Принт

Ҳоҷӣ Мирзо: Оғӯши модар-нахустин мадраса!


Нақши модар дар тарбияти фарзанд
Падар ва Модар ҳар 2 дар тарбияти фарзанд нақш доранд. Аммо аз он ҷое, ки дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд ба модар пеш аз падар аст, чун ба таърих назар андозӣ модарони бисёре ҳастанд бо тарбияти некуи худ фарзандони маъруферо ба ҷомеъи башарият таҳвил додаанд. Таъсире, ки модарон дар фарзандҳо мегузоранд, ҳатто дасти рӯзгор наметавонад онҳоро аз байн барад.

Кӯдак ҳар он чи дорад аз оғӯши модар аст,
Гар зишт бошад, ӯ агар некахтар аст.
Хӯе, ки аз нахуст касеро ба сар нишаст,
Ӯро ҳамраҳ то ба дами марг бар сар аст.
Дар дафтари муъаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пои сармашқи кӯдакон,
Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.
Бинобар ин Модарон бояд нақшу таъсири худро бовар намоянд ва он гоҳ дар тарбияи фарзандони ъазизи худ аз ҳеҷ навъи талош ва кӯшиш дареғ наварзанд. Шоъири Шарқ Доктор Иқболи Лоҳурӣ фармуд:
Ҷаҳонро муҳкамӣ аз уммаҳот аст,
Ниҳоди шон амини коинот аст.
Агар ин нуктаро қавме надонад,
Низоми кору бораш бе субот аст.
Иқболи Лоҳурӣ иҳсосоти имони худро низ аз тарбияҳои модараш қаламдод мекунад. Чунонки мегӯяд:
Маро дод ин хирадпарвар ҷунунӣ,
Нигоҳи модари пок андарунӣ.
Доктор Иқбол мегӯяд, модарон ҳастанд, ки тухми хусоли некуро дар дили фарзанд  мекоранд ва ҷавҳари вуҷудашонро ороста ва пироста менамоянд. Ва фармуд:
Сирати фарзандҳо аз уммаҳост,
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳост.
Доктор Иқбол бар занони мусалмон тавсия мекунад, ки аз духтари гиромии Паёмбар (с) Фотимаи заҳро (р.з) ибрат бигиранд ва дар тарбияи фарзандон аз ӯ пайравӣ  намоянд, то ин ки мардони ҳусайнсифат ва ҳасансифат зуҳур намоянд, то дар ҷомеъаҳо хайру некӣ ва бараккат зиёд шавад. Лоҳурӣ фармуд:
Мазраъи таслимро ҳосил ба тул,
Модаронро усваи комил ба тул.
Он адабпарвардаи сабру ризо,
Осиё гардону лаб Қурон саро.
Фитрати ту ҷазбаҳо дорад баланд,
Чашму ҳуш аз усваи заҳро мабанд.
То ҳусайне шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.
Иқбол ба ҳамаи занон мегӯяд: Ҳаргиз маъюс нашаванд ва таҳти таъсири авзоъи нобасомони замони худ қарор нагиранд. Агар миллат ва мардон ноумед шаванд, мушкил нест, аммо модарон набояд ноумед гарданд.
Агар панде зи дарвеше пазирӣ,
Ҳазор уммат бимирад ту намирӣ.
Ъаллома қорӣ Муҳаммад Тайиб, раиси «Дорулъулуми Девбанд» мефармояд, ки «нахустин мадраса барои тарбияти фарзанд оғӯши модар аст. Марҳалаи тарбияти падар баъд аз замони шуъур қарор мегирад. Агар модар дорои ъилм, некӣ, тақво ва дигар сифоти хуб бошад, фарзанд низ таҳти таъсир қарор мегирад ва рафта-рафта бо ҳамин сифот муттасиф мегардад. Аммо агар домани модар аз хубиҳо холӣ бошад фарзанд низ маҳрум мешавад. Ногуфта намонад, ки Аллоҳ дар Қурон, дар сураи Нисо фармуд, ки «зан замири замин аст, яъне ҳосили хуб ва бад ба замин вобастагӣ дорад».
Шайх Саъдӣ фармуд:
Замини шӯра сумбул барнаёрад,
Дар ӯ тухму ъамал зоеъ нагардон.
***
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.
Оби борон ба ҳама маълум, ки об аст, вале вақте дар замини шӯра биборад, ҳосилаш фақат хас аст. Вақте ҳамон борон, ҳамон об, дар замини ғайришӯра биборад, мебарояд лола. Дигар ахлоқи фарзандон аз нутфаи падар низ вобастагӣ дорад, яъне нутфа, ки аз ғизо пайдо мешавад, бояд луқма ҳалол бошад.

Матлабҳои дигар