ХАБАРИ ДОҒ

Дахолати Рамазон бар зиндагонии шумо табаррук бод!

  • Панҷшанбе, Май 31 2018



Ҳикмати Рамазон
Аз ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегӯям. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад. Ботини рӯза инсонро ба дидори Ҳақ мекашонад, ки Худои субҳон фармудааст: Ассавмули ва ана аҷзубиҳи. «Рӯза барои ман гирифта мешавад ва савобашро худам медиҳам».

Ин ибора фақат барои рӯза ворид шуда, дар бораи дигар ибодатҳо ворид нашудааст. Ҳишом ибни Ҳаким аз Имом Ҷаъфари Содиқ раҳматуллоҳи алайҳ пурсид:
-Чаро рӯза гирифтан ба мардум фарз гардид?
Имоми мусулмонон фармуданд:
-Барои он ки бойю камбағал дар рӯза гирифтан яксонанд. Ва ҳар 2 аз хӯрдану ошомидан худдорӣ меварзанд. Зеро ашхоси сарватманд дар ғайри рӯза ҳамеша серанд ва ҳич гоҳ ранҷи гуруснагиро таҳаммул намекашанд. Онҳо маҳз ба воситаи рӯза гирифтан гуруснагӣ мекашанд ва аз ранҷи мардуми нодор огоҳ мешаванд. Худои муттаъол ба воситаи рӯза доштан, мехоҳад, ки байни ҳамаи мардум мусовот, баробариро барқарор кунад, ки ҳама аз дарди гуруснагию ташнагӣ бохабар бишаванд.
Рӯза барои ин нест, ки инсон гуруснаю ташна бишавад, вагарна дар рӯи замин гуруснагону ташнагон зиёданд. Гурусна аз сабаби надоштани ғизо чизе намехӯрад, аммо рӯзадор ғизо дорад, вале ба хотири тарс аз Худои муттаъол Рӯза медорад. Пас Рӯза инсонро ба тақводорӣ водор месозад. Инсон ба воситаи Рӯза гирифтан ташнагию гуруснагии рӯзи қиёматро ба ёд меорад. Ин нишон медиҳад, ки Рӯза гирифтан ҳам манфиати дунявӣ дорад ва ҳам ухравӣ.

Рӯза сипари дӯзах аст!
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуданд:
- Ассавму ҷуннатун минан норӣ. Рӯза сипарест дар муқобили оташи дӯзах.
Яъне рӯза аз оташи шаҳвати дунё ва оташи ҷаҳаннам дар охират чун сипар мешавад. Рӯза барои он саҳнаи қиёмат аст, ки дар ин моҳ ба масокин ва фақирон садақа медиҳанд. Яъне дар моҳи шарифи Рамазон раҳму шафқат ва ҳисси бахшоиш боло меравад. Садақаи рӯза бояд ба дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ ҳамроҳ бошад. Аммо таҳқир ва миннат кардан савоби садақаро ботил месозад.
Дар моҳи Рамазон бузургонро эҳтиром ва ба хӯрдан тараҳҳум бояд кард. Хосатан, устод ва муаллимро икром намудан лозим аст, зеро бузургӣ танҳо марбути синну сол нест, балки касе аз мо аз нигоҳи мақоми маънавӣ бузургтар бошад, ӯро бояд гиромӣ бидорем.
Рӯзе аз Аббос, амаки пайғамбар пурсиданд:
-Шумо бузургтаред ё Расулаллоҳ?
Ҳазрати Аббос разияллоҳу анҳу гуфт:
-Ӯ бузургтар, вале синни ман бештар аст.
Ана инро адаби гуфтор мегӯянд, ки барои ҳар кадоми мо бояд дарси ибрат бошад.

Аз тири шайтон эман бош!
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани забон аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: -Барои ин ки инсон нигоҳдорандаи даҳон бошаду ҳар хел ҳарфро назанад, маърифати Худо лозим аст. Касе, ки Худоро бишносад ва Ӯро бузург бишморад, дар пеши Худои азим ҳар хел суханро намегӯяд ва шикамашро ҳам ба ғизои ҳаром пур намекунад.
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани чашм аст. Гоҳо инсон мубталост, ки номаҳрамеро бингарад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд:
-Нигоҳ ба номаҳрам тире аз тирҳои шайтон аст. Аз ин рӯ, дар моҳи мубораки Рамазон ба чизе, ки аз он бӯйи ҳалол нест, худро канор бояд гирифт.
Дар рӯза гирифтан инсон бояд одоби муомиларо риоя кунад. Ислом мефармояд, ки ҳар яки мо нисбат ба дигар ашхос боадаб бошем, хоҳ мусулмон аст, хоҳ на. Зеро нигоҳ доштани адаб 1 ҷузъи исломии мост. Ва дар тарзи нишастану бархостан, гуфтан, муомила кардан ва амсоли инҳо мусалмон бояд адабро риоя намояд, бовиқору вазнин бошад, зеро ҳусни адаб аз имон аст. Худовандо, моро аз моҳи ҳикматҳои Рӯза ва фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон баҳравар гардонида, аз бадии шайтон нигоҳ бидор! Омин, ё Раббалмоламин…

Тартибу қавоиди Рӯза
Тартиби рӯза гирифтан ва қоидаҳои онро ба хонандагони гиромӣ баён медорам. Рӯзаро аз субҳи содиқ, аз они саҳар то ғуруби офтоб, яъне шом ният карда, аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ кардан, кас бояд худро нигоҳ бидорад.
Дар рӯза 3 фарз аст:
1. Ният кардан фарз аст. Аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе нахӯрдан ва нанӯшидан, тарки ҷимоъ кардан аз субҳ то шом.
Худои бузург ҳар як аҳкоми шариати худро чунон танзим сохта, ки ба бандагони ӯ зиён намерасонад. Чунончи Худованди таъоло фармуданд: Ва ман кона маризан авфи сафарин ваидатун уха….. Ин ояи 185-уми сураи мубораки Бақара аст. Яъне, касе, ки бемор ё дар роҳи мусофират асту мариз аст, рӯза надорад, Худованд барои шумо хоҳони сувулат ва осонӣ буда, хоҳони душворӣ нест. Худованд барои бандагонаш хоҳони осонист ва душвориро намехоҳад. Аз ин рӯ иддаеро, ки дар ин моҳи муборак рӯза доштан барояшон душвор аст, Худованд онҳоро мувақатан озод кардааст.
Шогирдам Саидалии Саид ин ояи каримаро хеле хуб бо тарҷума ба назм даровардаанд:
Вале оне, ки бемор асту маҳҷур,
Мусофир аст ӯ андар раҳи дур.
Ва ё марди ҳақиру нотавон аст,
Зане дар сина шир, ё дуҷон аст.
Ҳуқуқ аз амри Ҳақ доранд эшон,
Дар ин моҳи шариф аз обу аз дон.
Бинӯшанду биошоманд, аммо
Ба ҳар рӯзе, ки рафт аз ин муаммо
Қазо доранд, ё бар марди носер,
Диҳанд аз нуқли худ нокарда бас дер.
Агар занони ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта, хавф баранд, ки рӯзадорӣ ба саломатии худу тифлашон зиён меоварад, метавонанд, Рӯзаро шикананд ва танҳо пас аз таваллуд ё хатми ширхорагии кӯдак рӯза бигиранд. Вале агар мусофир барои гирифтани рӯза ягон душворӣ ё вазниние набинад, рӯза доштанаш беҳтар аст. Ҳар гоҳ бемор сиҳҳат ёфт, ё мусофир муқим гардид, ба андозаи рӯзҳои беморияш аз мусофир ба қазо доштан лозим меояд. Ҳамчунин занҳои дар Рамазон ҳоиза (ҳайздида) ва нифосдида метавонанд ба адади рӯзҳои беморияшон рӯза нагиранд. Баъди сиҳҳатшавӣ рӯза гирифтан барояшон лозим меояд.

Фидяи рӯза
Пири солхӯрда ва барҷомонда, ки тавону қуввати рӯзагирӣ надорад, ҷоиз аст, то дар Рамазон рӯза нагирифта, дар муқобили рӯзааш фидя бидиҳад. Фидя ин аст, ки барои фавти ҳар рӯз барои 1 мискин таом ё қимати таомро медиҳад. Дирӯз дар намози ҷумъа 1 бародари мо инро суол карда буданд: Рӯзадорро чизе хоидан ва аз ғайри зарурат ба нӯги забон таъми чизеро дидан, ба қасди таскини ҳарорат дар об нишастан, дар ҳаммом зиёда аз ҳоҷат бисёр нишастан, дар обҳои бузург мисли рӯду ҳавз ва кӯл оббозӣ кардан, ба шарте ки об ба дарунаш наравад, агар об ба дарунаш равад, рӯзааш табоҳ мешавад?
Дар таҳорат сахт ғарғара кардан ва обро дар даҳон бисёр гирифтан, ба нафаре бо назари шаҳват нигаристан, дар вақти истинҷоъ аъзои худро суст кардан ва нафас гирифтану сахт шустан, ба шарте ки об ба дарун наравад, аммо агар об ба дарун равад, рӯза табоҳ мегардад.
Бо мардум сахт гуфтан ва ҷанг кардан, ба тамошои беҳуда ва абас нигаристан, тамоми рӯзро ба хоб ё ба бекорӣ сипарӣ кардан, шаб ифтор накарда, 2 рӯз паиҳам рӯза гирифтан ва яке аз суннатҳои рӯзаро тарк намудан, макрӯҳ аст.
Аммо таоми мехаридагӣ ё мепухтагиро барои зарурат ба нӯги забон таъмашро дидан, ё барои тифли хурдсол дар зарурат таомро хоида додан, дар ҳаммом ба қадри зарурат истодан, дар хона об рехта ғусл кардан, мисвок намудан, сурма кашидан, мӯйи лабро равған кардан, фарзанди худро бӯсидан, ҳиҷомат кардан, шуллук мондан, оби даҳони худро аз ғайри даҳон баровардану фурӯ бурдан мубоҳ аст. Ба ҳар ҳол кароҳияте дорад. Дар ин корҳо рӯза намешиканад ва аз кароҳат ҳам хавф бурдан лозим аст, рӯзадори азиз!


Рӯза имтиҳони ирода аст

Фидяи рӯза
Агар занони ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта, хавф баранд, ки рӯзадорӣ ба саломатии худу тифлашон зиён меоварад, метавонанд, Рӯзаро шикананд ва танҳо пас аз таваллуд ё хатми ширхорагии кӯдак рӯза бигиранд. Вале агар мусофир барои гирифтани рӯза ягон душворӣ ё вазниние набинад, рӯза доштанаш беҳтар аст. Ҳар гоҳ бемор сиҳҳат ёфт, ё мусофир муқим гардид, ба андозаи рӯзҳои беморияш аз мусофир ба қазо доштан лозим меояд. Ҳамчунин занҳои дар Рамазон ҳоиза (ҳайздида) ва нифосдида метавонанд ба адади рӯзҳои беморияшон рӯза нагиранд. Баъди сиҳҳатшавӣ рӯза гирифтан барояшон лозим меояд. Пири солхӯрда ва барҷомонда, ки тавону қуввати рӯзагирӣ надорад, ҷоиз аст, то дар Рамазон рӯза нагирифта, дар муқобили рӯзааш фидя бидиҳад. Фидя ин аст, ки барои фавти ҳар рӯз барои 1 мискин таом ё қимати таомро медиҳад. Дирӯз дар намози ҷумъа 1 бародари мо инро суол карда буданд: Рӯзадорро чизе хоидан ва аз ғайри зарурат ба нӯги забон таъми чизеро дидан, ба қасди таскини ҳарорат дар об нишастан, дар ҳаммом зиёда аз ҳоҷат бисёр нишастан, дар обҳои бузург мисли рӯду ҳавз ва кӯл оббозӣ кардан, ба шарте ки об ба дарунаш наравад, агар об ба дарунаш равад, рӯзааш табоҳ мешавад?
Дар таҳорат сахт ғарғара кардан ва обро дар даҳон бисёр гирифтан, ба нафаре бо назари шаҳват нигаристан, дар вақти истинҷоъ аъзои худро суст кардан ва нафас гирифтану сахт шустан, ба шарте ки об ба дарун наравад, аммо агар об ба дарун равад, рӯза табоҳ мегардад. Бо мардум сахт гуфтан ва ҷанг кардан, ба тамошои беҳуда ва абас нигаристан, тамоми рӯзро ба хоб ё ба бекорӣ сипарӣ кардан, шаб ифтор накарда, 2 рӯз паиҳам рӯза гирифтан ва яке аз суннатҳои рӯзаро тарк намудан, макрӯҳ аст. Аммо таоми мехаридагӣ ё мепухтагиро барои зарурат ба нӯги забон таъмашро дидан, ё барои тифли хурдсол дар зарурат таомро хоида додан, дар ҳаммом ба қадри зарурат истодан, дар хона об рехта ғусл кардан, мисвок намудан, сурма кашидан, мӯйи лабро равған кардан, фарзанди худро бӯсидан, ҳиҷомат кардан, шуллук мондан, оби даҳони худро аз ғайри даҳон баровардану фурӯ бурдан мубоҳ аст. Ба ҳар ҳол кароҳияте дорад. Дар ин корҳо рӯза намешиканад ва аз кароҳат ҳам хавф бурдан лозим аст, рӯзадори азиз!

Худованд дар тановули банда мӯҳтоҷ нест
Агар рӯзадор аз пайравӣ аз фармони парвардигор, ҳини рӯза аз хӯрдани таомҳои лазиз худдорӣ варзад, ҳатман иродааш мустаҳкам хоҳад шуд. Ӯ хоҳад андешид, ки ҳар қадам ва ҳар кораш аз ҷониби Худованд назорат хоҳад шуд. Аз ин рӯ аз дурӯғ, фитна, бӯҳтон, ғайбат, дашном ва дигар афкори бад худдорӣ хоҳад кард. Чунончи Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: Ҳар рӯзадоре, ки сухани дурӯғ ва амал кардан ба дурӯғро хотима надиҳад, Худованд дар нахӯрдану нанӯшидани банда эҳтиёҷе надорад. Рӯзадор бояд қоидаҳои рӯзаро пурра риоя кунад, таслими пурхӯрӣ шудан бар хилофи ахлоқ аст. Аз ин рӯ дар ғизо хӯрдан андозаро бояд нигоҳ дошт. Чунки пурхӯрӣ мояи амрози гуногун ва аз даст додани саломатист, хонандаи азиз!
Дар рӯзакушоӣ низ бояд хӯроки сабук бихӯрӣ. Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) чунин ҳадисе гуфтаанд: Рӯза нерӯи пешгиранда аст. Агар касе аз шумо рӯза мегирад, набояд калимоти зиштро ба забон оварад. Ва набояд бо ашхоси бад ошно шавад. Агар касе бо ӯ муноқиша кунад, ӯ бигӯяд:
Эй бародар! Ман рӯзадорам!

Қазо ва кафорати Рӯза
Ҳар касе, ки дар моҳи Рамазон рӯзадор бошаду қасдан ба ихтиёри худ, об, таом мева, дору бихӯрад ва ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кунад, рӯзааш мешиканад. Ба ин шахс ҳам қазо ва ҳам кафорат лозим мешавад. Қазо он аст, ки дар баробари 1 рӯзи шикастагиаш баъд аз Рамазон рӯза медорад. Кафорат он аст, ки 2 моҳ пайи ҳам рӯза медорад. Агар аз ӯҳдааш набарояд, ба 60 мискин таом медиҳад. Агар рӯза нафлӣ ва ғайри моҳи Рамазон бошад, дар он сурат фақат қазо лозим мешавад.
Ҳар кас рӯза будани худро дониста ва ғайри қасд, яъне нохост чизеро фурӯ барад, мисли ин ки дар вақти таҳорат кардан ба ҳалқаш об равад ва ё ҳини даво кардан давои ғизое ба ҳалқу димоғ ё шикамаш равад, ё ба зӯр чизе бихӯронанд, ё кори мухолифи рӯзадорӣ бикунонанд, ё ба гумони ин ки субҳ надамидааст, кори мухолифи рӯзадорӣ кунад, ҳол он ки офтоб фурӯ нарафта бошад, ё чизҳои одатан ғизову давои намешуданиро истеъмол кунад, мисли фурӯ бурдани сангреза, хок ё хокистар, ё зӯран худро қай кунонад, ё аз миёни дандонҳои худ ба қадри нахӯд ғизоеро фурӯ барад, ё дар вақти ба осмон нигаристан аз ҳаво борон ё барф ба даҳонаш омада ба ҳалқаш фурӯ равад, ё ҳуқна (клизма) кунад, ё ба сабаби бозӣ кардану бӯсидану даст расондан ба зан ғайри хуфту хоб эҳтиломӣ шавад, рӯза мешиканад. Дар ин ҳолатҳо баъди ид 1 рӯз қазо медорад. Ҳини рӯй додани ҳолатҳои боло бояд то вақти шом мисли рӯзадор бошад. Рӯзҳои дигари Рамазонро пурра бояд, ки ният кунад. Дар мавриди суннат ва фоидаи рӯза бояд гуфт, ки ғизои саҳарро бешитоб бояд хӯрд. Рӯзаро бояд пеш аз хондани намози шом бо хурмою намак, мавиз, об ё мева, кушодан суннат аст. Ҷаноби пайғамбар чунин мекарданд.

Давом дорад

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter