ХАБАРИ ДОҒ

 

 

(идома аз шумораҳои пешин)

Абӯҳанифа рисолаи “Фиқҳи акбар” -ро бо баёни асли тавҳид ва он чӣ эътиқоди банда ба он аст оғоз карда, инчунин якчанд масоили каломиро бедуни далелҳои муфассали он зикр карда аст. 

Дуввумин рисолаи илмии ӯ “Ал-фиқҳ-ал-авсат” аст.

Саввумин рисолаи Абӯҳанифа “Ал-олим вал-мутаалим” мебошад.

Ин рисола “Ал-олим вал-мутаалим” аз дигар осори Абӯҳанифа тафовут дорад, зеро он аз мавзӯи имону эътиқод ва умури марбут ба онҳо оғоз нашуда, балки ишора шудааст, ки: “Ҳамон тавре, ки аъзо тобеъи чашм аст, амал тобеи илм аст ва илм бо амал беҳтар аст нисбат ба ҷаҳл бо амал, тавре ки дар биёбон тӯшаи андак; ба роҳ беҳтар аст аз тушаи зиёд дар ҳоли бехабарӣ аз роҳ.”

Чаҳорумин рисолае, ки ба Абӯҳанифа мансуб аст “Рисолаи Абӯҳанифа ба Абумуслим ал-Батӣ имоми Басра” мебошад, ки мисли рисолаи дигари ӯ дар илми усули дин ва илми калом нигошта шудааст.

Панҷумин рисола рисолаи ҳаҷман хурд “Ал-васият” мебошад, ки мисли рисолаҳои дигари Абӯҳанифа дар риштаи илми калом ва ахлоқ навишта шудааст.

Шашумин асаре, ки ба Абӯҳанифа нисбат медиҳанд китоби “Муснад” (яъне ҷамъи ҳадис) мебошад.

 Ҳафтумин асари хеле арзишманду ахлоқӣ ва ниҳоят тамом, ки бо истифодаи усули қиёс навишта шудааст “Осор” аст.

Омузиши фиқҳ

Абӯҳанифа дар сини 29-солагӣ бо фақеҳ ва илоҳиётшиноси машҳури Куфа Ҳаммод ибни Сулаймон шиносоӣ ва дӯстӣ пайдо намуд. Рӯзе шогирдони Ҳаммод ибни Сулаймон саршавии ҳалқаи дарсӣ ва омадани устодашонро интизор буданд. Зане дар маҷлис ҳозир шуд. Ӯ ба ин ҷомеаи шогирдон рӯй оварда, суол кард: “Марде ҳаст, ва мехоҳад, ки бо тариқи суннат занашро талоқ диҳад. Ӯ кадом лафзро бояд ба забон биорад? Кулли шогирдон дар ҷавоби ин суол оҷиз монданд ва аз он зан хоҳиш намуданд, ки посухи ин суолро аз устодашон ҷуё шавад, то ҳамагон аз ин масъала воқиф гарданд. Надонистани ҷавоби ин масъала дар қалби Абӯҳанифа оташеро фурузон намуд, ки ин оташ ӯро ба омузиши фиқҳ беқарор кард. Дар тули 10 сол ва ба ривояте 18-сол Абӯҳанифа аз Ҳаммод дарси фиқҳ омӯхт. Дар фарогирии илми фиқҳ Абӯҳанифа ба мақоме даст ёфта буд, ки устодаш ӯро дар садри ҳалқаҳои илмӣ, дар баробари худаш ҷой медод. Абӯҳанифа низ худаш чунин мақсад гузошт, ки ӯ бояд як ҳавзаи дарсии мустақил ташкил диҳад. Субҳи он рузе, ки ӯ бояд ин фикрро ба устодаш изҳор менамуд, ҳолати ногуворе рӯй дод. Хабари марги яке аз наздикони Ҳаммод, ки ба ҷуз вай касе надошт, расид ва Ҳаммод ба сабаби ин ҳодиса Абӯҳанифаро ҷойнишини хеш дар ҳалқаи илмию дарсии шогирдонаш эълон дошта, худаш мусофират намуд.

Ҳангоми дар мусофират будани Ҳаммод аз Абӯҳанифа 60-масъалаи муҳиме пурсида шуд, ки ӯ аз устодаш ин масоилро ҳаргиз нашунида буд. Вай ҷавоби ин масъаларо ба соирон арза дошт. Баъди бозгашти устодаш ин масъалаҳоро дар миён гузошт. Устодаш ба 40 масъалаи вазъ намудаи Абӯҳанифа мувофиқат намуда, ҷавоби 20 масъалаи дигарро рад кард. Пас аз ин Абӯҳанифа дар фиқҳ пурра камол наёфтани хешро эҳсос намуда, арз намуд, ки то охири умри устодаш аз ӯ ҷудо нашуда, илми фиқҳ меомӯзад. Ҳамчунин қасди худро дар бораи таъсиси ҷамоаи нави дарсию–илмӣ тарк намуд. Фақеҳи шаҳир тули солиёни шадид ҳамрадифи устодаш буда, маҳорати хешро дар ҷодаи илми фиқҳ сайқал медод. Ӯ аз шогирди одӣ то ба дараҷаи ёвару мушовири беҳтарини устоди гиромиаш расида буд.

Ҳаммод пеш аз маргаш ба ин дастпарвари дӯстдоштааш васияти такмил ва инкишофи фиқҳро намуд. Абӯҳанифа баъди вафоти устодаш дар ин мақом 10 соли дигар сукунат варзида, аз фақеҳони машҳури шаҳрҳои Куфаю Басра гардид. Абӯҳанифа нисбати устоди олиқадраш самимияти беохир дошт. Барои пойдории ин меҳру садоқат Абӯҳанифа писарашро Ҳаммод ном гузошт. Пас аз вафоти Ҳаммод ибни Сулаймон садриншини илми фиқҳ писараш таъин гардид. Азбаски ӯ илми наҳву каломро хуб медонисту аз илми фиқҳ баҳраи комил набурда буд, талаботи мардумро қонеъ гардонида наметавонист. Ин вазифа ба дӯши Мусо ибни Касир афтод, аммо ӯ низ дар фарогирии илми фиқҳ ҳуҷҷати қотеъи замони худ набуд. Баъд аз он, ки ӯ роҳи сафар пеш гирифт, мардум даст ба домани Абӯҳанифа заданд. Абӯҳанифа ба он мақсаде даъвати мардумро пазируфт, ки чароғи илми-фиқҳ хомӯш нашавад, чунки мухолифони зиёде, ки таассубу ифротгароӣ пешаашон буд, ба он доман меафшонданд ва нафсҳои сарди худро ба он медамиданд.

Бояд зикр кард, ки имом Абӯҳанифа нисбати илм ва олимон некиҳо ва саховатҳои зиёде кардааст, ки касе дар замони ӯ то ин дараҷа ба ин амали хайр даст назадааст. Мувофиқи бисёр ривоятҳо миқдори шогирдони ӯ ба 730 нафар ва ҳатто бештар мерасид ва тарбияву ба дараҷаи камолот расонидани онҳоро ӯ ба ӯҳдаи худ гирифта буд. Абуюсуф ва Муҳаммади Шайбонӣ аз зумраи машҳуртарин шогирдони Абӯҳанифа ба ҳисоб мераванд, ки на танҳо кори устоди худро давом додаанд, балки дар таълифоти худ ақидаҳои устодашонро умри ҷовидона бахшидаанд.

Сабаби асосии шумораи зиёд будани шогирдони ӯро бархе аз олимону фақеҳони дар тарзу усулҳои дарсгузарии ӯ, ки аз самими қалб ва бисёр бо фасоҳату баёни равшан сурат мегирифт, қоил шудаанд. Аз ин ҷо чунин маълум мешавад, ки Абӯҳанифа дар баробари олиму фақеҳи бузург будан, педагоги хуб низ будааст.

 

(Давом дорад)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter