ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Январ 2021 15:02

Президенти Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки боз кардани сарҳад барои муҳоҷирони меҳнатӣ имкон дорад.

Путин дар нишасти Шӯрои давлатӣ гуфт, ки мавзӯи боз кардани сарҳадро барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, метавон бо баъзе кишварҳо мавриди муҳокима қарор дод. Дар баробари ин Путин қайд кард, ки ин корро бояд “нуқтаӣ” анҷом дод. Яъне нерӯи кориро танҳо барои соҳаҳое, ки онҷо аз он танқисӣ мекашанд, сафарбар намуд. Президенти Русия афзуд: “Инро бояд муҳокима кард ва ман ин корро бо ҳамкороне аз он кишварҳо анҷом медиҳам, ки бароямон бештар нерӯи корӣ ирсол мекунанд”. 

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 14:59

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15 декабри соли 2020 дар муроҷиатномаи хеш баён доштанд, раиси Раёсати «Амонатбонк» ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ дар н.Ҷалолиддини Балхӣ, бо як гурӯҳ кормандони фаъоли Бонк муддати 10 рӯз дар ноҳияи мазкур дар сафари корӣ қарор доштанд.

Зимни сафари корӣ, гурӯҳи кории «Амонатбонк» зери роҳбарии раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., бо соҳибкорону хоҷагидорон ва аҳли ҷамоатчигӣ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраки Балх ва Гулистон, Ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Маданият, Навобод, Фрунзе, Калинин ва Узун вохӯрӣ доир намуда, арзу сипоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони ноҳия ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар маъракаи интихобот расониданд.

Ҳамзамон, доир ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъат бахшидани ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлолият, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши ниҳол, самараноку оқилона истифода бурдани замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, сӯҳбатҳои озод баргузор намуданд.

Зимни вохӯриҳо бо соҳибмулкон ва сохтмончиён даъват ба амал оварда шуд, ки пеш аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода, дар рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ ба сохти замонавӣ ва мутобиқ будани биною иншоотҳои бунёдшаванда ба талаботҳои имрӯзаи шаҳрдорӣ ва ҷузъиётҳои миллӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Корҳои ободонӣ, аз ҷумла дарахтшинонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассиса, идораву корхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд, ки дар рафти ин чорабинӣ раиси Раёсати Бонк бевосита иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо ва роҳраву хонаҳои истиқоматии ноҳия корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, 1946 хонаҳо, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Балх 262 хона, Ҷамоати шаҳраки Гулистон 280 хона, ҷамоати деҳоти Ҳалевард 340 хона, Ҷамоати деҳоти Маданият 195 хона, Ҷамоати деҳоти Узун 184 хона, Ҷамоати деҳоти Навобод 245 хона, Ҷамоати деҳоти Каленин 195 хона, Ҷамоати деҳоти Фрунзе 245 хона таъмиру обод карда шудаанд.

 Иштироки фаъоли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт

Ҳайати кормандони  БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, воқеъ дар н.Исмоили Сомонии ш.Душанбе 270 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Ин иқдом дар доираи пешниҳоди Раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат  роҳандозӣ гардид.

 Қобили қайд аст, ки пешниҳоди Раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанберо роҳбарият ва кормандони "Амонатбонк" ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, имрӯзҳо дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ дастачамъона дар назди бинои марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои "Амонатбонк",   назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мешинонанд.

 БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷонибдори тарзи ҳаёти солим

Ҳафтаи дуюм аст, ки кормандони "Амонатбонк" дар раванди тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бо назардошти эълон гардидани рӯзҳои шанбе ҳамчун Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ, дар  Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд. 

Машқи пагоҳирӯзӣ аз давидан оғоз мегардад. Дар машқи варзишӣ як нафар корманди бонк, ки пайваста ба тамрин машғул мебошаду, аз нозукиҳои машқи бадан огоҳ аст, ҳамчун мураббӣ интихоб гардида, дар рӯзҳои истироҳатӣ фориғ аз кор ба кормандон тамрини баданро меомӯзонад.

 

 

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 14:24

  

Чанде пеш Муродулло Собирӣ, яке аз хонандагони газета аз н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар бораи нақбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдод, макони ҷойгиршавӣ, маблағи барои сохтмони онҳо сарфшуда ва масофаашон пурсида буд. Ба ин суол мухбири СССР аз мутахассисони Вазорати нақлиётӣ ҶТ посух гирифта, онро пешкаши Муродулло Собирӣ ва хонандагони дигари газета менамояд. Донистан хуб аст! 

Нақби «Шаҳристон»

Нақби «Шаҳристон» дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозиаш 5253 метрро ташкил менамояд. Ин нақб соли 2012 ба истифода дода шуда, тибқи лоиҳа барои бунёдаш беш аз 100 миллион доллари ИМА сарф гаштааст. Нақби мазкурро ширкати чинии China Road And Bridge Corporation сохтааст.

Нақби «Хатлон»

Нақби «Хатлон» (дар гузашта Чормағзак) дар роҳи Душанбе-Кӯлоб қарор дошта, дарозиаш аз 4430 метр иборат аст. Ин нақбро ширкати China Road And Bridge Corporation соли 2013 сохта, ба истифода додаст. Сармояи ин лоиҳа 70 миллион доллари амрикоӣ аст. 

Нақби «Дӯстӣ»

Ин нақб дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар наздикии мавзеи Майхура воқеъ буда, дарозиаш 900 метрро ташкил медиҳад. Ин нақб соли 2010 ба истифода дода шуда, бунёдгузораш ширкати China Road And Bridge Corporation мебошад. Маблағи сарфшуда наздики 12 миллион доллари ИМА аст.

Нақби «Озодӣ»

Нақби «Озодӣ» (дар гузашта «Шар-Шар») дар масири Душанбе-Кӯлоб ҷойгир буда, дарозиаш 2224 метрро ташкил менамояд. Он соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби ширкати чинии China Railway Construction Corporation бо маблағи наздики $ 38 миллион бунёд ёфтааст.

Нақби «Истиқлол»

 Нақби «Истиқлол» (дар гузашта Анзоб» дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозии он 5000 метррро ташкил менамояд. Он соли 2006 аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернешнл» бунёд ёфта, то ба имрӯз сохтмонаш идома дорад. Маблағи барои бунёди нақби «Истиқлол» сарфшуда наздики 39 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пасон барои корҳои тармиму азнавсозии он боз 10 миллион доллари дигар ҷудо шуд.

Воқеан ҳам ин нақбро, ки эрониён сохтаанд, метавон ба халтуратарин гурӯҳи нақбҳои пастсифати олам шомил кард ва бо ҳамин ба ҷаҳониён мужда дардод, ки бо ширкатҳои эроние чун «Собит интернешнл» аслан ҳамкорӣ накунанд!!!

 Дар ҷамъ, бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 5 нақби автомобилӣ ва 23  долони зиддитармавӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Барои нигоҳдорӣ ва равшаннамоии нақбҳо моҳи октябри соли 2019 Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ” таъсис дода шуд. Фаолияти ин ширкат низ хеле заъиф аст. Зеро бидуни нақби “Шаҳристон” дигар ҳама тунелҳо, ба вежа нақби Истиқлол, Озодӣ (Шар-Шар) ва Хатлон (Чормағзак) шабонарӯзӣ торику ниматориканд. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 14:18

Дар шумораи гузаштаи Газетаи мардумии СССР мо шикояти меҳмони идора Қурбоналӣ Тураев, ронандаи ККВД «Троллейбус»-ро дар бораи рафтори масъулони ин корхонаи нақлиётӣ нисбати 1 ронанда ва мушкилоти дигари корхона нашр карда будем. Мавсуф аз он шикоят дошт, ки бо сабаби набудани манзили зист ва ё утоқ дар хобгоҳи корхона, ӯ маҷбур аст шабҳо дар дохили троллейбус бихобад. Пас аз нашри ин мақолаи шикоятӣ шоми 4.01.2021 раҳбарияти ККВД «Троллейбус» мухбири СССР-ро ба ин муассиса даъват карданд, то дар якҷоягӣ бо ронанда Қурбоналӣ Тураев проблемаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд. 

Хобгоҳ дар мадди аввал!

Тавре зимни суҳбат бо мудирияти ККВД «Троллейбус» маълум шуд Қурбоналӣ Тураев моҳи июли соли ҷорӣ дар бораи ҷудо намудани 1 утоқ барои зист бо оилааш дар хобгоҳи корхона ариза навишта будааст. Чанде пеш 1 утоқ холӣ шуду раҳбарият дар он ронанда-занро, ки бо 1 фарзанд танҳо мезисту 3 сол пеш барои ҷудо намудани утоқ дар хобгоҳ ариза ирсол карда буд, ҷо карданд. 

   - Масъалаи таъмин бо утоқ дар хобгоҳи Қурбоналӣ Тураев шояд то охири ҳафтаи равон ҳалли худро ёбад. Мо дар фасли зимистон ҳақ надорем касеро берун кунем. Вале талош дорем барои ин ронанда ва зану фарзандаш 1 утоқ пайдо карда, онҳоро ҷо намоем, гуфт зимни суҳбат директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамов.

Бояд гуфт, ки падару 2 бародари дигари Қурбоналӣ Тураев ҳам дар ККВД «Троллейбус» кор карда, ҳар се соҳиби утоқ дар хобгоҳи корхонаанду солҳои тӯлонӣ онҷо зиндагӣ мекунанд.  

Троллейбус хона нест!

Дар робита ба он, ки ронанда Қурбоналӣ Тураев маҷбур аст шабҳоро дар троллейбус рӯз кунад, Муҳаммадҷон Ғуломов, муовини директори корхона мегӯяд, ки корхона корхонаи давлатӣ асту нақлиёт, хосса троллейбус моликияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, касе ҳуқуқи шаб дар дохили он хоб рафтанро надорад.

   - Чанд маротиба ронанда Тураевро шаб дар дохили троллейбус дида, пеш кардем, ки рафта дар хонаи падару модар ё бародаронаш бихобад. Дар дохили троллейбус пас аз соати корӣ будани ронанда умуман мумкин нест,- афзуд ӯ.

План барои ҳама ҳатмист!

   Дар идомаи суҳбат Сорбон Акрамов афзуд, ки ҳамаи ронандаҳо нақшаи ҳамарӯза доранд, амсоли дигар корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва бояд пас аз ба итмом расидани баст нақшаро ба муҳосиботи корхона супоранд. Аз пули дар тӯли 1 моҳ овардаи ронанда 25% ба худи ӯ дода мешавад. Яъне, ҳар ронандае, ки хуб кор мекунад, маоши хуб мегирад.

   -Қурбоналӣ Тураев аз оғози фаъолият дар корхона дар хатсайри №5 фаъолият мекунад ва чанд рӯз пеш ба ӯ троллейбуси нав ҳам ҷудо карда шуд. Агар хуб кор карда, нақшаро ҳам хуб ҷамъ намояд, маошаш ҳам шояд 2-3 баробар афзояд. Нақшаи якрӯзааш 130 сомонӣ аст. Ин аз худи ронанда вобаста аст. Дигар ин, ки чанд далели қоидавайронкунӣ аз «Шаҳри бехатар» дорад, ки дар ҷамъ беш аз 2000 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағро худи ронанда бояд пардохт кунад, чун зимни ҳаракат ба саҳлангорӣ роҳ додаст. Вале мо бо назардошти вазъи ронандаҳо тасмим гирифтаем онҳоро аз кор озод накарда, бо тадриҷ аз маошашон кам кунему ҷаримаҳоро пардохт, то аз ин дида бештар нагардад, -таъкид медорад директори корхона.

Ба СССР ваъда медиҳем!

Новобаста аз он, ки баъзе аз паҳлӯҳои шикояти ронанда Қурбоналӣ Тураев барои мо дар диди нав ошкор гашт, яъне бархе аз шикоятҳо асос надоштанду худи ронанда инро тасдиқ намуд, раҳбарияти ККВД «Троллейбус» ба газетаи мардумии СССР ваъда доданд, ки проблемаҳои ӯро ҳаллу фасл намуда, пас аз кӯчонидани номбурда ба хобгоҳ дар ин бора ҳатман СССР-ро хабардор хоҳанд кард.

ККВД «Троллейбус» ягона корхонаи троллейбусии пойтахт ба шумор рафта, аз 2 ДЕПО иборат аст. Корхона ҳамарӯза ба 6 хатсайр-№№ 1, 4, 5, 10, 11 ва 12 60 адад троллейбус бароварда, онҳо дар 2 баст фаъолият менамоянд. Бо вориди троллейбусҳои нав кор дар ин самт беҳтар гардида, ҳамакнун троллейбусҳои нав, ки аз ноқилҳои махсус қувват (заряд) мегиранд, ҳангоми қатъу васли хати барқ низ метавонанд бе ягон мушкилӣ ба роҳи худ идома диҳанд. 

 

М.Аминова, СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 14:05

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 09:39

Чоршанбе, 13 Январ 2021 09:25

 

Ким Чен Ын роҳбари олии Кореяи Шимолӣ, писари Ким Чен Ир ва набераи Ким Ир Сен соли 2011 зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Баъди сари қудрат омадан, Ким Чен Ын-и ҷавон (он шабу рӯз ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт), ки таҳсилкардаи Шветсария буд, сиёсати падару бобояшро каме тағйир дод ва ин сабаб шуд, ки бисёриҳо ӯро бо Михаил Горбачев ташбеҳ кунанд. 

Писари саввум

Ким Чен Ын писари саввуми Ким Чен Ир ва модари ӯ Ко Ён Хи зани саввуми Ким Чен Ир буд. Касе гумон намекард, ки қудрати сиёсӣ дар Кореяи Шимолӣ ба писари саввум бирасад. Бародарони Ким Чен Ын-Ким Чен Нам ва Ким Чен Чхол аз ӯ бузургтар буданду қудрат дар кишвар мебоист ба яке аз онҳо мунтақил мешуд. Худи Ким Чен Ир мехост писари калониаш Ким Чен Намро вориси худ гардонад. Ким Чен Нам баъди анҷоми таҳсил дар Маскав ва Женева ба ватан баргашт ва ӯро сардори департаменти бехатарии киберии Кореяи Шимолӣ таъин намуданд. Аммо як иттифоқ ба карераи сиёсии Ким Чен Нам нуқта гузошт. Дар аввалҳои солҳои 2000-ум, Ким Чен Намро бо шиносномаи қалбакӣ дар пойтахти Япония дастгир намуданд. Писари калонии Ким Чен Ир баҳона пеш овард, ки мехост ба тамошои Диснейленд биравад, аммо хадамоти амниятии Япония аснодеро расонаӣ кард, ки тибқи он Ким Чен Нам чандин бор пинҳонӣ барои айшу ишрат ба Япония омадааст. Миёни Пхенян ва Токио ҷанҷоли дипломатӣ бархост ва Ким Чен Ир маҷбур шуд писарашро аввал аз симмати ҷонишинӣ ва сипас аз кишвар берун кунад. 

Писари дуввуми Ким Чен Ир, Ким Чен Чхол бошад ҳамагӣ 2 сол аз бародараш бузургтар буд ва акнун маснади ҷонишинӣ мебоист байни ин ду ҳаллу фасл мегардид. Инҷо низ бахти Ким Чен Ын баландӣ кард. Дар яке аз рӯзҳо 2 бародар бо ҳам баскетболбозӣ мекарданду падарашон ин бозиро тамошо дошт. Баъди анҷоми бозӣ, Ким Чен Чхол аъзоёни дастаашро назди худ хонд ва аз ҳамаи бозингарон ташаккур кард, аммо Ким Чен Ын бошад, бозингаронашро бо ҷиддият муҳокима карда, хатогиҳои ҳар якеро гӯшзад мекард. Дар ин асно Ким Чен Ир ба сарошпази худ, ки як шаҳрванди японӣ буд муроҷиат карда мегӯяд: “нигоҳ кун, мебинӣ Ким Чен Ын ба ман шабеҳтар аст ва қудрат бояд ба ӯ мунтақил гардад”. Ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки роҳбари олии Кореяи Шимолӣ писари саввумашро ба ҳайси ҷонишини худ интихоб кунад.

Фалсафаи Сангун 

Ким Чен Ир моҳи декабри соли 2011 вафот кард ва рӯзномаи асосии Корея Шимолӣ “Нодон Синмун” Ким Чен Ын-ро Сарфармондеҳи олии Артиши халқии Корея эълон намуд. Артиш дар Кореяи Шимолӣ ҳанӯз аз замони поярези ин кишвар Ким Ир Сен нақшӣ асосӣ дорад. Ким Ир Сен ҳатто консептсияи фалсафиеро бо номи Сангун роҳандозӣ кард, ки тибқи он артиш аз ҳама чиз болотар меистод. Артиши Кореяи Шимолӣ 4-умин артиши бузург дар ҷаҳон ба шумор меравад ва генералҳои он, ҳамеша нақши вежа дар сиёсати ин кишвар доштанд. Маҳз ба ҳамин хотир Ким Чен Ын дар раисии он қарор гирифт. Аммо Кими ҷавон дар дохили худи Ҳизби коргарии ҶХДК рақибони сиёсии пурзӯре дошт. Дар раъси онҳо аммааш (хоҳари Ким Чен Ир) Ким Ёе Хи ва шавҳари қудратманди ӯ Чан Сон Тхек меистоданд.

Чоршанбе, 13 Январ 2021 09:20

7.01.1918. Генерал Лев Корнилов сарфармондеҳи Артиши ихтиёрии Русия таъин карда шуд. Ин артиш баъдан ба Артиши сафед таъбир гардида, то соли 1920 алайҳи болшевикон ҷангид. 

8.01.1935. Дар СССР озмуни умумииттиҳодӣ барои беҳтарин тарҳи Герби давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд.

8.01.1942. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Сталинобод, аввалин навбати корхонаи сементбарорӣ сохта ба истифода дода шуд. 

8.01.1977. Дар вагони метрои Маскав таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи ин таркиш 7 нафар кушта ва 37 нафар захмӣ гардиданд. Омилони ин таркиш, се террористи арманӣ С.Затикян, А.Степанян ва З.Багдасарян баъди 2 сол ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. 

9.01.1920. Роҳбари анархистони украинӣ Нестор Махно аз ҷангидан алайҳи полякҳо худдорӣ кард ва болшевикон ӯро ғайриқонунӣ эълон намуданд. 

9.01.1925. Дар Тошканд Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардуми эронитабори берун аз он, таъсис дода шуд.

9.01.1936. Дар РСС Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд ба Ленинобод тағйири ном кард.

9.01.1944. Дар шимоли РСС Тоҷикистон, бо қарори Раёсати ШО шаҳраки Нов таъсис дода шуд.

10.01.1920. Таъсиси Лигаи Миллатҳо, СММ имрӯза. Роҳбари Россияи болшевикӣ В. Ленин аз рӯзи аввал моҳияти ин ташкилотро дарк кард. Ӯ навишта буд: Лигаи Миллатҳо-иттиҳод танҳо дар қоғаз аст, дар асл бошад ин гурӯҳи ҳайвонҳои ваҳшӣ мебошад”. Бо вуҷуди ин, соли 1934 СССР ба ин ташкилот ҳамроҳ гардида, баъди 5 сол аз он хориҷ карда шуд.

10.01.1965. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе, бузургтарин корхонаи қаннодӣ дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд. Ин корхона “Ширин” ном гирифта, то ба ҳол ҳам фаъолият мекунад.

11.01.1971. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Қасри пионерони Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. 

12.01.1913. Иосиф Ҷугашвилӣ бори аввал дар навиштаҳояш аз тахаллуси Сталин истифода бурд.  

12.01.1937. Дар РСС Тоҷикистон аввалин нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Варзоб ба кор даромад. 

12.01.1989. Дар СССР барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида, моҳи апрел натиҷаҳои ин бақайдгирӣ эълон карда шуданд. Тибқи онҳо, аҳолии СССР 286 млн 717 000 нафарро ташкил дод.

12.01.1992. Дар Тоҷикистон аз анбори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши АУ ҶТ, 185 ашёи нодир аз нуқра, биринҷӣ ва устухони фил дуздида шуданд. Маблағи ашёи дуздидашуда, 4,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.  

13.01.1939. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Сталинобод, бо усули сохтмони босуръат дар зарфи 32 соат, хонаи якошёнаи 4 ҳуҷрадор сохта ба истифода дода шуд.

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter