ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:18

Фазлиддин Розиқов, яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз н.Темурмалик занг зада (тел: 988 10 10 34) гуфт, ки дар н.Данғара 1 сомон қадр дораду донишҷӯ не.

   - Дар н.Данғара рӯз аз рӯз зиндагӣ барои донишҷӯён вазнин шуда истодааст. Ҳар сол нархи хонаҳои иҷора баланд мешавад ва имсол бошад ба маротиб гарон шуд. Мисол дар 1 хонаи ду ҳуҷрага аз 1500 сомонӣ иҷорапулӣ мегиранд ва дар бозор бошад пирожкии 1 сомона то ба 2,50 сомонӣ қиммат шудааст. Намедонам, ки чаро барои донишҷӯён чунин шароит ҳукмфармоӣ дорад. Ҳатто дар якчанд ҷойҳо шунидам, ки нисбати донишҷӯёни н.Данғара чунин шиоре баровардаанд. “Дар Данғара 1 сомон қадр дораду донишҷӯ не”. Ногуфта намонад агар ба н.Данғара мақоми шаҳрро диҳанд пасон чӣ мешуда бошад? Дар ҳоле, ки худи ҳозир нарху навои бозор ва иҷораи хонаҳо аллакай аз ш.Душанбе дида гаронтар шудааст.

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:11

 Салом СССР-и дардошно! Чанде пеш дар ҳафтаномаи дӯстдоштаи мардуми СССР мақолаи акаи Сафаралӣ Бегмоновро аз ноҳияи Ёвон бо номи “Сардухтури нохия кай иваз мешавад?"-ро хондам. Муаллиф қайд мекунад, ки дар давоми солҳои Истоқлолият чандин вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иваз шуда бошад ҳам, сардухтури ноҳияи Ёвон иваз нашудааст. Зимнан илова намудааст, ки  табибон ғайриқонунӣ аз беморон пул меситонанд. Дар ҳақиқат камбудиҳои баёнкардаи муаллиф дар бисёри беморхонаҳо ҷой доранд. 

Чунин аҳвол дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҳам дида мешавад. Ашхосе беш аз даҳсолаҳо вазифаҳои сардухтуру мудири шуъбаҳоро дар даст доранду ҳеҷ аз он ҷудо шуданӣ нестанд. Ҳангоми ҷарроҳиҳо духтурони ҷарроҳ бо воситаи миёнаравҳои худ ба бемор ба ғайр аз маблағҳои беморхонаву доруҳо ставкаи худро мегӯянд. Ман ки бо ҳукми тақдир 5 маротиба аз сутунмуҳра ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҷарроҳӣ шудам (ҳатто бо “қаҳрамонии” яке аз шогирдони Синои бузург, пойҳоям аз кор монданду маҷруҳи гурӯҳи 1 гаштам, борҳо бевосита шоҳиди гуфтаҳои боло гардидаам. Равоншиносон муайян кардаанд, ки инсон дар як ҷой дуру дароз кор кунад, қобилияту фаъолияташ заиф мегардад. Аз ин лиҳози бисёр хуб мешуд, ки вазири нав дар соҳаи тандурустӣ ротатсияи 5 соларо ҷорӣ намуда, бо гузашти ин муддат ҷавонони лаёқатнокро ба вазифаҳо таъин мекард. Ба қавли бузургон навро тароватест дигар. 

Ҷумъабой Яҳёев, н.Деваштич, тел: 928887506

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 09:09

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон аз ҳисоби  гиёҳҳои шифобахш хеле бой аст. Вале аз ин гиёҳҳои шифобахш мо худамон истифода бурда метавонем ё не? Кӣ гуфта метавонад, ки фалон гиёҳ 1001 ба фалон беморӣ фоида расонида метавонад? Моҳҳои охир бисёр мебинем, ки ба воситаи телевизион олимону донишмандон ва гиёҳшиносон дар бораи фоидаи гиёҳҳои шифобахш маслиҳат медиҳанд. Баъзе докторҳои гиёҳшинос номи 1 гиёҳи шифобахшро гирифта ба 10-ҳо намуди беморӣ шифо мебахшад, гуфта пешбарӣ менамоянд. Масалан, тахач, барги зуф ё пупаки ҷуворимаккаро барои бемории рӯдаву куррӯда, гурдаю ҷигар, талхаву рӯдаи 12 ангушта, бемории қанду сил фоида дорад гуфта, маслиҳат медиҳанд. Ҳоло ман нисфи гуфтаҳои онҳоро номбар кардам. Ростӣ ман намефаҳмам барои чӣ онҳо дурӯғ мегӯянд? Ман донишманд нестам, вале 100 % гуфта метавонам, ки ҳамин гиёҳҳои шифобахши гуфтаи онҳо агар ба 2 узви инсон фоида расонад ба 4,5 узви дигар зарар дорад. 

Ин докторҳои муҳтарами мо аз куҷо медонанд, ки фалон гиёҳ ба фалон беморӣ шифо бахшида метавонад? Дар кадом лаборатория таҷриба гузарониданд? Ё шояд дар ягон гову гӯсола, хару бузу буғзола санҷиш гузаронидаанд!

Бовар кунед, дигар фарқ карда намешавад, кӣ духтур асту кӣ табиби халқиву кӣ фолбину ҷодугар. Баъзе табибон мегӯянд, ки ба муллову эшон бовар накунед, вале худашон дар беморхона аз муллое, ки худаш бемор аст оби қайтармаву тумору таштоб мегиранд. Агар қайтарма фоида мекард ба худашон фоида мекард? «Кал табиб мешуд, сари худашро табибӣ мекард». Пас ба кӣ бовар кунем? Ба муллову эшон, ба фолбину ҷодугар, ба табиби халқӣ ё ба духтури давлатӣ?

Ғуломалӣ Асоев,  

узви ҳафтанома, н.Файзобод

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 08:52

Танзими миллӣ-4

Диле дорам ба куфр ошно, ки чандин бор

Ба Каъба бурдаву бараҳманаш боз овардам!

Маро 1 умр ворастагии мардумони марди аждодам ба ваҷд меовард. Зеро бо ин тундиву бемағзиву бефарҳангие, ки мо дар асри 21 дорем, онҳо чигуна фарҳехта буданд, ки таассубро санг мезаданду ҷадди дигари мо ин ҳама шедеврро нарезондаву начаконида то даврони мо меовард!!! Зиҳӣ, бар чунин миллату чунин падидаҳош. Вагарна, савганд ба номи Худо, аз сарафгандатарин мардумони олам мо будеме…

Ҳоло ана ҳамин фанатикҳои адамулхирад ва донишбакаратдур изи пой, ҷои зуҳур ёфтаанд ва ному насаб. Номашон Умар асту Алӣ, Форуқ асту Ҳаниф, Усмон асту Ҳайдар ва Утқиру Қулмаҳмаду Қусуру Фусур. Ахириҳо-ку 1 навъ, вале авввалиҳо паси асмоъи шариф ва бузурги ислом паноҳ бурдаву кореро мекунанд, ки қавми яҳуд дар 1400 сол ва насоро дар 800-соли ҷанги салибӣ дар ҳаққи ислом ва миллати Тоҷик накардаанд. Муҳимтар аз ин ҳама, чанд нафараки фейкпараст, ки то ҷое ман медонам, дар умрашон масҷид нарафтаанд ва гарав мебандам, бархе ҳатто аркони исломро низ намедонанду калимаи шаҳодат гардонида наметавонанду намедонанд формулаи эмон чист… инҳоро дар саҳафоти иҷтимоии хеш ғунд оваридаву олиму донову донишманд хонда, ҷилвагоҳ медиҳанд ва зери сафсаттаҳошон лайк мегузоранд. Ва ин ҳама медонед барои чӣ? Оре, барои 4 сенти ҳаром. Зеро чӣ қадаре хонанда, бинандаат зиёд шуд, акаи Суккербергат ба ту пул ҷудо мекунад ва ту дигар шахсият нестӣ, ки мепиндорӣ, ту пиёданизом-пешкаи тахтаи шоҳмоти яҳудиёнӣ.

