ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Янв 10 2017

Дар Кумитаи оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ то ба имрӯз 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона, ва дар маҷмӯъ 3989 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба журналистон Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТрӯзи 10.01.2017 хабар дод.

Дар тӯли соли 2016 37 адад иттиҳодияҳои динӣ тибқи мактуби хеш аз фаъолият бозмонда аз феҳристи давлатӣ бароварда шуданд.

СССР

Сешанбе, Янв 10 2017

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки танҳо дар соли 2016 43 нафар шаҳрвандони кишварро, ки дар мактабҳои динии давлатҳои дигар ғайриқоунунӣ таҳсил мекарданд, баргардонидааст.

Чуноне ки Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи мазкур рӯзи 10.01.2017 зимни нишасти хабарӣ зикр кард, тайи солҳои охир ба Тоҷикистон 3493 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 92 нафарашон бо роҳҳои гуногун дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштандва айни замон барои овардани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

СССР

Сешанбе, Нояб 01 2016

Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро,

Ҳар кӣ чун Бедил тавофи Каъбаи дилҳо кунад.

Чоршанбе, Июл 13 2016

Ба таваҷҷӯҳи Раиси Дастгоҳи Президенти ҶТ

Мӯҳтарама Озода Раҳмон

Сешанбе, Июл 12 2016

Дар тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ тибқи мактуби раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳайати муассисон 29 адад иттиҳодияи динӣ бо роҳи худбарҳамдиҳӣ аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ бароварда шудааст. Дар ин бора ба хабарнигорон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур рӯзи 12 июл иттиллоъ дод.

Чуноне ки Сулаймон Давлатзода иброз дошт, айни замон Кумита 162 нафар сархатибону имомхатибонро ба мувофиқа фаро гирифта аз ин теъдод 142 нафар ба мӯҳлати 1 сол, 7 нафар ба мӯҳлати 6 моҳ, 10 нафар ба мӯҳлати 2 моҳ аз мувофиқа гузаштаанд. Вобаста ба таҳлилу ташхиси адабиёти динӣ бошад, дар ин муддат дар асоси 78 дархост, 132 номгӯи адабиёт аз ҷониби коршиносони кумита мавриди таҳлилу ташхиси динӣ қарор ёфта, ба 55 номгӯи адабиёт хулосаи мусбат ва ба 77 номгӯй хулосаи манфӣ дода шудааст.

СССР

 

Сешанбе, Апр 05 2016

Чанд андеша дар ҳошияи матлаби  ҳафтаномаи “СССР” зери унвони 

«Танзим, ё ҳабси фарҳангиён?»

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter