ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Январ 2021 09:17

 

МИҲД н.Темурмалик иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Темурмалик-ноободтарин ноҳияи Тоҷикистон?»-ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» №39, аз 08.10. 2020 нашр шудааст, мавриди баррасй қарор дод.

Вобаста ба ин боиси зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба таври умумӣ бунёду таъмири 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати то 1.10.2020 дар маҷмӯъ 110 иншоот ё 41 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуда, дар 130 иншоот ё 48 фоизи онҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар иншоотҳои боқимонда корҳо оғоз мегарданд ва муҳлати ба истифодадиҳии ин иншоотҳо соли 2021 пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, бо назардошти 89 иншооти дар соли 2019-2020 иловагашта, дар маҷмӯъ 337 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то 30 сентябри соли 2020, 136 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар 111 иншоот корҳои сохтмонию азнавсозӣ идома доранд.

Маркази хизматрасонии шириниҳои «Ҷонона», коргоҳи бароварди дастпӯшҳои тиббӣ, фермаи мурғи марҷон, кашидани хати оби нушокӣ дар масофаи 400 метр дар деҳаи Дават Ҳалқаёр, кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 5 км 600 метр ба деҳаи Офтобруя, сохтмони бинои маъмурии хоҷагии зотпарварии Кангурт, бинои нави китобхона аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ дар деҳаи Товашар, сохтмони нонвойхона, дӯкони гуштфурӯшӣ, нуқтаи шустушӯи нақлиёт, таъмири мошинҳо дар деҳаи Бачамазори Ҷамоати деҳоти ба номи Л. Қармишев, аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ мумфарш намудани роҳҳои мошингарди Танобчии боло ба масофаи 850 метр ба маблағи 138 ҳазору 920 сомонӣ, мумфарш намудани роҳҳои мошингарди деҳаи Танобчии миёна ба масофаи 1250 метр ба маблаги 204 ҳазору 287 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ, инчунин, таъмиру сохтмони 32 муассисаҳои таълимӣ, таъмиру сохтмони 6 боғчаи кӯдакона, сохтмони 4 китобхона, 3 қасри фарҳангӣ, 2 клуб, 2 боғи фарҳангӣ, 1 гулгашт, 9 беморхона ва бунгоҳи тиббӣ, 1 коллеҷи тиббӣ, 1 таваллудхона, 11 дорухона, сохтмони 19 толор ва майдончаҳои варзишӣ, 5 меҳмонхона, 50 маркази хизматрасонӣ ва савдо иборат аз сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, сохтмон ва таъмиру таҷдиди 32 роҳу иншоот ба масофаи 106,81 км, кашидани хати оби нӯшокй ба 17 иншоот ба масофаи 73,3 км, кашидани хати барқ дар 4 иншоот ба масофаи 15,5 км, сохтмони 11 идораҳои давлатӣ, таъмири 4 идораҳои давлатӣ, сохтмони 10 маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дузандагӣ, сохтмони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, таъмири 5 пул, насб намудани 8 трансформаторҳои барқӣ ва 52 адад иншоотҳо, намунаи кулли корҳои иҷрошуда вобаста ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мебошанд. 

Р.Талбакзода, 

муовини раиси н.Темурмалик 

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 09:16

Абдураҳмон Раҳимов яке аз хонандаи ҳафтанома аз н.Ҳамадонӣ занг (915 94 51 81) зада гуфт, ки агар чунин хунукиҳо идома ёбад зиндагии мардум боз ҳам вазнинтар мегардад.

-Чанд рӯз мешавад, ки якчанд  ноҳияҳои кишварро боду ҳавои номуносиб фаро гирифтааст. Ба хусус чандин деҳаҳо зери ҳавои буғдор мондааст. Барфе, ки ҳамагӣ 10 см буд зиёда аз 1 ҳафта мешавад, ки рӯйи замин хобидаасту об намешавад. Чунин хунукӣ ба зиндагии мардуми деҳқон сахт зарар меорад.Чорвои кӯҳсор ба хунукӣ тоб наоварда аз гуруснагӣ зуд мефавтанд. Зеро аксарияти чорводорон хӯрокаи захира надоранд. Аз ин лиҳоз, муриши чорво зиёд мешаваду нархи гӯшт мисли солҳои пешин ба 5 сомон баробар. Умеди мо танҳо ба Худованд аст ва медонем, ки баъди ин ҳама мушкилиҳо ҳатман ба рӯзи офтобиву арзонӣ ва бобаракат мерасем.   

