Принт

Иди Рамазон бар ту муборак бошад!


Иди рамазонро иди фитр меноманд. Иди рамазонро барои он иди фитр мегӯянд, ки он дар аввали моҳи шаввол меояд. Дар ин рӯз, яъне рӯзи ҷумъа пеш аз намози аср рӯҳ ба Ҳазрати Одам (а) фаромад ва Ҳаво дар қолаби вай буд. Бинобар ин аз хурсандӣ он рӯзро ид мекунанд. Дар ин рӯз 2 ракаат намози иди фитр хондан воҷиб аст.

Вақти намози ид аз баланд шудани офтоб аст ва ба қадри найза то даромадани вақти пешин. Дар ин рӯз ғусл ва мисвок намуда, тану баданро покиза карда, ба худ чизҳои хушбӯй молида, аввали пагоҳ ба ширинӣ ифтор карда, садақаи фитрро ба фақирон дода, барои намози ид ҳозир мешаванд.
Моҳи Рамазон рафт ба дардем ҳама,
Бо чашми пуроб ранги зардем ҳама.
Эй моҳи муаззам ту ба ҳазрат бирасӣ,
Зинҳор бигӯ, ки тавба кардем ҳама.
***
Иди Рамазон бар ту муборак бошад,
Ҳамроҳи ту Ёсину Таборак бошад.
Дар авҷи фалак фариштаҳо мехонанд,
100 раҳмати ҳақ ба умматонат бошад.
***
Иди Рамазон чи пурато мегузарад,
Ин умри азиз ба 100 ҷафо мегузарад.
Мо гиря кунем зи рафтани моҳи шариф,
Тасбеҳу таровеҳу дуо мегузарад.
Бародарони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди фитр табрик мегӯям!
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
100 шукр, ки ин омаду 100 ҳайф, ки он рафт…
Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯза аст,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор…
Моҳи Рамазон омаду шуд вақти ибодат,
Он моҳи сафаркарда зи нав кард иодат…
Дило, дар рӯза меҳмони Худоӣ,
Таоми осмониро сазоӣ…
Иди азҳо расму ойини Халили озар аст,
Иди фитр андар шариат суннати пайғамбар аст…
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармоянд:
Моҳи Рамазон омаду меҳмон шуду рафт,
Дил аз паси он бесмон шуду рафт.
Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод чунин бодо.


Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

Матлабҳои дигар