ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 31 Март 2023 10:48

Чоршанбе, 29 Март 2023 12:25

Чоршанбе, 29 Март 2023 12:20


13.03.1917. Дар Петроград аввалин шумораи «Ахбороти Шӯрои Петроград” (“Известия Петроградского совета”) аз чоп баромад. Баъдан нашрия ба рӯзномаи «Известия» тағйири ном кард ва яке аз пурнуфузтарин рӯзномаҳо дар собиқ СССР шуд, ки ҳоло низ дар Русия бо ҳамин ном интишор меёбад.

13.03.1938. Дар макотиби Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии забони русӣ ба ҳайси як фанни алоҳида ҷорӣ карда шуд.

13.03.1964. Дар СССР бо Қарори Шӯрои Олӣ Вазорати Бехатарии Давлатӣ ба Кумитаи Бехатарии Давлатӣ тағйири ном кард. Ин Кумита зери тобеъияти Шӯрои Вазирон қарор гирифта буд.

14.03.1917.Шӯрои вакилони Петроград (Петросовет) бо фармони №1-и худ тартиботи демократиро дар Артиши рус ҷорӣ намуд.

14.05.1990. Аввалин интихоботи президентӣ дар СССР. Дар интихобот М.Горбачёв котиби аввали ҲК пирӯз шуда, барои 5 сол президенти СССР интихоб карда шуд.

14.05.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1933. Адолф Гитлер Олмонро Рейхи 3-ум эълон карда, дар империяи нав тамоми матбуоти чапгаро ва хӯроки кошерӣ (хӯроке, ки аз маҳсулоти хӯрокии яҳудиҳо ва тибқи аҳкоми Таврот омода мешуд) манъ карда шуданд.

15.03.1946. Дар СССР Шӯрои Комиссарони Халқӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном карда, тамоми комиссариатҳои халқӣ ба вазорат табдил дода шуданд.

16.03.1917. Князи бузург Михаил Александрович (бародари Николайи 2) аз тахту тоҷи Русия ба фоидаи Маҷлиси Муассисон даст кашид. Бо ин кор даврони 300-солаи ҳукуматдории сулолаи Романовҳо дар ин кишвар хотима ёфт.

16.03.1937.Дар НКВД СССР шӯъбаи мубориза ба зидди дуздии моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС-Отдел по борьбе с хищениями социалистической собственности) ифтитоҳ ёфт. Ин Шӯъба алайҳи ҷиноёти ҷанбаи иқтисодӣ дошта мубориза мебурд.

17.03.1991. Дар СССР раъйпурсии мардумӣ (референдум) доир шуд. Дар раъйпурсӣ аксарияти мардум барои бақои СССР овоз доданд. Дар баробари ин, дар раъйпурсии РСФСР бошад, 70% овоздиҳандагон барои роҳандозии мансаби президенти РСФСР овоз доданд. 

18.03.1920. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» рӯи чоп омад. Баъди 2 сол он ба «Москваи коргарӣ» тағйири ном карда, с.1939 бошад ба «Болшевики москвагӣ» табдил дода шуд.

Чоршанбе, 29 Март 2023 12:14

Ва ё кӣ барои чӣ ӯро кушт?

Дар таърихи башарият ҷигарбандони амирону подшоҳон, ашхоси сатҳи олии давлатҳо ҳини сари қудрат будани қиблагоҳиашон рӯзгори хушу хурсандона – шоҳона ба сар доштанд. Ками дар ками фарзандони эркаи падарон, пас аз сари қудрат рафтани саробони хеш зиндагии бо карру фарр насибашон гаштааст…

Оғози суханро ба дарозо намебарем ва ин раҳ аз Василий Сталин, писари Раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ – СССР Иосиф Виссарионович Сталин (21.12.1879 -5.3.1953), ки аз моҳи апрели соли 1922 то марти соли 1953, давлати советиро 31 сол идора кардааст, қисса хоҳем кард.

  «ВАСЯ, ВАСЯИ СУРХ, ПИСАРИ ПАДАРИ ХАЛҚҲО»

Василий Иосифович Сталин (24.3.1921 – 19.3.1962), генерал-лейтенанти авиатсия, фармондеҳи Неруҳои Ҳарбӣ - ҳавоии округи ҳарбии Москваро баъди 1,5 моҳи вафоти падараш – И.В. Сталин 28 апрели соли 1953 ба ҳабс гирифтанд.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки пас аз 50 сол ошкор сохтанд, ягон сухан аз боби дастандаркорони ин амалиёт ёфт нагашт. Танҳо метавон тахмин зад, ки ин ташаббус аз тарафи собиқ ҳамсафони Сталин – Берия, Молотов, Маленков ва Хрушёв амалӣ шудааст.

 Лаврентий Берия

Дар асл, ҳамон рӯзҳо Лаврентий Павлович Берия (17.3.1899 – 23.12.1953) бо пайроҳаи тахту ҳамвор ба сӯи тахт гоми устувор мениҳод. Вай Кумитаи амнияти давлатиро бо милитсия як кард, армияи қувваҳои дохилиро низ ба худ тобеъ кунонд.

Берия аз зери айнак – пенснеи тиллоӣ бо ғазаб ба ҳамсафонаш менигарист ва онҳо аз тарс меларзиданд. Онҳо дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ ин «рафиқи ҳизбиашонро» ба маҳбас кашанд…

Чоршанбе, 29 Март 2023 12:10

Чоршанбе, 29 Март 2023 11:57

Чоршанбе, 29 Март 2023 11:41

Чоршанбе, 29 Март 2023 11:31

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 10

Китобҳо

Flag Counter