Принт

Ҳоҷӣ Мирзо: Якдигарро иҳонат накунед!


Таъсири муҳити хонавода бар фарзандон
Нуктаи бисёр муҳиме, ки волидайн бояд ба он таваҷҷӯҳ бикунанд, ин аст, ки саъй бикунанд, ки муҳити хонаводаро маркази таълим, ахлоқ, сафо ва самимият бигардонанд. Манзили яке аз мову шумо бояд 1 мактаби калоне бошад, ки ҳаққи кӯдакро ифо кунад. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб шудани фарзанд ъабаса ва беҳуда аст.

Иртиботи самимонаи падару модар бо якдигар дар ислоҳ ва тарбияти рӯҳӣ ва равонии фарзандон таъсири босазое дорад. Замоне, ки байни волидайн ихтилофҳо, сарзанишҳо, тавҳин, дилхарошиҳо вуҷуд дошта бошад, асароти баде ба рӯи фарзандон мегузорад. Хонаводае, ки дар он ҷангу ҷидол ҳоким аст, бар сари кори одие ба ҷангу ҷанҷол ба роҳ меафтад. Яқинан дар чунин хонавода эътимоди фарзандон нисбат ба волидайн заъиф мегардад. Вақте байни волидайн дар масъалае тавофуқ ё якдигарфаҳмӣ нашуд, шарт нест, ки дар пеши фарзандон ба ҷанг ва даъво бипардозанд ва якдигарро иҳонат кунанд, зеро бардошти ин гуна бархурдҳо барои фарзандон бисёр сангин аст. Онҳоро дучори изтироб намуда, амнияташонро аз байн хоҳад бурд. Эҳтироми падар ва модарро аз дилҳояшон бадар хоҳад кард. Агар байни волидайн эҳтиром вуҷуд дошта бошад, фарзандон ҳам ёд мегиранд, ки бо ҳам меҳру муҳаббат биварзанд.

Бар падару модар лозим аст нукоти зеринро бодиққат риъоя кунанд:
1.Дар ҳузури фарзанд ба ҳеҷ ваҷҳ даъво накунанд ва якдигарро мавриди маломат ва сарзаниш қарор надиҳанд.
2.Якдигарро бо калимоти эҳтиромомез садо кунанд, мисли занакҷон ё мардакҷон, ё очаш ё оташ, дадаш ё буваш, ба мисоли ин.
3.Падар ё модар назди фарзандон якдигарро ба хубӣ ёд кунанд, худро дар ғоиби якдигар пеши фарзандон ғайбат накунанд, камбудиҳои якдигарро пеши фарзандон нагӯянд, фарзандонро дар муқобили яке тайёр накунанд.
Баъзе занон ъодат доранд, ки ҳангоми нороҳатӣ аз шавҳар бар модару хоҳари шавҳар интиқод мекунанд ва аз онҳо изҳори танаффур ва безорӣ мекунанд. Ин навъ ъамалкард зимни ин ки шавҳарро нороҳат мекунад, бар фарзандон низ асари баде мегузорад. Лиҳозо эҳтиёт хеле лозим аст.
4.Волидайн аз рӯзгор гила ва шикоят накунанд, балки розӣ ба қазои илоҳӣ бошанд. Шикваҳо ва гилаҳои волидайн боъиси нигаронӣ ва изтироби фарзандон мегардад ва дидашонро нисбат ба оянда манфӣ мегардонад.
5.Бар волидайн лозим аст, ки ҳафтае 1 рӯз дар ҳузури фарзандон дар мавриди масоили хона, мушкилоти зиндагӣ машварат кунанд ва назари фарзандҳоро низ ба назар гиранд, то ин ки онҳо низ эҳсоси дилгармӣ намоянд ва худро дар ҳалли мушкилот шарик пиндошта, кам-кам эҳсоси масъулият намоянд.
Дар натиҷаи беаҳамиятӣ фарзандон дигар волидайнро итоъат намекунанд, волидайн бошад ҳар ҷо шикоят мекунанд аз ахлоқи бади фарзандон, вале чи сабаб шуд, ки фарзанд аз рамкаи даркорӣ мебарояд? Инашро пеши назар намеорем, ки «худкардаро даво нест».

Абёт
Бидон, фарзанди ноқобил гиребони падар гирад,
Ҳазорон лутфу эҳсони падарро пушти сар гирад.
Падар андар ғами фарзанд гадову дар ба дар гардад,
Аз ин рафтори фарзандон ғаме андар ҷигар гирад.
Ба уммеде писар шояд асои дасти ӯ гардад,
Фиребу макри фарзандон ҷаҳоне сар ба сар гирад.
Дарахти пурсамар бингар ширину талху бемазза,
Бубин, фарзанди бемаънӣ худашро кӯру кар гирад.
Ба ангушти шашум бингар, ҳамон фарзанди ноқобил,
Аз ӯ доим алам дида ба худ ӯ дарди сар гирад.
Худо гуфтаст дар Қурон: «Бикун бар волидайн эҳсон!»,
Ризои он Худованде зи савдои падар гирад.
Падар розӣ-Худо розӣ, ба гӯшу ҳуши ҷон бишнав,
Куҷо фарзанди қобил, ки сари хоки падар гирад.
Сазои он падар бодо, ки бо фарзанд кунад сустӣ,
Ту он риши сафедаш бин, ки ӯ чун думи хар гирад.
Падарро раҳму шавқат буд аз аввал то ба охираш,
Бубин, золими бе инсоф, ки он оқипадар гирад.
Басе бори маломат бин зи кирдори чунин фарзанд,
Касе аз ӯ алам дорад гиребони падар гирад.
Биё, Ҳоҷӣ, бишав розӣ ба тақдири худовандӣ,
Ғаму дарди падарро он Худо аз он писар гирад.

Оётҳои қуронӣ барои ахлоқ
1.Эй Муҳаммад (с) ту дорои беҳтарин ахлоқи ҳамида ҳастӣ  (қалам-4).
2.Агар ту, эй Муҳаммад (с), бадахлоқ ва сангдил мешудӣ пайравони ту дар гирди ту ҷамъ намеомаданд (оли ъимрон – 159).

Ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) барои ахлоқ
1.Ҳазрати Анас (р.з) фармуд: Расулуллоҳ (с) беҳтарини мардум аз рӯи ахлоқдорӣ буд (Бухорӣ. Муслим).
2.Ҳазрати Абидардо (р.з) фармуд: Паёмбар (с) фармуд, ки ҳеҷ чизе аз рӯи савоб дар тарозуи аъмол вазнинтар аз ахлоқи ҳамида нест (Тирмизӣ – ҳадиси ҳасану саҳеҳ).
3.Ҳазрати Абу ҳурайра (р.з) гуфт: Аз паёмбарамон (с) суол карда шуд, ки аз кадом роҳ мардум дохили ҷаннат мешаванд? Ҳазрати (с) фармуд: Аз 2 роҳ. 1.Тарси Худо. 2.Ахлоқи наку. Боз пурсида шуд: Бо кадом гуноҳ мардум дохили дӯзах мешаванд? Ҳазрати (с) фармуд: Аз 2 роҳ. 1.Зино. 2.Бадзабонӣ. (Тирмизӣ. Ҳадиси ҳасану саҳеҳ).
4.Ҳазрати Абуҳурайра (р.з.) гуфт: Гуфт Паёмбарамон (с), комилтарини имон аз они касе ҳаст, ки ӯ ахлоқи ҳамида дорад (Тирмизӣ. Ҳасан)
5.Ҳазрати Ъоиша (р.з) фармуд: Шунидам аз расулуллоҳ (с), ки мегуфт: Мумине, ки ахлоқи ҳамида дорад дар савоб баробар аст бар мумине, ки шабро ба намоз рӯз мекунад ва рӯзро ба рӯза доштан мегузаронад (Абудовуд).
6.Саҳоба (яъне ҳамнишини паёмбар (с))-е аз паёмбар пурсид: Бадбахт кист? Ҳазрат фармуд: Бадахлоқ.

Гуфтори донишмандон барои ахлоқ
1.Фузайл ибни Ъиёз (р.ҳ) фармуд: Суҳбат ба фосиқи некуахлоқро дӯсттар дорам, аз он ки бо қорӣ ва ъолими бадахлоқ ҳамсуҳбат шавам.
2.Ҳазрати Яҳё ибни Маъози Розӣ (р.ҳ) фармуд: Феъли бад гуноҳест, ки бо ин сифат ҳеҷ ибодате фоида надорад ва рафтори неку ибодатест, ки бо ин сифат ҳеҷ гуноҳе нуқсон надорад.
3.Имом Аҳмад фармуд: Ахлоқи неку маънояш ин аст, ки хашм нагиред ва таколифи мардумро бардошт кунед.
4.Абдуллоҳ ибни Муборак (р.ҳ) фармуд: Ахлоқи ҳамида аз 3 чиз иборат аст: 1.Чеҳраат бояд табассум дошта бошад. 2.Фақат некукор бошӣ. 3.Мардум аз зарару зиёни ту дар амон бошанд.
5.Имом Шаъронӣ (р.ҳ) мефармояд: Агар касе бо 70 гуноҳ аз гуноҳе байни банда ва байни Аллоҳ ҳаст, ҳозир шавад барояш осонтар аст, аз ҳозир шудан ба 1 гуноҳ  аз гуноҳҳо-некӣ байни банда ва 1 махлуқи дигар бошад, яъне озори бандагони худо.
6.Ҳазрати Ъисо (а) фармуд: Агар бо рафтори бадат мусулмонеро озор додӣ, ё ҳаққи ӯро хурдӣ, рӯзи қиёмат агар ба андозаи 70 набӣ ъамали хайр дошта бошӣ, назди Аллоҳ наҷот нахоҳӣ ёфт.
7.Марде, ки ахлоқи неку дорад, ҳаргиз танҳо намемонад, ҳамеша дӯстоне барои худ пайдо мекунад (Каун Фусуюс).

Матлабҳои дигар