ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:36

 

26 сентябри соли 1983 системи огоҳкунии ҳамлаи мушакии шаҳраки “Серпухов-15”, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. Дар марказ дар ҳол коршоямии тамоми асбобҳоро санҷиданд, вале ҳамаи системаҳо кор мекарданду компютер иттилоъ медод, ки мушаки ҷангии атомӣ ҷониби СССР дар парвоз аст. Он шаб дар ин марказ, полковник Станислав Петров навбатдорӣ мекард, ки аз таҷрибаи зиёди корӣ бархурдор буда, яке аз таҳлилгарони боистеъдоди нерӯҳои зиддиҳавоии шӯравӣ ба шумор мерафт. Ба бахти ҳар ду абарқудрат, полковники бо таҷриба ба компютер бовар накард ва фармони зарбаи ҷавобиро надод.

Қуллаи ҷанги сард

Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Ва моҳи сетябри соли 1983 ҷанги атомӣ миёни ин ду кишвар қариб ба вуқӯъ мепайваст. Умуман, соли 1983 дар таърихи муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф гардидааст. Дар ин сол президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роналд Рейган бори аввал Иттиҳоди Шӯравиро “императории шарр” муаррифӣ карду ВАО-и ғарбӣ ин истилоҳро ба таври васеъ алайҳи аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурданд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз, нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ карда, ба сохтани мушакҳои нави балистикии байниқитъавӣ оғоз намуд.                                                                                                                             Чанде қабл аз ин ҳодиса, 1 сентябри соли 1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ таалуқ дошт, зада афтонд. Президенти ИМА, ин бор низ тамоми гуноҳро ба гардани СССР бор карду ин ҳодиса ба таъбире, дасти Амрикоро боз намуд. Маҳз баъди ин ҳодиса, ИМА мушакҳои дуриашон миёнаи худро дар Аврупо ҷойгир намуда, ин вазъият боз ба нафъи худ тағйир дод. Иттиҳоди Шӯравӣ низ мушакҳои худро дар Олмони Шарқӣ ва Чехословакия мустақар кард, аммо мушакҳои шӯравӣ боз ҳам ба ҳудуди Амрико намерасиданд. Аммо ИМА метавонист тамоми қисмати аврупоии СССР-ро мушакборон кунад. Бо вуҷуди ин Юрий Андропов, котиби генералии вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ваъда дод, ки СССР дар кӯтоҳтарин вақт ба Амрико посухи муносиб хоҳад дод.  

Даъват ба интиқом

Юрий Андропов, роҳбари Шӯравӣ он шабу рӯз аллакай сахт бемор буд ва дар маҷмӯъ бештари аъзоёни Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС низ пир ва фартут шуда буданд. Аммо ин муйсафедон ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари ИМА сар фаровардани набуданд. Он шабу рӯз  ҳама чиз мисле, ки дар болои як мӯи борике қарор дошт. Баъд аз ҳодисаи “Боинг” дар ИМА ва кишварҳои дигари ғарбӣ, даъват мекарданд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ интиқом гиранд. 

Полковник Станислав Петров дар маркази фармондеҳии “Серпухово-15” ба ҳайси таҳлилгари (аналитик) асосӣ фаъолият мекард. Таҳлилгарон танҳо ду маротиба дар моҳ навбатдорӣ менамуданд, хушбахтона шаби 26 сентябр маҳз рӯзи навбатдории полковник Петров буд. Дар ин шаб системаи огоҳкунии ҳамлаи мушакӣ, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:30

24.09.1938. Дар СССР экипажи занонаи Валентина Гризодубова дар тайёраи "Ватан" (“Родина”) аввалин парвози мустақимро аз Маскав ба Шарқи Дур бо муваффақият анҷом дод.

25.09.1962. Роҳбари Куба Фидел Кастро, баъди ошкор шудани киштиҳои зериобиии шӯравӣ дар ин кишвар изҳор намуд, ки СССР мехоҳад дар Куба қароргоҳ барои флоти моҳигирии худ бисозад.

25.09.1989. Шӯрои Олии Литва эълон намуд, ки ҳамроҳшавии ин ҷумҳурӣ ба СССР дар соли 1940 ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

26.09.1921. Ҳукумати Русияи Шӯравӣ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳонӣ даъват кард, ба гуруснагони Поволже кӯмакрасонӣ кунанд.

26.09.1968. Рӯзномаи "Правда" назарияи сиёсӣ ё ба таъбире "доктринаи Брежнев"-ро нашр кард. Тибқи ин назария, истиқлолияти кишварҳои сотсиалистӣ мебоист маҳдуд карда мешуд.

26.09.1983. Полковник Станислав Петров ҷанги қарибулвуқуи атомиро миёни СССР ва ИМА пешгирӣ кард. 

27.09.1977. Дар РСС Украина нерӯгоҳи атомии Чернобил ба фаъолияти худ оғоз намуд. Нерӯгоҳи Чернобил аввалин нерӯгоҳи атомии Украинаи шӯравӣ буда, моҳи апрели соли 1986 ба садама дучор гардид.

27.09.1990. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони пулиси ҷаҳонӣ "Интерпол" ворид гардид.

27.09.1991. Дар Максав Анҷумани ХХII-юми ВЛКСМ (Комсомоли ленинӣ) доир гардид. Ин охирин Анҷумани комсомол буда, дар он "тақдири ВЛКСМ" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди баррасиҳои тӯлонӣ комсомолони шӯравӣ ба хулосае омаданд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунанд.

28.09.1925. Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргару-деҳқон ба тасвиб расид.

29.09.1941. Қатли оммавӣ дар маҳалли Бабий Яри наздикиҳои Киев. Дар ин рӯз немисҳо дар Бабий Яр наздики 6 000 яҳудиён, лӯлиҳо ва сарбозони асири шӯравиро ба қатл расониданд. Куштори Бабий Яр яке аз мудҳиштарин кушторҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад.

29.09.1943. Додгоҳи шаҳри Токио, ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард. Зорге соли 1941 дар Токио дастгир гардида, 7 ноябри соли 1944 дар яке аз зиндонҳои Токио ба қатл расонида шуд.

29.09.1990. Ҳукумати Қазоқистон ба навоҳии русзабони ин кишвар иҷозат дод, дар мантиқашон забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ, ба тадриҷ то соли 2000-ум ҷорӣ кунанд. 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:28

 Усмон Фозилов, яке аз хонандагони ҳафтаномаи СССР аз ш.Душанбе тариқи суроғаи электронии редаксия маводеро ба мо фиристода, дар он аз 1 ронандаи микроавтобуси хатсайри №33 шикоят кардааст.

   - Салом ба ҳама кормандони редаксияи “СССР”. Ман шоҳиди рафтори бадахлоқонаи ронандаи нақлиёти мусофиркашонии №33 дар назди бозори “Корвон” гаштам. Тавре, ки дар расм аён аст ин ронанда нисбати 1 зан чунин ишора намуда, дашном мекунад. Қазияи мазкурро масъулин бояд баррасӣ карда, сипас чораҳои ҷиддиро андешанд. Ин ронандаи бояд барои чунин кораш ҷавоб диҳад! Ногуфта намонад, ки вақтҳои охир чунин дағалрафториҳои ронандаву кондукторҳо зиёд ба чашм мерасаду муттаассифона, аксарияти онҳо беҷазо намемонад.

 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:18

Гавҳар Собирова, хонандаи газетаи СССР аз ш.Ваҳдат тавассути телефони идора 238 55 56 занг зада гуфт, ки ҷонибдори сабукӣ додан ба маҳбусон аст. 

   - Шумо метавонед ва дуогӯ ҳастам, ки аз ҳам тавонотар гардед. Ҳафтаи гузашта дар бораи хоҳиши 1 маҳбусе хондам, ки мехоҳад барои зиндониён сабукӣ дода шавад. Ман ҳам тарафдори онам, ки ба маҳсубон дар ин давраи  мушкил, боз ҳам дар он замоне, ки наметавонанд бо наздикони хеш вохӯрӣ гузаронанд, андак ҳам бошад сабукӣ дода шавад. Аксарияти онҳо аз карда пушаймонанд.

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:08

(Ҷавоб ба мақолаи Ёвон: “Роҳи умумиҷумҳуриявӣ табоҳ аст!”   

№ 32 (621)  20 августи соли 2020, “СССР”

Тоҷикистон баъди он, ки Истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард ва худро расман давлати соҳибистиқлол эълон сохт, яке аз ҳадафҳои пешгирифтааш баровардани  кишвар аз бумбасти комуникатсонӣ мебошад, ки сол то сол рӯ ба авҷи тоза дорад.

Ноҳияи Ёвон низ як ҷузъи таркибии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст, ки дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳоли шукуфтан аст. Дар ҳудуди ноҳия 79 км роҳҳои аҳмияти ҷумҳуриявидошта ва 153 километр роҳҳои дохили маҳал мебошад, ки борҳову борҳо аз таъмир бароварда шудааст.

Роҳи аҳмияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон-Бохтар дар ҳақиқат тавассути ноҳияҳои А. Ҷомӣ ва Хуросон мегӯзарад ва имрӯз мо масъулини роҳҳои ноҳия дар масъалаи роҳи нақлиётгузари н.Ёвон маълумот хоҳем дод. Роҳи мазкур соли 1984 сохта шуда, ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва қисман маблағҳои маҳалӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Солҳои охир талабот ба роҳ хело зиёд гардида, сафи нақлиётҳои боркаш рӯ ба афзоиш дорад. Ноҳияи Ёвон, ки яке аз ноҳияҳои калони саноатӣ-аграрӣ ба шумор рафта, робита ва рафту омади нақлиётҳо хело зиёд мебошад.

Дуруст аст, ки роҳи автомобилгарди Ёвон-Бохтар дар солҳои охир пурра таъмир нагардидааст, лек тибқи нақшаи чорабиниҳо қисм-қисм таъмир гардида, ба талаботи имрӯза пурра ҷавобгӯ мебошад. Оид ба симтур кашидани қисмати роҳҳо аз ҷониби сокинони ноҳия аз ҷониби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаҳои дахлдори ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ҳолатҳои мавҷуда бартараф карда мешавад. Роҳсозони н.Ёвон аз тамоми имконияту шароитҳо истифода намуда, дар назар доранд, ки  то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ шоҳроҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи ҳудуди н.Ёвонро пурра аз таъмир мебароранд. 

Муродов Раҷабалӣ,

сардори Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Ёвон 

 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:05

 Салом СССР-и маҳрами роз! Таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад. Муттасифона, имрӯзҳо дар саросари кишвар ходисаҳои роҳу нақлиёт бо айби пиёдагардон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, ки ин метавонад сабагори марги яке ва паси панҷара рафтани дигар шавад.

Санаи 20 сентябри соли 2020 ҳангоми сайри Душанбе намудан 4-5 нафар кӯдакони ноболиғро дидам, ки (дар ҷои номувофиқ) ба мошинҳо нигоҳ накарда, ба он тарафи роҳ медавиданд. Ҳарчанд сару садо кардам, ки надавед, эҳтиёт кунед, аммо аҳамият надоданд. Қариб буд, ки зери чархи мошинҳо мемонданд. Ман аз падару модарон эхтиромона хоҳиш менамоям, ки фарзандонро беназорат нагузоранд.

Муҳаммад Каримов, сокини н. Ҳамадонӣ

 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 10:02

Салом ба СССР-и азиз! Вақтҳои охир ҳодисаҳои гӯшношунид рух дода истодаанд. Таҷовуз, хосса таҷовузи кӯдакон ва ноболиғон, қатлу куштори духтарони ҷавон, кордкашиву занозании наврасон, куштори фарзандон аз тарафи модарон, худкушӣ бо кӯдакон бо роҳӣ худро партофтан ба дарё. Ҳолатҳои шабгардиву майпарастии занону духтарони тоҷик, дағалии мардон, масхараи одамон ҳам ба маротиб афзудааст. Ба куҷо равонаем? Чӣ бояд кард?

Масҷидҳоро кушоед, ба рӯҳониёти шинохтаи тоҷик, ки байни мардум обрӯ ва нуфуз доранду ҳарфу суханашон қадр-Ҳоҷӣ Мирзо, Эшони Нуриддинҷон, домулло Абдураҳим минбар диҳед, зеро ҳамин ҳоло мардум ба тарбия ниёз доранд. Тарбия, амри маъруф, панду насиҳат пеши роҳи ин ҳама бедодиро хоҳад гирифт, чунки иродаи мардум аз даст рафта истодааст. Дар бораи ояндаи насли наврас бояд фикр кард, то бераҳм ба воя нарасанд.

Саид Раҷабов, сокини ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 30 Сентябр 2020 09:59

85 сол муқаддам суоли «мусалмонӣ ё Тоҷик?» миллати ҷафокашидаи маро аз Бухорову Самарқанд ва сарзамини аждодӣ маҳрум кард. 85 сол ба баъд низ ба назар мерасад, ки ин фоҷиа идо¬ма дорад.

Ҳамагӣ ҳафтаи пор мулло-арабпарастон бар сари Абдуқодири Абдуқаҳҳор юриши чингизиро сар карданд ва касе аз зиёиёни ин миллат бар ҳифзаш нахест, пинаки хомӯшакҳои интеллигенсионӣ. Пештар ҳуҷум сари Абдуллои Раҳнамо буд. Баъдтар сари…мешавад. «Хомӯшакҳо» мутмаин бошанд, онҳо низ аз такфир қафо намемонанд. Зеро ин набард 100 сол беш давом дорад ва амдан зидди Тоҷик!!! 

Рамазони соли 2008. Дар ифторе, ки ҳомили ма¬шоиху уламои дин ва зиёиёну донишмандону рӯзноманигорон буд, шоҳиди ин қисса шудам: Якеро, ки бо садои гиро ва дилчасп ояҳои осмонӣ мехонду табъи моро болидатар менамуд, қории Қуръон муаррифӣ намуданд ва нафаре, ки ҳатто нур дар чеҳра надошт, чӣ расад ба нури имону дин, аз он ҷавон ном пурсид ва чу гуфтанд, исмаш Парвиз аст, даст ба гиребон бурд ва бо лаҳни шикастаи арабӣ, ки мурғон ба ҳолаш хандиданд, чизе питир-патар гуфт ва бо оҳи сӯхта аз ҷигари бирён, ин ҳама риёро хатм кард, ки гуфт: 

-Чӣ ҷавони хубу боҳунаре бо ин номи палиди тоҷикӣ... 

Ҳама инро шунидем ва аммо ба хотири мизбон, ки воқеан ҳам тоқи ислом будӣ ва ҳам шайхи рӯшанфикр, хомӯшӣ баргузидем. Ҳатто ман, ки то ҳанӯз худро набах-шидаам, хомӯш мондам. Ҳарчанд дар он миз миллати маро таҳқир карданд ва ба рӯи ман пой гузоштанд. 

Баъдан назди он шайх шудам ва назари ӯро пурси¬дам, ки гуфт: «Ҳайфи он чаласавод ва агар мешунидам, ҷавоби сазовор ӯро мегуфтам». Воқеан ҳам ӯ аз ин доду гирифт канор буд.

Аммо мо ба хотири мизи ороста, ҳурмати кадхудо ва ё шояд 1 буридаи нон даҳони он бетамизро набастем. Фикре маро раҳо накардааст, ки дар он сония ман шояд миллатро ба нон фурӯхтам ва дар сурати лозима шояд ватанро низ бифрӯшам?!...

Аммо ту чӣ, хонандаи гиромӣ? Оё дар ин лаҳазот мил¬лати худро нафурӯхтаӣ, замоне ки 1 муллои бесавод дар фиттаи диск бо ҳамин иддао миллати моро хор мекунад? Нашунидаӣ, ки ин муллоҳо номҳои Тоҷикиро маҷусӣ ме¬хонанду фахр аз исмҳои арабӣ доранд ва ор аз тоҷикӣ?

Оё боре бар мавъизаи ин бехирадон эрод гирифта¬ед (расмӣ!), ки агар инҷурист ва Тоҷикӣ ор аст, пас чи¬гуна бо кунияту тафаккур ва фахри Тоҷикона Ҳазрати Ҳуҷҷатулислом Шақиқи Балхӣ сари 1 баҳси саридастӣ хилъати Шайхулисломӣ аз бадани Иброҳими Адҳам дар¬рабуд? Ва он қисса ин аст, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ овардааст, ки бар тибқи он Шақиқи Балхӣ (ба истилоҳи муллоҳои бесавод-Балхӣ бояд исми маҷустарин бошад, зеро вожаи то исломӣ ва гузашта аз ин Тоҷикист!) ба Иброҳими Адҳам суоле медиҳад, ки аъроб дар тариқаи шумо чиҳо кунанд? Посухи Иброҳими Адҳам ин буд, ки «Расид-шукр кунем ва нарасид-қаноат». Шақиқ филфавр мегӯяд: «Сагҳои Хуросон (яъне сагони Тоҷикон!) ҳамин гуна кунанд». Пас Адҳам бозпурсид, ки «Пас дар Хуросон чӣ кунанд?». Гуфт: «Расид-исор кунем ва нарасид-шукр!». Иброҳими Адҳам аз тан хирқа баркашид ва бар Шақиқ пӯшониду гуфт: «Ба таҳқиқ Шайхулислом туӣ!!!».

Мансури Ҳаллоҷи Тоҷик чӣ? Оё шӯҳрати Ислом ва обрӯву нуфузи динро аз миёни аъроб касе чун Мансур то дастаи дору гузашта аз он бар тоқи афлок расонидааст? Боязиди Бистомӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ 4 қутби Ирфони Ислом оё Тоҷик-форс набуданд? Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил аъроб буданд оё? Ва аз муллоҳои таҳқиркунандаи миллати Тоҷик бояд пурсид, ки Аҳмади Ҷомӣ, ки ашъо¬ри ӯро ҳини мавъиза сабук ва бевазн хондаву он ягонаи офоқро аз Абдураҳмони Ҷомӣ фарқе намегузоред, оё Тоҷик набуд?

Рӯиҳамрафта, бигирем Сайид Мир Алии Ҳамадониро, ки беш аз ним миллиард бутпарастро дар Кашмири Ҳинд мусалмон кардааст, оё Тоҷик-форс набуд? Кадоме аз шумо-муллоҳои чаласавод далел оварда метавонед, ки намояндаи дигар қавму миллатҳо 500.000000 одамро мусалмон карда бошад? Ва он ҳам бо сеҳри сухун, бидуни шамшер, ки араб мекард!

Ва оё медонед, ки пайгирони Ҳазрати Амири Кабир, яъне Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ дар Ҳинд то ҳанӯз аз Тоҷик будани пешвои худ фахр доранд ва Тоҷикӣ сухан карданро ифтихор медонанд??? Намедонед! Зеро мутаас¬сибед ва аз харита ҳам Кашмирро дарнамеёбед! 

Шайх Камоли Хуҷандӣ оё аз шумо камсаводтар буд, ки номи Тоҷикии гӯшнавози Хуҷанди бостониро дар сар то сари Эрону Арабистон ва олами Ислом бо ҳарфҳои зарҳалин бастааст?!

Ин ҷо перомуни шахсият, таъсир ва такони Ҳазрати Эмоми Аъзам Абӯҳанифаи Тоҷик мо танҳо сукути маъ¬нидор ихтиёр мекунем, зеро таассуб аз сар бо чӯб бадар мегардад, на бо мадрак. Ва ин ки ҷараёнҳои нави динии дар Тоҷикистони азиз зуҳуркарда, маҳз барои беобрӯ на¬мудани мазҳаби Имоми Аъзами Тоҷик равона шудаанд, баҳс ҳам нахоҳем кард. Зеро аъроб то ҳанӯз ин чеҳраи тобони Исломро намебахшанду зиддаш дар шӯранд, ки чигуна шуда, аҷамие омадаву миллионҳо арабро низ дар мазҳаби хеш гунҷонид…

1 хонандаи мо навиштааст, ки 1 ҳоҷии мавъизагар гуфтааст, ки Тоҷикон то Ислом бо пешоби гову хар дасту рӯ мешустаанд (Маҳз, ҳамин сабти ба мо расида, сабаби иншои ин сутур гардид)... Ва 1 нафаре ёфт нашудааст, ки ба ин воъиз бигӯяд, ки замоне Исломи Ноб зуҳур мена¬муд, аъробӣ шири шутуру сусмор мехӯрд ва духтарҳои худро зинда гӯр мекард.

Ин ки Тоҷикон беш аз 3-4 ҳазор сол қавми пешрафта аз қабоили араб буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд, шак¬ке дар таърихи башар надорад ва аммо дар баробари ин ҳам-ҳамаву дам-дамаи муллоҳои бесавод ва таҳоҷуми фарҳангиву идеологии аҳзоби иртиҷоӣ ва ҳаракатҳои тунд сари миллат чаро ҳамагӣ даҳони Президентро нигоҳ мекунем? Чаро дар паҳлӯи нафаре боло намеша¬вем, ки дар ҳар сухан аз арзишҳои миллӣ сахт ва пофи¬шорона пуштибон аст? Чаро ӯро тани танҳо гузоштаем? Куҷост дастгоҳи идеологии ҳукумат; мақомоти қудратӣ, вазоратхонаҳои амнияти миллӣ ва фарҳангӣ? Чаро даҳони сақатгӯёни миллати маро намебанданд - ҳам бо сухану ҳам бо сангу ҳам бо кулӯх? Матбуоти расмии ҳукумат ва расонаҳои давлатӣ чаро хомӯшанд? Ҳам бар наъл мезанему ҳам бар пой, мӯҳтарам ҳамтоҳо?...

Газетаи мардумӣ ва миллии «СССР» бар ваъдаи худ содиқ аст ва ҳушдор медиҳад: Дар ҳар ҷое, ки таҳқир дар нисбат ба миллати Тоҷик садо диҳад, мо омодаем чу да¬лел, бурҳони қотеъ ва мушт бар дифои арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ин марзу бум бароем. Зеро мусалмон будан, ба маънии таҳқири Тоҷик кардан нест! Аз мо эҳтиёт шавед, душманони миллат, ки... 

Мо МЕТАВОНЕМ!

 

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter