ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:46

21.01.1919. Дар пойтахти Фаронса, дар кохи Версал, Конфронси сулҳи Париж ба анҷом расид. Ин конфронс натиҷаҳои ҷанги ҷаҳонии аввалро ҷамъбаст карда, заминасозӣ ҷанги ҷаҳонии дуввум гардид.

21.01.1924. Дар Маскав Владимир Ленин, доҳии ҳизби болшевикӣ аз олам чашм пӯшид.

21.01.1935. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КИМ, ноҳияҳои Ленин ва Пролетар таъсис дода шуданд.

21.01.1945. Дар СССР Иосиф Сталин “бузургтарин сарлашкари ҳамаи давру замонҳо” эълон карда шуд.

22.01.1966. Дар шаҳри Полтаваи РСС Украина бузургтарин корхонаи истеҳсоли алмосҳои сунъӣ дар СССР сохта, ба истифода дода шуд. 

22.01.1969. Хизматчии ҳарбӣ Виктор Илин ба ҷони роҳбари СССР Леонид Брежнев сӯиқасд кард. Илин бо 2 таппонча қатори мошинҳои ҳукуматиро дар назди дарвозаи Кремл тирборон кард, аммо мошинро иштибоҳ гирифта, кайҳонавардони шӯравиро маҷрӯҳ сохт.

22.01.1991. Рӯзи сиёҳи рубли шӯравӣ. Дар ин рӯз бо қарори президенти СССР Михаил Горбачев, дар зарфи 3 рӯз тамоми пулҳои 50 ва 100 сӯмаи истеҳсоли соли 1961 аз муомилот бароварда шуданд.

22.01.1992. Дар пойтахти Беларусия шаҳри Минск сарони кишварҳои ИДМ бо хоҳиши Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ба ин кишвар Нерӯҳои муттаҳидаи худро равона кунанд. 

23.01.1924. Ҳукумати СССР қарор дод, дар Маскав барои нигаҳдории ҷасади В. Ленин мавзолеи нав аз мармар бунёд намояд. 

24.01.1918. ШКХ РСФСР Декрет бобати гузаштани Русия ба тақвими аврупоиғарбиро ба тасвиб расонид. Одамони 31 январ хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Ҳамин тариқ, соли 1918 метавон кӯтоҳтарин сол дар таърихи собиқ СССР номгузорӣ кард.

24.01.1922. КМИ бо қарори худ тамоми шиносномаҳоро лағв кард. Ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бе мамониат дар ҳудуди РСФСР рафтуо намоянд.

24.01.1970. Дар шаҳри Хоруғ аввалин фабрикаи дӯзандагӣ дар Бадахшон сохта, ба истифода дода шуд.

25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарори “Қатъи ҳолати ҷанги миёни СССР ва Олмон”-ро нашр кард.  

26.01.1963. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон фурудгоҳи нави “Душанбе” ба фаъолият шурӯ кард.

26.01.1980. Давлати Канада бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард.

27.01.1935. Дар РССС Тоҷикистон бо қарори Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон луғати комили русӣ-тоҷикӣ нашр карда шуд. Инчунин дар назди КМ ҲК Тоҷикистон Шӯрои илмии алфавити нави тоҷикӣ таъсис дода шуд. 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:43

(Ҷавоб ба мақолаи “Вазоратҳо ба кӣ роҳхат медиҳанд?”-и Ҳаким Исмоилов, ки 6.01.2021 дар сомонаи СССР ба нашр расидааст)

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи муаллиф Ҳаким Исмоилро мавриди баррасӣ қарор дода, ба самъи муаллиф мерасонад, ки дар асоси банди 2-и “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (27.05.2017, №262) тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ ба роҳ монда мешавад.

Тақсимот, роҳхат додан ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони дигар самту равия ва ихтисосҳоро мақоми давлатие, ки муассисаи таълимӣ дар тобеияти он мебошад, роҳандозӣ мекунад. Яъне, тақсимот, роҳхат додан ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки муассисаҳои таълимии тиббии кишвар дар тобеияти он мебошад, ба роҳ монда мешавад. 

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми ҶТ

 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:40

Ёқуб Ҳасанов, сокини н.Кӯҳистони Мастчоҳ ба редаксия занг зада: (тел 92 8176879) гуфт: 

   - Ман аз кормандони ширкати мобилии TCЕЛЛ пурсиданиам, ки чаро мавҷи телефонҳои мобиливу шабакаҳои интернетӣ дар баъзе аз манотиқи н. Кӯҳистони Мастчоҳ сусту нигаронкунанда аст? Наздики 1 моҳ дар баъзе деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи мазкур, сустии мавҷи телефонҳои мобиливу шабакаҳои интернетӣ, боиси дилсардиву нигарониҳои муштариёни ин ширкат гардидааст. Аз он ҷумла деҳаҳои Деҳманора, Дашти миёна ва Пакшиф, муддати зиёде аз мавҷи телефонҳои мобилӣ маҳруманду дар ин фасли зимистони сарду тоқатфарсо, барои гуфтугӯ бо наздикону пайвандонашон ба ҳамсоядеҳаҳо ё нуқоте, ки аҳён-аҳён мавҷ пайдо мешавад рафта, гуфтугӯ менамоянд. Шуруъ аз фарорасии соли нав бошад, муштариёни ин се деҳа бо умед телефонҳои мобилии худро солона пайваст намудаву чандин ҳазор бастаҳои мегабайт аз ин ширкат харидорӣ намудаанд, аммо наметавонанд аз онҳо истифода баранд.

Бинобар ин, аз ширкати мобилии TCЕЕЛЛ  эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки баҳри сифатан таъмин намудани муштариёни деҳаҳои номбурда, бо мавҷҳои телефонҳои мобиливу шабакаҳои интернетӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Дар сурати акс ин ширкат муштариёни мастчоҳиашро аз даст медиҳад. 

 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:37

Соқӣ Набиев, сокини ш.Душанбе ба мо занг зада (тел. 93 4136790) гуфт: 

   - Ҷанги 3 даҳсола пеши миллаткуши мазҳабсӯзи бар сари мо омада, собит сохт, ки чӯбро аз даруни худаш кирм мехӯрад. Ҳафтаи равон яке аз дӯстонам, ки худ иштирокчии 2 ҷанг, ҷанги Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд, шикоят кард, ки дар кумитаи андози ноҳияи зисташ ҳеҷ муомилаи хубе бо ӯ накардаанд ва ҳатто барои пурсидани имтиёз ба чунин бархӯрди ноҷавонмардонаи корманди кумитаи андоз рӯ ба рӯ гардидааст. Ва чунин ҳолатҳо имрӯзҳо зиёд ба чашм мехӯранд. Дар бештари ниҳодҳои ҳукуматӣ бо собиқ ҷанговарони интернатсионалист, ки барои ин Ватан хизматҳо кардаанд, муомила ва рафтори хуб намешавад. Мутаассифона, ин кор метавонад пасомадҳои нохуб дошта бошад. Ман аз масъулини муҳтарам бисёр хоҳиш мекардам, ки муносибаташонро нисбат ба ин афрод тағйир диҳанд. Агар кӯмаке карда наметавонед, лоақал муомилаатонро хуб кунед.

 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:30

 Салом СССР-и дӯстдоштанӣ! Ман яке аз мухлисони газетаи СССР-ам ва ҳар шумораи онро бо завқ мутолиа мекунам. Дар шумораи гузаштаи газетаатон аз кори газетфурӯшон ба неки ёд кардед ва онҳоро хеле таърифу тавсиф намудед. Аммо ман баръакс, мехоҳам дар бораи бадрафтории газетфурӯшон бароятон шикоят кунам. Хонаи ман дар маҳаллаи 33-и пойтахт ҷойгир асту роҳам аз масири чорраҳаи Гулистон мегузарад. Онҷо як киоски газетфурӯшӣ воқеъ гардидааст, ки ман ҳар панҷшанбе аз он ҷо газетаи СССР-ро дарёфт мекунам. Аммо бори охир, ки барои гирифтани газета рафтам бо 1 муомилаи дағали газетфурӯш мувоҷеҳ гардидам. Ин газетфурӯш хеле дағалона бо муштариёнаш муомила мекунад. Росташ аз дағалии ӯ чунон парешонҳол гаштам, ки ҳатто шаб ҳам хобам набурд. Ман аз ҳамаи фурӯшандаҳои газета хоҳиш мекардам, ки муомилаатонро бо харидорон беҳтар кунед. 

Осия Раҳмонова, сокини ш. Душанбе, тел: 915 377799

Аз СССР: Агар Шумо дӯкони газетафурӯшии шафати чорроҳаи Гулистон-Бозори Якачанорро дар назар дошта бошед, воқеан ҳам аз ин занак бисёриҳо шикоят мекунанд. Ва шояд пас аз нашри шикояти Шумо масъулини почтаи Душанбе бо ин кас “сӯҳбат” мекарда бошанд?

 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:16

Салому дуруди бепоён ба бародарону хоҳарони СССР! Бо кадом сабабҳо бошад, ки баъди мустақилият пайдо карданамон бисёр калимаҳои содаи оммафаҳмро гирифтему ба ҷояш калимаҳои душворфаҳму арабиро ҷорӣ намудем. Масалан: республика-ҷумҳурӣ, район-ноҳия, институт-донишкада, муаллим-омӯзгор, мактаб-муассиса… 

 Дигараш хайр аст, лекин мактабро-муассиса, муаллимро-омӯзгор гуфтан нодуруст аст. Муассиса-созмоне, ки дар ягон соҳа фаъолият мекунад, идора, муассисаи хӯрокворӣ, муассисаи табобатӣ ва ғайра ба ин соҳаҳо мезебад, лекин мактабро муассиса гуфтан нодуруст аст. Бинед, «Муассисаи таҳсилот» чиро мефаҳмонад? «Бачаи мактабхон» гӯянд, дуруст аст, лекин «бачаи муассисахон» мегӯянд? Не! Мо «мактаббачча» мегӯем? Мегӯем! Вале «муассисабачча» мегӯем? Асло на! Зеро хандовар аст!!!

Ё ба ин ибора диққат диҳед: «Муассисаи таҳсилоти томактабӣ». Ана ёбу гир! Баъди таҳсили муассиса ба мактаб мерафтааст. Канӣ, ҳамон мактаб?

Калимаи «муаллим»-ро маънидод кунед чунин маънӣ бармеояд: шахсе ки илм дорад. Ба ҳамаи ҳодисаҳои табиату ҷамъият аз нуқтаи назари илмӣ баҳо медиҳад. Лекин калимаи омӯзгор омӯзонданро мефаҳмонад. Ба касе чӣ ҳунаре омӯзонӣ (хоҳ бад бошад, хоҳ нек) ту омӯзгорӣ. Барои он ки омӯзгори мактаб бо омӯзгорони бесавод дар як қатор набошад, ӯро ҳамеша «Муаллим» гуфтан лозим! 

Ҳаким  Ғуломов, н. Дӯстӣ

тел:93-529-52-66

 

Панҷшанбе, 28 Январ 2021 10:13

Ягон ҷамъият бе камбудӣ нест ва на-ме-ша-вад! Зимнан агентии мубориза бо коррупсия мардумро аз шарри ришвагирон мераҳонаду, додситонӣ авомфиребу мошеннику ҷиноятҳои махсусан муҳимро фош менамояду милиса дузду ғару бандит меқаппад. Ҳукумат чу дид, ки бо инҳо низ намешавад, палатаи ҳисобро ифтитоҳ бахшид. Яъне чӣ? Яъне дар ҳар ҳукумат дузду ришватситон ва хоину фурӯхташда буд, ҳаст ва мемонад. Ва дуруд бар кормандони агентиву додситониву палатаи ҳисобу милиса, ки кори ҷонии худро иҷро мекунанд…

Стоп! Пас, журналистика барои чист?

Барои таърифу таблиғ??? Агар кас назаре ба журналистикаи муосир, ба вежа расмии расонаҳои электронӣ афганад, пас посух мусбист! Зеро журналистикаи мо бидуни таърифу таблиғ дигар коре надорад! Надонам аз куҷо, вале дар ҷомеаи мо, ба вежа ҷамъияти мансабдорон ва капиталистон (кайҳост мо дар ин форматсияи иҷтимоӣ зиндагонӣ дорем) назаре ҳукмфармост, ки журналисте танқид мекунад ва аз камбуд мегӯяд, фурӯхташуда аст, хоин аст, зархарид аст. Газетаҳоеро, ки андак-мундак дарди дили мардуми оддиро мегӯянд, «Жёлтая Пресса» меноманд.

Ҳафтаи пор бо 1 дӯсте, ки зиёд бар шахсияти ман арҷ мегузорад, во хӯрдам ва аҷаб гапе гуфт:

-Шумо дар желтая пресса ҷои вежаи худро доред!

Ӯ маро таъриф мекард!!! Ӯ намедонист, ки жёлтая пресса чист. Газетаҳое, ки думболаи сенсатсияҳои авомона, амсоли «ишқварзии хушдоман бо домоду зинои хусур бо келину ошиқии кампир бо ҷавону ҷаҳмандии гулдухтаре бо мӯсафед» медаванду аз худ ҳар чизе бофта, дар тӯли 20-25 соли ахир, миллати Тоҷикро бадном кардаанд, воқеан жёлтая пресса ҳастанд. Вале, маъзарат, рӯзномаҳое, ки дарди дили мардумро мегӯянду шахсӣ ҳам бошанд, бо ҷон аз манофеъи Миллат, Ватан, Давлати Тоҷикон пуштибонанд, ҳаргиз на жёлтый ҳастанду на красный ва на чёрный…

Вале ин дӯсти ман, ки аз коридорҳои баланди ҳукумат асту ин тамғаро ҳамарӯза дар ҳаққи ману мо мешнавад, фикр дорад, ки жёлтая пресса, ҳамоно матбуоти шахсист.

Воқеан ҳам дар бораи матбуоти хусусӣ. Бонкҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатӣ шахси шуданду хиёнаткор на, пас чаро дар симои матбуоти хусусӣ душман меҷуянд? 30 сол аст, ин матбуот низ дар хидмати Давлат, Ҳукумати марказӣ ва Миллати тоҷик аст. Вале боз ҳам масъулин аз мо нигаронанд, ки имрӯз ё пагоҳ ҳатман «хиёнат» мекунанд! Бо ҳамин сабаби тангназарӣ чанд газетаи хусусӣ баста гардид ва кормандону масъулинаш воқеан ҳам Аврупо рафтанду ба оппозитсия пайвастанд. Имрӯз мехоҳанд ин мардумро бо чӣ роҳе набошад, бозпас гардонанд. Авф, амният ва ҳуқуқашонро ҳифз карданиянд. Вале намепурсед, кӣ гунаҳкор аст, ки онҳо фирорӣ шуданд? Ана ҳамин ихтилофи назарҳо дар кору фаолияти журналистикаи хусусӣ. Вагарна чист, агар газетаҳои хусусиеро, ки дар саргаҳи муфлисӣ истодаанд, ба феҳристи Обунаи ягона шомил кардан? 

Идеологҳои мо амдан матбуоти хусусии «танқидгар»-ро муфлис мекунанд, то журналистонаш муҳоҷир шудаву ба сафи ину ун гурӯҳ пайванданд? Мантиқи ин амалро шахсан ман дарк намекунам. Вале агар нафаре факту далел дорад, пеш оварад.

Дур намеравем, дар ҳамин соли 2020, ки бидуни коронавирусу маргу мир боз 2 интихоботи тақдирсоз дошт, тамомии, ба гуфтаи худашон, «жёлтая пресса» аз манофеи Давлату Ҳукумати марказӣ пуштибонӣ дошт, ҳатто бештар аз журналистикаи расмӣ, ақаллан дар ҳамин сол шонсе баробар ба 1 газетаи ноҳиявӣ ба матбуоти хусусӣ дода нашуд?

Танқид-меваи коммунизми аст-мегуфт Ленин. Ленин кӯчак марде набуд. Идеологи хеле бақувват буд. Вале имрӯз дар мо танқид ва хиёнат дар 1 паллаи тарозу меистад. Бо ин ҳама танқиди матбуоти хусусӣ ба мисли сарпӯши дегест, ки гоҳ-гаҳе онро вардоштан лозим то шир сар наравад, авқот насӯзад, ош ланҷ нашавад. Кадбонуҳо инро медонанд. Кафлесбадастони идеологияи муосир чӣ?

Ва агар бо ин ҳама, ин қадар аз танқид метарсем, биёед ба номи матлаб баргардем ва ҳамакаса прокуратура, коррупсия, ВКД ва палатаи ҳисобро бандем! Ва ба оламиён гӯем, ки дар мо ягон ҷинояту хиёнату иҳонату таҳқиру дуздиву ришват нест… 

Хандаовар не? Пас, агар механдед, ба журналистикаи расмӣ низ миссия асливу усулии он-чашму гӯши Давлат буданашро баргардонед ва репорту барномаву матолиби танқидиро роиҷ гардонед. Вагарна контроли насле не, боварии ҷамъиятро аз даст медиҳем ва он гаҳ…ва ана он гаҳ Фейсбуку Твиттеру боқӣ шабакаҳои Интернетӣ ҳокими комили афкори ҷамъиятӣ мешаванд. Ва ин сайтҳо бо ҷамъияти араб чӣ коре карданд, ба ҳама маълум аст…

PS: Ва аз ҳама охир дар бораи таблиғ-реклама. Аз барои савоб! Пӯсту песу вараму геморройро ба мардум ақаллан ҳини завтраку обеду ужин нишон надиҳед…

Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 22 Январ 2021 17:31

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter