ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа ва баҳси Калом

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 Аммо дар бораи зарари илми калом Имом Ғазолӣ чунин мегӯяд:

“Гоҳо гумон бурда мешавад, ки фоидаи илми калом кашф кардани ҳақоиқ ва маърифати он аст. Вале ҳайҳот, ки илми калом ин матлаби бузургро бароварда наметавонад ва шояд сардаргумӣ ва гумроҳ кардан дар ин илм аз кашфу таъриф бештар аст”.

Дар идома Имом Ғазолӣ гуфтааст:

“Ҳаргоҳ ин суханро аз шахси муҳаддис ё ҳашавӣ бишнавӣ, шояд дар қалби ту ин андеша бигузарад, ки мардумон душманони чизе ҳастанд, ки илми каломро ба ҳадди мутахассис ва хабир омӯхтааст. Баъд аз омузишу таҳқиқи амиқ, ки бо ҳадди интиҳои дараҷаи мутакаллим расида ва ба умки илмҳои дигар дастрасӣ пайдо кардааст. Баъд аз ин таҳқиқот ба хулосае расидааст, ки роҳи шинохти ҳақоиқ аз тариқи илми калом бастааст. Ва савганд бар ҷонам, ки илми калом аз кашфу таъриф ва эзоҳи баъзе умур ҷудо нест, лекин ин матлаб ба таври бисёр кам ҳосил мешавад.”

   Дар “Кунят-ул-муфтӣ” аз Абуюсуф зикр шудааст, ки ӯ гуфтааст:

“Намоз хондан пушти сари мутакаллимин ҷоиз нест, агарчӣ ӯ мутакаллими барҳақ ҳам бошад. Зеро ӯ мубтадеъ аст ва намоз пушти мубтадеъ ҷоиз нест”.

Алиқорӣ менависад, ки ин ривоятро бар устодам арз кардам ӯ гуфт, таъвили ин сухан ин аст:

-Агар мақсади мутакаллимин изҳор кардани ҳақ набошад.

Устодам гуфт дар “Талхис-ул-ислом” -и Зоҳидӣ пайдо кардам, ки овардаст: -Абӯҳанифа ҷадалро ҳатто бар ваҷҳе бад медид ва дурӣ аз онро таъкид мекард. Аз Имом Абуюсуф ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: “Мо назди Абӯҳанифа нишаста будем, ки бар ӯ ҷамоае дохил шуданд ва 2 мардро ҳамроҳи худ дароварданд ва гуфтанд яке аз ин 2 мегӯяд, ки Қуръон махлуқ аст ва дигаре бо ӯ ҷидол ва низоъ мекунад ва мегӯяд Қуръон ғайримахлуқ аст. Имом Абӯҳанифа гуфт аз пушти ин ҳарду намоз нахонед”.

Гуфтанд, шахси аввал маълум, чаро, ки ӯ Қуръонро махлуқ ва ғайриқадим мегӯяд ва аммо дигарӣ чаро аз пушти ӯ намоз хондан мумкин нест? Ӯ дар ҷавоб гуфт:

“Ин 2 нафар дар дин бо ҳам низоъ мекунанд ва низоъ дар дин бидъат аст”.

Алиқорӣ мефармояд шояд далели мазмум будани мавқеи шахси дуввум дар он бошад, ки ӯ қадим будани Қуръонро ба таври мутлақ мегӯяд, зеро фуру фиристодани Қуръон, ки тобати он дар мусҳафҳо, қироати он таввасути қориён ва ҳифзи он дар синаҳои мо қадим нест.

Имом Шофеъӣ гуфтааст:

 “Ҳар гоҳ мардеро шунидӣ, ки мегӯяд исм айни мусаммост ё ғайри мусаммо, шаҳодат бидеҳ, ки ӯ аз аҳли калом аст ва ӯро дин нест”.

Ва инчунин ӯ фармудааст агар мардумме донистанд, ки дар илми калом чи қадар аз хоҳишҳост, албатта, аз аҳли калом фирор мекарданд, мисли фирор кардан аз шеър.

Имом Молик гуфтааст шаҳодати аҳли бидъат ҷоиз нест. Баъзе асҳоби Имом Молик дар таҳкими сухани ӯ гуфтаанд:

Имом аз аҳли ҳаво, аҳли каломро ифода кардааст, сарфи назар дар кадом мазҳаб, ки бошад.

Иллати мазмум будани калом дар ин аст, ки он боиси шакку тардид мегардад, ки инсон баъд аз боварии саҳеҳ доштан тамоюли зиндиқият пайдо мекунанд.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал низ уламои аҳли каломро зиндиқӣ хонда, онҳоро авроди ба салоҳият намеомадагӣ ҳисобидааст. Касеро, ки дар илм вориди баҳс мешавад, албатта, дар қалби ӯ сиёҳие пайдо мешавад.

Имом Аҳмад дар мазаммати илми калом то ҳадде сахтгирӣ кардаааст, ки ҳатто Ҳорис ибни Асади Муҳосибиро, ки аз муосиронаш буд, бо вуҷуди вараъу парҳезкориаш тарк кард. Сабабаш он буд, ки Муҳосибӣ дар радди мубтадеъ китобе тасниф кард. Имом Аҳмад ба ӯ гуфт:

“Вой бар ту, оё бидъати онҳоро аввал зикр намекунӣ, баъд аз он ба ради онҳо бипардозӣ? Оё ту бо таснифи кардаат мардумро ба мутолиа кардани бидъат ва тафаккур кардан дар шубҳа водор намекунӣ, ки ин мардумро ба назару баҳс ва фитна мекашанд?”.

Имом Алиқорӣ фармудааст:

“хулосаи калом ва аҳли мақсад ин аст, ки ақоиди саҳеҳ ва ҳар он чизе, ки онро тақвият мебахшад аз далелҳои сареҳ ҳамон тавре, ки дар қалби аҳли дин таъсир мерасонад ва камоли имону яқинро ба бор меорад, инчунин ақидаҳои ботил низ дар қалб таъсир мерасонад ва онро сахт ва аз ҳузури Парвардигор дур месозад. Дилро сиёҳ, яқинро заиф ва динро дучори бесуботӣ месозад. Балки ақидаҳои ботил аз қавитарин асбоби хотимаи бад аст. Намебинӣ, ки шайтон мехоҳад имони бандаро берун кашад. Ин корро танҳо бо андохтани ақидаҳои ботил дар қалби банда анҷом медиҳад. Аз ҷумлаи чунин ақидаҳои ботил фурӯ рафтан дар баҳси илми калом ва тарк кардани илми аҳкоми ислом аст, ки он аз китобу суннат ва иҷмои уммат ҳосил шудааст. Баъзе мутакаллимон муддати 30-сол кӯшиш мекунанд, то мутахассиси калом шаванд. Сипас дар ин илм ба тадрису баҳс мепардозанд. Чизе, ки мувофиқашон аст, онро мегӯянд ва чизе, ки мухолифи он аст, онро рад мекунанд. Агар чунин мутахассиси илми каломро аз маънои 1 ояте ё 1 ҳадисе ё 1 масъалаи муҳиму тааллиқ ба таҳорат, рӯза ва намоз пурсида шавад, хомӯш мешавад. Бовуҷуди он, ки ҳамаи ақидаҳои собит дар Қуръон ба таври қатъӣ мавҷуд аст ва дар суннат ба таври заннӣ Худованди таъоло гуфтааст:

 “Қуръон барои мардум кифоя аст”.

Яъне ин китоб барои мардум ҷиҳати панд додан ва ҳам барои кори дунёву охираташон кифоякунандааст. Худованди таъоло гуфтааст:

       “Оё кифоя намекунад, мардумро ки мо фурӯ фиристодем бар ту китоберо, ки тиловат карда мешавад, ба онҳо?”.

Яъне Қуръон тиловаташ барои мардум бардавом бар ҳама макон ва замон идома дорад ва мардум медонад, ки ту нахонда ва нонавишта будӣ ва ин китоб аз назди Худост».

       Аз тарафи дигар, бозгашти илми калом ва ҷаддал ба ҳайратзадагии дунё ва гумроҳиву шакк дар охират аст.

      Ибни Рушд, ки аз донишмандтарин ба мазҳаби фалосифа ва мақулаҳои онҳо буд, дар китоби худ “Таҳофут” гуфтааст:

“Ҳеҷ касе дар илоҳиёт чизе нагуфтааст, ки мавриди эътимод бошад”.

Инчунин Омидӣ, ки аз донишмандони аҳли замони худ ва дар масоили бисёр муҳим донишманди воқиф буд, дучори ҳайрат гашт. Инчунин Ғазолӣ дар охири кораш ба таваққуф ва ҳайрат дар масоили каломӣ рӯ ба рӯ шуд. Сипас аз ин роҳ рӯгардонд ва ба ҳадисҳои расул рӯ овард ва ӯ дар ҳоле вафот кард, ки Саҳеҳи Бухорӣ болои синааш буд.

Аммо андешаҳои каломии Абӯҳанифа усули фиқҳро устувор сохта, дар он вақт дар ин баҳсу муборизаҳо кофӣ буд. Дар охири умри Абӯҳанифа, ки баҳсҳои каломӣ аз доираи фиқҳ ва ақидаҳои маъмули исломӣ берун рафтанд, Абӯҳанифа аз калом 1 андоза худдорӣ мекунад, вале ҳеҷ гоҳ аз овардани далоили ақлӣ ва баҳси илмӣ даст намекашад.

Мазҳаби ҳанафӣ дар байни мазҳабҳои дигари исломӣ бо гарошҳои ақлонии худ машҳур аст ва аз ин сабаб онро мазҳаби аҳли раъй низ меноманд.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter