Принт

Дар намози ҷумъа шартҳое ҳаст


Хутбаро бо чӣ забон хонанд?
Дар намози ҷумъа ва идҳо хутбаҳоро бо забони арабӣ мехонанд, ки мазмунашро касе намефаҳмад ва намедонад. Оё мумкин нест, ки хутбаро ба забони Тоҷикӣ хонанд ва ҳама моҳияташро фаҳманд. Агар мумкин бошад, хуб мешуд, ки инро дар маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» ва дар ё шакли брошюра бо забони Тоҷикӣ чоп мекарданд. Шумо чӣ мегӯед?

Мирзоамин Алимов,
деҳаи Ҳайронбед, н.Айнӣ

Намози ҷумъа бе хондани хутба дуруст нест!
Посух: Аввал бояд донем, ки дар намози ҷумъа шартҳое вуҷуд дорад, ки агар яке аз он тарк шавад намози ҷумъаи хондаи шумо дуруст намешавад. Яке аз ин шартҳо дар рӯзи ҷумъа хондани хутба аст, яъне намози ҷумъа бе хондани хутба дуруст намешавад. Фарзи хутба ба гуфтани 1 таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) ва ё субҳоналлоҳ ё ло илоҳа иллалоҳ адо меёбад. Баъди ин Имом метавонад ба Паёмбарамон салавот гӯяд. Метавонад бо забони Тоҷикӣ мардумро ба тарси худо ва парҳез аз гуноҳон тавсия кунад. Мешавад, ки Имом дар атрофи он, ки имрӯз мусалмонон ба чи ниёз доранд, суҳбат кунад. Аз аҳволи имрӯзи ҷаҳон, ки чиҳо мегузарад ва ҳоли мусалмон дар кадом варта аст, гуфтугӯ кунад.

Нигоҳдории саг дар хона дуруст?
Саг дӯсти вафодори инсон аст, аммо нигоҳ доштани он дар хона дуруст аст?

Исмоил Маҳмудов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

Саг дар ҳавлӣ иҷозат аст
Посух: Сагро дар хона нигоҳ доштан дуруст нест. Агар касе замини зироъат дошта бошад, ё чорво дошта бошад, ё ҳавлии калон дорад барои инҳо нигоҳ доштани саг иҷозат аст.

Мурдаро дар куҷо дафн кунем?
ТВ “СМ-1”-и шаҳри Хуҷанд гузориш дод, ки дар оромгоҳи Муродбахши Хуҷанд усули нави гӯркунии майитро ҷорӣ кардаанд. Он ҷо мурдаро на дар зери хок, балки дар рӯи замин дафн мекунанд. Тибқи гузориши ТВ, дар Муродбахш дар маҳаллаи поёнии Пахтакор аллакай беш аз 50 майитро рӯи замин гӯрондаанд. Тарзи нави гӯркунӣ чунин будааст, ки дигар барои дафни ҷаноза қабр намекананд, балки майитро дар даруни сағонаи нимдаврае, ки рӯи замин сохта мешавад, мегузоранд. Аминам, ки домуллои гиромии мо аз додани посух худдорӣ намекунад...

Абдусалом Маҳмудов,
мухлиси СССР, н.Айнӣ, деҳаи Дарғ

Лаҳад бояд канда шавад...
Посух: Агар замоне, ки имкони кандани замин бошад ба иттифоқи ҳамаи ъуламо бояд миқдори қадди инсон ё нисф канда шавад ва чигунае, ки Абуталҳа барои Паёмбарамон (с) лаҳад канд, бояд лаҳад канем ва бигӯронем. Агар имкони лаҳад кандан набошад, меканем заминро ҳамон миқдори мазкур ва онро мегузорем. Каме аз ҷасад баландтар чӯбгузорӣ мекунем ва хокро мепартоем. Ин шакли шумо гуфтагӣ дар ҳолате мешавад, ки замин санг бошад, ки имкони канданаш мавҷуд нест. Дар ғайри ин дуруст нест, гунаҳгор мешавед.

Матлабҳои дигар