ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 09 2016

19.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 11:08 дақиқа.

 Хусрав Худойназаров, коргардони кино ва ТВ (тел: 900 63 02 03, 917 94 86 80) дар меҳмонии СССР гуфт, 1 нақшаи ҷиддии эҷодӣ дорам. Ба таваҷҷӯҳи сарватмандоне, ки мехоҳанд, барои ба наворгирии филмҳои миллӣ сармоягузорӣ кунанд, расонданиям, дар сурати майлу хоҳиш ба камина муроҷиат кунанд. Нақшаи ман офаридани филм доир ба тӯю сурҳои арӯсӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон аст. Дар ин робита шавқмандонро низ ба ҳамкорӣ даъват карданиям. Филм тибқи нақша «бадеӣ-мустанад» буда, таҳти унвони «Тӯй дар ин хона муборак шавад» сабт хоҳад шуд. Дар аксари давлатҳои мутараққӣ барои рушди синамо ашхоси сарватманд барои таҳияи филмҳо сармоягузорӣ мекунанд ва албатта манфиати хуб ҳам мебинанд. Бовар дорам, ки ин филм даромади хуб меорад ва саҳҳом метавонад, манфиат аз саҳмияи худро осон ба даст оварад. Дар сурати амалӣ шудани нақша метавонем, ки продюссери касбиро низ даъват кунем. Мо Метавонем!

Чоршанбе, Март 09 2016

22.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 14:33 дақиқа.

 

Донишманди Тоҷик, собиқадори маориф, Ҳабибулло Искандаров, мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, сокини пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман хело хушҳолам, дар замони нав, яъне дар асри 21 нобиғаҳои ҷавон-рӯшанфикрони нав кам нестанд, мисли раҳматӣ Акбари Саттор, Сайёфи Мизроб, Раҷаби Мирзо, Нуралӣ Давлат, Сафват Бурҳонов, Хуршеди Атовулло. Бояд ба қалами Сайёф қоил шуд, зеро ӯ ҳам чизҳои кӯҳнашудаю аз хотиррафтаи моро тагурӯ карда аз нав ба ёд меорад ва ҳам мавзуъҳоеро мебардорад, ки дар фикри касе нест, яъне ҷадиданд. Вале афсӯси ман аз он аст, ки имрӯз мардуми мо кам ба театр мераванд ва намедонанд, театр чист. Ҳол он ки театр ин худ мактаб асту бинандаро таълиму тарбия медиҳад. Ҳамин проблемаро бояд ҳарчӣ ҷиддӣ бардоштан даркор. Ин бадбахтӣ аст, ки мардум ҳам аз театр ва ҳам аз китоб рӯ метобанд. Актёрҳои пурқуввату шинохта ва донишманд зиёд дорем, аммо театр мухлисонашро аз даст додааст…

Чоршанбе, Март 09 2016

23.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 14:20 дақиқа.

Узви Ихвон-ал-СССР, Фариза Шарипова, донишҷӯ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР андешаи Ангела Меркел-сарвазири Олмонро дар бораи дин, қатлу куштор ва таассуби мазҳабӣ хондам. Меркел 100% ҳақ аст ва ҷони гапро гуфтааст. Охир, вақте қатлу куштор дар давлатҳои мусалмонӣ-Сурияву Ироқ, Миср, Яман, Либияро мебинам, ба фикр меравам: Наход мусалмонӣ ҳамин бошад?! Қатли модар аз дасти писаре, ки ӯро 9 моҳ дар батнаш гардонидаву шир додаву ба воя расонидааст, чӣ маънӣ дорад? Ба гуфти шоир Беҳрӯзи Забеҳулло, ҳамон дину ақлро мо ҳам дорем, мардуми Ғарб низ. Вале дину ақл дар мо фақат ҷангу хунрезӣ дораду дар Ғарб хизмати фарҳанг мекунад! Ҳусни мақтаъи сухани хонум Ангела бошад, аҷиб аст: «Ин дард аст, ки таваҷҷӯҳ намекунем, дин чист!» Дар Тоҷикистони мо низ дину мазҳабро дар ришу сатр дидаанд...

Чоршанбе, Март 09 2016

18.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 15:01 дақиқа.

Собиқадори матбуот, Айниддин Гадозода, сокини ноҳияи Темурмалик, дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, бояд ҷавонон шукронаи ин давлати тинҷ кунанд. Он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Шукрона мекунам, ки писари ман Самариддини Айниддин ҳамроҳ бо Сарвари Давлат Хонаи Худоро зиёрат карда, дахл-ул-ҳарам шуд! Дар маҷмуъ, ин маротибаи чаҳорум аст, ки фарзандам Хонаи Худоро тавоф кардааст. Чунин имконият на ба ҳар кас муяссар мешавад. Бовар кунед, амният ва тинҷие ки мо дорем, на ҳар давлати ҳамсоя дорад. Он ҷавононе, ки имрӯз ба гумроҳӣ мераванд, ақли дид надоранд. Вагарна, ин ободӣ ва шукуфоие, ки дар мо ҳаст, масалан, мардуми Афғонистон 2 аср боз дар орзуяш ҳастанд. Бовар кунед, ба қадри заҳматҳои президент нарасидану ободиҳои Ватанро надидан, кӯрнамакист. 1 олими араб дар ҳамоиши 1310-солагии Имоми Аъзам дуруст гуфт, ки «Арабу аҷамро мебояд аз Тоҷикистон ва раҳбараш ибрат гиранд, ки рӯҳи Имоми Аъзамро зинда гардониданд».

саҳ 32 аз 32

Китобҳо

Flag Counter