ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа ва адлу инсофи ӯ

  • Чоршанбе, Май 31 2023

 Абӯҳанифа тамоми ҷиҳатҳои адлро: адли иҷтимоӣ, адли фардӣ ва адл чун меъёри дигар рафторҳо дар фиқҳи худ баён доштааст ва ҳамин маънӣ дар шеъри Мавлоно Ҷомӣ, ки худ пайрави Абӯҳанифа буд, ба таври зерин баён шудааст, ки он мазмуни таълимоти фиқҳи Абӯҳанифаро ифода мекунад:

 Чист адл? Он ки бигзорӣ зи фузул.

Накунӣ аз тариқи шаръ удул.

Шаръро касби айни худ созӣ,

                                   Чашм ғайрӣ он наандозӣ.

                                   Чун гуморӣ ба коре андеша

                                   Шеваи ростӣ куни пеша.

 

Фиқҳи Абӯҳанифа меъёрҳои ахлоқиро ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табил дода, риояи онҳоро ба ҳукми шаръӣ дохил намуд, яъне ин ҷо пайванди ҳуқуқ ва ахлоқ ба назар мерасад, ки бе он ҷомеаи замони Абӯҳанифа наметавонист дар сатҳи даркорӣ аз арзишҳои ахлоқӣ баҳраманд гардад. Ҳукмҳои шаръӣ доираи иҷрои онҳоро васеътар сохтааст. Адлу инсоф бо ҳақиқат ва ҳақиқатҷӯӣ пайваст аст. Ҳақиқат чун меъёри ахлоқӣ дорои низоми муайян аст, ки дурустӣ ё нодурустӣ, қубҳу ҳусн, адлу инсоф, росткорию ростқавлӣ ва ғайра талаботи ахлоқиро нишон медиҳад.

Адлу Инсоф

 Бузургтарин мавзӯи таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа, ки мафҳумҳои асосии ахлоқии ӯ ба ҳисоб мераванд, адлу инсоф аст, ки ӯ ин мафҳумҳоро на фақат аз осори исломӣ, яъне Қуръону ҳадис, балки аз анъана ва таълимоти пешгузаштагони худ, фарҳанги Аҷам гирифтааст. Вақте Абӯҳанифа ба тадвини фиқҳ маҳшғул шуд, ӯ ин масъаларо дар фиқҳи исломӣ бо назардошти таълимоти қабл аз исломии аҷамиҳо тадвин кард ва бисёр нуктаҳоро аз он, мисли баробарии ҳамаи инсонҳо, на фақат мусулмонҳо, меҳрубонӣ, ғамхорӣ нисбати якдигар, адли ахлоқии зардуштиён ва ғайраро касб кард.

   Амри маъруф ва наҳйи мункар

 Амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар, ки ҷузъи фиқҳи Абӯҳанифа аст, вазифаи фиқҳ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ даъват ба умури ахлоқӣ дорад. Қисми зиёде аз он чизҳое, ки амр дода (фармуда) мешаванд ва ё онҳо манъ карда мешаванд, масъалаҳои ахлоқӣ буда, ба воситаи далоили ақлӣ кашф шуда, ақлро ёрои дарки онҳо медонад.

Қуръон дар ин бора мефармояд “Яъмуруҳум билмаъруфи ва янҳоҳум анил мункари” - онҳоро ба хубӣ даъват ва аз бадиҳо боз дорад (сураи Аъроф, ояти 157).

Сухан дар ин ҷо на аз назария ва ҳикмати ахлоқӣ, балки аз амали ахлоқӣ меравад, ки онро аз хулқу рафтори писандида ва зебо иборат медонанд.

 Адаб ва хулқ

Ҳулқу одоб дар назди мутафаккирон ва ҳамчунин дар ислом писанида ва зебост, Ислом манъи амалҳои зиштро таъкид карда, чунин мешуморад, ки онҳоро ҳамон тавре, ки баён шудаанд, қабул кардан лозим аст, айбҷӯӣ, бадгӯӣ, фахр ба нажод ва авлод комилан мамнӯъ аст, чуноне ки истифодаи қимор, шароб ҳаром аст.

Ислом инчунин нишон додааст, ки амалҳои неки инсон аз рӯи ният ва ангезаҳои пок сурат мегирад ва рафтору амали нек ба мақсади худнамоӣ, ғаразнок наметавонанд амали ахлоқӣ бошанд. Амали ахлоқӣ аз назари ислом бояд аз ангеза ва нияти нек барояд, мисли хайру саховат, дастгирии камбизоатон, хайрияҳои ҷорӣ мисли сохтмони мактабу бемористонҳо, хиёбону роҳҳо ва ғайра он вақт амали ахлоқӣ ва шоистаи инсон аст, ки ғаразнок ва фоидаҷӯии шахсӣ дар онҳо нест.

Масалан барои интихоб шудан ба мансаб ё вакили маҷлис амали сохтмоние анҷом гирад, наметавонад амали ахлоқӣ бошад. Онҳое, ки ба хотири чизе, дарёфти чизе, мақсади ғаразноке, ин амалҳоро анҷом медиҳанд, гарчи зоҳиран амалҳои неканд ва ҷомеа ба таври куллӣ аз онҳо истифода мебарад, вале чунин амалҳо ахлоқӣ нестанд.

Дар ислом нияти пок, андешаи амали нек метавонад чун амали писандида ва нек қабул шавад, ҳадаф аз он покии ният ва ботин аст, ки кас дар дилаш он ниятро парвариш медиҳад, то рӯзе, ки имкони иҷрои онро пайдо кунад. Ислом ба баёноти равшан риёкориро маҳкум мекунад.

   Ақида ва ибодат

  Ақидаҳои ахлоқии Абӯҳанифа дар меъёрҳои фиқҳие, ки ӯ дар фиқҳаш ҷой додаст, фарз, воҷиб, мустаҳаб, таҳримҳо (манзуб, макрӯҳ, ҳаром) ва ғайра низ инъикоси худро пайдо кардаанд. Фиқҳи Абӯҳанифа аз қисматҳои ақоид, ибодат, муомилот ва ғайра иборат аст. Нуктаҳои бисёр муҳими ахлоқӣ дар фиқҳи муомилоти ӯ зикр шудаанд. Қоидаҳои тиҷорату ҳамкориҳо дар асоси ҳукмҳои шариат бунёд шуда бошад ҳам, Абӯҳанифа, ки худ тоҷир буд, дар фиқҳаш маҳз одоби тиҷорат ва меъёрҳои муомилаи тарафҳоро баён доштааст. Қисмати муомилоти фиқҳӣ ҳам меъёрҳои дар замонаш мавҷудбударо, ки ӯ худ дар амалия истифода мекард, ифода кардааст.

  Ростӣ ва ҳақиқат

 Абӯҳанифа дар таълимоташ ба ростию ҳақиқат эътибор дода, онро бо меъёрҳои шаръӣ пайваст сохтааст. Ростгӯӣ ва ростқавлӣ, ки ба ӯ аз аҷдодонаш мерос монда буд, ҳам дар фиқҳаш бо далоили нақли ба субут расидааст ва ҳам дар феълу атвораш маҳкам ҷойгузин шуда буднд. Ба андозае ин дар хислату рафтораш нишаста буд, ки ҳатто хоҳиши ҳукуматдоронро, агар ба ақидаи ӯ мувофиқ намеомад, рад мекард ва фикрашро рӯирост баён менамуд.

Масалан, вақте халифа Мансур аз ӯ фатвои ҷазо додани аҳли Мавсулро талаб кард, ӯ ҳақиқатро ба вуҷуди таҳдидаш ба ҷону рӯзгоронаш рост донист. Ин гуна воқеаҳоро дар рӯзгори Абӯҳанифа бисёр мушоҳида кардан мумкин аст. Байтҳои Абӯшакури Балхӣ гӯё ба рафтору хислатҳои ӯ дахл дошта бошад:

Ба каживу норостӣ кам гарой,

Ҷаҳон аз паи ростӣ шуд ба пой.

Ҳар он гаҳ, ки шуд ростӣ ошкор,

Фаровон бувад мар туро хостгор!!!

 

 

2.1. Ҷиҳатҳои умуибашарии таълимоти Абӯҳанифа

Ҷиҳатҳои умумибашарии таълимоти Абӯҳанифа ҷузъи осори фиқҳии ӯст. Таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа ба ҷуз осори фиқҳии ӯ дар насиҳатномаҳояш баён шудаанд, ки онҳо дар байни пайравони мазҳаби Абӯҳанифа хеле шӯҳрат пайдо кардаанд. Насиҳатномаҳои зерини муҳаққиқон аз Абӯҳанифа зикр кардаанд:

1.      Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим;

2.      Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Юсуф ибни Халиди Самтӣ;

3.      Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абӯисмат Нӯҳ ибни Абӯмарям;

4.      Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод;

5.      Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба ҷамъе аз ёрон ва шогирдонаш.

Дар таълимоти ахлоқии худ Абӯҳанифа ба назарияи ахлоқ, ба усули он ва назари мардум дар бораи бад ё хуб будани амалу рафтори одамон, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар баробари назария ва таълимоти ахлоқӣ фикри мардумро ба назар гирифтан доираи амали рафтори ахлоқиро хеле васеъ месозад ва таомулу анъанаҳои мардумӣ метавонад ҷузъи таълимоти ахлоқӣ гарданд. Ин ҷиҳати масъала на танҳо нисбати ахлоқ аст, балки нисбати меъёрҳои фиқҳӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла ӯ урфро чун сарчашмаи шариат медонад ва ба он эътибори ҷиддӣ медиҳад. Абӯҳанифа ба одату русуми мардум, таомулу анъанаҳои онҳо эҳтироми хос дорад.

     Ба қавли Абӯҳанифа мақулаҳои асосии ахлоқ, мисли хайр, адлу инсоф, некӯкорию нексириштӣ, рафтори шоиста, одоб аз сирати инсон ҷой дошта, хусусияти умумибашарӣ доранд. Аммо баръакси онҳо зулм, қабоҳат, зиштӣ, бадӣ ва ғайра амалҳои зиддиахлоқӣ буда, аз табиати саркаши инсон бархостаанд ва бо гуноҳи худи инсон содир мешаванд.

   Таъсири Абуҳанифа ба Имануэл Кант

 Ақидаи Абӯҳанифа дар бораи талаботи ботинӣ будани меъёрҳои ахлоқӣ бо императиви ахлоқии Кант монанд аст. Маҳз ақидаи ботинии инсон, ки меъёрҳои ахлоқро на аз рӯи талаби ҷомеа ва ё тамоюли ҳиссию манфиатнокии онҳо риоя мекунад, моҳияти ахлоқро ташкил медиҳад, меъёрҳои ахлоқӣ дар ин сурат талаботи виҷдонии инсон мегарданд.

    Барои нишон додани хизмати имоми Аъзам дар рушди ахлоқ зарур аст, ки нуктаҳои асосии таълимоти ӯ баррасӣ шавад. Бузургтарин мавзӯе, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста ва хусусияти умумибашарӣ дорад, мавзӯи адлу инсоф аст. Бояд хотиррасон кард, ки адлу инсоф чун мафҳумҳои асосии илми ахлоқ ҳанӯз дар таълимоти мутафаккирони қадимҳои Юнону Аҷам ҷойгоҳи хоси худро дошт. Алалхусус, дар оини мардуми Аҷам ва суннатҳои он. Вале ин мавзӯъ дар таълимоти Абӯҳанифа ба сабаби тадвини фиқҳи исломӣ сар зада аст.

Адлу инсоф аз талаботҳои ахлоқие мебошад, ки ҳам ахлоқи иҷтимоӣ, ҳам сиёсии давлату ҳукуматдорон, ҳам сифатҳои умдаи инсониро муайян мекунад. Адлу инсоф ҳам талаботи ахлоқӣ ва ҳам меъёри ҳар гуна муносибати ахлоқӣ, тамоми ахлоқ мебошад. Албатта, вақте сухан дар бораи адлу инсоф дар давлат ва сиёсати давлатӣ меравад, ин мафҳумҳо татбиқи худро дар меъёрҳои қоидаҳо пайдо мекунанд ва ҳукми қонунро ба худ мегиранд. Вале дар ин маврид ҳам, ки иҷрои онҳо ба афроди ҷомеа алоқаманданд ва аз адлу инсофи онҳо то ҳадде ба худи онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин адлу инсофи мансабдоронро Абӯҳанифа шарти муҳими адои адли иҷтимоӣ медонад ва  барои мисол ҳукми оятеро меоварад, ки дар он таъкид шудааст, ки Худованд ба адл даъват карданро амр намудааст.

“Удъу ила сабили раббика билқист” (Даъват кун ба роҳи парвардигорат аз рӯи адл).

Бештар аз 20 маротиба “қист”, “адл” ба маънои адлу инсоф омадааст, ки ин аз муҳимии масъалаи мазкурро нишон медиҳад.

 

                                       Давом дорад

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter