Принт

Аз кафорат то ҳиҷомат

23.06.2019. Домуллои маъруфу маҳбуб Ҳоҷӣ Мирзо, дар ин рӯз духтари худро ба хонаи бахт гусел карданд, ки дастаҷамъона дуо мекунем, то ҷӯрапир гарданду 1 оилаи идеолии Тоҷикӣ+мазҳабӣ барпо созанд. Хушбахт шаванд! Мо Метавонем!!!

 

 

8 масъалае, ки Эмом Аъзам посух нагуфтанд…

Дуруд, домуллои гиромӣ! Мегӯянд, Имом Абуҳанифа дар чанд мақолае таваққуф кардааст ва ҷавобе нагуфтааст. Хуб мешуд, онҳоро баён мекардед.

Шамсиддин Салимов,

Ронандаи таксӣ, н.Ҳамадонӣ

 

Посух: Дар 8 масъала Имом таваққуф кардаанду ҷавоб нагуфтаанд:

1.Ҳайвоне, ки ҳамаи хӯрдааш ё аксари хӯрдааш наҷосат бошад. Баъди чанд рӯз манъ кардан гӯшташ барои хӯрдан тоза мешавад?

2.Саг кадом вақт шикорӣ мешавад ва шикор кардан ба он дуруст аст?

3.Дар чандсолагӣ хатна карда мешавад?

4.Хунсои мушкил, яъне он инсоне, ки ҳам олати мардӣ дорад ва ҳам олати занона ва аз ҳардуяш пешоб мекунад, ҳукми занро дорад, ё ҳукми мардро?

5.Ба оби пасхӯрдаи хар таҳорат кардан дуруст аст, ё не?

6.Агар савганд бихӯрад, ки дар даҳре (замон, давр, аср, дунё, ҷаҳон) бо фалонӣ гап намезанам, то кай гап зада наметавонад?

7.Фариштагон афзаланд, ё паёмбарон?

8.Фарзандони мушрикон ба дӯзах мераванд, ё ба биҳишт?

Ҳикмати чунин ҷавоб надодани Имом Абуҳанифаро ҷаноби Кӯҳистонӣ чунин баён кардааст: Аз ҷавоби суоле, ки аз далели он бохабар набудааст, таваққуф кардааст, зеро бе меъёри шариат, яъне бидуни истидлол ба масодири дин посух гуфтан ин худ дурӯғ, яъне аз номи Худо ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гуфтан аст…

 

 Чӣ чиз рӯзаро нашиканад?

Чӣ чиз рӯзаро фосид (вайрон, ё ботил) намекунад, ва ё намешиканад?

1.Аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, ё биёшомад, ё ҳамбистар шавад.

2. Дар хоб иҳтилом (ҷунуб) шавад.

3.Укол (сӯзандору) кардан фақат аз тариқи раг (глюкоза, ё дигар навъи доруе, ки қувват бахшад, эҳтиёт кунад хуб аст). Дар умум укол шиканандаи рӯза нест. 

4.Ба хонумаш назар намояд ва инзол (баромадани манӣ) шавад.

5.Ба баданаш равған молад, ё хушбӯӣ истифода барад.

6.Ҳиҷомат (хунгирӣ) намояд.

7.Сурма бимолад ё аз мисвок истифода кунад (на аз «зубная паста»).

8.Бӯсидан ва дастбозӣ кардан, ба шарте ки инзол нашавад.

9.Рӯзона дар ҳавз ё дарё оббозӣ кардан.

10.Агар шаб бо ҳамсараш ҳамбистар шуд ва ҳанӯз ғусл накарда, ки субҳ бидамад, ин ҳолат ба рӯзаи ӯ ҳеҷ зарар надорад. Бояд ғусл кунад ва рӯзаашро давом диҳад.

11.Агар занҳо барои пешгирии ҳайз ҳабб (таблетка) истифода баранд, ба шарте ки ба саломатиашон зарар надошта бошад, ҷоиз аст.

12.Чи миқдоре, ки оби даҳонашро фурӯ барад рӯзааш намешиканад.

13.Ба ҳалқи рӯзадор ҳашарот фурӯ равад, мисли магас, ё дуду ғубор ва агар қасдан набошад, рӯзааш намешиканад.

 

 Манъу иҷозат дар ҳайз ва нифос

Корҳое, ки дуруст аст:

1.Алоқа ва муошират бо онҳо бе амали заношӯӣ.

2.Хондани зикру вирд (на Қуръон).

3.Эҳром бастан, ба арафот рафтан ва тамоми аъмоли ҳаҷҷу умра, ба ҷуз тавофи каъбаро анҷом додан.

4.Сари 1 суфра (хон) нишастан, якҷо хӯрок хурдан, хӯрок пухтан, хамир кардан… Ҳазрати Оиша мегӯяд: «Ҳангоми ҳайз буданам бо Расули Худо (с) аз 1 зарф об менӯшидем. Устухонеро мехоидам, сипас онро Расулуллоҳ (с) гирифта мехоид». Ҳазрати Оиша мегӯяд: «Дар ҳолати моҳона буданам сари Расулуллоҳро (с) мешустам ва шона мекардам ва ӯ назди ман Қуръон мехонд». 

 

Корҳое, ки дуруст нест:

1.Хондани намоз ё гирифтани рӯза (фарзӣ, бошад ё нафлӣ), агар намоз хонад ё рӯза гирад, намозу рӯзааш дуруст нест ва боз гунаҳгор мешавад!

2.Дохили масҷид шудан ва тавофи Каъба кардан.

3.Қироати Қуръон кардан ё азёд хондан

4.Даст расонидан ба Қуръон, магар, ки ғилоф дошта бошад.

5.Даст задан ба чизҳое, ки дар он сура ё ояте аз Қуръон бошад.

6.Ҳамбистарӣ ё равобити заношӯӣ:

 Аллоҳ дар сураи бақара (ояти 222) фармуд, «то вақте, ки пок нашаванд, ҳамбистарӣ накунанд. Агар касе ҳамбистар шавад, ӯ ба гуноҳи бузурге даст задааст. Дар ин ҳолат кафорат (ҷазо)-аш тавбаи сидқан кардан аст, ҳамзамон 1 ё ним динор ҷарима медиҳад (динор пули тило иборат аз 4,25 гр).

7.Дар ҳолати ҳайзу нифос намозҳои фавтшудаашро Аллоҳ бахшидааст, яъне баъди пок шудан қазо намедорад. Лек агар Рамазон бошад рӯзаашро қазо медорад.

 

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов

 

Матлабҳои дигар