ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 13 2019


  Шарипова Гавҳарбӣ, сокини ноҳияи Кӯшониён дар меҳмонии СССР гуфт, соли 2016 дар бонки «Агроинвестбок» маблағ гузошта, фикр кардем, ки ин маблағ дар 1 рӯзи сахти зиндагамон лозим мешавад. Аммо имрӯз баъди қариб ба муфлисӣ расидани фаъолияти бонки мазкур аз саргардонӣ ва садҳо маротиба рафтуомад ба ин бонк ҳама гирифтори беморӣ шудем. Мақсади муроҷиати ман ба газетаи мардумии СССР ин аст, ки мушкилии мардумро мақомоти болоӣ мехонанду шодя ин проблемаи оилаи мо низ ҳалли худро ёбад. Моро ин бонк ахмақ мекунад, ҳафтае 100- 120 сомонӣ медиҳад, ҳамин ҳам бо муомилаи дағалона. Пули ба бонк гузоштаи хешро бо миннат мегирему боз ҳам гап мешунавем, таҳқир мебинем, хоҳанд қабул мекунанд, нахоҳанд не. Ин чӣ муносибат ба муштарӣ аст, намефаҳмам!?

Чоршанбе, Фев 06 2019

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, паҳнкунандаи нашрияҳои даврии пойтахт Бозорбой Пӯлодов аз ноҳияи Данғара дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, масъалаи танзими нақлиёт дар ноҳияи мо ҳеҷ не, ки ҳалли худро биёбад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ин кор андаке ба тартиб дароварда шудааст, вале дар ноҳияҳо ин вазъ ба ҷои беҳшавӣ рӯз ба рӯз батар шудан дорад. Масалан, ноҳияи Данғара назар ба шаҳри Кӯлобу навоҳии Восеъ, Ҳамадонию Фархор ба маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе наздиктар аст, аммо роҳкиро аз замин то осмон фарқ мекунад: то Кӯлоб (200 км) роҳкиро 35-40 сомонӣ то Данғара (90 км) 40-50 сомонӣ!  Дар ҳудуди маркази н.Данғара бошад ронандагони таксӣ ба масофаи 2-3 км ё аз ин андаке дарозтар 2 сомонӣ ситонда истодаанд. Ҳол он ки нархи сӯзишворӣ дар ҳамин шабу рӯз чӣ қадар поён рафтааст. Масъулони танзим дар соҳаи нақлиёт ё дигар масъулон ба куҷо менигаранд??? Бовар кунед, ин масъулин то ҳол ҳич ба нафъи мардум кор накарданд, ки накарданд!!! Ин дар ҳолест, ки роҳкирои дохилиноҳивӣ дар иду маросим ба карат афзуда, дилхоҳ мусофирро асабӣ мекунанд! Дар ин мавзуъ садҳо бор бо шикоят занг задаву навиштаанд, аммо чаро ягон натиҷа нест???

 

Панҷшанбе, Янв 31 2019


Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам: 1.Мехоҳам, бо сафари 2-3 рӯза ба саёҳати Самарқанду Бухоро равам. Барои ин шиносномаи хориҷӣ даркор. Вақте дина нархи шиносномаро шунидам, ҳуш аз сарам парид. 1000 сомонӣ мегӯянд 1 загранпаспортро!!! Охир, барои ҳамагӣ сафари 2-рӯза, ки синну солам ба ҷое расидаасту 300 сомонӣ нафақа мегирам, айб нест чунин нарх? Илова бар ин, дар хонаи мо духтарам-Гавҳаршодбегим маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Аз идораву масъулини дахлдори Ҳукумати марказӣ хоҳиш дорам, ки қимати шиносномаи хориҷиро барои пиронсолон арзонтар кунанд, ё бар тибқи имтиёз! 2.Дар ҷамоати Амондара 6 русто-Хӯҷағоиб, Муғулони боло, Роҷ, Муғулони поён, Равот ва Туркироҷ аз 1 канал об менӯшиданд. Мо мушкили обӣ доштем, лек бо кӯмаки соҳибкор Зоир Ҳомидов ва Ҳазратқул Зокиров-котиби раиси ҷамоат ҳамин 6 деҳ соҳиби оби нӯшиданӣ шуданд, ки сипоси сокинонро ба онҳо мерасонам! Бигзор умри онҳо мисли оби Зарафшон дароз шавад!!!

Чоршанбе, Янв 23 2019


Хабарнигори Тоҷик Садбарг Боқиева (тел: 901 70 89 01) сокини шаҳри Душанбе дар меҳмонии СССР гуфт, ки салому дуруди кулли ҳамватанони азизамро аз вилояти Челябински Федератсияи Русия ба кормандони арҷманди СССР мерасонам. Шукри Худо, аҳволи мардуми мо дар Русия, минҷумла, дар Челябинск хело хуб асту осуда. Аксарияти дӯстдорони газета матлабҳои СССРро аз сайти он гирифта мехонанд…
Ҳоло назди шумо бо 1 хоҳиш омадам. Писарам Абдулмумин, инак, соли 1-ум аст, ки дар қисми ҳарбии 02011Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо карда истодааст. Чун ҳамин ҳоло дарак ёфт, ки аз Русия ба Ватан омадаам ва ният дорам ба аёдаташ биравам, сахт хоҳишу дархост кард, ки барояш китобу газета бубарам.
Аз СССР: Хело хушнуд гардидем аз нияту тасмим ва паёми апаи Садбарг, ки дар қисмҳои ҳарбӣ сарбозон ташнаи ғизои маънавиянд. Лиҳозо, аз бойгонии СССР 100 шумораи гузаштаи СССРро дар дасти Боқиева қаппонда, гуфтем, ки паёми коллективи СССРро ба хизматчиёни қисмии ҳарбии 02011Б ҳатман бирасонад! Мо Метавонем!!!

Чоршанбе, Янв 16 2019


Ҷумъа Муродов, яке аз хонандагони қадими газетаи СССР аз ноҳияи Восеъ дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯз ба рӯз ҷаҳиши нархи роҳкиро, бензину газ ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору магазинҳо моро ба ташвиш овардааст. Ронандагони нақлиёти мусофиркаш чи хеле хоҳанд нархро боло мебардоранд ва касеро парвое нест. Охир, ҷабру ситам ба сари халқ-нафақагирону маъюбон аст. Ин дар ҳолест, ки мо нафақаи ночиз мегирем. Солҳои пеш роҳкиро байни н.Восеъ ва ш.Кӯлоб 2-3 сомон буд, ҳоло 5-6 сомонист. Ҳар рӯз садҳо нафар аз Восеъ ба Кӯлоб мераваду меояд, хусусан, студентон. Дар 2 кӯчаи н.Восеъ таксиҳо дар ҳаракатанду роҳкиро аввал 1 сомон буд, ҳоло 2 сомонист. Мумкин 2-3 моҳ пас 3 сомонӣ шавад. Чаро аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва марказӣ ба ин масъала касе аҳамият намедиҳад? Дар давраи советӣ тамоми техникаи одамкаш зери назорат буд. Сари ҳар қадам назоратчиёни халқӣ автобус ё таксиро манъ карда, нарху навои роҳкирои пассажиронро месанҷиданд. Дар матбуоти даврӣ хонда будам, ки Ҳукумати Тоҷикистон 16 намуди нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро танзим ва ягона мекунад. С.2018 ба охир расиду касе дар ин бора ягон фикр накард.

Чоршанбе, Янв 09 2019


Мухбири мардумии СССР Раҳмоналӣ Буттаев аз шаҳри Бохтар дар меҳмонии СССР гуфт, таври маълум, қариб 90%-и шаҳрвандони моро назар ба дигар давлатҳои мусулмонӣ эътиқод, дониш ва хониши диниашон хело пешрав аст. Худоро шукр, давлатамон тинҷу осоишта аст. Ҳамеша барои мо шароитҳо муҳайёст. Аммо баъзан вақт камбудиҳо дида мешавад, ки шахсан маро ноором мекунад. Пешакӣ мегӯям, ки зидди арақ-водка нестам. Мӯсафедони мо мегуфтанд, ки асалро камаш хуб. Ман ин масалро андак тағйир дода мегӯям, ки арақро камаш хуб! Ба гуфти Хайёми Нишопурӣ: «Дар андаки он манфиати бисёр аст…». Лек ҳоло ҷавонони 18-20 соларо дар кӯчаву ҷодаи ш.Бохтар мебинам, ки каме нӯшида, худро гум мекунанд… 1 чиро набояд фаромӯш кунем: Дар замони собиқ Шӯравӣ чи қадаре, ки мағозаҳои арақфурӯшӣ бисёр ҳам буд, лек ҷавонон интизом, тарбия ва одоби худро доштанд. Ҳамин хел буд? Албатта буд!!! Пас чаро мо ба ҷавонони арақнӯш аҳамият надиҳем? Бори дигар мегӯям, ки ман зидди машрубот нестам, лек онро ба меъёр нӯшем хубтар нест? Агар дар ин шабу рӯзи Соли Нави мелодӣ сахт гуфта бошам, узр! Охир, камбудиро бояд гуфт…

саҳ 35 аз 62

Китобҳо

Flag Counter