ХАБАРИ ДОҒ

Имом Абуҳанифа: Ягон муъмин кофир нест!!!

  • Шанбе, Март 18 2023

 

 Пас, ҳақиқати шайъ ҳамон вуҷуди айнӣ аст ва дигар вуҷудҳо-зеҳнӣ, лафзӣ ва хаттӣ бар вуҷуди айнӣ далолат мекунанд. Азбаски мӯътазилиён мункири вуҷуди айнӣ шуда, 3 вуҷуди дигарро эътироф кардаанд, пас, ногузир онҳо тарафдори махлуқ будани Қуръон шуданд. Ради қадим будани Қуръон ба ҳамон 3 вуҷуди каломи лафзӣ аст, ки мӯътазилиён пеш мебурданд ва ҳанобиларо (ҳанбалиҳоро) рад мекарданд.[1]

Вале, агар гуфта шавад, ки Қуръон ҳамун каломи Худованду қадим аст, мурод аз ҳамон каломи нафсӣ аст, ки дар ҳақиқат азалӣ аст. Дар “Васоёт” – и худ Абӯҳанифа таъкид кардааст, ки “иқрор мекунем, ки Қуръон каломи Худои мутаъол аст, махлуқ нест”.[2]

 

Қуръон тасдиқи Тавроту Инҷил аст!!!

Ваҳйи ӯ, чун сухан аз каломи Худованд рафт, беҷо нест, агар мақоми Абӯҳанифа дар нисбати хондану шунидан ва истифодаи тарҷумаи форсии оёти Қуръон зикр гардад. Абӯҳанифа каломи мунзалро (нозилшударо) илми маънӣ медонад, ҳарчанд шогирдонаш онро аз назму маъно медонанд. Азбаски Қуръон аз 1 ҷиҳат барои тасдиқи китобҳои пештара: Инҷилу Таврот нигаронида шудааст (сураи Моида оят 48), пас он бо маънии худ бо онҳо пайванд аст, аммо забонашон гуногун мебошанд, яъне чун каломи нафсӣ ба ҳеҷ 1 забон тааллуқ надорад!

 

Қуръонро бо кадом забон хонем?

Аз нуқтаи назари Абуҳанифа Қуръон ба ҳар забоне хонда мешавад, ҷоиз аст!!!

 Имом Суютӣ дар бораи ҷоиз ё ҷоиз набуднаи хондани Қуръон ба забонҳои ғайриарабӣ чунин фармудааст: хондани Қуръон бо забони аҷамӣ (ғайриарабӣ) мутлақан ҷоиз нест, чӣ арабиро хуб бидонад ё на, чи дар намоз ва чи дар ғайри намоз.

Вале аз Абӯҳанифа расида, ки (хондани Қуръон бо форсии тоҷикӣ-ред.) мутлақан ҷоиз аст! Аа Абуюсуф ва Муҳаммад барои касе, ки арабӣ медонад, ҷоиз шумурдаанд. Аммо дар ин маврид маълумотҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо Абӯҳанифа гуё дар охир ба хулосае омада бошад, ки хондани намоз ба форсӣ ҷоиз нест, зеро эъҷози Қуръонро аз байн мебарад. Албатта, онҳое, ки лафзи арабии Қуръонро қадим медонанд ва ба фазилати бартарии хосе ба забони арабӣ қоиланд, мисли ҳашавия ва ҳанобила (ҳанбалиҳо) ба фикри Абӯҳанифа дар бораи ҷоиз будани хондани намоз бо забони форсӣ комилан мухолифанд. Аз дигар тараф баъзеҳо иҷозати хондани Қуръонро ба забони форсӣ ба сабаби афзалияти форсӣ, қадим будани он ба арабӣ ва ин ки «Забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсӣ бошад!”, дуруст донистаанд.

 

Бартарии тоҷикии форсӣ дар таълимоти Абуҳанифа

Олусӣ иҷозати хондани намоз бо забони форсиро аз тарафи Абӯҳанифа бо бартарии забони форсӣ нисбати дигар забонҳо медонад. Дар ҳар сурат иҷозати хондани намоз бо форсӣ ба номи Абӯҳанифа пайваст шудааст. 

Қуръон на айни Худо ва на ғайри Худост… Ранг, ҳарфҳо, коғаз ва навишта ҳама махлуқ аст, зеро ки онҳо феъли банда ҳастанд. Ва каломи Худои мутаъол қоим ба зоти ӯст. Пас, ҳар кӣ бигӯяд “каломи Худои мутаъол махлуқ аст” ӯ кофир ба Худои мутаъол шудааст. Худои мутаъол маъбуд аст, ҳамчуноне, ки буд. Каломи ӯ таъоло хондашуда, навишташуда ва ҳифз шудааст бидуни дур шудани калом аз Худои мутаъол. [3]

    Аз баҳс дар бораи сифати Худо, баҳс дар бораи биниш ё рӯъяти Худо сар мезанад. Мӯътазилиён рӯъияти Худоро бо чашм инкор мекунанд. Баръакси мӯътазилиён Имоми Аъзам рӯъиятро бо далелҳои гуногун исбот мекунад. Шунидан (самъ) ва дидан (рӯъят) ҳар 2 сифати азалии офаридгор аст. Ҳеҷ чиз аз назари ӯ пинҳон нест ва ин сифат аз сифатҳои инсон комилан фарқ дорад, ҳам аз нигоҳи васоит ва ҳам аз нигоҳи камолот. “Ба дурустӣ, ки Худо – мехоҳад мекунад” (29,14)

Имоми Аъзам иродаро яке аз сифати азалии Худованд дониста ҳама чизро вобастаи иродаи қадими ӯ мешуморад “Дар дунёву охират аз ҳарду калом- каму бисёр, некиву бадӣ, нафъу зарар, ширинию талхӣ, имону куфр, илму ҷаҳл, фоидаву зиён, зиёдативу норасоӣ, тоату исён, ҳама бар иродаи Худованд аст”.[4]

Бо иродаи Худованд ҷаҳон ба вуҷуд омада, тағйир меёбад. Дар байни ҷаҳону Худо робитаи Худованди мухтор бо феъл аст. Он бо хусусиятҳое, ки ба иродаи инсонист он хусусиятҳо хоси иродаи Худованд нест, Худованд фоили мухтор аст. Олам офаридаи Худованд аст. “Худое, ки шуморо офарид ва ризқатон дод” (30:40).

 Баъдтар Ашъарӣ барои исботи ин оят муносибати ҷавҳар ва аразро мисол меорад.  Яъне дар мавриди офариниши олам мутакаллимин ҳам далолили нақлӣ ва ҳам далоили ақлӣ пеш овардаанд.

 

Давом дорад

 

[1] Шарњи аќоиди ањли суннат.-с.94.

[2] Абўњанифа. Ваоеъ.-Тењрон. 2002.-с14.

[3] њамон љо.16.

[4] Шарњи «Фиќњи акбар-и Алї Ќафї.-с54.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter