда, дар маҷмӯъ маблағи 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ мебошад.

Аз натиҷаи санҷиш, бо дастрасии моддаи 22-и Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», дар асоси хулосаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз 28.05.2020 нисбати Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи н.Шаҳритуз Каримов Н.К., ки дар як вақт роҳбарии бозори марказиро бар ӯҳда дошт, бо аломатҳои моддаи 192 қисми 2 ва моддаи 295 қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ ва нисбати барқчии ҳамин бозор  Давлатов М.А. бо аломатҳои моддаи 192 қисми 2-и ҚҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур аз рӯи тобеият ба зиммаи муфаттишони ГТ Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Шаҳритуз вогузор гардида, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст, ки пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ зери назорат қарор дорад.

Мақолаи зикршуда тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ аз рӯи тобеият барои ҳамроҳ намудан ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ва тафтиши ваҷҳҳои он ба муфаттишони ГТ Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Шаҳритуз ирсол карда шудааст.

Бо эҳтиром Р. Азиззода, и.в. Прокурори н. Шаҳритуз, мушовири адлияи дараҷаи 2                

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:20

Алишер Қосимов, яке аз хонанда ва мухлиси газета, инчунин иштирокчии сохти конститутсионӣ аз н.Бобоҷон Ғафуров занг зада (тел: 92 770 57 50) гуфт, ки чаро кушодашавии масҷиди калотарин дар Осиёи Миёна ин қадар тӯл кашид.

   - То ҷое, ки маълумот дорем сохтмони масҷиди нав дар ш.Душанбе кайҳост, ки ба анҷом расидааст, ҳатто пеш аз давраи пайдоиши коронавирус. Коронавирус баҳона шудаасту кушодашавии масҷидро ба таъхир мегузоранд, лекин ҳар рӯз дигар иншоотҳои навро бо тантана мавриди истифода қарор медиҳанд, ку! Чанд маротиба имомхатибон ба мардум эълон карда буданд, ки фалон рӯз рӯзи кушодашавии масҷид аст, аммо то ҳол маълум нест...

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter