Принт

Ривоятҳо дар бораи Рӯза


Гове, ки дар 7 замин буд!
Боз моҳи Рамазон гӯяд:
Ё раб! Сарҳои эшон бараҳнаанд. Ҳулла бе тоҷ некӯ наменамояд. Фармон шавад:
Фариштагон дар биҳишт равед ва ба номи ҳар яке 70.000 тоҷ берун оред. Боз моҳи Рамазон илтимос кунад:

Ё раб! Ишон пиёдаанд. Тоҷ ба ғайри маркаб хуб наменамояд. Фармон шавад:


Эй фариштагон! Ба номи ҳар як рӯзадори моҳи Рамазон 70.000 бӯроқ аз биҳишт берун оред. Боз Рамазон гӯяд:
Ё раб!
Эшон гуруснаву ташна бархостаанд, ту бар карами худ серашон гардон!
Эй фариштагон! Гове, ки дар 7 замин буд ва ҷаҳонро дар шохи ӯ дошта будем ва онро имрӯз ба қудрати хеш бирён гардонидем, биёред ва пеши муҳаммадиён забҳ кунед!
Фариштагон ба фармони Аллоҳ таъоло хони карам карда биоранд, пеши ҳар яке 1000 коса кашанд, то ҳама мӯъмин онро бихӯранд.
Боз моҳи Рамазон гӯяд:
Ё раб, илтимоси дигар дорам!
Фармон шавад:
Бигӯ!
Гӯяд:
Ё раб! Он чӣ дар ҳаққи муҳаммадиён аз ту хостам, иҷобат фармудӣ. Акнун бифармо, то ба сӯи биҳишт раҳбарии инҳо қабул кунам.
Фармон шавад:
Пеш рав! Ҷумла рӯзадорон, ки дар муҳаббати ту бошанд, то ба доруссалом бирасон. Он гоҳ бо фармони Ҳаққ таъоло аз думболи ҳар мӯъмине 70.000 фаришта роҳ пеш гирад. Чун уммати муҳаммадӣ бад-ин мартаба дар арасот пайдо шаванд, уммати пайғамбарони дигар дар тамошои муҳаммадиён ҳайрон бимонанд ва бигӯянд:
Ба кадом амал ишонро чунин навохтаанд?
Фариштагон гӯянд:
Ишон рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон буданд, ки имрӯз чунин ато аз парвардигори худ ёфтанд.
Алғараз. Чун пеши дари биҳишт расанд, Ризвон гӯяд: Саломун алайкум тибтум фатхулуҳо холидина ё аҳлил ҷанна. Яъне салом бод бар шумо, хуш бошед, пас дароед дар он ҷо, ки ҷовид бошед дар ҷаннат.
Чун қадами ҳар яке дар биҳишт дарояд, моҳи Рамазон пештар шавад ва бигӯяд: Алвидоъ, алвидоъ, ки ман бозмегардам, ки шуморо акнун бар ман ҳоҷат несту дигар ба ман ҳоҷат намонд. Ба мақсуди абадиятон расидед.

Дар ҳар узве Рӯза ҳаст!
Ва моҳи шарифи рӯзаи Рамазон бо мову шумо алвидоъ мегӯяд. Пас мӯъминонро бояд, ки ҳаққи моҳи Рамазонро нигоҳ доранд, зеро ки рӯза дар чашм аст, дар забон аст, дар дасту по аст. Рӯзаи забон он аст, ки нохӯрданӣ нахӯрад ва ногуфтанӣ нагӯяд. Ва рӯзаи дар даст он аст, ки ногирифтанӣ нагирад. Ва рӯзаи дар пой он аст, ки қудумро дар ҷои нолоиқ набарад. Ва ҳамчунин дар ҳар узве рӯза ҳаст.
Ҳар узвро ба яқин дон, ки рӯза аст,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди кирдигор.

Дар моҳи Рамазон фараҳманд набошед!
Дар баёни фазилати моҳи Рамазон чанд сӯҳбате мекардам. Моҳи шарифи Рамазон дорои хусусиятҳои бузург аст. Хонандаи гиромиқадр! Дар ояи 185, сураи Бақараи Қуръони шариф омадааст: Шаҳру Рамазонал лази унзила фиҳил Қуръон. Яъне дар моҳи Рамазон Қуръон фиристода шуд, ки ҳидояткунанда аст мардумро бо далелҳои равшан. Ва ҷудокунанда ҳақро аз ботил аст. Чунончи
Моҳи Рамазон гуфт, Худо ҳар кӣ зариф аст,
Донад, ки дар он нозили Қурони шариф аст.
Ҳодисаи якум ин ки, нузули Қуръони Шариф дар осмони аввал аст. Ҳодисаи дувуми таърихӣ, ки дар ин моҳ рӯй додааст, муҳорибаи бадр аст, ки дар 17-уми моҳ воқеъ шуда буд. Мусулмонон бо роҳбарии Ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумораи каму аслиҳаи ночиз аз болои мушрикон, ки дорои адади сершумори аслиҳаи ҷангӣ буданд, бар ҳукми Худованд пирӯзӣ ёфтанд.
Ривоят мекунанд, ки Расул салаллоҳи алайҳивасаллам, ки фараҳманд гардад, то омадани моҳи мубораки шарифи Рамазон ҳар касе, ки фараҳманд мегардад, Оллоҳ таъоло ҷасади ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад.
Гуфтанд, ки Расул (с), ҳар чӣ ояд шаби аввали моҳи шарифи Рамазон, Оллоҳ таъоло мегӯяд: Кист он кӣ дӯст медорад маро ман дӯст медорам ӯро. Ва кист он кӣ ҳар чӣ талаб кунад аз ман, ҳоҷати ӯро раво гардонам. Ва кист мағфират талабад аз ман, мағфират кунам ӯро.
Пас амр кунад Оллоҳ таъоло, дар моҳи Рамазон кироманкотибинро, ки нависед дар номаи аъмоли бандаи мӯъмин ҳасаноти ӯро ва тарк кунед сайиоти ӯро. Ва маҳв кунад Оллоҳ таъоло аз номаи аъмоли он банда гунаҳҳои гузаштаи ӯро.
Ривоят кунанд, ки суҳуфи Иброҳим алайҳисалом дар шаби аввали Рамазон нозил шуд. Тавроти Мӯсо алайҳисалом баъд аз 70 соли суҳуфи Иброҳим дар шаби шашуми моҳи Рамазон нозил гардида буд. Забури Довуд алайҳисалом пас аз 500 соли Таврот дар шаби 12уми моҳи Рамазон нозил шуда буд. Инҷили Исо алайҳисалом баъд вз 1100 сол пас аз Забур шаби 12уми моҳи шарифи Рамазон нозил гардида буд. Қуръони Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) пас аз 620 соли Инҷил дар шаби 27уми моҳи шарифи Рамазон аз арш ба осмони дунё нозил шуд. Дар муддати 23 сол Ҷабраили амин ба амри Раббулҷалил аз осмони дунё ба гуселонидани ҳазорон ҳазор малоик оят-оят ба ҷаноби пайғамбар расониданд.

Савоби худро ба уммати Муҳаммад (с) бубахшед!
Ривоят мекунад ибни Аббос разияллоҳу анҳу. Шунидам аз Расули Акрам (с) гуфт:
Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд ҳароина таманно мекардам, ки тамоми сол Рамазон бошад, ки тоати он мақбулу дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он мақҳур шавад, ки муштоқи рӯзадорон биҳишт аст.
Ривоят кунанд Расул алайҳисалом, ки ҷаннат ба 4 гурӯҳ муштоқ аст: аввал, тиловаткунандаи Қуръон; дувум, нигоҳдорандаи забон, дурӯғ, дашном, бӯҳтон, ғайбат; савум, серкунандаи гуруснагон; чаҳорум, рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон.
Чи хеле ки мо ҷаннатро мехоҳем, ҷаннат ишонро мехоҳад.
Дар хабар омадааст, ки ҳар чӣ гоҳе ки ҳилоли моҳи Рамазон рӯй намояд, аршу курсӣ ва фариштагон нидо кунанд, ки башорат бод бар уммати Муҳаммад (с), ки аз назди Оллоҳ таъоло ба атоҳои фаровон ноил гаштанд. Дар осмон офтобу моҳу кавокиб ва дар ҳаво мурғон, дар баҳрҳо моҳиён ва кулли зиррӯҳ ҳама омурзиши гуноҳҳони умматони Муҳаммад (с)-ро аз парвардигори оламиён мехоҳанд. Оллоҳ таъоло бар фариштагон фармояд, ки савоби намозу тасбеҳи худҳоро дар моҳи Рамазон ба уммати Муҳаммади Мустафо (с) бибахшанд…


Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

Матлабҳои дигар