ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Боби II. Хусусиятҳо ва мазмуни ғоявии таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

 

 

Рушди ақлгароӣ, мусолиҳа ва муколима дар фиқҳу калом...

 Такмили фиқҳу каломи Абӯҳанифа, хусусиятҳои он нишон медиҳад, ки бори нахуст дар таърихи ислом Абӯҳанифа равияи фиқҳию каломиро ба асос гирифтааст, ки пояи асосии онро баҳсу андеша, муколамаю мусолиҳаи байни равияю фирқаҳои динӣ ташкил медиҳад. Вақте Абӯҳанифа қиёс ва равияи мустақилро дар фиқҳу калом истифода мебарад, ӯ роҳ ба сӯи баррасии фиқҳои гуногун, муколимаҳои илмӣ мекушояд. Ӯ таълим медиҳад, ки агар фиқҳои гуногун доир ба ин ё он масъала вуҷуд дошта бошанд, пас фикри муқобилро бояд интихоб кард, ҳатто агар тобеин фикреро баён карда бошанд, ки мавриди баҳс бошад, мо бояд онро муҳокима карда, фикри дурустро интихоб кунем, зеро тобеин ҳам “мардонанд ва мо ҳам мардонем”.

Бисёре муҳаққиқин таъкид кардаанд, ки Абӯҳанифа қиёсро бар ҳадис афзалтар донистааст. Вале онҳо дар ин ҷо ин нуктаро фаромӯш кардаанд, ки ҳадисҳои заифро дар назар доштааст, чун равиши ӯ равиши илмӣ буд. Албатта, ӯ ба нақл мақоми хос қоил буд, вале истидлоли илмиро аз он камтар намедонист. Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Абӯҳанифа “ба исботи аҳком, шарҳи маъноӣ ва мафоҳими тома машғул шуда, ба қиёсу раъй ҷиҳати истихроҷи маънии нусус руй овардааст.

 Қиёс ва иҷмоъ

“Абӯҳанифа муҷтаҳид буд ва иҷтиҳод бе донистани ҳадис намешавад”, вале таҳлилу маънидоди он кори донишманд ва вазифаи илми фиқҳ аст. Абӯҳанифа дар ҳадис огоҳии комил доштааст ва дар партави он масоили фиқҳро ҳаллу фасл намуда, қиёсу истеҳсони худро дар партави он сохтааст. Ӯ, ки иҷмоъро дар тафсили дурустии масъалаҳои фиқҳӣ ба назар гирифтааст, мартабаҳои онро дар муҳокима ва муколима муҳим донистааст.

Ӯ 3 мартабаи иҷмоъро таъкид сохтааст: иҷмоъи саҳобагон, ҳадиси мутавотир ва далели қатъиро. 

Мартабаи асосӣ иҷмоъи муҷтаҳидон ва иҷмоъи муқаддам бар қиёс аст. Пас муҳокима ва муколима дар ин маврид ҳам мақоми шоиста дорад. Ҳатто дар мавриде, ки истеҳсонро ӯ далел мешуморад, онро ба қиёс алоқаманд месозад, ҳам қиёси истилоҳӣ ва ҳам худӣ ва ниҳоят онро дар истеҳсони иҷмоъ ҷамъбаст мекунад ва истеҳсони зарурӣ ҳукми воҷибро касб мекунад.

Вақте дар истеҳсон ба қароре омода мешавад, дурустии он исбот мегардад. Дар истифодаи қиёс ва иҷмоъ ба раъйи шахси фатводиҳанда ва далелҳои овардаи ӯ эътибор дода мешавад. Абӯҳанифа дар амалҳои ақлӣ ба раъйи мустақил ва исботи ақлӣ бештар эътибор додааст, ки баъдҳо Мотуридӣ дар каломи худ ақлу шаръ баробар ва якеро такмилдиҳандаи дигарӣ дониста аст ва чунин ифода машҳур шудааст, ки “куллу мо амара биҳи аш-шаръ, амара биҳи алақл ва куллу мо амара алақал амара биҳи ашшаръ”, (яъне ба он чизе, ки шариат ба он амр мекунад ба он ақл низ амр кардааст ва он чӣ ки ба он ақл амр кардааст, ба он шаръ (шариат) ҳам амр кардааст. Абӯҳанифа ба далелҳои ақлӣ қиёс, иҷмоъ ва истеҳсонро дохил кардааст.

Такя бар ақл

Истифодаи истеҳсон дар фиқҳи ҳанафӣ нишон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо истеҳсон чи хуфӣ ва чи зоҳирӣ барои тақвияти қиёс оварда шудааст. Ҷиҳати муҳим дар он аст, ки дар қиёс асосан ҳукмҳои ақлӣ оварда мешавад, ки бо далоили ақлӣ на ҳамеша мувофиқат мекунад ва бо овардани истеҳсон он номувофиқатӣ дар байни қиёсу дигар далелҳо ба вуҷуд меояд. Дигар сарчашмаҳои динӣ ҳукми қиёсро дар ин сурат метавонанд тасдиқ намоянд.  Аз дигар тараф, фикри пешиниён, ки ҳамчун фикри раднашаванда, ба сурати аксиома наметавонист бошад, бо интишорӣ қиёс фақат далелҳои басандаи кофӣ таъсири ҳаллкунанда пайдо мекунанд. Ба қавли Муҳаммад Иқбол «дар акси ҳол мутафаккирони бузургро ба сурати бутҳо дармеоварад. Агар баъзе аз фуқаҳои бузурги мутаахир, ки ваҳму дардро таъкид кардаанд, ислоҳоти ҷадид маҷбур нест, ки аз истиқлоли фикрии худ чашм бипӯшад».

Тарафдорони асҳоби раъйи қиёс чи ҷалливу чи хуфӣ ва истинбот (дедуксия)-ро барои шарҳи маънои аҳкоми исломӣ беҳтарин роҳи ҳалли масъалаҳои динию ҳуқуқӣ донистаанд. Абӯҳанифа раъйро беҳтарин умури мақзура, яъне кори шоиста дар фиқҳ мешуморид.  Ҳарчанд ҳанафиён ҳам раъйи муътазилиёни ақлгаро нестанд, вале он ҳам мазҳаби ақлгароёна аст.

 

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter