ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа ва мамониати мантиқӣ

  • Чоршанбе, Фев 01 2023

 

 

Дар нисбати бурҳони вуҷудӣ, ки кушиши исботи он дар осори Абӯҳанифа мебошад, мамониатҳои мантиқӣ вуҷуд доранд, ки дар каломи муосир онҳо мавриди зикр қарор гирифтаанд, аз ҷумла назари ғарбиён, мисли Спиноза, Лейбнитс, Молбранш, Декарт, Томас, Аквинский, Анселм, Б. Рассел, Жилсон ва  файласуфони исломӣ аз ҷумла Мутаҳҳарӣ, Таботабоӣ ва дигарон. Дар ин байн назари И. Кант бештар мавриди мутолиа қарор гирифтааст. Кант доир ба ин бурҳон гуфтааст, агар “мавҷуди комил вуҷуд дорад” ва мавзуи қазияро исботу маҳмулро салбу инкор намоем, зиддият падид хоҳад омад. Барои он таноқузе (зиддияте) лозим наояд, мо метавонем қазияро дар маҷмӯъ ҳам мавзӯъ ва ҳам маҳмули онро, инкор намоем, зеро таноқуз (зиддият) вақтест, ки мо мавзӯъ ва ҳам маҳмули онро инкор намоем.

Имануэл Кант зиддияти ифодаи “Худованд камоли мутлақ аст” – ро таъкид карда, хулоса мебарорад, ки ин бурҳон қобили инкор нест, агар мо ба субути Худованд эътироф кунем.[1] (5: 196)

Б. Рассел ҳам ин мавзӯъро баррасӣ намуда, фикри Кантро такмил ва идома додаст. Ӯ ин бурҳонро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки “ин ки зеҳн барои ашё зоту моҳияте интизоъ мекунад ва вуҷудро ба он зот нисбат медиҳад ва ҳамл мекунад, эътиборе аз эътибороти зеҳнисту бас”.[2] Истидлоли рамзии ин бурҳонро дар асоси назарияи Анселми Кентерберӣ оварда, таҳлил кардааст, ки бори дигар аз таваҷҷӯҳи мутакаллимони муосир ба формализатсияи бурҳонҳои онтологӣ дарак медиҳад.

 

Тафаккури таърихӣ

Баҳсҳое, ки оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки истидлоли мутакаллимини муосир дар доираи тарзи тафаккури таърихӣ, аз ҷумла асримиёнагӣ, давраи классикӣ, давраи нав ва ҳозиразамон сурат мегирад ва ҳама чиз дар нисбати якдигар муҳокима мешавад ва мо шоҳиди он ҳастем, ки шакли умумии истидлол дар давраи зоҳира тағйир ёфтааст. Ҳар як бурҳон дар он шакле, ки ба мерос омада аст, аз нав дида баромада мешавад ва сипас дар муқоиса ба дигар давраҳои таърихӣ ва далолили мутафаккирон мавриди таҳлил қарор мегирад. Ҳамин тавр аст ҳамаи он бурҳонҳое, ки дар илми калом дар нисбати исботи нуктаҳои асосии таълимоти дин, ба ҷуз ибодат, машҳуранд. Онҳо на фақат дар он сурате, ки дар каломи исломӣ ҳаст, балки дар он шакле ҳам, ки дар калому фалсафаи Ғарб вуҷуд доранд, оварда шудаанд ва мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар каломи ҷадид аз нигоҳи мантиқӣ, фаласафаи таҳлилии муосир, фалсафаи постпозитивӣ, ки таҷрибаро муҳим медонанд, шарҳу баён намуда, низоми истидлоли мувофиқро ба вуҷуд овардаанд.

Аз ҷумла низоми эътиқодоти диниро аз маҷмӯи гузораҳое, ки асосан ба таҷриба такя доранд ва маҳсули онанд ва асоси амали динӣ қарор мегиранд, иборат медонанд. Ин маҷмӯа бояд ба якдигар алоқаманд бошанд ва гузораҳоеро фаро гиранд, ки миёни онҳо ва низоми эътиқодии шахс таноқуз (зиддият) вуҷуд надошта бошад.

 

Низоми эътиқодӣ

Низоми эътиқодии динӣ 2 навъи қаринаи муайян дорад: қароини гузораӣ ва қароини ғайри гузораӣ. Дар байни мутакаллимон гурӯҳҳое ҳастанд, ки таҷрибаро асос мешуморанд ва гузораҳоро маҳсули таҷриба медонанд, гарчи онҳо низ ақл ва усулҳои ақлониро инкор намесозанд. Ин гурӯҳҳо ҳудуди онро бо ҳудуди забон баробар донистаанд. Дар ин сурат таҷриба бо мадади забон бо ақл ва равишҳои ақлӣ пайваст мешавад, яъне дар гузораҳои забонӣ ифодаи худро меёбанд. Он дар намуди силлогизми шартии қатъӣ метавонад баён шавад, яъне:

“Х вуҷуд дорад, агар ва фақат агар бо аҷсоми ҷаҳони физикӣ тааллуқ дошта бошад”.

Дар нисбати гузораҳои пояӣ низ ин намуди силлогизм мавриди истифода аст. Мисли S дар мақоми идрок мустақилияти Х-ро ба воситаи маҷмӯае аз падидорҳо идрок мекунад. Бинобар ин агар S бихоҳад таҷрибаи худро аз Х дар қолаби гузароҳои қатъиюссидқ баён кунад, ҳадди аксар метавонад иддао кунад, ки “ба назарам мерасад, ки он дар мавқеияти Х вуҷуд дорад”. Ин навъ гузораҳоро гузораҳои хатнопазир (ubcorriqibie) меноманд, ки онҳо қатъиюссидқ ҳастанд. Макони тасдиқи онҳо зеҳни шахсӣ мебошад, ки гузораҳои қатъиюссидқ баён мекунанд, ҳадди аксар метавонад иддао кунад, ки “ба назарам мерасад, ки дар мавқеияти Х вуҷуд дорад”.

Давом дорад

 

 



[1] И. Кант. Собр.соч. в.8 и тома. Т.3. с-196.

[2] Алома Таботабої. Усули фалсафа ва равиши реализм.-Тењрон. 1332.с-18-30.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter