Принт

Кумитаи оид ба дин: хутбаи никоҳро бояд фақат имом-хатибон бихонанд!

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки иҷозати хондани хутбаи никоҳи мусалмониро дар вақти издивоҷ фақат имом-хатибони расмӣ доранд, ки дар шӯъбаҳои кумитаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ба қайд гирифта шуда аз атестатсия ҳам гузаштаанд.

- Ҳар 1 имом-хатиби маҳаллӣ дафтари махсус дошта дар он ҳар ҷуфти ҷавонеро, ки пас аз қайди расмӣ дар САҲШ барои никоҳ меоянд, ба қайд мегирад. Ин дафтарҳо ҳар семоҳа тафтиш карда мешаванд, ин кор ба хотири ба вуқӯъ наомадани никоҳҳои такрорӣ сурат мегиранд, - афзуд Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ.

СССР

Матлабҳои дигар