Принт

Посухҳои ҳоҷӣ Мирзо ба СССР

Аз СССР: Хонандаи гиромӣ, чанде Ҳоҷӣ Мирзо, дӯсти газетаи мардумӣ ва яке аз тобонтарин чеҳраҳои мазҳабӣ дар сафари хориҷ аз кишвар буданд.

Имрӯз, ки баргаштанд, меҳмони азизи редаксия шуданд ва ба суолоти равонкардаи хонандаҳо посух мегӯянд. Дар оянда низ чи суоле доред, мушкили диниву мазҳабӣ домангиратон аст, муроҷеъ шавед, талош мекунем, домулло посух гӯянд, шарҳу тафсир созанд мушкилатонро. Мо Метавонем!

Намозро бо чӣ забон бихонем?
Мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо! Нияти намозҳо то Истиқлолият дар ҳама ҷои Осиёи Миёна ва ҳам Қазоқистон…, дар мазҳаби Имоми Аъзам бо забони Тоҷикӣ буд, аммо ҳозир ҳама бо забонҳои худашон ният мекунанд. Оё ин дуруст аст? Ва ин беҳурматӣ нисбат ба Имоми Аъзам нест?


Мирзоамин Алимов,
деҳаи Ҳайронбед, н.Айнӣ, тел: 93 415 97 97

Намоз ба ҳар забон дуруст аст
Посух: Нияти намоз бар ҳар забоне, ки анҷом дода шавад, дуруст аст. Бо забон ният кардан ҳатмӣ намебошад, балки намозгузор дар дил ҳамин қадар ироа намояд, ки «мехоҳам фалон намозро бигузорам», кифоя аст. Агар дар дил нияти пешинро дошта бошад, вале бо забонаш намози ъаср ҷорӣ шавад, боке надорад, намоз дуруст мешавад. Ва ё ба фаромӯшӣ ба ҷои 2 ракъат 4 ракъат гуфт, зараре дар намозаш нест.

Худоро оллоҳ гуфтан дуруст аст?
Салом алейкум, домуллои гиромӣ! Ба назари шумо “Оллоҳ” талаффуз кардани номи Худо дуруст аст? Масалан, бархе аз олимон дар посух ба ин суол, ки оё Худоро дар намоз ё дар гуфтор "Оллоҳ" гуфтан дуруст аст, ё на, мегӯянд “тарзи дурусти номи Худо “Аллоҳ” аст ва дар ҳама ҳолат бояд ҳамин гуна талаффуз карда шавад. Ба шакли “Оллоҳ” талаффуз кардани номи Худо нодуруст аст”. Фикри шумо чист дар ин маврид?

Асомиддин Муратов,
маҳаллаи 102-уми н.Синои пойтахт

Аллоҳ бузург аст
Посух: Аллоҳро Оллоҳ гуфтан саҳван бошад гуноҳе нест. Вале Аллоҳро Оллоҳ гуфтан ҳам хатосту ҳам гуноҳ, чи гунае, ки дар азон додан 10 ҷои куфр ҳаст, якеш ин аст, ки Аллоҳро Оллоҳ гӯӣ. Оллоҳ гуфтанро маънояш ин мешавад, ки «Оё худо бузург аст?». Инро аз қасдан гуфтан куфр аст, ҳол он ки Аллоҳ бидуни шак ва шубҳа бузург аст.

Чаро ҷанозаро ғариб мекунем?
Дуруд, бар Шумо, домуллои гиромӣ! Ман қаблан таъзияи худро нисбат ба даргузашти қаблагоҳатон сидқан мерасонам. Ва ин  саволи ман низ дар ҳамин маврид аст:
-Чаро ҷанозаи падари Шумо дар Душанбе барпо шуду дар ҳамин ҷо ба хок рафт? Ин дар ҳолест, ки 90% мардуми мо 1 одат дорем: Вақте наздиктарини мо мефавтад ҷасадашро ба зодгоҳамон бо харҷҳои зиёд кашида мебарем, гӯё, ки мурда ғариб мешуда бошад. Чаро Шумо чунин накардед?


Даврон Ҳакимов,
донишҷӯ, маҳаллаи Султонобод, н.Рӯдакӣ

Мурдаро ҳар ҷое гӯронед ғурбат нест
Посух: Сипос бар тасаллиятатон! Ва аммо баъд, Ислом дини осонгир аст. Ҳеҷ сахтиеро бар болои инсонҳо таҳаммул намекунад. З-ин лиҳоз, мо низ нахостем, ки мушкилотеро эҷод кунем. Барои мумин ҳар ҷо, ки гӯронда шавад, ғурбат нест. Барои мурда вақте ғурбат аст, ки тайёрӣ барои хонаи қабр надорад.
Назди Имом Абуҳанифа ҷоиз аст бурдани мурда миқдори 1-мил ё 2-мил бошад. 1-мил баробар аст ба 4000 қадам ё 4000 газ (1 газ-91,5 см) яъне то 36,6 км. Абуҳанифа фармуд, беҳтар ин аст, ки шахсе ҳар ҷое ки ҷон дод, ҳамон ҷо гӯронда шавад.

Матлабҳои дигар