ХАБАРИ ДОҒ

 

Шояд 30-солагии Истиқлолияти миллӣ ва давлатиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо номи шевову зебо ва шарафманди аслии хеш, яъне ТОҶИК ҷашн мегирем?! Ё боз 30 соли дигар мазоҳу истеҳзои варианти русии насаби миллат мемонем???

 

(Луқмае ба Гавҳар-апа Шарофзода-ҳомии миллату забони давлатӣ)

Туро намедонам хонанда, аммо шахсан ман, Сайёфи Мизроб, тАҷикам, на тОҷик. Зеро дар табаъаи ман дар шаҳодатномаи хориҷиям, мӯҳри TAJIK сабт шудааст! Ва ҳам агар дар Русияву дилхоҳ кишвари соҳиби Алифбои Кириллӣ тОджик нависам («Ҷе» надоранд, вале «О» доранд-ку?), компутар ва интернет қабул намекунад ва маҷбур мешавам исми шарифи асливу усулии зотии хешро бо ғалат нависам, яъне тАджик.

Пас, Миллати тОҷдорем ё тАдждор??? Суоли матраҳ аст, албатта ва ин суол посухи расмӣ дорад: тАҷдорем, на тОҷдор! 

Охир дар паспорт-шаҳодатномаҳо худамон ба миллатамон иснод оварда, бо дасти муборак хешро тАджик ва Tаjik сабт кардаем! Ва касеро ғам нест!!!

Мутаассуф, ин паспортро ба ман на русеву англисе, ки Вазорати Корҳои Дохилаи ҶТ зери ҳидояти Вазорати хориҷии кишварам додааст.

 

Хуш омадед, ба…Таджикистан

Воқеан ҳам ин ниҳодҳое, ки боло номашон рафт, низ тобеият ба Таджикистан доранд. Зеро сареҳатан дар сайтҳои худ ба сирилику лотинӣ, яъне саҳфаи русиву англисияшон ҳамингуна сабт кардаанд:

Министерство Внутренних Дел Таджикстана… Министерство иностранних дел Таджикистана ва ё Ministry of Foreign Affairs of TАjikistАn

Ман-ку дар ҳувияти миллӣ 1 хато дорам, аммо тамомии ниҳодҳои давлатӣ ва худи давлатам 2 хато доранд, ки номи шевову зебову гӯшнавози Тоҷикистони азиз дар асноди расмияшон бо 2 ҳарфи А-ТАджикистАн ва TАjikistAn навишта шудааст. Навишта шудаасту касеро ғаме нест. Гӯиё мо ҳама тАҷику tAjik-ем ва сарзамини нозанинамон ТаҷикистАн…

Хонандаи хушзеҳн медонад, ки русҳо усулан кам ҳарфи О талаффуз мекунанд, ҳарчанд ҳатман О менависанд. Мисле, ки ягон урус мАсква наменависад. МОсква менигорад. Вале ҳатман мАсква мегӯяд, на мОсква. Ҳатто дар талаффуз, агар ҷои А-и русӣ О талаффуз кунӣ (Оканье-дар илми талаффузшиносӣ) механданд. Хуб мекунанд, офаринашон. Аммо маҷбур мекунанд, ки сарфу наҳви онҳоро риоят кунӣ ва ҳатман чизе нависӣ, ё талаффуз кунӣ, ки онҳо расман қабул доранд. Мо низ чунин мекунем. Фарзи мисол, Масква наменависем: Москва менависем. Қандата хӯру дигар хел навис. Депортат мекунанд. Вале онҳо Давлатеро бо А меангоранд, ки дар шакли талаффуз риоя шудааст-Таджикистан. 

Пурсида мешавад, кӣ, ким, кто (???) агар на давлати расмии мо, бояд ба онҳо фаҳмонад, ки мо тОджикем, на тАджик ва ватанамон, ки овози худро дар СММ дорад, Тоджикистон аст, на Таджискистан? Ҳич кас! Зеро то ҳанӯз, дар тӯли 30 соли Истиқлолият психологияи ғуломии 70-солаи шӯравӣ моро тарк накардааст ва аз хурд то калон, аз поин то боло бовар дорем, ки ҳарчӣ Маскав гуфту навишту талаффуз кард, дуруст аст!

Мо исми миллати шарифи ФР-ро «Урус» талаффуз мекунем, вале барои иззати нафси ин миллат РУС менависем. Пас, чаро онҳо моро Тоджик нагӯянд? Суолест, ки дар охири даҳаи саввуми Истиқлолият бояд ҷавоб ёбад!

 

Wellcome to Tojikiston!!!

Ҳамин ҷумларо дар ГУГЛ, Яндекс ва дилхоҳ сайти тафтишотии Интернет занед, ҳатман шуморо ислоҳ мекунанд, ки буродари бесавод, Tojikiston не, TаjikistАn навис. Алифбои англисӣ хушбахтона тамомии садоҳои моро дорад. Минҷумла, ҳарфи Ҷ-ро. Ва аммо дар ин додуситад дигар моҷаро ҳайратзост, ки онҳо низ аз варианти русии гӯйиши номи давлати мо корбаст кардаву моро tAjik менависанд. Ин дар ҳолест, ки ҳарфи «А» дар алифбои англисӣ ҳаргиз А талаффуз намешавад:

-Садои А дар ин алифбо ҳарфи «R» аст, ки садри Кумитаи забон ва истилоҳот хубтар аз ман медонад (бояд раиси ин ниҳод 3 забонро, ақаллан дар сатҳи мани бесавод донад-ку?!). А-и англисӣ Э талаффуз мешавад. Зимнан, миллати мо тЭҷик асту ватанамон Т(э)ҷикист(Э)н. Бовар надоред агар, аз дилхоҳ забондон пурсед, ки ҳамин навишта -tAjik ва TаjikistAn чигуна талаффуз мешавад?! 

Вале ҳарфи О дар англисӣ бо садои О(ув) ва ё О(в) талаффуз мешавад ва дар 2 ҷаҳон О хонда мешавад. Фарзи мисол, номи президенти қаблияшонро амрикоиҳо бо ҳарфи О менавиштанд: Барак Хуссейн Обама II (англ. Barack Hussein Obama II)…

Яъне агар мо нависем, миллати Tоjik ва давлати Tоjikistоn, нуран ало нур мешавад!!! Вале ба кӣ мегӯй?!

 

Чаро мо тАҷик, тАджик ва Tаjik шудем?

Шояд касе гӯяд, ки номи давлатро-Tоjikistоn ва исми миллатро Tоjik ва Таджикро тОджику Тоджикистон кардани Таджикистан хароҷоти барзиёде ба бор меорад? Фикр намекунам, ин «расход»-ҳо бештар аз номивазкунии ноҳияҳои Совет бар Темурмалику Московский бар Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ё Қурғонтеппа бар Бохтар ва ғ. ва ҳ. бештар бошад. Бовар кун, хонанда. Вале агар бештар ҳам шавад, бояд мо ин корро кунем! Зеро Шарафи Миллатро дар арсаи байнулмилал ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату миллат аст. Мо Метавонем!  Бо тамомии хараҷу мараҷ бояд ин корро кунем! Зеро дар рӯи миз Обрӯву Шарафу Номусу Нангу Мартабаи Миллат истодааст! Миллате, ки таърихи давлатдории 6000-сола дошту дорад!

Мегӯед намешавад? Мешавад!!! Қирғизҳо ҳатто дар даврони шӯравӣ худро ҚЫрғЫз карданд. Миллати сунъие, ки на танҳо давлат, ҳатто алифбову сарфу наҳв то инқилоби ленинӣ надошту қарақырғыз ном бурда мешуд, пофишорона, шарафмандона, ҷавонмардона маҷбур кард, ки Кремл ба талаффузи маҳаллии исми Миллаташ арҷ гузорад! Ҳалолашон бод! 

А, ӯзбекҳои мӯҳтарам чӣ? Онҳо ҳатто дар алифбои арабиасос-забони расмии давлатҳои осиёӣ тағйирот вуруд карда, худро на ӯзбАк, ки узбЕк хонданду давлаташонро УзбЕкистан! Дар англисӣ низ Uzbekistan менависанд, ҳарчанд тавре дар боло гуфтем, тибқи сарфу наҳви англисӣ бояд ин давлат UzbАkistan навишта мешуд, то УзбЕкистан хонда шавад!!! Вале чун фикр карданд, ҳарфи «А» дар номгузорӣ иснод бар миллати шарифашон меорад, гирифтанду маҷбур карданд, ки кишварашон бо Е навишта шавад. Ҳуқуқ доранд! Ҳалолашон бод!!!

Гарав мебандам, агар суфикси мавзеъсози ИСТОН тоҷикӣ неву туркӣ мебуд, маҷбур мекарданд, ки русу англис, УзбекистОн нависанд, на УзбекистАн…

 

Мо дар олами виртуалӣ низ тОҷик нестем!

Мо ҳатто дар Википедияи маъмулӣ, ки дилхоҳ хаторо ислоҳ мекунад, бо дастони уламои хеш давлатамонро Таджикистан ва миллатамонро тАджик навиштаем. Ху-Да-Монннн!

Таджикистан — Википедия

Таджикистан Таджикистан (тадж. Тоҷикистон), официально — Республика Таджикистан (тадж. Ҷумҳурии Тоҷикистон) — государство в Центральной Азии, ...

Tajikistan (/tɑːˈdʒiːkɪstɑːn/ (About this soundlisten), /tə-, tæ-/; Tajik: Тоҷикистон [tɔdʒikisˈtɔn]), officially the Republic of Tajikistan (Tajik: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Jumhuriyi Tojikiston)(persian:تاجیکستان)…

Аз мост, ки бар мост? 100%... 

Зимнан, ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад бо ҷаҳонбинии васеъу фарогири Гавҳар-апаи гиромӣ, парлумони кишвар ва идеологҳои давлатсозамон муғаййир бошад, нахустин коре, ки ин ниҳод бояд дар сатҳи Давлат баррасӣ кунад, ин ислоҳи НОМи Миллати Шарифи Тоҷик дар сатҳи байнулмилалист. 

 

Ман тАҷику ТаҷикистАнӣ нестам!!!

Туро намедонам, хонандаи ин сутур, аммо шахсан ман дар 2 олам Тоҷикам, на Таджик ва дар Тоҷикистони азиз ба сар мебарам, на дар Таджикистан!!! Ва агар чунин несту дар Кумитаи зертобеи Гавҳар-апа, Парлумони кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ… фикри дигар доранд ва метавонанд исбот кунанд, ки воқеан ҳам ҳамаи мо Таҷикем, на тОҷик ва давлатмон Таҷикистан аст, на Тоҷикистон ва ТАҷикистАн хонаи умеди ҳама тАҷикони олам аст, пас, нависанд, мо нашр мекунем ва ҳатман аз Шарофзода ва ҳама парлумониёну дипломатҳои тАҷик…пӯзиш низ мепурсам. Мо Метавонем!

С. Мизроб

Хос барои аҳли андешаи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter