ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Март 2021 09:31

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор намуд, ки амалан ҳайати роҳбарияти давлат ва минтақаҳоро, бо афроди насли ҷадид иваз кардааст. Лукашенко гуфт: “Ҳоло ба мо эрод гиранд, ки мо 1 низоми карахтем, ҳаргиз чунин нест. Мо дар амал, қариб ҳамаи ҳайати роҳбарияти давлат, сатҳи губернаторӣ ва намояндагони райисполкомҳоро бо одамони нав ҷойгузин кардем. Шумо насли нав, бояд ин эстафетаро дар оянда бигиред ва кишвари наватонро бисозед”. Батко инчунин қайд кард, ки дар ин радиф Маҷлиси халқии умумибеларусӣ (ВНС) нақши вежа дорад ва Қарорҳои дар он қабулгардида, барои ҳамаи роҳбарони кишвар, дар ҳар сатҳу зина, нуқтаи истинод ба шумор мераванд. 

PS: Албатта,  иқдоми сутуданист. Вале аз қадим гуфтаанд, ки бо иваз кардани ҷои ҷамъшавандаҳо дар ҳосил тағйире эҷод намешавад. 

 

Чоршанбе, 31 Март 2021 09:19

Манучеҳр Ғафуров, аз шаҳри Душанбе ба телефони редаксия (3385556) занг зада гуфт: 

   - Шаби гузашта, дар Душанбе ва манотиқи дигари кишвар барфи зиёд борид. Албатта, бориши барф 1 неъмати Худост, аммо ин неъмат зарарҳое ҳам метавонад дошта бошад. Хусусан ба дарахтони мевадиҳанда, ки акнун гул кардаанд. Ҳосилро метавонад сармо бизанад. Зардолу, олуча, себ ва ғ дар бисёр ҷоҳо гул карда буданд ва шояд аз сармо осеб бинанд. Бисёриҳо мегӯянд, ки дарахтони мевадиҳанда хеле зуд гул мекунанд ва сармои ногаҳонӣ метавонад ҳамаи ҳосили онҳоро ба бод диҳад. Мо бояд тарзи дурусти нигоҳубини дарахтонро ёд гирем. Деҳқонони ботаҷрибаро сафар намуда, ба ҷавонон илми боғдориро биомӯзем. Барои мисол, аҷдодони мо аз замонҳои қадим, роҳҳои аз гулкунии бармаҳал боз доштани дарахтони мевадиҳандаро кашф карда буданд. Яке аз ин роҳҳо ба андешаи ман, яхобмонист. Бо яхоб мешавад, роҳи гулкунии бармаҳали дарахтон гирифта шавад. 

 

Чоршанбе, 31 Март 2021 09:17

 

Чоршанбе, 31 Март 2021 08:54

Сарвиноз Раҳматуллоева, аз шаҳри Ваҳдат ба телефони редаксия (2385556) занг зада гуфт: 

   - Ман медонам, ки дар шаҳри Душанбе мушкили шустушӯи қолинҳо дар назди биноҳои бисёрошёна вуҷуд дорад. Мутаассифона, шаҳри Ваҳдат низ аз ин мушкил истисно нест. Хусусан бо фарорасии фасли гармо сокинони шаҳр қолину палосҳои худро барои шустушӯ ба ҳавличаи назди дом мебароранд. Ин кор симои зоҳирии ҳам пойтахт ва ҳам шаҳри Ваҳдати моро хатчадор мегардонад. Албатта, бо ибтикори роҳбарияти шаҳри Душанбе дар пойтахт нуқтаҳои махсуси шустушӯи гилему қолинҳо роҳандозӣ гардидаанд ва дар пойтахт, ин мушкил то ҳадде ҳалли худро ёфтааст. Оё намешавад, дар шаҳри Ваҳдат низ теъдоди ин нуқтаҳои махсусгардонидашударо афзоиш дод, то мардум битавонанд бо нархи нисбатан арзон, гилему қолинҳои худро дар онҳо шӯянд.

 

Чоршанбе, 31 Март 2021 08:48

Зуҳро Ҷалолова аз шаҳри Бохтар ба идораи газета занг зада (тел: 906 113266) гуфт: 

   - Ман хонандаи ҳамешагии газетаи СССР мебошам. Медонам, ки газетаи СССР-ро роҳбарияти садо ва симои Тоҷикистон ҳам мехонанд. Ман мехостам тавассути газетаи СССР аз роҳбарияти ТВ-и тоҷик хоҳиш намоям, ки сурудҳои ҳофизи маҳбуби мо Ҷумъахон Сафарро бештар пахш кунанд. Ман инро на танҳо аз номи худам, балки ба намояндагӣ аз номи 20 нафар мухлисони дигар мегӯям. Давраи ҷавонии мо бо сурудҳои ин ҳофизи хушовоз гузаштаанд ва ман аз ҳамон айём ба сурудҳои ин ҳофиз дил бастаам. Бори нахуст, соли 1983 дар 1 тӯй дар совхози “Туркманистон”-и вилояти Қӯрғонтеппа Ҷумъахон Сафарро зинда гӯш карда будам ва аз ҳамон давра дар ҳама баромаду консертҳояш ширкат мекардам. Аслан мо хонаводагӣ ба ин ҳофиз дил бастаем. Шавҳарам ва хушдоманам ҳам аз мухлисони Ҷумъахон Сафар мебошанд. 

 

Чоршанбе, 31 Март 2021 08:44

Чоршанбе, 24 Март 2021 12:59

 Тоҷиддин Алиев, сокини к.Қаротегини шаҳри Душанбе (тел.900 080877) меҳмони редаксияи СССР шуда, гуфт: 

   - Соли 2013 бо қарори Ҳукумати ҶТ ба сокинони кучаи Қаротегин ва ҷамоати “Россия” барои оромгоҳ 4 га. замин ҷудо карданд. Қисмате аз ин заминро (ҳудуди 20 сотих), ки ҷарӣ ва кӯҳпора буд, мардуми ин 2 маҳал обод карда, дар он ҷо таваққуфгоҳ барои мошинҳои ҷанозабиёр бунёд намуданд. Аммо 7 сол баъд, нафаре пайдо шуда, ин қитъаи замини оромгоҳро мехоҳад хусусӣ кунад. Мо 1 гурӯҳ бошандагони маҳал ба мақомот бобати ин қазия шикоят бурдем, аммо онҷо гуфтанд, ки замин ба таври қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Вале мардуми маҳал 7 сол дар ин қитаъи замин заҳмат кашиданд. Мо ба касе зулм карданӣ нестем, аммо аз мақомоти ноҳияи Рудакӣ муҳтарамона хоҳиш мекунем, ки ба ин шаҳрванд дар дигар ҷо замин ҷудо кунанд ва меҳнати мардумро қадр намоянд.

 

Чоршанбе, 24 Март 2021 12:49

(Луқма)

Барои таъмири роҳҳои мошингарди шаҳру деҳоти Исфара кормандони ДЭУ-50 арвоҳи гузаштагонро шод карда, аз усули асрҳои гузашта истифода мебаранд. Инак, чандин сол аст, ки ин усул барои эшон нисбатан осонтар ба таъмири асосӣ ба шумор рафта, ҳатто муҳандисони ин корхона чӣ будани таъмири саросариро тамоман фаромӯш кардаанд. Роҳҳои таъмирталаб ва тамоман корношоямшудаи самти Исфара-Ворухро бо шод кардани арвоҳи бобоëнашон, таъмири асосӣ (капиталӣ) нею, таъмири «бобоӣ» карда, хок ба чашми ронандагон ва мусофирон пошида, пеш бурда истодаанд, ки ба ягон чорчӯба намеғунҷад! 

Ин дар ҳоле, ки танҳо дар ин самти роҳ бештари мошинҳои шаҳру ноҳия гузар мекунанд ва бечунучаро ҳар яке аз санҷиши техникӣ мегузаранду андози роҳро месупоранд! Худ аз худ суол бармехезад, ки ин ҳама маблағе, ки супорида мешавад, ба куҷо меравад? Ва чаро бо ин ҳама маблағгузорӣ роҳҳои шаҳру ноҳия таъмири асосӣ нею, таъмири «бобоӣ» мешаванд? Наврӯзи бобоӣ, муборак!

Ҳакимбой Исмоилзода, ш.Исфара

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 9

Китобҳо

Flag Counter