Принт

Ҳоҷӣ Мирзо: Ахлоқи хурду калон коста шудааст!

Баъд аз оне, ки дар Душанбе кордзании хунин миёни ҷавонони маҳаллаҳои пойтахт ба вуқуъ пайвасту дар Кӯлоб низ ҷавонҳо нафареро куштанд, дари редаксияи моро кӯфтанд. Кушодем, ки Ҳоҷӣ Мирзо-домуллои маъруф ва донандаи хуби илми фиқҳ. Гуфт, агар зидд нестед, мехоҳам чанд матлабе барои аз роҳи бади авбошиву тундӣ бозгардонидани ҷавонон дар газетаатон нашр кунам. Гуфтем, бо ҷону дил. Ва инак нахустматлаби Ҳоҷӣ Мирзоро пазиро бошед. Мо Метавонем!

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забонофарин,
Худованди бахшандаи дастгир,
Кариму хатопушу пузишпазир.

Азизе, ки ҳар кас аз дараш сар битофт,
Ба ҳар дар, ки шуд ҳеҷ ъиззат наёфт.

Баъд аз салому дуруд бар ҳамаи ин мардуми зебою хуби диёри зебои Тоҷикистон, аз худованде, ки соҳиби қудрат ва тавонои бузург аст, хоҳони он ҳастам, ки доим вақтатон хуш бошад, ғаму андуҳи шумо аз шумо дур бошад, орзуҳои некатон бароварда шавад. Доиман байни ин мардуми мо андешаҳои хуб, гумонҳои нек вуҷуд дошта бошад. Дунё, ки киштзори муъмин аст, Аллоҳ ба мо тавфиқ диҳад, то тухми некуиро бикорем то дунё ва охирати моён обод бошад.
Бародарону хоҳарони азиз! Рӯзи 11.01.2017, соъати 5-и субҳ, баъди хондани чанд варақи Қурони ъазимушшаън ба зеҳнам фикре омад, ки дар ин мулки зебо ва бархурдор аз ҳама неъматҳо, бояд мардумаш низ ахлоқи зебо, рафтори зебо, чеҳраи зебо, либоси зебо, забони зебо дошта бошад. Аз ин лиҳоз, хостам чанд нуктае дар атрофи ахлоқ суҳбат дошта бошам. Шояд гумони ман хато бошад, ё на, вале дарк мекунам, ки имрӯзҳо ахлоқ аз хурду калон коста шудааст. Агар гумони ман хато бошад узр, вале ба ҳар ҳол суҳбате, ки меорам, аз савоб холӣ нест. Намехоҳам, ки ин мардуми бофарҳангро бо сурати одамӣ бинаму вале сираташ ҳайвонӣ бошад. Чи гунае ки Соиб мефармояд:
Либоси зоҳиру ботин ба ҳам мувофиқ кун,
На ҳамчу дарё хунхору покдоман бош.
ё Ғании Кашмирӣ мегӯяд:
Сангиндил аст ҳар кӣ ба зоҳир мулоим аст,
Пинҳон даруни пунба нигар пунбадонаро.
Баъзе васоити ахбор аз кордзаниҳо ва бешармиву беҳаёиҳои духтарҳо хабар  медиҳанд, фикр мекунам, ки ҳар кӣ барои гузоштани саҳми худаш имрӯз ҳаракат кунад, дифоъ аз имонаш кардааст, ё ҳақиқатан ин нафар мардум ва ватанашро  дӯст медорад. Сӯфӣ Аллоҳёр мефармояд:
Аждаҳое хуфта дар чоҳе,
Меравад ҷониби ӯ аъмое,
Ту, ки дида хабар намесозӣ,
Бо мусулмоният чӣ менозӣ?
Аждаҳо ин ъазоб, ин даҳшат аст. Аъмо-нафари кӯр, маҷозан ахлоқи пасти инсонист. Агар мо бо панду насиҳатҳои хуб пеши роҳи инро нагирем, ба гуфти ин бузургвор, ҳатто бо диндоримон низ нозидан маъное надорад.

Оғози сӯҳбат:
Адами тарбият-қатли фарзанд
Хостам оғози ин мавзуъро аз сухани бисёр баланди муфтии аъзами Покистон «Муҳаммад Шафеъи Девбандӣ», ки дар тафсири маъруфаш-«Маъорифун Қурон», таҳти ояти 31-«Исро» барои ахлоқи фарзандон шарҳ додааст, оғоз намоям. Ва ин оят чунин аст:
«Фарзандонатонро аз тарси фақру нодорӣ ба қатл нарасонед, яъне накушед, мо шуморо ва фарзандҳоятонро кафили ризқашон ҳастем, бегумон куштани онҳо гуноҳи бузург аст» (Исро-31)
Муҳаммад Шафеъ дар зери ин оят фармуд, ки «Набудани таваҷҷуҳ таълиму тарбияти ахлоқи фарзандон ин худ навъи қатли фарзандон маҳсуб мешавад. Яъне агар фарзандони мо аз тарбия дур монанд онҳо на таълими динӣ дошта бошанд, на таълими дунёвӣ. Падару модар бепарвову беаҳамиятӣ кунанд, ин худ аз қатли авлод камтар нест»...
Падару модаре, ки барои беҳбудии ахлоқи фарзанд аз ҳар роҳу василаҳои нек истифода набарад, вай ҷиноятеро мисли қатли фарзанд анҷом додааст.
Сухани ин Олимро хуб диққат диҳӣ хулосаи хуб бароварда метавонӣ. Агар аз ҷанбаи дигар нигоҳ кунем, қатли ахлоқӣ ва динӣ бадтар аз қатли физикӣ ва зоҳирӣ аст. Зеро инсон дар натиҷаи қатли физикӣ ва зоҳирӣ аз зиндагии чандрӯзае маҳрум мешавад. Аммо дар натиҷаи қатли ахлоқӣ ё фикрӣ ё динӣ ба азоби охират ва дунявӣ гирифтор мешавад, на танҳо худаш аз ин ахлоқаш  азият мекашад, балки дигарон низ ором намемонанд.
Мавлонои Румӣ фармуд:
Бе адаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Агар ба Қурон назар андозӣ ҳамаи Паёмбарон аз Худованд фарзанди хубу хушахлоқ дуъо кардаанд. Зеро Паёмбарон медонистанд, ки ҳеҷ сарвате ё моле ба хушахлоқ будани фарзанд намеарзад. Чи гунае ки Шайх Саъдӣ фармуд:
Биёмурз парвардаро дасту ранҷ,
Агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.

Тарбияти хуб-беҳтарин мероси падар
Паёмбари нозанинамон Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд, ки ҳеҷ ҳадяе ё моле барои фарзанд беҳтар аз адаби некӯ нест. Дар таҷриба дида бошед, барои ба воя расидани фарзандон чи қадар заҳмат мекашем, сару либоси хуб, хӯрокҳои хуб, то ҷое хонаи хуб, мошини хуб, зани хуб медиҳем, вале муҳимтар тарбияи нек накардем, ҳамаи ин хидматҳо ба истилоҳи халқ 5 тин қадр надорад ва дар ивази ин хидматҳо фақат суханҳои зишт мешунавем.
Шайх Саъдӣ фармуд:
Хурмо натавон хурд аз ин хор, ки киштӣ,
Дебо натавон бофт аз ин пашм, ки риштӣ.
Имом Ғаззолӣ дар китобаш «Кимёи Саъодат» барои тарбияи фарзанд чунин меорад:
-Бидон, ки фарзанд амонате аст андар дасти Модар ва падар. Дили вай пок аст, чун ҷавҳари нафис ва нақшпазир чун мум. Пас аз ҳама нақшаҳо холӣ аст ва чун замин пок аст, ки ҳар тухме дар вай афканӣ, бирӯяд. Агар тухми хайр афканӣ ба саъодати дин ва дунё расад ва модар, падар, муъаллим дар савоб шарик бошад. Агар баръакси ин буд, бадбахт шаванд ва ӯ ҳарчи анҷом диҳад эшон бо ӯ дар гуноҳ шарик бошанд.
Бародарони азиз! Барои расидан ба ахлоқи ҳамида дар китоби осмонӣ, яъне Қурон ва аҳодисҳои паёмбарамон ва инчунин ашъори шоъирони мо чи роҳҳое хуб гӯшзад шудааст, чи қиссаҳои зебое оварда шудааст. Агар инро ҷамъоварӣ кунем ба 1 китобе хубе табдил диҳем ва ин китобе, ки саршори оятҳои қуронӣ, қиссаҳои қуронӣ бошад ва ин китоб китоби дарсӣ ё китоби болоимизӣ дар хонадон бошад, таъсири хубе мегузорад. Як аз роҳҳои хушахлоқ шуданро аз забони «Ҳакимул уммат ъаллома Ашрафъалӣ Таҳонавӣ» гӯш мекунем:
-Бисёри мардум ба осоишу роҳати фарзандони хеш фикр мекунанд, талош меварзанд ва инро бисёр муҳим медонанд. Аммо барои беҳбуди ахлоқи фарзандаш, ки бояд вай дар ҳамсуҳбати солиҳон, некон, донишмандон нишинад, талош намекунанд.
Дида мешавад, ки падару модар барои фарзандон, устодон ё муаллиме, ё пире, интихоб мекунад, ки бисёр бадахлоқанд, бадрафторанд ва чунин мепиндоранд, ки фарзандон ҳанӯз бачаанд. Дар сурате, ки таҷриба нишон додаст, ки агар бачаҳо аз ибтидо ба ъодатҳои бад гирифтор шаванд, то охири умр ин ҳолат боқӣ мемонад. Ъаллома Ашрафъалӣ Таҳонавӣ таъсири ҳамнишиниро ба бандагони солеҳ аз таълими китоб низ муҳимтар мехонад. Мефармояд, ки дар баробари омӯзиши ъилм зарур аст, ки бо ҳамроҳи фарзанд якҷоя дар суҳбати одамони солеҳ нишинӣ. Худованд ин ъамали шуморо боъиси ислоҳ ва тазкияи шумо ва фарзандон қарор хоҳад дод.

Матлабҳои дигар