Ин қавми фейк ба ҳадде бехираданд, ки хунрезиҳое, ки ҳамагӣ 5-6 сол пеш дар қораи араб «дастовардҳои нанотехноложӣ» кард, фаромӯш кардаанд. Нобути онҳо-гуфти бобои Ғулом- Имрӯз ба масале гулҳои сари сабади интеллигенсия, ҳу, ҳамонҳое, ки дар боло гуфтам, калимаи шаҳодатро аз вожаи шаҳодатнома фарқ намегузоранд, ба осиёби таассуб ва камдонишии ҷавонон об рехтаву ишонро даъват ба инқилоб, сарпечӣ аз итоат, инқилоб ва ҷанги гражданӣ мекунанд. Бархе, ки гӯиё, пешрафтатараканд, такя бар манобеи Минск доранд, ки бинед, тазоҳуроти бидуни хунрезӣ ҳам мешудааст.

Аввал ин ки ҳоло ҳама чиз дар Минск норӯшан ва дар пеш аст ва сониян Белорусия дар қораи Аврупост, на Осиё. Мо-ку медонем дар Аврупо давлати исломӣ нест ва нахоҳад буд. Аммо муттакои инқилоби шумо, ҷангҳои шаҳрвандии шумо, фанатизм ва таассуб асту бас. Ва ҳар нафаре фикр дорад, дар қораи Осиё инқилобе, хунрезие, ҷанги мулкие ба демократия меоварад, марҳамат далел пеш орад. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Фанатизми фейсбукӣ имрӯз сахт сӯи забон майл дорад. Гӯиё бо иваз кардани хатти сирилик ба арабӣ мо ба авҷи осмони дониш мерасида бошем. Чанд бетутуруқе, ки дар ину он донишкадаву донишгоҳҳо фаолият доранд, танҳо барои муҳиммияти худ мехоҳанд мо ба хатти арабӣ баргардем. «Зеро-мегӯянд инҳо-ба асолатамон бармегардем!»… Хандаовар нест оё ин иддао? Ман аз ҳамин горе-олимони неудачник пурсиданиям, ки фарзандони худашон хатти ниёкони арабиасосро медонанд? Албатта не! Зеро фарзандони онҳо бештар аз дигарон дарк кардаанд, ки донистани ин хатт ягон умеди пешравие дар худ надорад. Рӯиҳамрафта, баргардиш ба ин хатт на танҳо насли наврасу ҷавони бе ин ҳам дурдонишро бесавод мекунад, ки ҳатто олимон, давлатмардон ва тамомии мутахассисини Тоҷикистонро куллан бе савод хоҳад сохт. Зимнан барои 4 гейи аврупоӣ, ки дар расонаҳои форсӣ нон мехӯранду 10 муллои охундӣ ва 20 олими шикамчарони сафоратхонаҳои ҳамсоякишвар, мо набояд ба ин саҳв роҳ диҳем, ки таърих моро намебахшад!

 Муҳимтар аз ин ҳама, кӯдакони аксарияти чунин олимонро шахсан ман мешносам, ки англисиву русӣ ва ё хитоӣ меомӯзанд ва дар 90% ҳолатҳо маҳз ана ҳамин горе-патриотҳо фарзандонашонро ба хориҷа гусел мекунанд. Зиндагӣ зӯр омад мегӯед? О, патриот, ки бошед, дилатон ба миллататон сӯзад, бо ҳамин миллат, ҳамин давлат, ҳамин забон созед, сӯзед, заҳмат кашед. Слабо?

Сафват Бурҳонови одессиявӣ дуруст мегӯяд, ки 1000 сол тоҷик бо хатти арабиасос достони 2 араби бадавӣ-Лайлӣ ва Маҷнунро дар 1001 вариант навишт. Фирдавсӣ, ки аз араб қимоб буд, васфи Зулайхову Юсуф кард. Ва барои омӯхтани қиссаи Лайлии сиёҳпӯстак (лайлӣ-яъне шаб, сип-сиёҳ) ва Маҷнун (яъне девона) мо бояд дастовардҳои 100-соли ахири Тоҷиконро, ки ахиран, бидуни шеъру наср, таъриху мадҳияву достонсароӣ, воқеан ҳам дар соҳоти физика, химия, математика, география, кайҳоншиносӣ, бостоншиносӣ, нанотехнология асарҳои арзишманде навиштаанд, барҳам занем? Ку мантиқ?

Дар 1000 сол 1 шоире намеёбем, ки дар пояи дилхоҳ клоссик маъние гӯяд. Кӣ метавонад, фарзи мисол, ин маъниро сарояд:

Чашми тамаъ мадӯзед, бар кисаи хасисон,

Бовар наметавон дошт саг нон диҳад гадоро!

А, тавонад ҳам бо ҳамин сирилик мегӯяд ва шояд беҳтар. Зеро тамомии осори гузаштагонамон бо алифбои тоҷикии муосир тарҷума шудаанд. Хонед, агар умуман китоб мехонед. Ба ҳузур, бе асабоният ҳама вожаҳоро мефаҳмеду дуруст талаффуз мекунед. Воқеан Қуръонро ҳам агар бо сирилик хонед, мебинед, ки ба фарқ аз арабӣ, бехатотар хоҳед хонд. Тавба накунед. Ин ҷо ягон ҳарфи куфр нест. Просто, матлаб барои афроди соҳибмағз ироа шуд, на фейку фейсу «фаолони сайтҳои иҷтимоӣ» ва лайкхоҳон.

 Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 03 Сентябр 2020 12:26

   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи   ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои ш.Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд,  4 913 300  сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

   Тибқи дастури раиси ш.Душанбе тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби МИҲД-ҳои пойтахт бояд то 8.09.2020 ба роҳ монда шавад.   

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:50

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои нави филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ дар бонки мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуданд ва дастур доданд, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

Таъкид гардид, ки дар таҳхонаи иншооти замонавии бонкӣ толори бойгонӣ ва утоқи техникӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, махзан, хазина ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, утоқи кории мудир, кормандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар маҷмуъ бинои муосири филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз 10 утоқи кории бо мизу курсии нав ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароити зарурӣ барои пешбурди кору хизматрасонӣ барои кормандон ва мизоҷон фароҳам гардидааст.

Фармоишгари бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, масоҳати умумии иншоот 419 мерти мураббаъро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан барои анҷом додани амалиёти бонкӣ сокинони ноҳияи Рӯшон то андозае дучори мушкилӣ мешуданд. Инак, бо ифтитоҳи бинои нави филиали бонки мазкур мушкилоти мавҷуда ба пуррагӣ бартараф карда шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо 9 филиал ва 40 адад маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 231 нафар корманд, ки аксари онҳо бонувони ботаҷрибаю кордон дар соҳаи бонкдорӣ мебошанд, ба сокинон ва меҳмонону сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро ба роҳ мондаанд.

Ба фаъолият оғоз бахшидани бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон боз як қадами устувор дар рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, зеро дар ин бино намудҳои зиёди хизматрасонӣ аз ҷумла, қабули амонатҳо, пешниҳоди қарзҳои муфид бо фоизҳои дастрас, интиқоли маблағҳо, хизматрасонӣ бо системаи онлайн, кортҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қабули маблағҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон бо шаш маркази хизматрасонии бонкӣ ба 3 ҳазору 565 нафар нафақахӯр, 820 нафар пасандозгузор, 470 нафар қарзгиранда, 4 ҳазору 105 нафар дорандаи корти миллӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.

Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон 27 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 22 нафар ё 80 дарсади онҳо занону бонувони ихтисосманд мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар шахсони масъул бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Таъкид гардид, кормандони бонк дар навбати аввал бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд ва дар фурсати кутоҳ хизматрасониҳои бонкиро бо сифати баланд анҷом диҳанд, то эътимоди мардум ба низоми бонкӣ боз ҳам бештар гардад, зеро Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ, дар низоми бонкии кишвар мақоми хоса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии худро тавассути ин бонки бонуфуз амалӣ менамояд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои наву муосири филиали «Амонатбонк» дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шуд.

Дар ошёнаи якуми Филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси мамлакат- 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон  туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии  молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири  соҳавӣ  анҷом дода мешаванд.

Зимни  боздид Роҳбари давлат аз шароити фароҳамшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон,  маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори  хурд ва ду бойгонӣ иборат аст. Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 Маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла хазина шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии кормандони ин бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандони бонкро дар бар мегирад. Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон гардидаанд.

 

 

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:44

 

Андар баёни сатр

Ҳар кӣ бовар дорад, ки бо зани ҳиҷобдор касе ҷуръати нигоҳ кардан надорад, номаъқул кардааст. Агар сатр ин мушкилро ҳал карда метавонист, арабҳо рӯи занони худро пурра маҳкам намекарданд. Ҳарчанд онҳо намедонанд, ки чодирпӯш кардани зан 1 мушкили дигар дорад. Ин ҳол ба зан имкон медиҳад, ки ба рӯи марди дилхоҳаш бехиҷолат нигоҳ кунад!!!

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки сатр бояд чӣ гуна бошад? Сатре, ки имрӯз духтарону занони Тоҷик ба сар мекунанд, дар асри 7 набуд. Дар биёбонҳои нимҷазираи Арабистон имрӯз ҳам бо вуҷуди пешрафти техника пахта намерӯяд, ки санъати матоъсозӣ рушд кунад. Ин ҳама ҳиҷобу сатр дар 50 соли гузашта не, балки 5-10 сол пеш дар Туркия ихтироъ шуданд. Чун рӯҳониён дар афкори ҷомеа нисбат ба занони сатрдор нигоҳи гармро шакл дода тавонистанд, таваҷҷуҳ ба ин навъи пӯшиш зиёд шуд. Имрӯз ҳатто духтарон бо бастани сатр аз мардум бонус (хол) гирифта, зуд шавҳар меёбанд. Ба ҷуз ин фанатҳои динӣ то ҳол духтарону занони беҳиҷобро ошкору ниҳон бешарм ва мардони хонаводаи онҳоро беномус ва дур аз роҳи шариати исломӣ меҳисобанд. Гӯё зани бесатр ахлоқи хуб надорад. Иддаое, ки бебунёд аст. Масалан 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ зани тоҷик сатр надошт, чӣ магар ӯ ҷалаб, сабукпо ва фоҳиша буд? На, баръакс шарме, ки як духтари 16 солаи он замон дошт, баъзе аз занҳои шавҳардори сатр ба сари имрӯза надоранд. 

Мардонро бояд тарбият кард

  Воқаен ҳам гоҳо дар кӯчаву бозор нигоҳи шаҳватолуд андохтани мард ба рӯи зан ҷой дорад вале ҷомеаҳои мусулонӣ мушкилоти ахлоқи мардонро ба ивази озодии занҳо ҷуброн мекунанд. Яъне, ба ҷои он, ки душманро бикушанд, баръакс сояи онро тирборон мекунанд. Ҳатто фанат-мардон бешармона иддао доранд, ки набояд зан ҳузури ҷамъиятӣ дошта бошад, ки мо худро идора карда наметавонем. Ҳуй, касе нафсашро лаҷом зада наметавонад, рафта дар ҷангал зиндагӣ кунад. Модоме, ки бо ҷамъияти инсонӣ ҳамроҳ зиндагӣ дорӣ, нафсу нигоҳатро ҷамъугир кун. Зеро рафтан ба бозор, зери офтоб будан ва аз ҳавои тоза нафас гирифтан, талаботи биологию маънавӣ, орзу ва ниёзи ҳар зан ҳам ҳаст. Оё месазад ӯ аз ин ҳама ба он хотир даст бикашад ва кунҷи хона бимонад, ки дар берун мардони ҳарис рафтуо доранд?     

Сатри сиёсӣ ва ҷангӣ

  Ҳарчанд сатр мақсади ҳаводорашро амалӣ намекунад, аммо дар ҷомеаи мо руҳониён ба он муваффақ шуданд, ки аз он муқаддасот сохта, 1 баҳона барои ҷанг ва бадбинӣ омода кунанд. Имрӯз қанд бизану гӯ, ки сатр моли бегона аст, 5 дақиқа баъд доду фиғони юбкапӯшон (аҷоиб-а?) аз Аврупо баланд мешавад ва мегӯянд, давлат ба либоси зани 1 мард чӣ кор дорад? Агар вазъ ҳамин гуна давом ёбад, фардо ҳар мард занашро фаранҷипӯш карда, даъво мекунад, ки ба рӯи зани ман кордор нашав ва пасфардо дигар хоҳад гуфт, ин зан ба ман тааллуқ дорад, ба ту ва давлат чӣ фарқ аст, ки ӯро дар бозор мефурӯшам ё дар кӯча? Фарзи мисол садҳо марди Тоҷик (садқаи ин ном шаванд) ҳамсарони нозанини худро ба Ироқу Сурия бурда, зери пои арабҳои сиёҳ партофтанд ва ин манқуртон занони худро беномусона ба ҷиҳоди нафсӣ (хизматрасонии шаҳвонӣ ба саркардаҳои терорристон) ташвиқ намуданд. Ҳамаи ин занҳои бечора сатр доштанд. Умуман сатрпӯшҳо ва ҳаводоронашон як камбудии ҷиддӣ доранд, ки дар поёни достони риш ба он ишора хоҳем кард.

  Дар хусуси риш

 Риш-қилҳои рӯй ва зери манаҳ баҳонаи дигар барои ҷанг аст. Дар ҳоле, ки араб ва ҳатто афғонҳои фархундакӯш тадриҷан аз риш даст мекашанд, тоҷикон барои он навҳаву фиғон ва митинг мекунанд, ки ришҳои моро ба тартиб надароред. Решаи моҷаро дар мавъизаи рӯҳониён аст, ки аз риш муқаддасот сохта, беришонро ба боди масхара кашиданд.  Агар риш инсонро дар он дунё шафоат кунад, пас В.И.Ленин ва ҳар попи калисо, ки ришҳои то миён доранд, ба биҳишт роҳ меёбанд. Диҷейҳои дискоклуб ҳам…

 Вақте моҳиятан ва мантиқан ба ин масъала нигоҳ кунем, риш 1 нишонаи фарқкунандаи руҳониён аз оммаи мардум аст. Дар гузашта ва имрӯз ҳам руҳониёни ҳама динҳо аз муллои ҳиндуҳои говпараст сар карда то чиниҳои бутпараст риш доранд. Онҳо магар суннати паёмбари моро иҷро карданд? Дар куҷои Қуръон гуфта шудааст, ки мусалмон бояд риш монад? Ислом ҳама навъи зоҳиркориро маҳкум мекунад. Мусалмон бояд ба амал ва рафтор аз паёмбар пайравӣ кунад, на ба симо ё ном.

Риш ва шаҳват

Боре як ҷавони муллочопи ришдор бо андак хиҷолат гуфт: «Риш-шаҳватро зиёд мекунад». Шояд ӯ ҳақ буд. Аз нигоҳи руҳониён суруду рақс сарчашмаи бадахлоқӣ аст. Чун нек нигарӣ, дар клипҳои туркӣ, арабӣ ва эронӣ қариб 100 фоиз мардони ришдор ҳастанд, ки ҳамроҳ бо занони нимаурён мерақсанд. Ин ҷо чӣ сире ҳаст. Дар баҳсҳои фейсбукӣ ҳам баъзе занон таъкид кардаанд, ки мардони ришдор ҳавасангезанд. Ба ин далелҳо агар риш дар муносибатҳои маҳрамона хусусияти таҳрикдиҳанда дошта бошад, пас манаҳи бериши ман хуб аст, чун занеро дар кӯча «безобита» намекунад.

 Ва ниҳоят тарси давлат ва ҷомеа аз ришсиёҳон бесабаб нест. Чун риш дар кишвари мо ангезаи сиёсӣ дорад. 1 гурӯҳ ба он хотир риш мегузорад, то ба асаби давлат расанд ва бисёриҳои дигар ба ин васила ҳамфикронашонро ҷустӯҷӯ ва пайдо намуда, ба онҳо паёми сиёсӣ мерасонанд, яъне  ки «сафи мо зиёд шуда истодааст ва шердил бошед». Аён аст, ки дар зеҳни онҳо ҳисси ғасби озодии дигарон меҷӯшад. Аз ин нигоҳ акнун бояд гуфт, ки камбудии ягонаи ҳар ришсиёҳ ва сатрдор он аст, онҳо худро аз бақияи мардум боло меҳисобанд. Вақте, ки як кас худро аз дигар нафар бартар ҳис кард, ин аллакай оғози ҷанг аст. Давлат дар ҳамин марҳила пеши чашмаро бояд бо бел гирад, вагарна фардо бо фил гирифта наметавонад. 

Соли 1992 дар майдон кӣ буд? Сатрдор ва ришдор! Онҳо даъво надоштанд, ки иҷозат диҳед мо бо ҳиҷобу риш бошем. Онон гуфтанд, ҳама бояд чунин рангу рӯ дошта бошад. Имрӯз низ аз рӯи ҳамон сенария бо истифода аз номи демократия давлат ва ҷомеаро фиреб кардан мехоҳанд. Яъне аввал гузор ман риш монам, баъд қабри касеро меканам, ки риш ва сатр надошта бошад. Аз нигоҳи онҳо демократия ин аст, ки 1 кас ҳақ дорад, либоси шаръӣ пӯшад ва баъд ҳар дунявипӯшро таҳқиру таҳвин кунад, мунофиқу бадбахт, беимон, роҳгумзада ва душмани Худо гӯяд. Агар имрӯз вазъи динӣ назорат нашавад, фардо сатр ба кафан табдил меёбаду риш ба манаҳбанд.

 Масҷиди мо ва идеологияи онҳо

     Бо назардошти ин ҳама назорат аз болои масҷид, сатрпушӣ ва ришмонӣ ба хотири таъмини сулҳ ва пешгирӣ аз ҷанг аст. Беназоратии вазъи мазкур 3 даҳсола пеш 150 ҳазор қурбонӣ ба бор овард. Хулас агар мо хоҳем дигарбора дарёҳоямон аз хуни инсонҳо рангин нашавад, бояд давлат вазъи диниро назорат кунад, чун дар Амрико, чун дар Аврупо ва ҳатто чун дар давлатҳои исломӣ ва ин сиёсат ба нафъи мардум аст.

 Сорбон Ҳакимов, сокини вилояти Хатлон

  

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:40

Наташа-бонуи нозукадо бо як дидан Дилшодро, ки ҷавони хушқаддуқомату зебое буд, шефта гардидаву зуд робита барқарор карда, шарт монд, ки ба ивази шаҳрвандӣ зани тоҷикияшро раҳо кунад; Дилшод баъди 3-рӯз ҷавонзанашро, ки ду кӯдаки хурдсол дошт телефонӣ талоқ дод;

Модари Шариф бо исрор аз фарзандаш, ки дар Самара муҳоҷир буд таъкид кард, ки наварӯсаш беҳунару бадмуомила аст, аз ин рӯ ҳар чи зуддтар занг зада, талоқашро диҳад;

Дар саҳни донишгоҳ ҳамкурсон Салимаро, ки шавҳрааш аз бесатр ба дарс рафтанаш воқиф шудаву аз Омск телефонӣ талоқаш додаасту ҳой-ҳой гиря дошт, ором кардаву тасаллояш медоданд...

Муҳоҷират таркиби луғавии забони моро бо вожаву ибораи телефонталоқ ва талоқи телефонӣ қавӣ, вале бунёди оиларо заиф гардонидааст. Агар шахсан ман 4 арӯси телефонталоқро шиносам, пас мутмаъинан дар миқёси кишварамон сафашон кам нест. Кор ба дараҷае расидааст, ки ҷавонзаноне, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратанд, аз садои телефон банди дилашонро ларза мегирад, ки мабодо...

Мову Шумо хуб медонем, ки ин амали номатлуб дар хонадони Тоҷик собиқа надошту дар Шариати Ислом ин зуҳуроти зишт бегона аст. Нигаронии падарону модарон дар он аст, ки чаро Шӯрои уламои Тоҷикистон ба осонӣ ва бемуқовимат телефонталоқро шаръӣ намуданд. Талоқ низ мисли никоҳ масъулияти бузургеро тақозо дораду садсолаҳо аҳён-аҳён дар хонадони Тоҷик дар ҳузури волидайну шоҳидон, баъди баррасии масъала, сабабҳо ва дайни гуноҳ сурат мегирифт ва аз ин рӯ аксаран одобу шарму шариат пеши роҳи хонавайрониро мегирифт; ҳоло хеле осон, аз 5000 километр дур бе шарту шоҳид телефонро мегиранду талоқ медиҳанд. Бисёр мехостам назари Шумо хонандагони азиз ва фақеҳони саршиноси кишварамонро перомуни ин масъала бифаҳмам. Мо Метавонем!

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

журналист

 

 

 

 

 

саҳ 8 аз 10

Китобҳо

Flag Counter