ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 19 2021

Адҳам Одинаев, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии газетаи мардумӣ меҳмони идора шуда, дар бораи ҳолати кунунии беморхонаи марказии ш.Турсунзода суҳбат кард.

   - То таъин гаштани сардухтур Тоҷиддин Ятимов табобатхона дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор қарор дошт. Сардухтури нав бо кӯмаки дӯстонаш дар тӯли 1 моҳи корӣ вазъи санитарии беморхонаро беҳбудӣ бахшида, онро қисман аз таъмир бароварду шароити лозимаро барои кори табибону муолиҷаи беморон фароҳам кард. Тоҷиддин Ятимов шахси кордон, ташкилотчӣ  ва ободкор буда, масъулияти баланди роҳбарӣ дорад. Ӯ камбудиҳои ошкоршударо сари вақт ислоҳ мекунад. Шуъбаҳои табобатхона бо лавозимоти муосири тиббӣ таҷҳизонида шуда, беморон дар дохили беморхона аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, ки хеле қулай аст.

 

Чоршанбе, Май 12 2021

 Бозорбой Пулодов, муаллиф, хонанда ва дӯсти газетаи мардумии СССР, сокини н.Данғара меҳмони идора шуда, дар бораи набудани дӯкончаҳои рӯзномафӯрушӣ ва истгоҳҳо дар н.Данғара изҳори нигаронӣ кард. 

   - Ман дар маркази н.Данғара 1 дӯкончаи хурдакаки рӯзномафӯрушӣ доштаму  ҳамарӯза дар вақти корӣ онро мекушодам, то ин ки мардум аз замона қафо намонанду газетаву журнал хонанд. Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки дӯкончаро бо далелҳои бардурӯғ аз дастам гирифта, бастанд. Ман ҳайрон мешавам, чаро, ки дискоклубҳои Данғара то соатҳои 2-3-и шаб кор мекунанду касе ба онҳо чизе намегӯяд, вале 1 киоск халал овард. Ба ҷойи дӯкончаҳои рӯзномафӯруширо аз байн бурдан хубаш дискоклубҳоро бандед. Ҳоло дар маркази н.Данғара 2 мушкилӣ ҳаст-яке набудани киоски рӯзномафурӯшӣ ва дигаре набудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ. Айб нест оё, дар шаҳраке, ки қаҳрамони миллат таваллуд шудаву сабзидааст, 1 дӯкони рӯзномафурӯшӣ набошад? 

 

Чоршанбе, Май 05 2021

 Саҳоба Шарипова донишҷуи факулети журналистика меҳмони СССР шуда, дар мавриди фарқияти назар дар таҳсили байни духтарону писарон ибрози ақида намуд.

    - Ман ҳайрони он нафароне мешавам, ки ақида доранд писар бояд илм омӯзаду духтар не, чун вазифаи аслии зан дар хона нишастану тарбияи кӯдак аст. Гӯйё духтар ҳақи хондану илм омӯхтанро надорад. Акнун суол бар меояд, ки чаро дар Қуръони Карим дар сураи “Иқра”, омадааст, ки “бихонед”, “аз замона огоҳ бошед”. Ҳатто пайёмбар Расули акрам (с) фармудаанд, ки аз гаҳвора то гӯр илм омӯз. Ба андешаи ман писар агар таҳсил кунад хуб аст, аммо зани таҳсилкарда хубтар. Чун мард ҳамеша берун аз хона асту зан бошад дар хона бо фарзандон. Яъне, агар саводнокиии зан хуб бошад, барои сайқал додани дониши фарзандони худ талош карда, барои ҷомеа шахсият ҳадя месозад.

 

Чоршанбе, Апр 28 2021

 Исфандиёр Сафаров, сокини н. Файзобод (тел: 93 930 6838) меҳмони редаксияи мо шуд ва гуфт: 

    - Хондани СССР шахсан маро рӯҳбаланд мекунаду бароям нерӯи тоза ато менамояд. Мақолаҳои СССР воқеан таъсиргузоранд ва дар ҷомеъаи мо бозтоби фаврӣ меёбанд. Барои мисол, ман дар СССР бобати бемасъулиятӣ ва хунукназарии роҳбарияти собиқи ноҳияи Файзобод мақолае нашр карда будам. Баъди нашри мақола, хушбахтона ҳақ ба ҳақдор расид ва Миралӣ Раҷабзода бо тамоми муовинонаш аз кор рафт. Ин нишонаи он аст, ки СССР дар ҳақиқат рисолати созандагӣ дорад. Ман дар паҳн кардани СССР низ саҳми кӯчаки худро гузоштаам. Ҳамеша 3-4 шумораи онро харидорӣ карда, ба ёру ошноён тӯҳфа менамоям. Имрӯз хушбахтона сафи СССР-хонон дар Файзобод зиёд гардидааст ва умед дорам, ки сафи онҳо боз ҳам бештар хоҳад гашт.  

 

Чоршанбе, Апр 21 2021

 Маҳмадсаид Раҷабзода, сокини деҳаи Дурбати ш.Ҳисор меҳмони редаксияи мо шуда, аз гарон шудани нархи рӯзномаҳо изҳори нигаронӣ кард.

 

   - Муттаассифона, нархи газетаатон каме қимат шудаасту ман имкони харидани онро аз ин ба баъд надорам. Ман соле қабл дучори садамаи сохтмонӣ гардида, саломатиамро аз даст додам. Афсӯс, ки ҳатто нафақа ҳам намегираму дар ҷое кор намекунам. Аз фурсат истифода бурда, тавассути газетаи шумо ба Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ муроҷиат карданиам. Оё намешавад ба мани бекор шуғле пайдо кунед? 

Ман дар вазъияти бисёр баде қарор дорам, ҳатто барои хариди хӯрокаам пул қарз мекунам. Агар ашхоси саховатманде пайдо шуда ба ман дасти кӯмак дароз мекард, бисёр миннатдор мебудам. 

 

Чоршанбе, Апр 14 2021

Аброр Соқиев хонандаи доимии мо аз ш. Ваҳдат меҳмони редаксия шуда, гуфт: 

- Ман мехостам аз фурсат истифода бурда, тамоми мардуми кишвар ва ба вижа кормандон ва хонандагони газетаи мардумии СССР-ро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик намоям. Ман бо СССР ҳамкории зич дораму бисёр шодам, ки ин рӯзнома ҳамеша матлабҳои маро ба чоп мерасонад. Ба шарофати газетаи СССР ман аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дӯстони зиёдеро пайдо кардам. Бо баъзе аз ин дӯстон баҳс низ мекунем, аммо кинаву хусумат нисбат ба ҳам надорем. 

Умуман СССР бо паҳн кардани майдони баҳс миёни хонандагонаш кори бисёр арзандае анҷом медиҳад, чаро ки маҳз дар баҳс ҳақиқат пайдо мешавад. Ман ин дӯстони танқидгарамро низ бо Наврӯзи гузашта, табрик мекунам ва ба онҳо дар корҳои эҷодиашон муваффақият хоҳонам. Мо метавонем! 

 

саҳ 19 аз 62

Китобҳо

Flag Counter