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 08:58

 Маҳмадёқуби Юсуф аз шаҳри Душанбе ба мо занг зада (тел 907 41 95 83) бобати ҳаракати нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрӣ андешаҳояшро баён намуд:

 -Имрӯз бештари мардум аз кори нақлиёти мусофирбар розӣ нестанд, аммо ман шояд бар хилофи аксарият, мехоҳам кори нақлиётро таъриф кунам. Кори нақлиёти хатсайри №46  бисёр олӣ ба роҳ монда шудааст. Ман худам ҳар субҳ инро бо чашми сар мушоҳида мекунам. Мошинҳои ин хатсайр чунон тез-тез ҳозир мешаванд, ки кас воқеъан лаззат мебарад. Аммо чаро кори хатсайрҳои дигар ингуна нест? Барои мисол дар масире, ки хонаи ман қарор дорад хатсайрҳои рақами 8, 26, 12 ва 25 низ ҳаракат мекунанд. Чанд рӯз қасдан кори нақлиёти ин масирро қиёс кардам. Бовар кунед ба ҳар 5-6 нақлиёти №46 як маршруткаи 8, 25 ва 26 рост меояд. Ин 46-ҳо холӣ, мисли тир меоянду мераванд, аммо маршруткаҳои дигаррро соатҳо бояд мунтазир шуд. Оё хатсайри №46 бо қавоиди дигаре фаъоляит мекунад? Чаро роҳбарияти хатсайрҳои дигари Душанбешаҳр кори нақлиёташонро монанди хатсайри №46 бароҳ монда наметавонанд?

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 08:54

 Салом СССР-и ҳақгӯ ва ҳақҷӯ. Аз ширкати “Алиф сармоя” бароям ба ин мазмун паёмаке омад, ки мехоҳам онро пешкаши хонандагони СССР гардонам. Шояд аз ин навъ паёмак ба касоне дигар ҳам расида бошад ва аз ҳама муҳимтар оё касе росту дурӯғ будани ин навъ паёмакҳоро озмудааст? Агар касе натиҷае гирифтааст, хоҳиш мекардам ба ҳамин газетаи СССР паёмак ирсол намояд, то мо ҳам ба “Алиф сармоя” бовар кунем. Ҳоло матни паёмак:” Салом дӯстам. Фоида то 50%. Дар куҷо? Аз 25 декабр то 5 январ дар қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, кинотеатрҳо ва дигар ҷойҳо бо alif mobi.”

Фуруғ, ш. Душанбе, тел. 93 1221910

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 08:52

Рӯзи 1.12.2020 бо кори заруре таксӣ киро намуда, ба ш.Роғун рафтам. Соатҳои қариб 10 аз Душанбе баромадем, дар даромади н.Файзобод, деҳаи Қарабулоқ дидбонгоҳи БДА будааст, онҷо моро манъ карданду ба ронанда гуфтанд, ки 10 сомонӣ диҳад. Оқибат 5 сомонӣ дода сафарро давом додем.

Ин ҳолат пас аз баромадан аз ҳудуди н.Файзобод низ такрор ёфт, 1 коргари БДА аз пушти бутта баромада, худашро тез дар роҳ гирифту мошинро манъ карда, ронандаро ба назди мошини нозири роҳ равон кард. Он нафар аз ронанда 15 сомонӣ пурсид, ронанда 10 сомонӣ гуфт, ки хашми корманди БДА омаду охир 15 сомонӣ гирифт. Аз даромади Файзобод то охири ноҳия 16 нуқтаи БДА-ро ҳисоб кардам. Рости гап фикр кардам, ки ягон ҳодисае ба вуқуъ омадаву вазъияти фавқуллода эълон шудааст. Аз даромадгоҳ то ш.Роғун рафтем, ягон корманди БДА нест, ҳама тинҷу осудаву ба кори худ машғул. 

Аҷоибии кор ҳамин, ки коргарони БДА-ба мошин кор надоранд. Дар мошин чӣ дорӣ ба онҳо фарқ надорад. Шояд раиси тозаинтихоби н.Файзобод корро аз ҳамин сар карда бошаду пулҷамъкунии БДА-ҳам ба ободии ноҳия сарф мешавад? 

Наҷмиддин Худоиев, ш.Роғун

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 08:47

Мутаассифона, замони ахир дар журналистикаи Тоҷик 1 раванди хатарзо рӯи кор омадааст ва он ҳам адами танқид! 20 рӯз бештар, ки мариз будаму бистарӣ (ман ҳич гоҳ ҳини касалӣ инро фош намекунам), бо ҳампалатаам-Алии Беҳудуд тамоми барномаҳои ТВ-ҳои Тоҷикистонро дидем. Дар ягон барнома, бидуни барномаҳои ВКД ва БДА маводи танқидӣ нест, ки нест. Масъулин шояд фикр мекунанд, танқид, ки кардӣ, оппозитсияӣ, зидди ҳукумат сухан мегӯӣ, душманӣ. Аслан чунин нест! Журналистика барои ислоҳи ҷамъият ва инъикоси камбуду бурди шохаҳои ҳукумат аст. Ва агар чунин намешуд, имрӯз расонаҳои Амрикову Аврупо ва ҳатто ҳамсоякишварҳоямон моломол аз репортажу матолиби танқиди созанда намебуданд. Раванди таърифу тавсифи чиновникҳо, раисон ва вазирон ба касе хушоянд нест ва ҳатто худи Президенти ҶТ борҳо таъкид карда буданд, ки «Танқид кунед, ҳатто маро танқид кунед, вале ба Давлат ва Ватан хиёнат накунед!». Танқид аз хиёнат фарқ дорад ва дар бисёр маворид таърифи барзиёд наздиктар ба хиёнат аст, ки танқид буда бошад. Мо Метавонем! Ва мо сар мекунем!!!

