ХАБАРИ ДОҒ

ID шиноснома-зарурат надоред, иваз накунед!

  • Чоршанбе, Июн 19 2019

 

 

Шиносномаивазкунӣ амали маҷбурӣ нест ва шиносномаҳои намунаи с.1996 низ то ба охир расидани мӯҳлати истифодаашон қурб доранду дар баробари шиносномаи кортӣ истифода мешаванд. Аз 1.03.2014 то ба имрӯз 2 миллиону 243 ҳазору 488 нафар шаҳрвандони кишвар дорои шиносномаи ID гаштаанд, дар 5 моҳи с.2019 бошад наздики 243 ҳазору 900 нафар  шиносномаи нав гирифт.

 

Чуноне ки дар шумораи гузашта гуфта будем, бо тавсияи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ва ВКД ҶТ сар аз 25.05.2019 то 10.08.2019 дар кишвар азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаи намунаи с.1996 гирифта шудаанд, ба шиносномаи намунаи с.2014 ID сурат гирифта, бо дастури Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ реҷаи кории шӯъбаву шӯъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ барои ин амал то соати 22-и шаб тамдид карда шуд. Пас аз эълони ин огоҳӣ ва нашри матлаб дар газета хонандагони зиёд ба идораи редаксия занг зада, вобаста ба иваз кардани шиносномаҳои намунаи с.1996-коғазӣ ба с.2014-кортӣ суолҳои бешумор доданд. Тасмим гирифтем барои равшанӣ андохтан ба мавзӯ, ки дар ҳақиқат айни замон ба проблемаи доғ мубаддал гашта, дар ин самт нофаҳмӣ ҳам бисёр аст, ба муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии ВКД ҶТ Сафарзода Нуралӣ Мирзошариф сӯҳбат намоем.

 

Агар зарурат ҳаст, иваз кунед!

Тавре дар оғози сӯҳбат бо мухбири СССР Сафарзода Нуралӣ таъкид намуд, шаҳрвандони кишвар набояд аз ин раванди шиносномаивазкунӣ ба таҳлука ва ҳаёҳӯй дода шаванд ва бе эҳтиёҷоту зарурат аз пайи иваз кардани шиноснома гарданд.

-Агар шаҳрванд зарурати аз сари нав ба қайд гирифтани симкорти худро дорад, пас метавонад шиносномаи намунаи с.1996-ро ба шиносномаи намунаи с.2014 иваз кунад. Агар ба шаҳрванд-аз 16 сола боло муҳим нест дар кадом синну сол бошад, бақайдгирии симкорт лозим нест, пас зарурати иваз кардани шиноснома низ пеш намеояд. Шиносномаивазкунӣ амали маҷбурӣ нест ва шиносномаҳои намунаи с.1996 низ то охир расидани мӯҳлати истифодаашон қурб доранду дар баробари шиносномаи кортӣ истифода мешаванд. Аз 1.03.2014 то ба имрӯз 2 миллиону 243 ҳазору 488 нафар шаҳрвандони кишвар дорои шиносномаи ID ва дар 5 моҳи с.2019 бошад наздики 243 ҳазору 900 нафар дорои шиносномаи кортӣ шудаанд,-иброз дошт Н.Сафарзода.

 

600.000 шиноснома-иқтидори солона

Чуноне ки мавсуф мегӯяд, Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирӣ ҳамасола иқтидори тайёр кардани беш аз 600.000 шиносномаи ID-ро дорад. Бо назардошти он, ки ҳоло талабот ба иваз намудани шиноснома пеш омада, реҷаи кори шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ низ тамдид карда шуд, ин рақам аллакай афзуда, метавонад то 750.000 шиноснома дар 1 сол бирасад. Коршиносони Хадамоти мазкур мегӯянд, ки новобаста аз зиёд будани теъдоди шаҳрвандон барои иваз намудани шиноснома дархосткарда ва мӯҳлати кӯтоҳи барои ин амал ҷудошуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то 10.08.2019 шумораи ҳарчӣ бештари шаҳрвандонро фаро бигиранд.

 

Кӣ аз пардохти маблағ озод аст?

Бино ба иттилои коршинос тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №336 аз 30.05.2014 «Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», банди 5, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ озод карда мешаванд. Яъне, ин қишри ҷомеа аз пардохти маблағи шиноснома озоданд. Инчунин, бояд гуфт, шаҳрвандоне, ки бо сабаби гум кардани шиноснома барои гирифтани шиносномаи нав ба шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ дубора муроҷиат мекунанд, аз пардохти ҷарима озоданд, онҳо танҳо маблағи барои шиноснома муайяншударо пардохт мекунанду халос.

 

Чаро $10?

Яке аз суолҳои асосие, ки ба редаксия расид, ин маблағи шиноснома буд. Дар эълони ВКД ҶТ гуфта шудааст, ки арзиши шиносномаи намунаи с.2014 $10 аст ва маҳз ҳамин чиз шаҳрвандонро нигарон кардааст: Чаро бо арзиши асъори хориҷӣ зикр ёфтааст ва дар сурати иваз шудани қурби ин асъор мардум бояд маблағи шиносномаро чӣ гуна пардохт намоянд? Бино ба иттилои коршинос шаҳрвандон бояд аз ин тартиби маблағсупорӣ нигарон набошанд, зеро маблағи шиносномаро бонки давлатии кишвар-«Амонатбонк» аз рӯи қурби асъори доллари амрикоӣ дар лаҳзаи пулсупорӣ қабул намуда, новобаста аз поёну боло шудани қурби асъор дар шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ ҳатто пас аз 1 ҳафтаву 1 моҳ қабул карда мешавад. Ҳастанд шаҳрвандоне, ки пулро пардохта, сипас аз рӯи зарурат берун аз кишвар мераванд, лек пас аз бозгашт, омада расидро месупоранд ва он қабул мегардад. Сабаби дигар он аст, ки системаи шиносномадиҳӣ ва худи ID корт аз рӯи барномаи олмонӣ сохта шуда, шиносномаҳои кортӣ низ бо назардошти тамоми имкониятҳои муҳофизавӣ тайёр карда мешаванд ва аз ин лиҳоз арзиши онҳо аз рӯи асъори хориҷӣ дарҷ шудааст.

 

Иваз кардани ҷои иқомат-танҳо 3 маротиба

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки боиси баҳси доғ дар байни мардум ва фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гашт, ин иваз шудани ҷои истиқомат ва вазъи оилавӣ дар шиносномаҳои кортӣ буд. Сафарзода Нуралӣ дар робита ба ин мавзуъ афзуд, ки ҳар 1 шаҳрванд имкон дорад дар шиносномаҳои ID то 3 маротиба ҷои истиқомат ва вазъи оилавии худро иваз намояд. Барои ин кор, бояд бо аризаи дархостӣ ва китоби хона ба шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат кунад. Масъулони шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ ҷои истиқомати қаблӣ ва вазъи оилавиро бо стикерҳои махсус пок карда, макони навро тариқи асбоби махсус менависанд ва ин кор танҳо 1 рӯзро дар бар мегирад. Вале бояд гуфт, ҳар 1 шаҳрванд танҳо 3 маротиба имкони иваз намудани ҷои иқомат ва вазъи оилавиро дар шиносномаҳои ID дорад, пас аз ин шиносномаро бояд иваз кард!

 

Маблағ ба буҷа меравад!

Дар баробари роҳандозӣ шудани маъракаи шиносномаивазкунӣ шаҳрвандон бар онанд, ки ҳукумати кишвар, хоса, Хадамоти алоқа ва ВКД аз кишварҳо-донорҳо маблағи грантии ҳангуфт гирифтаанду, акнун бо баҳонаи иваз кардани шиноснома мехоҳанд онро пардохт намоянд. Бархе ҳатто мегӯянд, пас аз номуваффақ шудани яке аз лоиҳаҳои баҳсбарангез-иваз намудани тарофаҳои алоқаи мобилӣ, алалхусус, тарифҳои интернетӣ, ки аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон манъ карда шуд, мансабдорон роҳи дигари пулкоркунӣ-иваз намудани шиносномаҳоро ёфтанду ҳамакнун маҷбур доранд, шаҳрвандон бо пардохти $10 шиноснома иваз кунанд. Сафарзода Нуралӣ ин овозаҳоро беасос хонда, таъкид намуд, ки ба қарори иваз намудани шиносномаҳои намунаи с.1996 ба намунаи с.2014 имсол 5 сол пур шуд ва иваз намудани он талаботи замон буда, маблағи он на грант асту на кӯмаки донорӣ-тамоми маблағи аз ҳисоби иваз кардани шиносномаҳои ID ба даст омада, зери назорати қатъии ҳукумат асту пурра ба буҷаи давлат меравад.

Мо натавонистем дар робита ба ин мавзӯ-иваз намудани шиносномаҳо аз ҷониби Ҳадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ ба даст орем, зимнан пайгири шарҳи масъулони ин ниҳод ҳастем. Зеро маҳз Ҳадамоти алоқа ташаббускори ин амал аст ва бояд дар бораи сабабҳояш бигӯяд. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Аз редаксия: Барои маълумоти зарурӣ ва дар ҳолати пеш омадани нофаҳмиҳо дар кори шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ шаҳрвандон метавонанд тавассути рақами телефонии 227 17 35 ба муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии ВКД ҶТ Сафарзода Нуралӣ Мирзошариф шахсан занг зада, дар тамос шаванд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter