ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 30 2021

 

Маҳмадулло Раҳимов, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ, собиқ раиси колхози «Роҳи Ленин»-и н.Панҷ (тел: 93 524 29 41) меҳмони идора шуда, дар бораи шогирдони генералаш нақл кард.

   - Генерал Мирзо Зиёев, собиқ вазири КҲФ (МЧС) солҳои 1985-1990-уми асри гузашта, дар колхози «Роҳи Ленин», ки ман раисаш будам, устои нассосҳои обкашӣ шуда кор мекард. Ҳаким Қаландаров, шогирди дигарам, ки ӯ ҳам пасон полковник шуд, ҳамон солҳо дар колхози мо ба ҳайси киномеханик кор мекарду Сарабек Муродов, собиқ раиси Кумитаи сангҳои қимматбаҳо, ки баъдан генерал шудаву дар табаддулоти низомии Ҳоҷӣ Ҳалим пайваставу дастгир ва ҳабси абад шуд, низ  дар вазифаи агроном-энтимолог ифои вазифа намуда, кораш мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон буд. Ин касбро дар мардум «кирмкушак» мегуфтанд. Яъне куҷое кирму ҳашарот ёфт мешуд, кашф ва пешниҳод мекарданду мо заҳр мепошидем. 

   Шодравон Мирзо-Ҷага колеҷи техникиро хатм кардаву 2 нафари дигар танҳо маълумоти миёнаи касбӣ доштанд. Онҳоро ҷанг қумандон карду Ҳукумати марказӣ генерал. Бисёр боиси таассуф аст, ки бидуни Ҳаким дуи дигар бар қадри ин некии Давлат нарасиданд ва худро талаф доданд…

 

Чоршанбе, Июн 23 2021

 

  Мадина Камолова, сокини ш.Душанбе меҳмони СССР шуда бобати нархи роҳкиро дар самти шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд:

   - Санаи 05.06.2021 устодам аз пойтахт ба ман занг задаву огаҳ намуд, ки бояд барои супоридани имтиҳони давлатӣ ба ш.Душанбе биёям. Ман ҳамон рӯз рахти сафар баста, ба назди истгоҳи таксиҳои самти ш.Душанбе омадам. Бо ронандае суҳбат карда, нархи роҳкироро пурсидам: 100 сомонӣ! “Майлат бошад савор шав, нахоҳӣ паноҳат ба худо”-гӯён маро дар ҳолати ногувор гузошт ронанда. Ростӣ, ман ҳамон рӯз дар киссаам ҳамагӣ 80 сомонӣ доштам ва бо зориву хоҳиши зиёд ронанда розӣ шуд бо 80 сомонӣ маро то Душанбе оварда расонад. Дигар ронандаҳо 120-150 сомонӣ талаб мекарданд. Агар ман дар Душанбе зарурат-имтиҳони давлатӣ намедоштам, ҳеҷ гоҳ савори мошинаш намешудам. Чаро дар ин самт танзиму назорат ва нархи ягона нест? 

 

Чоршанбе, Июн 16 2021

 

Меҳрафзун Достиева, сокини ш.Кӯлоб меҳмони идора шуда дар бораи проблемаи №1-и имрӯз-нархи сабзӣ суҳбат кард.

   - Воқеан ҳам ҳамин ҳоло мардумро на нархи гӯшту равғану орд, балки нархи сабзӣ-маҳсулоти полезии ватанӣ нигарон кардааст. Нархи 1 кило сабзӣ дар бозори ш.Кӯлоб то 10-12 сомонӣ баромад. Барои маъракае харид кардем, нархи биринҷ 360 сомонӣ шуда нархи сабзӣ 480! Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто эълон карданд, ки 1 ҳафта аз харидани сабзӣ даст кашем. Мо ҳам қариб 2 ҳафта сабзӣ нахаридем, наход нархи маҳсулоти оддии ватанӣ то ин ҳад гарон шавад? Тавре ба назар мерасад, ки бозорро касе назорат намекунад.

 

Чоршанбе, Июн 09 2021

. Абдулло Сайфуллоев, сокини ноҳияи Кӯшониён меҳмони идораи газетаи СССР дар вилояти Хатлон шуда, изҳори сипоси хешро ба Ҳукумати ҶТ баён намуд.

   - Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта бо имзои фармони нав нафақаи маъюбонро 50% боло бардошт ва ин мо нафақахӯронро хушҳол кард.  Пешниҳод дорам, ки ҳангоми баланд бардоштани нафақа, маош ва стипендияҳои донишҷӯён, нархи пардохти пули истифодаи барқ, андоз ва ғизои аввалия ҳам ба танзим дароварда шавад. Ҳоло нарху навои ғизои аввалия дар бозорҳои мамлакат нигаронкунанда ва ташвишовар аст. Шукронаи Худованд, ки дар ин айём меваю сабзавоти мардуми деҳот пухта расидааст ва лабамон ба он мерасад. Нафақаи ман 350 сомонӣ буда, қувват надорам, ки дар замин кор кунам. Шукр, ки гоҳ-гоҳе писарам кӯмакам мекунад, вагарна бо ин нархи бозор кайҳо аз гуруснагӣ мемурдам! 

 

Чоршанбе, Июн 02 2021

 

 Муллонур Нуров, мухлис ва хонандаи доимии мо аз н.Айнӣ меҳмони идора шуда, аз тақдири ояндаи маблағҳояш, ки дар бонки «Тоҷиксодиротбонк» маҳфузанд, изҳори нигаронӣ кард.

   - Бонки миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта иҷозатномаи бонкҳои «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд кард ва ҳамакнун ин бонкҳо иҷозати фаъолият надоранд. Акнун пасандози мо-муштариён чӣ мешавад? Пасандози ман дар филиали дар н.Айнӣ будаи «Тоҷиксодиротбонк» 83 ҳазору 887 рубли русӣ ва 2 750 сомониро ташкил медиҳад. Ман аз гирифтани фоизҳои ин пасандоз кайҳо даст кашидаам ва ҳоло мехоҳам, ки пуламро ба ман пурра баргардонанд. Акнун, ки бонк аз фаъолият монд, ба куҷо муроҷиат кунам? Кӣ ба суоли ман посух мегӯяд?

 

Чоршанбе, Май 26 2021

Дилмуҳаммад Камолов, донишҷуи курси 4-уми факултети журналистикаи ДМТ меҳмони газета шуда бобати рӯзадорону рӯзагирон ибрози назар кард. 

   - Мардуми мо барои китоб мутолиа кардану китоб хондан хуш надоранд, аз ин рӯ дар моҳи шарифи рамазон вақт пайдо карда, як-як сабти мавъизаҳои муллоҳоро гӯш мекунанд. Зимнан муллоҳо бояд дар бораи ватандӯстӣ, ҳадиси “ҳуббулватан”, ҳифозати марзу бум, эҳтироми волидайн, одобу маърифати ҷавонон, фарҳанги мазҳаби эмом Абу Ҳанифа, ки миллиардҳо тан аз пайравони ин фарзанди миллати Тоҷиканд, сухан гӯянд, насиҳат созанд, мавъиза пахш намоянд. Имрӯз ҷамъият ба муллои ҳанафӣ ниёз дорад. Зеро ба кадом сайт сар назанед, садҳо муллои салафиву ваҳҳобиву шиъа бо роликҳои барангезанда дар гардишанд... 

 

саҳ 18 аз 62

Китобҳо

Flag Counter