ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 29 2020

 Аз редаксия: Болобардории нарху наво дар бозорҳо, дӯконҳо, аптекаҳо ва соири марокизи тиҷорат, ахиран, дӯсти газета ва муаллифи доимии мо, олими саршиноси фиқҳ, Ҳоҷӣ Мирзоро таккон дод ва барои ҳушдори тоҷирон, савдогарон, доруфурӯшон матлабе навишт. Мардум, ин мақоларо хонед ва донед, ки бар касби пайғамбарӣ хёинат кардан ин хиёнат бар дину мазҳабу ватану давлат аст. Ҳатман хонед. Мо Метавонем!

 Чаро ин касбро ман поктарин, беҳтарин, хубтарин хондам, зеро тамоми паёмбарон ва соҳибони мазҳаб ва дигар касоне, ки номи некашон дар саҳифаҳои китоб дарҷ шудааст, дорои ин касб буданд. Мардуми азизи Тоҷикистон шумо донед, ки ҳар касе, ки ин касбро ихтиёр мекунад, ӯро Аллоҳ (ҷ) ва расули Аллоҳ мадҳу ситоиш кардаанд. Чунки нафарони савдогар бисёр нақши муҳимро дар ҷомеъа мебозанд. Ҳамчунин савдогар доим дар хатар ва хавф аст. Яъне дар истилои мардум савдогар «риски» калон мекунад. Савдогар азбаски ҳаракати зиёд дорад, сафарҳои зиёд мекунад барои овардани ҳама чизе, ки мардум ниёз дорад.

Панҷшанбе, Март 05 2020

   Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходимони дин, ҳайати муассисони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳои кишвар тақозо кардааст, ки  ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда намоянд.

   Зимнан, Раёсати Шӯрои уламо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

 

Ҷумъа, Фев 14 2020

 Шайх Темур дигар моли таърих шуд. Худо биомурзад. Чи коре кард-накард,  назди Ӯ посух мегӯяд. Вале чаро ин матлабро бознашр мекунам??? Барои дарси ибрати дигарон шудан. Ҳафтаи пор нафаре гуфт, ки меҳмони маъракае дар н. Ваҳдат будаму нохост эшони...фалономад шуду барои чаламчӣ-дастобгир 2-3 танро ҷанг. Ҳайрон мондам. Вале чун хатми он моҷароро дидам, дилам бе ҳузур шуд. Эшони фалониҷони навомада дасташро шуст ва оне, ки чаламчӣ дошт, офтобаро партофта, оҷилан, он оби чаламчиро... дам кашид!!! Дигарон ба зӯр аз даҳонаш чаламчиро кашида гирифта...худашон нӯшиданд. Э, лаънат бар чунин эмондориву чунин мусалмонии мо… (Маъзарат, аз афроди вораста, ки сахт гуфтам, о, дигар хел намешавад, бо чунин тупизми мазҳабӣ!!!) 

 

Ростӣ, бовари кас намеояд, ки дар асри 21, дар миёни Тоҷикон, ки даъвии ориёӣ доранду сухани волотаринро гуфтаанд ва шореҳону муфассирони Кутуби Худоро, ба мисли Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Мавлавӣ рӯёнидаанд, мардум даст ба одампарастӣ занад. Гӯсолапарастии қавми Мӯсо калимуллаҳро дар Қуръони маҷид хонда будем. Фиръавнпарастии аъробро медонистем. Ва аммо одампарастии мусалмононро дар асре, ки Одам фатҳи кайҳон кардаву дар Мирриху Моҳ нишастааст, ҳамакнун дидем ва рости гап дар назди оламиён шармсору сарафганда шудем.

Зеро тасаввурнокарданист, ки одамон 1 одамаки дигарро ба ин шева парастанд, ки ҳатто оби таҳорати аз дасту пой ва миёни (маъзарат, аммо!)… ронҳояш шоридаро истеъмол кунанду чархи мошинашро бӯсанд ва зери балонҳояш пояндоз густарда, сипас ҳамчун табаррук онро хариду фурӯш созанд. Аз ин дида нангу шармсорӣ мешавад?

Тимур ва командаи ӯ

Аркадий Петрович Гайдар асари маъруфе дар замони шӯравӣ дошт, бо номи «Тимур и его команда». Дар ин асар, командаи Тимури пионер либоси якрангу ҳамсон пӯшида, ба мардум кӯмак мерасонид. Ҳадаф-муборизаи идеологӣ буд. Либоси ҳамранг, ба вежа саллаҳои кабуди «Тимур ва командаи ӯ»-ро дар асри 21 дида, ростӣ, ҳайрон мешавӣ, ки ин сенарияро чигуна тақрибан монанд, такрор кардан доранд. Ва аммо фарқ миёни Тимури Гайдару Тимури «авлиё» ин аст, ки Тимури рус ва кофири атеист, ба ҳич ваҷҳ хоҳару модару духтарони ҷонибдорашро зӯран ба занӣ намегирифт ва ба ноболиғон дастдарозӣ намекард.

Воқеан ҳам дар бораи никоҳ бо ноболиғон: Тибқи қонунгузории роиҷ, никоҳи шаръӣ ва ҳатто ЗАГС-и пинҳонӣ бо ноболиғ, ҳамчун таҷовуз бар номус талаққӣ мешавад. Фарзи мисол, Зайд Саидовро баъди чандин соли гӯиё никоҳ бо ноболиғе…барои таҷовуз суд карданд. Шейхро чӣ? Магар ӯ таҷовузкор нест???

Автобиографияи Шейх…

Сатторов Тимурхан соли 1950 дар ш.Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2012 номашро Маҳдихон гузошта, сипас даъвои нубувват (астағфируллоҳ) ва эмоматӣ кардаву худро Эмом Маҳдӣ, эмоми гумшудаи аҳли ташаййуъ эълон кардааст, ки тибқи ривоёти шиаҳо бояд қабл аз рӯзи Маҳшар ҳозир гардидаву мардумро вораҳонад. Маълумоташ миёнаи нопурра. Дар ягон ҷо нахондааст ва ягон зарра донишу саводи казоии диниву дунявӣ надорад. Баъди гирифтани сабақҳои аввалини динӣ дар назди падараш, худро донандаи илми ғайб эълон намудааст. Ба табобати занону духтарони бемор бо усули даму дуо мепардозад. Бо сабаби гирифтани духтари 16 сола дар даврони СССР, 2 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Баъди фош шудани симои аслиаш аз ш.Ваҳдат ба водии Ҳисор кӯчида, дар деҳоти ӯзбаку тоҷикнишини навоҳии Турсунзода ва Шаҳринав муридони фаровон гирдоварӣ мекунад ва ахиран ба иттилоъи ТВТ, худро пайғамбари охируззамон (3 бор тавба!) низ муаррифӣ мекунад.

Лжеавлиё ва лжепророк

Тавре аз суҳбат бо «муридони хоса» маълум шудааст, ин худонотарс бо роҳи макру ҳиял ба дили муридон роҳ мебурдааст. Ӯ, ки дар 1 кӯҳманзар гӯшанишин будааст, ба гунаи мисол, агар нафаре ба аёдаташ меомад, бо дурбин мошинашро медидаанд. То ҷои Шейх баромадан бояд чанде пиёда роҳ рафт. Муридон-наводчикҳо ба Шейх мегуфтаанд, ки фалон вазир, сағир, кабир, раис…бо Ҷипи сафед омадааст. Шейх ин нафарро пазируфта мегуфтааст, ки «Бо мошини сафед омадӣ?». Тамом! Талхаи мурид мекафад, ки ин ғайбдон аз куҷо ранги мошинашро донист? Ҳол он ки ин аблаҳ-муридак намедонад магар, ки асри 21 асту Лжеавлиё дурбини замонавӣ дорад? Сипас, агар ин муриди бесавод гӯсфанд оварда бошад, 1 шогирд чой медаровардааст ва Шейхи зирак мефаҳмидааст, ки тӯҳфа чист ва мегуфтааст: О, ҳамон гӯсфанди бечораро чаро овардӣ? Буз бошад, шогирди дигарӣ медаромадааст. Хуллас бо ҳамин чораҳои примитив, ин Шейх, ки бояд тибқи миссияи мегуфтааш «мусалмононро дар рӯзи ҷазо наҷот диҳад!» ба чоҳи кандааш афтидааст. Авлиё надонистааст, ки аз болояш мақомот кор мебаранду навораш мегиранд. Масали «Кал бошӣ-сари худро табобат кун!» дар ин асно басо бамаврид аст…

Дар Аврупову Амрико лжепророкҳо зиёд мерӯянд. Зеро онҳо ба таълимоти Қуръон бовар надоранду медонанд, ки тибқи кутуб, бояд паёмбари охируззамон ва хатм-ул-анбиё ба дунё ояд. Ва аммо ин Тимурро чӣ расида, ки Қуръону ҳадис мехонду медонист, «Ло набию баъдӣ», яъне нест дигар пайғамбар (баъди Муҳаммад (с)), ва даъвои нубувват кард? Чунин афродро «қаллоби мазҳабӣ» меноманд. Ӯ коре кард, ки комбинатори маъруф ва мошенники гузарои советӣ-Остап Бендер намекард!!!

Sex & авлиё

Таври маълум, мутаассуф, муллоҳои мо дар ағлаби ҳолатҳо секспиндоранду сександеша. Ин аст, ки ин Шейх, Авлиё, Эмоми охируззамон ва Лжепророк низ истисно нест. Ӯ дар ҳоли ҳозир 7 зан доштааст. Духтареро низ дар 15 солагӣ ба кобин даровардааст. Ин зани бечора ҳамакнун нав ба синни 20 расидаву соҳиби чанд кӯдак аст. Тасаввурнокарданист, ки Шейх ва Авлиё бо роҳи таҳдид, гулдухтари аз худ 45 сол хурдро никоҳ карда гирад! Чунин рафтори муллоҳои мост, ки обрӯву имиҷи Исломи ноб миёни дигар адён мерезад…Ва ин охири кор нест. Шейх Тимур ва командаи ӯ амали дигари ғайришаръие раво дидаанд, ки дар мазҳаби мо, баробар ба гуноҳи кабира аст.

Хола ба ҷои модар…ё зан?

Тимур, тибқи иттилоъи журналистони ТВТ, хоҳари зани худ, яъне таври автоматӣ, Холаи Писарашро ба писари худаш никоҳ карда додааст! Хола ба ҷои модар! Ин хитобаи асрҳои аср дарсадои ҳар Тоҷики ҳанафист. Аммо ин бедину диёнат гӯиё модари фарзандашро ба писараш додааст! Ин рафтор ба кадом рукни кадом дини олам мегунҷад?

Ба пиндори сирф инфиродии мо, танҳо барои ҳамин гуноҳ, мешавад, Шейхро ҳукми қатл дод! Зеро дар «Соли оила» фош шудани чунин гуноҳи кабира, ростӣ, гӯшхароштарин ҷурмест, ки дар нисбат ба он, қатлу куштори таассубгарони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия ба сифр-0 баробар шуд.

Аблаҳизми Тоҷик дар асри 21…

Бо ин ҳама аҳли қалами СССРро 1 чиз нороҳат месозад: ҷаҳли мураккаби тоҷикистониён. О, наход, дар садаи муосир, ки мағрибиҳо, насоро, яҳудо ва ҳатто будпарастон дунёро бо нанотехнология, навовариҳои илмӣ, донишу иқтисоду молиёт зер карда гирифтаанд, мо-Тоҷикон ба чунин одамони нопок, бе савод, бе дониш ва адамутфаросат бовар кунем? Куҷост хиради азалии мо, эй мардум?

Бархеҳо, шунидаем, ки ТВТ, Сафина, Ҷаҳоннамо, газетаҳои ҳукуматӣ ва ҳатто газетаи мардумии СССР-ро ба антиисломизм муттаҳам мекунанд. Вале аз барои савоб, магар фош кардани ингуна таассуб, лжеавлиёву лжепророкҳо, дому қапқони сари Миллати Шариф гузоштаи чунин тасодуфиёни бодоварда, ки дар навбати аввал Исломро хатчадор мекунанд, магар бар нафъи Мазҳаб, Дин ва просто инсоният нест?

Агар шумо бо чунинҳоед, пас бо мо нестед. Инро мо ошкоро ва фош мегӯем. Зеро ҳадафи мо-Тоҷикистони пешрафта, вораста, тинҷу ором, соҳиби исломи ҳанафӣ ва мардуми ворастааст. Мо бар ҳар нафаре, ки бар 1 зарраи хоки Тоҷикистон ва 1 Тоҷик дастдарозӣ мекунад, эмони мо, мазҳаби падарии моро, таки по карданист, муҳораба мекардем, мекунем ва хоҳем кард!

Дар охир ба масъулини ТВТ барои фошсозии боз 1 чеҳраи манфуру манҳусе, ки пушти пардаи Ислом ниҳон мегардид, изҳори сипос мекунем. Мо Метавонем!

Зимнан, то ҷое мо хабар ёфтем, Шейх Тимур дар долонҳои давлату ҳукумат низ «муридон» доштааст ва ифшои онҳо низ кори ҷонии ҳар журналисти соҳибэмон бояд бошад. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

С.Мизроб, С.Бурҳонов, О.Муродов, Ш.Амин, М.Салимшоев…

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

Чоршанбе, Июл 03 2019

23.06.2019. Домуллои маъруфу маҳбуб Ҳоҷӣ Мирзо, дар ин рӯз духтари худро ба хонаи бахт гусел карданд, ки дастаҷамъона дуо мекунем, то ҷӯрапир гарданду 1 оилаи идеолии Тоҷикӣ+мазҳабӣ барпо созанд. Хушбахт шаванд! Мо Метавонем!!!

 

 

8 масъалае, ки Эмом Аъзам посух нагуфтанд…

Дуруд, домуллои гиромӣ! Мегӯянд, Имом Абуҳанифа дар чанд мақолае таваққуф кардааст ва ҷавобе нагуфтааст. Хуб мешуд, онҳоро баён мекардед.

Шамсиддин Салимов,

Ронандаи таксӣ, н.Ҳамадонӣ

 

Посух: Дар 8 масъала Имом таваққуф кардаанду ҷавоб нагуфтаанд:

1.Ҳайвоне, ки ҳамаи хӯрдааш ё аксари хӯрдааш наҷосат бошад. Баъди чанд рӯз манъ кардан гӯшташ барои хӯрдан тоза мешавад?

2.Саг кадом вақт шикорӣ мешавад ва шикор кардан ба он дуруст аст?

3.Дар чандсолагӣ хатна карда мешавад?

4.Хунсои мушкил, яъне он инсоне, ки ҳам олати мардӣ дорад ва ҳам олати занона ва аз ҳардуяш пешоб мекунад, ҳукми занро дорад, ё ҳукми мардро?

5.Ба оби пасхӯрдаи хар таҳорат кардан дуруст аст, ё не?

6.Агар савганд бихӯрад, ки дар даҳре (замон, давр, аср, дунё, ҷаҳон) бо фалонӣ гап намезанам, то кай гап зада наметавонад?

7.Фариштагон афзаланд, ё паёмбарон?

8.Фарзандони мушрикон ба дӯзах мераванд, ё ба биҳишт?

Ҳикмати чунин ҷавоб надодани Имом Абуҳанифаро ҷаноби Кӯҳистонӣ чунин баён кардааст: Аз ҷавоби суоле, ки аз далели он бохабар набудааст, таваққуф кардааст, зеро бе меъёри шариат, яъне бидуни истидлол ба масодири дин посух гуфтан ин худ дурӯғ, яъне аз номи Худо ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гуфтан аст…

 

 Чӣ чиз рӯзаро нашиканад?

Чӣ чиз рӯзаро фосид (вайрон, ё ботил) намекунад, ва ё намешиканад?

1.Аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, ё биёшомад, ё ҳамбистар шавад.

2. Дар хоб иҳтилом (ҷунуб) шавад.

3.Укол (сӯзандору) кардан фақат аз тариқи раг (глюкоза, ё дигар навъи доруе, ки қувват бахшад, эҳтиёт кунад хуб аст). Дар умум укол шиканандаи рӯза нест. 

4.Ба хонумаш назар намояд ва инзол (баромадани манӣ) шавад.

5.Ба баданаш равған молад, ё хушбӯӣ истифода барад.

6.Ҳиҷомат (хунгирӣ) намояд.

7.Сурма бимолад ё аз мисвок истифода кунад (на аз «зубная паста»).

8.Бӯсидан ва дастбозӣ кардан, ба шарте ки инзол нашавад.

9.Рӯзона дар ҳавз ё дарё оббозӣ кардан.

10.Агар шаб бо ҳамсараш ҳамбистар шуд ва ҳанӯз ғусл накарда, ки субҳ бидамад, ин ҳолат ба рӯзаи ӯ ҳеҷ зарар надорад. Бояд ғусл кунад ва рӯзаашро давом диҳад.

11.Агар занҳо барои пешгирии ҳайз ҳабб (таблетка) истифода баранд, ба шарте ки ба саломатиашон зарар надошта бошад, ҷоиз аст.

12.Чи миқдоре, ки оби даҳонашро фурӯ барад рӯзааш намешиканад.

13.Ба ҳалқи рӯзадор ҳашарот фурӯ равад, мисли магас, ё дуду ғубор ва агар қасдан набошад, рӯзааш намешиканад.

Чоршанбе, Июн 26 2019

Аз Худо талабем, ё аз мазор?

Ман ба домуллои мӯҳтарам, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 5 савол дорам ва хоҳишам ин аст, ки ба ин пурсишҳо посух нависад.

1.Касе ба хонаи Худо раваду ҳаҷ кунад, тамоми гуноҳҳояш бахшида мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад?

2.Намозҳои солҳои пешин (давраи студентӣ, замони хизмати ҳарбӣ…)-ро хонем, ё не? Ва ё ҳамту тавба ҳам кунем мешавад?

3.Мегӯянд, пайғамбар дар қиёмат уммати худро шафоат мекунад, вале агар Худованд розӣ бошад. Ба инаш ҳам бовар кунем? Пас ин чӣ хел шафоат мешавад?

4.Аз мазорҳо талаб мекунем, ки «ба ман фарзанд бидеҳ». Оё дар дини ислом ин дуруст аст? Яъне талабро мо аз мазорҳо кунем, ё аз Худо?

5.Вақте бо ҷамоат намоз мехонем, бархе суннатҳоро алоҳида мехонанд ва баъзе дар масҷид пароканда шуда, ҳар сӯ мераванд ва қисме ҷои худро иваз карда намоз мехонанд. Оё ин дуруст аст?

Мирзоаҳмад Одинаеви 67-сола,

шаҳраки Панҷоб, н.Ҷайҳун, тел: 93 529 26 08

 

Ҳоҷӣ меҳмони Худост

Посухи суоли 1.Бале, ҳар касе адои ҳаҷ кунад, Аллоҳ гуноҳони ӯро бахшида мегардонад. Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Ҳар кӣ ҳаҷҷи фарзӣ кунад ё умра анҷом диҳад, инҳо меҳмони Аллоҳ ҳастанд. Агар дуо кунад иҷобат мешавад, агар талаби мағфирати гуноҳ кунад, бахшида мешавад».

Посухи суоли 2. Намозҳоеро, ки нахонда бошем, қазои онҳо дар мазҳаби Абуҳанифа воҷиб асту бояд хонда шаванд.

Посухи суоли 3. Бале! Ҳабиби худо рӯзи қиёмат умматонашро шафоъат мекунад. Шафоъат, яъне кумак ё ёрӣ кардан аст, то аз зиллати он рӯз наҷот биёбӣ.

Посухи суоли 4. Сад афсӯс, ки то ҳол мо аз роҳи дурусти зиёрат аз қабристон огаҳӣ надорем. Ба ҷуз Худо касе лоиқ нест, ки ибодат шавад ё аз ӯ кӯмак хоста шавад ё ҳоҷате аз ӯ талаб карда шавад, зеро ғайри Худо ҳама махлуқ ва оҷизанд ва ба зоти худ наметавонанд ба касе нафъ ё зараре бирасонанд. Шайх Аттори валӣ чӣ зебо гуфтааст:

Аз Худо хоҳ ҳар чӣ хоҳӣ, эй писар,

Нест дар дасти халоиқ хайру шар.

Ҳар кӣ хонад ғайри ҳақро, эй писар,

Кист дар олам аз ӯ гумроҳтар?

Дар тафсири Кабир (ҷилди 5, саҳ.33. «Табъи Миср») омадааст, ки «агар фоида ё зарарро аз ғайри Аллоҳ бихоҳӣ, ту золимӣ».

Боязиди Бастомӣ аз машоихи бузург ба шумор меравад, мефармояд: «Кӯмак ё ҳоҷат хостани махлуқ аз махлуқ монанди кӯмак хостани зиндонӣ аз зиндонист».

Аллома Олусӣ мефармояд: «Бидуни шак мадад ҷустан аз мурдагон амрест, ки дурӣ аз вай воҷиб аст ва ин кор зебандаи хирадмандон нест» (Тафсири ибни Касир. 3/335).

Дар китоби «Ал-ғароиб фи таҳқиқил мазоҳиб» навишта шудааст: «Имом Абуҳанифа шахсеро дид, ки бар қабри бузургон омаду ба онҳо салом дод ва гуфт: Эй соҳибони қабр, чандин моҳ аст, ки шуморо садо мезанам, аз шумо кумак мехоҳам. Оё аз саволи ман бохабаред, ё бехабар? Имом Абуҳанифа пурсид: Ба ту чӣ ҷавоб доданд? Гуфт: Ҳеҷ чиз, хомӯшанд! Абуҳанифа гуфт: Нафрин ба ту ва номурод бошӣ. Чаро бо ашхосе суҳбат мекунӣ, ки ҳеҷ чизе дар ихтиёр надоранд. Сипас Имом ин оятро тиловат кард (Сураи Фотир. ояти 22).

Дар бало ёрӣ махоҳ аз ҳеҷ кас,

3-он ки набвад ҷуз Худо фарёдрас

 Шайх Аттор

***

Надорем ғайри ту фарёдрас,

Туӣ осиёнро хатобахшу бас!

 Саъдӣ

Посухи суоли 5. Сафро рост кардан фақат барои намозҳои фарз аст. Барои хондани намозҳое, ки суннатанд, пароканда будан ё ҷойҳоро иваз кардан хуб ва беҳтар аст.

 

 

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов

 

саҳ 9 аз 17

Китобҳо

Flag Counter