Чанде пеш, дақиқан дар матлаби  "Максимализми Тоҷикӣ" (СССР, 26 ноябр, 2020) роҷеъ ба шикоят-навори интернетии «1 таксисти 5-сӯма» аз кормандони БДА пуштибонӣ кардам. Нафаре бо имзои Музаффар Айдаров, ба ман чунин навишт: "Таксист, агар ГАИ манъаш кард, ҳатман аз президент хафа аст"! - мегӯед Шумо? Тавре ман аз гуфтаи "таксист" фаҳмидам, " ГАИшник" барояш гуфтааст, бо фармони раиси шаҳр фаъолияти "таксиҳои панҷсомона" дар пойтахт манъ аст. Сабаби муроҷиати таксист дар ҳамин аст. Ин муроҷиатнома метавонад "2020 саволи беҷавоб"-и дигарро кушояд. Воқеан ҳам, раиси шаҳр чунин фармон додааст? Ё барои ГАИшникҳо аллакай одат шудааст, ки аз номи "калонҳо" гап зананд? Агар таксист ба ягон ҷойи дигар муроҷиат мекард, ман 121% боварӣ дорам, ки ягон нафъе намедошт...».

Борҳо гуфтаву боз ҳам менависам, нозирони БДА дар аксарияти маврид профессионал, психолог ва ҳатто одамшиносанду меҳрабон, вале мутаассуф ашхоси тасодуфӣ низ дар ин ниҳод ҳастанд, ки кори дастаҷамъии ин ниҳоди зери дурбини ҷамъиятро бо адами масъулият, набуди кӯчактарин одоби муошират ва беодобӣ ба сифр-0 баробар мекунанд:

1000х2-3=0…

Замони ахир, надонам барои чӣ, саф ва амали чунин нозирон, аз ҳисоби ҷавонон  афзудааст. Шояд дар поин дарак доранд, ки дар боло дигаргунӣ мешавад? Боло! Ҳамон нозирони андаке, ки дар бораашон чун бемасъулият ҳарф задем, ин вожаро хеле дӯст медоранд. Мошинро, ки боздоштанду сабаб пурсӣ, посух яктост:

-Аз Боло фармон шудааст!

Кист дар ҳамон Боло? Ва онҳо киро дар назар доранд? Маълум, ки мардуми оддӣ Боло гуфта киро дар назар дорад ва ин аст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Боло шикоят мебаранд. Ва акнун пурсида мешавад, ки дар Раёсати БДА чанд шиква дохил шудаасту онҳо ба чанд шикояту арзи мардум посух гардонидаанд? Суол расмист ва бовар дорем РБДА ВКД ҶТ ба он посух мегӯяд! Мо интизорем. Мо метавонем! Зеро посух ба ин суол посух ба шикваи ҳамон таксисти 5-сомона ва Айдаров Музаффар низ ҳаст, ки гиребони сардабири СССР-ро сахт доштааст.

 Исти бесабаб (Бесцельная остановка)!

 Агар аҳамият додаед, дилхоҳ нозири БДА дар дилхоҳ нуқтаи кишвар метавонад роҳат шуморо боз дораду баъди тафтиши аснод ва ё шикояти ронандаву ҷанҷолу хархаша ҳамту, зери лаб, бо виқоре, ки гӯё шуморо аз зиндон раҳо кардаасту 100 сомонӣ низ ба дастатон қаппондааст, амри лутфомез кунад:

-Ҷавоб! Роҳи сафед!!!

Ва ин ки ин нозир вақти гаронбаҳои шуморо гирифтаву 5-10 дақиқа асабиятон кардааст, гӯё боке нест-в порядке вещей…!

Исти Сиёҳнома ва Техосмотр!!

Ана ин тамоман «ҷиноят» аст. Чандин бор маро ист фармудаву ҳуҷҷат пурсидаанд. Сабаб пурсам, мегуфтанд, иҷозатномаи шишаҳои сиёҳ ва техосмотрро бояд ба тиреза ширеш мекардӣ! Дар куҷо, кадом қонунгузорӣ, кодекс, конститутсия омадааст, ки ронанда бояд ҳатман ин 2 варақаро дар тирезааш насб кунад?

 Исти Солинавӣ!!!

Воқеан ҳам кормандони БДА дар сартосари кишвар дар ин шабу рӯзҳои идонаи солинавӣ бо сабабҳои ба мо тамоман номаълум дар ҷодаҳо хеле зиёд ба чашм мехӯрданд. Дур намеравем, онҳо ҳамарӯза аз гардиши Бинои марказии Саррёсати БДА ҶТ то мавзеъи Балх ҳадди ақалл 4-5 посгоҳ таъсис додаву бо ва бе сабаб қариб тамомии нақлиётро манъ мекарданд. Дар гардиши шоҳроҳ, дар рӯбарӯи БДА, назди ДАРВОЗАИ ГАИ ҳамарӯза 3-4 сержант истода, бе ягон сабаб мошинро манъ мекунанд, ки аз рӯи қонун «таваққуфи бе сабаб (бесцельная остановка)» аслан дар кишвари мо мамнуст! Шояд рост мегуфт, ронандаи таксие, ки ба ҷон задаву менолид: «Охири сол асту планашонро иҷро накардаанд!». Пурсида мешавад, ки магар БДА низ плану нақшаву ӯҳдадорӣ дорад? Шахсан мошини сардабири СССР-ро дар ин шабу рӯзҳо 10 бор (!!!) манъ карданд ва ба ин сержантҳо фарқе надорад, ки ту газета мебарорӣ, сардабирӣ, кори давлат меравӣ ва ё маҷлиси ҳукуматӣ…

Ва аз ҳама муҳим аксари ин нозирон бе ниқоб сар дохили мошин карда, даҳонатонро бӯй мекашанд. Фарзи мисол, шумо маст нестед, вале нозире, ки дар шабу рӯзи коронавирусӣ даҳони чандин ронандаро бӯ кашидааст, магар сарчашмаи паҳншавии вирус намегардад? Ва ё бо дастони бидуни дастпӯшаки махсус ҳуҷҷатҳои садҳо нафарро варақ задаву аз шуморо низ варқгардон менамояд, низ боиси паҳни маризиҳо намешавад?

Муҳими муҳими муҳимтар аз ин ҳама гуфтаҳо. Агар шумо, фарзи мисол, саросемаеду исти беҳадафи сержантеро игнор кардаву роҳатонро идома диҳед, бо ратсия хабар дар тамомии шаҳр паҳн мешавад: «Неподчинение!!!». Ва Худо зад, дар 10-12 ҷои дигар нозирон ҳатман шуморо манъ кардаву пурсупос менамоянд. Кӣ ба нозири БДА ҳақу ҳуққ додааст, ки мошинро ғайриқонунӣ манъ кунаду сипас ғайриқонунӣ автои шуморо дар ҷустуҷӯӣ ҷиноӣ қарор диҳад? 

Имрӯз бе шакку шубҳа соате расидааст, ки дар ин соҳа реформаи ҷиддӣ роҳандозӣ гардад. Ифтитоҳи Шаҳри Бехатар ва ҷаримаҳои воқеии он чанд солаке ронандагонро аз ситами гаишникҳо халос карда буд. Вале боз ҳам сафи онҳо афзудааст, ки боиси нигаронист. Шояд мисли Гурҷистон ин ниҳодро комилан аз миён бардорем???

Мавзуъро пайгир мемонем. Зеро ронандагон замони ахир воқеан ҳам аз ҷаври ГАИ-шникҳо ба дод омадаанд. Мо Метавонем!

 

 

Ҷумъа, 08 Январ 2021 16:24

Дар толори МИҲД-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маҷлиси васеъи ҳукумати шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис, дар мувофиқа бо Президенти ҶТ 2 муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва Исмоил Сайфиддинов  аз вазифа барканор карда шуданд. Масъулини ҳукумати шаҳр расман ба хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ карданд. Сабаби барканории онҳоро ҳукумати шаҳр  шарҳ надоданд. 

Баҳодур Уроқов

 

Ҷумъа, 08 Январ 2021 10:38

   Ба гуфтаи хабаргузории Интерфакс, суди Бағдод барои боздошти президенти собиқи ИМА Доналд Трамп муҷаввиз (ордер) содир кард. 

Тавре ин хабаргузорӣ мегӯяд, суди Бағдод Трампро ба қатли роҳбари нерӯҳои мардумии Ироқ Абу Маҳдӣ ал Муҳандис айбдор кардааст. Абу Маҳдии Муҳандис дар аввали соли 2020 ҳамроҳ бо генерали эронӣ Қосими Сулаймонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Бағдод кушта шуда буд.

СССР

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter