ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Январ 2021 14:47

Панҷшанбе, 21 Январ 2021 14:43

 

20.01.2021 дар ш.Душанбе Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» байни ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд. Дар маросими имзои ин қарордод, вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим сафири ҶИЭ дар кишвари мо Муҳаммадтақии Собирӣ ва раиси ширкати “Фароб” Алӣ Вакилӣ ширкат карданд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар сафорати ҶИЭ дар ҶТ хабар доданд.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтода буд, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд. 

Раиси ширкати “Фароб” гуфт, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ он ба истифода дода хоҳад шуд. 

 

Панҷшанбе, 21 Январ 2021 14:38

Панҷшанбе, 21 Январ 2021 11:01

  Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҶТ аз 1.02.2021 ба ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намози ҷумъа иҷозат дода мешавад.

   Дар қарори Ситоди аз ҷумла гуфта шудааст, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

   Ҳамчунин Ситоди ҷумҳурияви оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд. Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:56

Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев марги наберааш Айсултон Назарбоевро талафоти бузург барои оилаашон унвон кард. Назарбоев гуфт: “Мутаасифона дар соли 2020 мо 1 набераамонро аз даст додем, ки хеле ба ман монанд буд. Ман аз марги ӯ хеле мутаассифам, ӯ хеле зуд моро тарк кард”                                                                                                                 

  Ба гуфти Назарбоев, оилаи онҳо Айсултонро дар Маскав ва Лондон табобат кард, вале бе натиҷа. Президенти аввалини Қазоқистон гуфт: “Албатта мешуд ӯро ба ҳеҷ ҷо нафиристем, аммо ӯ аллакай ғуломи ин кор шуда буд ва наметавонист аз он даст кашад”.  Ногуфта намонад, ки Айсултон Назарбоев писари духтари президенти собиқи Қазоқистон Дарига Назарбоева ва марҳум Роҳат Алиев буда, дар Лондон аз нашъамандӣ табобат мегирифту зидди бобояш амал мекард ва аз оппозитсияи қазоқ маҳсуб мерафт. Падараш-Роҳат Алиев мисли небари Нурсултон дар зиндони Австрия бо иллати тамоман номаълум фавтида буд...

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:53

Ҳамватанони азиз!

Дар мамлакати мо манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ оби дарёҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли он аз рӯи захираҳои об дар аввали сол ба нақша гирифта мешавад. Ин дар ҳоле, ки захира кардани об дар обанборҳо дар фасли баҳор оғоз гардида, дар фасли тобистон ба анҷом мерасад. Маҷрои оби дарёҳо ва вобаста ба он захира намудани об дар обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандии бевосита дошта, пешгӯии ҳолат ва сатҳи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.

Тавре ки қаблан ба шумо иттилоъ дода будем, маҳз бо таъсири омилҳои зикршуда, яъне камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш дар соли сипаришуда ба нақшаи таъмини соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо нерӯи барқ мушкилоти зиёд овард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон” сокинони мамлакатро ба яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти баамаломада - сарфакории нерӯи барқ даъват намуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.

Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст.

Дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила нерӯгоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд. Вале захираи об дар кишвари мо то ҳанӯз фақат ҳамин обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат сол то сол меафзояд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар - дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.

Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин вазъият низ дар ҷои кор ва дар манзилҳои истиқоматии худ аз барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари кишвар бо нерӯи барқ саҳми худро гузоранд.

Ширкати “Барқи Тоҷик”

 

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:48

Ҷамоати деҳоти Язғулом дорои меваҳои шаҳдбор, гиёҳҳои дорувор, табиати зебо, ҳавои тоза ва кӯҳҳои осмонбӯс мебошад, ки шахс аз тамошояш ҳаловат мебарад. Ин гӯшаи кӯҳистон макони сайёҳиест, ки бо тамоми табиаташ метавонад ба инсонҳо 1 дармони бе табиб бошад. Оби зулолаш ҳам дар тобистон ва низ ба зимистон сардие дорад, ки ба гуфти занҳои солхӯрдаи ин деҳа, шифодиҳандаи ҳамаи дардҳост. Хушбахтона, бо ин ҳама зебоиҳое, ки дорад дар замони Истиқлолият боз ҳам ин ҷамоат ободтар гаштааст. 

40 квотаи президентии Язғулом

   Таваҷҷӯҳи беандозаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин деҳаи дурдаст боиси он гашт, ки дар деҳа пешравиҳои зиёд ба вуҷуд ояд. Файзиддин Ҳусейнов, сокини Ҷамоати деҳоти Язғулом зимни сӯҳбат чунин ибрози ақида намуд:

   - Ҷамоати деҳоти Язғулом дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бесобиқа рӯ ба рӯ шуд. Яке аз мушкилоти муҳими рӯзгори мардум ин надоштани барқ буд, ки дар даврони истиқлол ҳалли худро пайдо кард. Муассисаҳои таълимии замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ бунёд гардиданд, заминҳои бекорхобида обёрӣ гашта, бунгоҳҳои тиббии муосир бунёд шуда, ҳоло дар истифодаи мардум қарор доранд. 4 пули нав байни деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Андарбаг ва Жамаг сохта шуданд. Инчунин аз ҳисоби квотаи президентӣ ҷавондухтарони Ҷамоати Язғулом ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гашта, дар баробари ин 40 квотаи иловагӣ ба Ҷамоати мо ҷудо шудааст, ки ин ҳама нишондиҳандаи пешрафт ва омода намудани кадрҳои гуногуни баландихтисос барои деҳаи дурдаст мебошад, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

   Деҳае, ки солҳои тӯлонӣ аз бебарқӣ ва дигар мушкилот азият мекашид, имӯз ба гулистоне табдил ёфтааст, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад. 

Роҳҳо ба таъмир ниёз доранд

Нахшидамоҳ Давлатёрова, сокини дигари Ҷамоти Язғулом афзуд, ки 80 соли умрамро ҳамҷун 1 табиби ин деҳот гузаронидам, вале ҳеҷ гоҳ боварӣ надоштам, ки ба деҳаи мо қувваи барқ меяоду хонаҳо рӯшан мешаванд. Зеро дар 70 соли шӯравӣ ин деҳа барқ надошт!

   - 1000 маротиба минатдорем аз Ҳукумати кишварамон, ки моро соҳиби қувваи барқ кард. Кӯҳистон ин ҷодаи ганҷҳост, агар онро муфид истифода барем, бо чунин шароите, ки имрӯз дорем, метавонем хоҷагии халқро таьмин намоем. Зеро деҳаи мо табиати соф ва меваҷоту сабзавоташ мазаи хоси худро доранд, ки метавон онро ба хубӣ истифода намуд, - иброз медорад холаи Нахшидамоҳ.

Албатта, зодгоҳ ин муқаддасттарин ҷойгоҳ барои ҳар шахс мебошад. Танҳо ягона мушкилие, ки ба чашм мерасад ин роҳи байни деҳаҳои Ҷамоат аст, ки бисёр ниёз ба таъмиру таҷдид доранд. 

Саҳоба Шарипова, 

Ҷамоати деҳоти Язғулом, барои СССР

Аз СССР: Оморҳои хориҷӣ ва расонаҳои беруна борҳо хабар додаанд, ки зодагони ин мавзеъ-Язғулом, ки воқеан ҳам музейи зинда аст, зеро ин деҳа мардуми хоса ва забони вежаи язғуломӣ дорад, бештар аз дин осебпазиранд ва сафи онҳо гӯиё дар гурӯҳҳои ифротиву террористии ба ном Давлати исломӣ низ зиёд аст. Мо тасмим гирифтем, ин мавзуъро низ пайгирӣ кунем. Мо Метавонем!

 

 

   

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:47

 Матлуба Ҷабборова, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе меҳмони редаксияи мо шуда, аз нархи гарони истифодаи қувваи барқ изҳори нигаронӣ намуд.

   - Ман соҳиби 4 фарзанд мебошам ва ҳамаашон мактабхонанд. Дар оила ҳам фақат ман кор мекунам. Бо сард шудани ҳаво вазъи зиндагии мо хеле вазнинтар гардид. Барои мисол ҳамин моҳ барои истифодаи нерӯи барқ ман бояд 660 сомонӣ пардохт кунам. Ва бисёриҳо ҳам дар ҳамин вазъият қарор доранд. Аз ҳукумати ш.Душанбе бисёр хоҳиш мекардам, ки ин сардиҳоро ба инобат гирифта, нархи барқро арзонтар намояд. Мардум дар ин сардиҳо маҷбуранд барқро бештар истифода намоянду маблағи пардохти он ҳам ба муштариён аз ҳад зиёд меояд. 

 

саҳ 3 аз 10

Китобҳо

Flag Counter