ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Январ 2021 11:49

 

 Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нуралӣ Давлат меҳмони редаксия шуда роҷеъ ба сангинии куруноӣ ва паёмади пасомаризӣ дар ҷамъият гуфт:

   - Соли равон барои ҷомеъаи башарӣ соли мушкил буд. Шояд яке аз мушкилтарин солҳо дар чанд даҳсолаи охир. 1 вирус бо номи COVID-19  нотавонии бузургтарин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба намоиш гузошта, дар ақсои олам, бо шумули Тоҷикистон ба дефитсити ғизо ва болошавии нарху наво мусоидат намуд. Ҷаҳон имрӯз ҳам дар муқобили вируси COVID-19 мубориза бурда истодааст ва тамманои ман ин аст, ки дар соли 2021 ҷомеаи башарӣ бар ин вируси хонумонсуз пирӯз гардад. Ва ҳамчунин таманно дорам, мушкилоте, ки дар тӯли се даҳаи истиқлол гиребонгири ҷомеаи Тоҷикистон аст, монанди болошавии нарху наво, пастшавии сатҳи зиндагонӣ, бекорӣ, маоши кам, муҳоҷирати корӣ ва ғ., дар соли 2021 ҳалли худро ёбанд. Орзӯи ҳамешагии ман зиндагии бо шарофат барои ҳамаи ҳамвататон. Соли наватон муборак бошад!

 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:23

 

Иттиҳоди аввал

Таъсиси СССР-ро метавон ҷамъбасти натиҷаи Инқилоби бузурги рус ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1922 унвон кард. Дар натиҷаи инқилоби болшевикӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди императории собиқи Россия, чанд кишвари ба зоҳир мустақили шӯравӣ таъсис ёфтанд. 1 июни соли 1919 ин кишварҳо миёни ҳам Иттиҳоде бастанд, ки дар он РСФСР нақши асосӣ ифо мекард. Кишварҳои Иттиҳод нерӯҳои мусаллаҳи воҳид доштанд ва иқтисодашон аз Маскав идора мешуд. Албатта дар ҳар вазоратхона, намояндагони кишварҳои Иттиҳод шомил буданд. Аммо ин Иттиҳод чандон мустаҳкам набуда, статуси муносибати кишварҳо ҳанӯз норавшан боқӣ монда буд. Дар Маскав дарк мекарданд, ки ин Иттиҳод бояд бозбинӣ шавад. Соли 1922 шароит фароҳам гардид ва Маскав иқдомро шурӯ кард.  Иттиҳоди аввали ҷумҳуриҳои мустақили шӯравӣ аз РСФСР, РСС Украина, РСС Беларус, РСС Гурҷистон, РСС Арманистон, РСС Озарбойҷон ва Ҷумҳуриҳои халқии Бухоро, Хоразм ва Шарқидурӣ иборат ёфта буд 

Конфронси Генуя

Муҳокимаи таъсиси Иттиҳоди нави ҷумҳуриҳои шӯравӣ, баъди даъвати РСФСР ба конфронси Генуя дар соли 1922 равнақи бештар касб кард. Кишварҳои аврупоӣ ҳуқуқи ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ (ғайр аз РСФСР)-ро ба расмият намешинохтанд ва РСФСР бошад онҳоро ба зоҳир мустақил меҳисобид. Дар дохили ҳизби болшевикӣ сари ин масъала баҳси доғе ба вуқӯъ пайваст. Барои мисол, котиби генералии КМ Иосиф Сталин бар ин ақида буд, ки дар ин давра кофист вазоратҳои хориҷии ҷумҳуриҳоро эълон кунанд, ки РСФСР метавонад дар ин конфронс аз ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ намояндагӣ кунад ва баъдан масъаларо ҷиддитар ҳаллу фасл намоянд. Сталин аз ақидаи “мухторикунонӣ” тарафдорӣ мекард, аммо намояндаи РСС Украина Х.Раковский ва дигарон, аз мустақилияти ҷумҳуриҳо дифо мекарданд. Билохира дар конфронси Генуя РСФСР ва намояндагони РСС Украина ширкат варзиданд. Дар ин конфронс, болшевикон гапашонро ба абарқудратҳои он замон гузаронданд ва заминаи таъсиси як Иттиҳоди давлатӣ дар ҳудуди собиқ императории Россия ниҳоӣ ёфт.

“Сотсиал-мустақилҳо”

Нуқтаи назари Сталин як навъ созиш буд миёни тарафдорони таъсиси як давлати унитарии шӯравии воҳид ва як конфедератсияи воқеии ҷумҳуриҳои шӯравӣ. Аммо моҳи сентябр, лоиҳаи Сталин аз ҷониби роҳбари ВКП(б) В.Ленин мавриди танқид қарор дода шуд. Ленин аз федерализатсия ҷонибдорӣ кард. Моҳи сентябр Сталин ба доҳӣ мактубе навишт ва тарафдории мустақилиятро ба “сотсиал-мустақилҳо” ташбеҳ кард. Ба андешаи Сталин, ин афрод дахолати марказро “як фиребу риёи Маскав” муаррифӣ мекунанд. Аммо Ленин дар ҷавоб гуфт, ки рафиқ Сталин каме майл ба шитобкорӣ дорад. Яъне самти амалкарди Сталин дуруст аст, аммо ӯ таассуботи миллӣ ва чашмандозҳои инқилоби ҷаҳониро ба андозаи кофӣ дар назар намегирад. Билохира Ленин бо Сталин дидор намуда, баъди гуфтугӯ миёни онҳо, лоиҳаи Сталин тағйир ёфт. Акнун кишварҳои шӯравӣ мебоист дар якҷоягӣ бо РСФСР дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Аврупо ва Осиё муттаҳид мегаштанд. 

Исёни гурҷиҳо

Аз ҳама бештар барои истиқлоли худ, болшевикони гурҷӣ талош намуданд. Барои ҳалли масоили Гурҷистон ба ин кишвар, яке аз болшевикони собиқадори гурҷӣ Серго Орджонекидзе равона карда шуд. Серго ба Тифлис омада, аз коммунистони гурҷӣ хост лоиҳаи Сталинро дастгирӣ кунанд. Аммо гурҷиҳо розӣ нашуданд ва миёни Орджонекидзе ва роҳбари коммунистони гурҷӣ Б. Мдиванӣ занозанӣ ҳам ба амал омад.

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:18

1.01.1919. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Беларус. 

1.01.1932. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав заводи мошинсозии ба номи Горкий ба истифода дода шуд.  

1.01.1933. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон, шаҳри Сталинобод китобхонаи давлатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ ифтитоҳ гардид.

1.01.1934. Дар Ленинград Сергей Киров ба қатл расид. Киров яке аз чеҳраҳои саршиноси ҳизби болшевикӣ ба шумор рафта, тибқи баъзе сарчашмаҳо, куштори ӯ аз ҷониби Сталин роҳандозӣ шуда буд, то рақиби сарсахташро аз сари роҳ бардорад. 

1.01.1961. Ислоҳоти пулӣ дар СССР. Пулҳои кӯҳнаро бо таносуби 1:10 бо пулҳои нав иваз карданд. 

1.01.1967. Дар телевизиони марказии СССР барномаи иттилоотии “Время” роҳандозӣ шуд. Аз ин ба баъд “Время” асоситарин барномаи хабарии СССР гардид. 

 2.01.1922. Дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ Комиссияи Фавқулоддаи Диктаторӣ созмон дода шуд.

2.01.1925. Бо қарори Раёсати КИМ СССР дар ҳайати РАС Тоҷикистон Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ таъсис дода шуд. 

2.01.1963. Дар РСС Тоҷикистон қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирон “Бобати таъсиси Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ” ба тасвиб расид.

2.01.1969. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин телефон-автомати байнишаҳрӣ насб карда шуд, ки Душанберо бо Тошканд пайваст мекард.

3.01.1963. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари ИЛ-62. ИЛ-62 аввалин тайёраи турбореактивии дурпарвози шӯравӣ ба шумор мерафт ва созандагони он бо мукофоти Ленинӣ қадрдонӣ гардиданд. 

4.01.1940. Дар ҳудуди ба СССР ҳамроҳ гардидаи Беларусияи Ғарбӣ мамнӯъгоҳи Бешаи Беловежск таъсис дода шуд. Маҳз дар ин Беша соли 1991 сарони се кишвари славянӣ созишномаи парокандашавии СССР-ро ба имзо расониданд.  

4.01.1943. Маҷаллаи амрикоии “Таймс” ҷамъбандии соли 1942-ро анҷом дод ва тибқи ин ҷамъбандӣ роҳбари СССР Иосиф Сталин Одами сол муаррифӣ гардид. 

4.01.1964. Дар корхонаи яхдонбарории шаҳри Душанбе аввалин намунаи яхдони “Помир” сохта шуд. Яхдонҳои “Помир” бисёр бо сифат буда, дар тамоми СССР маъруфияти хос доштанд.  

5.01.1919. Дар шаҳри Мюнхени Олмон Ҳизби коргарии немис таъсис дода шуд. Ин ҳизб баъди як сол ба Ҳизби миллӣ-сотсиалистии немис тағйири ном кард ва соли 1933 дар интихобот пирӯз гардида, сари қудрат омад. Адолф Гитлер рейхсканслери Олмон гардид.

5.01.1968. Дар Чехословакия Александр Дубчек сари қудрат омад. Омадани Дубчек “Баҳори Прага”-ро заминасозӣ карда, баъди чанде Артиши кишварҳои Ташкилоти созишномаи Варшава ба Прага ворид гардида, ин баҳорро ба хоку хун кашиданд. 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:15

МИҲД н. Ёвон мақолаи «Ёвон: нақлиёти ҷамъиятӣ нест», ки дар рӯзномаи «СССР» № 34 аз 3.09.2020 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳия хизматрасонии мусофиркашонӣ аз тарафи ҶДММ «Терминали Ёвон» ба сомон расонида мешавад. Ҷамъияти мазкур аз сабаби надоштани базаи истеҳсолӣ-техникӣ ва нақлиётҳои хусусии худ хизматрасониро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Автоэкспрес», мутобиқ ба шартномаи ҳамкорӣ амалӣ менамояд. ҶДММ «Автоэкспресс» бо 240 ронандагони автомашинаҳои боркаш ва 124 ронандаҳои автомашинаҳои мусофиркаш шартномаи ҳамкорӣ дошта, онҳоро бо рохҳат таъмин менамояд. Имрӯзҳо аз тарафи ҶДММ «Терминали Ёвон» дар 5 самти байнишаҳрӣ, 16 самти наздишаҳрӣ за 9 самти дохилишаҳрӣ фаъолияти мусофиркашонӣ ба сомон расонида мешавад. Дар ин самтҳо зиёда аз 100 адад нақлиёти сабукрав, аз онҳо 12 адад нақлиётҳои тамғаи «Тангем», «Хундай», «Чанху», «Мерседес» ва дигар намудҳои нақлиёт хизмат мерасонанд.

Бо мақсади кашонидани мусофирон дар 9 хатсайри дохилишаҳрӣ (шаҳраки Евон) ба ин хатсайрҳо воситаҳои нақлиётии микроавтобусҳои гуногунтамға ҷалб гардонида шуда буд, аммо аз сабаби кам будани шумораи мусофирон дар ин хатсайрҳо ва бо истифодаи воситаҳои нақлиётии сабукрави хурд рафту омад намудани мусофирон ронандагони дар ин самтҳо ҷалбгардида аз хизматрасонӣ дар ин хатсайрҳо даст кашиданд.

Лозим ба зикр аст, ки имрӯзҳо тарҳрезии нақшаи муфассали маҳал (ПДП)-и шаҳраки Ёвон ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон дар масоҳати 30,2 гектар омода гардидааст, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи муфассали мазкур «Терминали Ёвон»-и ноҳия, бинобар сабаби ба меъёрҳои мусофиркашонӣ мутобиқ набудани ҳудуди Терминал (ҳамагӣ 0,66 гектарро ташкил медиҳад) ва бо пуррагӣ ҷойгир нашудани нақлиётҳои автомобилӣ дар хатсайрҳо аз кӯчаи ба номи Р. Раҷабов ба кӯчаи ба номи А. Ғуломов кӯчонида мешавад, ки хизматрасонӣ дар ин самт бо пуррагӣ ҳалли худро меёбад.

Ҷ.Саидзода, раиси н.Ёвон     

 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:08

Талбак Холов, нафақахӯр ва хонандаи газетаи мардумии СССР аз н.Рӯдакӣ занг зада (тел: 988 15 03 49) гуфт, ки ноҳияи Рӯдакӣ ҳеҷ соҳиби худро пайдо карда натавонист!

   - Чандин маротиба аз набудани барқ дар н.Рӯдакӣ гуфта будем, лекин аз натиҷааш ҳеҷ дараке нест. Дар 1 рӯз чанд мартиба барқро куштаву мегиронанд. Ҳар лаҳза бо сабаби пасту баланд шудани қуваи барқ ва ё зуд-зуд хомӯш намудани он, телевизор ва дигар техникаҳои барқӣ метавонад корношоям шаванд. Масъалаи дигар он аст, ки нафақаи маъюбони бечораро то 50% зиёд карданд, аммо касе нафақаро то ҳол пурра нагирифтааст. Ба ин монанд дар н.Рӯдакӣ мушкилоти дигар ҳам вуҷуд дорад, ки ягон раиси пештараву имрӯзааш бартараф карда натавонист. Ман роҳи ҳали мушкилотро ин ҷо пешниҳод мекунам. Ноҳияи Рудакӣ бояд тақсим шавад ва танҳо дар ҳамин ҳолат роҳбарон аз ӯҳдаи идорааш мебароянд.  

 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:07

 Мирзо Сатторов, яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи СССР аз ш.Душанбе, занг зада (тел: 918 96 81 60) орзу кард, ки дар соли нав маҳсулоти хӯрока арзон шавад.

   - Ман ҳамчун 1 шаҳрванди кишвар аз ҳукумат талаб мекунам, ки дар Соли нави милодӣ тартиби нархи маҳсулотро зери назорати ҷиддӣ гиранд. Нафақаи ман 150 сомонӣ асту нархи 1 кг гӯшт бошад 60 сомонӣ. Мо аз куҷо дигар ягон шириниву меваҷотро барои наберагони худ харида метавонем? Илтимос доди мардуми камбизоатро ба инобат гиред. Оё кӯдакони мо ҳаққи хӯрдани хӯрокҳои болаззату шириниҳои гуногунро надоранд ё онҳо лоиқи тӯҳфа дар арафаи Соли нав нестанд? Ё мо танҳо гӯштро дар телевизиону мағозаҳо тамошо кунем?

 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:04

 Салом СССР! Дар аксарияти деҳаҳои Кӯҳистони Масчоҳ барқ вуҷуд надорад ва корҳои васлу насби он тӯли 2 сол мешавад, ки ба охир нарасидааст. Хушбахтона, имсол барои 3 деҳа, ба дарозии 17 км хатти барқ кашида шуда, ин деҳаҳо бо хатти баландшиддати барқ таъмин гардиданд. Барқро дар деҳаи Табушн пайваст намуда, то ба деҳаи Деҳманора, ки масофаи 14 км-ро ташкил медиҳад расонидаанд. Аз Деҳманора бошад, хатти барқро то деҳаҳои Дашти Миёна ва Пакшиф ба масофаи 3 км дигар кашиданд ва ин деҳаҳо имрӯз ба пуррагӣ бо барқ таъминад. Мо метавонем!

Ёқуб Ҳасанов, н.Кӯҳистони Мастчоҳ, тел. 92 8176879 

 

Чоршанбе, 06 Январ 2021 09:01

(Дар ҳошияи мақолаи Мирзо Алимов)

Салом СССР-и гиромӣ! Аз соли 2010 пайваста СССР-ро дастрас намуда мехонаму бастабандӣ (подшивка) мекунам. Дар шумораи 13.08.2020 мақолаи Мирзо Алимов аз н.Айниро бо номи «Ғуломи пахтачин мемондем» хондам. Ҷаноби Мирзо Алимов, шумо даврони шӯравиро бо он маҳкум кардаед, ки гӯё ба мо ҳеҷ чиз надода бошад. Ношукр нашавед Мирзобой! Масъалаи тақсимоти ҳудуд, забон ва аҳолӣ ҳам бо айби шумо баринҳо: Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷаев ва дигарон сурат гирифтааст, на бо айби мо. Аз навиштаҳоятон бармеояд, ки Шумо ҳам мисли ҳаммаслакатон Аброр Соқиев ягон асари устодон С.Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷ,Икромӣ, С.Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигаронро нахондаед. 

Он серию пурӣ  ва қадрдониву одамгарие дар шӯравӣ буд, имрӯз дар ҷаҳон нест. Шумо, ки  мақолаи таҳқиромезу  тӯҳматангези худро бо номи «Ғуломи пахтачин мемондем» нашр кардаед, мақолаи ҷавобии Хайрулло Олимов аз н.Ҳисор бо номи «Баракати шӯравиро мо дидем», ки ба навиштаҳои Аброр Соқиеви ҳаммаслакатон нигаронида шудааст, хонед ва худ қазоват кунед, ки гумроҳкунандаи ҷавонон моем ё шумо. 

Файз Неъматулло, 

ш.Левакант 

 

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter