ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 25 2020

Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик меҳмони редаксия шуда, дар бораи Зафар Нозимов ёд кард:

 - Соли  1958 ман дар мактаби Маданӣ-равшаннамоии н.Кӯктош мехондам. Ҳамон сол дар ҷумҳурӣ фестивал баргузор гашту шуъбаи театршиносии мо 1 барнома аз ҳаёти колхоз ба саҳна гузошт. Дар ҳамон композитсия ман нақши раисро иҷро мекардам. Мо ҷои аввалро ишғол карда, 800 рубл мукофот гирифтем. Зафар Нозимов, ки суруди «Модарам»-ро бо рубоб хонда буд, ҷойи аввалро ишғол карда, ба филармонияи Тоҷикистон тавсия шуд. Шиносоии ман бо Зафар Нозим аз ҳамон вақт сар шуд. Ҳар боре, ки во мехӯрдем, вай маро «Ҳа, раис» мегуфту бо завқ механдид. Солҳо сипарӣ шуданд. Ман ба ш.Тошканд рафта, Донишкадаи санъат ва рассомиро тамом карда, омада, ба театри А.Лоҳутӣ ба кор даромадам, аммо Зафар Нозимов он замон ҳам маро «раис» мегуфт. Ман хонадор шудаму ӯ дар тӯям 1000 рубл дода, тӯямро обод кард. 

 

Чоршанбе, Нояб 18 2020

 Рустам Шеров, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газета аз ш.Панҷакент меҳмони идора шуда гуфт, ки ба Ҳукумати нави мамлакат 5 пешниҳод дорам.

   - Аввалан, ки тамоми сокинони кишварро бо Рӯзи Президенти ҶТ, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил карда мешавад, табрик менамоям. Дигар ин, ки ба ҳайати Ҳукумати нави ҶТ 5 пешниҳод дорам: аз ҷумла ба сатҳи миёнаи маошу нафақа мувофиқ намудани хизматрасонии тиббӣ-нархи ташхисҳо, ки хеле гаронанд. Дуввум-танзими ҳатмии нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳо, ки ба маротиб боло рафта истодаанд, сеюм-қабули барномаи мукаммали пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, махсусан COVID-19. Чорум-тамоми хизматчиёни давлатӣ сар аз раисони вилоятҳо то мудирони шуъбаҳо бояд барои садоқат ба Ватан савганд хӯранд ва панҷум ин қабули барномаи тоза нигоҳ доштани муҳити зист, об, хок, кӯчаву маҳал ва идораҳо.

 

Чоршанбе, Нояб 11 2020

Раҷаб Холмаҳмадов, нафақахӯр, сокини д.Туркироҷи ҷ.Амондараи ш.Панҷакент меҳмони идора шуда, аз бекории писараш шикоят намуд.

   - Ман соҳиби 5 писару 1 духтарам. Духтарам маъюби гуруҳи 1-ум буда ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирад. 5 шоҳписарам бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан модар рафта, қарзи хешро ба ҷо оварданду ҳоло ҳар яке аз пайи рӯзгори худ ҳастанд. Писари хурдиам Беҳрузро 5 сол бо нафақи худам хонондам, тахассусаш таърих-бостоншиносӣ асту рутбаи низомӣ низ дорад. Пас аз хатми донишгоҳ хизмати сарбозиро ба ҷо оварда буд. Ҳоло ӯ 2,5 сол боз бекор асту дар ягон муассисаи ш.Панҷакент ба ӯ ҷои кор ёфт намешавад. Маълумоти олӣ дорад, хизмат кардааст, вале бекор. Чаро? Наход дар як Панҷакенти калон барои чунин кадри тайёр кор пайдо нашавад?

 

Чоршанбе, Нояб 04 2020

 

Шукрона Абудулоева донишҷӯ ва сокини ш.Душанбе меҳмони имрӯзаи редаксия шуда гуфт, ки аз субҳи содиқ мардуми мо ба тамошои сериалҳои туркӣ оғоз менамоянд ва дили маро ҳамин филмҳои туркӣ задааст. Кай мардуми содаи мо боақл мешуда бошанд? Яке аз филмҳои машҳури туркие, ки мардумро ба тамошо ҷалб кардааст “Илдиз- Чуқур” аст. Бовар накунед ба кӯча бароеду аз тифли 3 сола пурсон шавед, ки имрӯз кадом кинои туркӣ тариқи барномаи бо ном машҳур “Ҷем ТВ”, “Рубикс”, “Авғонистон” сар мешавад, дарҳол ҷавоб медиҳанд. Аммо аз Рӯдакию Ҷомӣ ғазал пурсед намедонанд ҳатто аксарияташон намешиносанд.  Дар вақти тамошои филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон заминларза шавад ҳам, мухлисон ва ё фанатҳои турк хабардор намешаванд. Кай мо аз кино-филмҳои туркӣ халос мешавем???

 

Чоршанбе, Окт 28 2020

Абдурауф Раззоқов, бостоншиноси тоҷик меҳмони идора шуда, гуфт, ки 1 хушхабар дорад.

   - 11 октябри соли равон бо Татяна Филимонова бори нахуст дар ш. Кӯлоб қабр ва устухони ҷасадеро пайдо кардем, ки ба давраи сангу биринҷӣ тааллуқ дорад. Ин бузургтарин бозёфти миллии асри ХХI далолат ба он мекунад, ки Кӯлоб на 2700, чуноне то ҳол мешумурдем, балки тақрибан 5-ҳазорсола мебошад. 

Моҳи апрели соли ҷорӣ мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев маро ба Душанбе даъват карда, корди қадимаеро нишон дода буд, ки далолат ба аҳди биринҷӣ дошт. Яъне, он тақрибан 50 аср пеш сохта шудааст. Чуноне маълум гашт, кордро сокини ш.Кӯлоб Амирхон Хоҷаев дар маҳаллаи Умари Хайём тасодуфан ёфтааст. Ба банда, ки 37 сол аст бо ҳафриёти Саразм машғулам, ин бозёфти шабеҳи Саразм хеле аҷиб буд. 10 рӯз ҳафриёт гузаронидем. Ҳама бозёфтҳо ба охири ҳазораи 4 ва ибтидои асри 3 пеш аз милод пайванд дорад. Алҳол ин бозёфтҳои қабр, ки шаҳодати таърихи тақрибан 5000-солаи Кӯлобанд, дар осорхонаи шаҳранд.

 

Чоршанбе, Окт 21 2020

Шоири халқӣ, устоди устодони сухан, журналисти собиқадор ва номӣ-Муҳаммад Ғойиб, меҳмони «СССР» шудаву гуфт, дар ин чанд моҳе, ки мариз будаму азияти коронавирус мекашидам, романи нав навиштам, бо номи «Касе дар нимароҳ намемонад». 

   - Роман мураттаб аз 160 саҳ. формати А-4 аст. Он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти имрӯзаро дар бар гирифтааст. Хонандагон медонанд, ки банда шоири пурмаҳсулам, вале дар 3 соли ахир рӯ сӯи наср низ овардаву 3 повест ва даҳҳо ҳикоёту филмномаҳо навиштаам. Барои нависандаи хуб шудан, бояд ба таъбири Соҳиб Табаров «хуни шишт» дошт ва энсиклопедист буд. Инро чаро мегӯям? Зеро романи таърихии сардабиратонро бо номи «Эшон-Бала» хондам ва табрик мегӯям. Кайҳо бояд сардабири «СССР» роман ё повест менавишт. Зеро китоб абадан мемонад. Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 40

Китобҳо

Flag Counter